Сарони қавми паштун баҳси ҳокимиятро ҳайсиятӣ ва дучори асабияти қавмӣ кардаанд ва таъкидашон ин аст, агар ҳокимият дар ихтиёри як фард ва хонаводаи қавми паштун буд, хуб, агар набуд, бигузор ҷангу вайронӣ бошад.
Нависанда: Яъқуби Ясно, таҳлилгар ва устоди донишгоҳ
Чанд сад сол мешавад ҳокимият дар ихтиёри шуморе аз хонаводаҳои қавми паштун аст. Аммо аз чанд даҳа ба ин тараф ҳокимияти хонаводаҳои қавми паштун дучори гусаст ва завол шудааст. Ин гусаст ва завол ба сохтори суннатии ҳокимияти хонаводагии сарони қавми паштун иртибот мегирад, зеро ҳокимияти суннатӣ ва хонаводагӣ дар ҷаҳон короӣ надорад. Пас аз подшоҳии Зоҳиршоҳ маъмулан ҳукуматҳои хонаводагии қавми паштун дучор гусаст ва завол будааст.
Мардуми Афғонистон боистӣ аз ҳокимияти суннатӣ ба ҳокимияти демократӣ ва мардумсолор убур мекард, мутаассифона, чунин гузаре сурат напазируфт. Ин гузар барои ин сурат нагирифт, ки ки сарони қавми паштун баҳси ҳокимиятро ҳайсиятӣ ва дучори асабияти қавмӣ кардаанд ва таъкидашон ин аст, агар ҳокимият дар ихтиёри як фард ва хонаводаи қавми паштун буд, хуб, агар набуд, бигузор ҷангу вайронӣ бошад.
Дар бист соли гузашта метавонистем аз ҳокимияти суннатӣ ба низоми сиёсии демократӣ ва мардумсолор убур кунем, аммо асабияти қавмии ҳокимият мӯҷиб шуд, ки ниҳодҳои демократӣ тақвият нашаванд, Карзай ҳокимиятро ба Ғанӣ даст ба даст кард ва Ғанӣ ба толиб.
Агар чунин аст, пас муъзал ва мушкили мардуми тоҷик ё ба таври мушаххас сарони тоҷик чист? Ба бардошти ман дар ин чанд даҳа, ду тарафи аслии бозии қудрат, сарони паштун ва тоҷик буда ва бештар қудрат ба навъе байни сарони ин ду қавм тақсим шудааст. Ҳазора ва ӯзбек дар бозӣ ҳузур дошта, аммо бештар дар бозии қудрат байни сарони паштуну тоҷик шиновар буда ва сарони паштуну тоҷик барои тақвияти бозии худ аз ин ду гурӯҳи қавмӣ ёригирӣ кардааст.
Мавзеъи сарони қавми паштун мушаххас аст, дар ҳар сурате ҳокимият ва қудратро мутааллиқ ба афроди қавми паштун медонанд. Аммо мавзеъи сарони тоҷик мушаххас нест. Дуруст аст сарони тоҷик қудрат мехоҳанд, аммо мавзеъи равшан ва мунсаҷим, бавежа, дар бист соли пешин надоштаанд. Пас аз суқути ҳукумати Наҷиб қудрати бештар дар ихтиёри тоҷик буд, ки устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар раъси қудрати тоҷик буд. Бо рӯи кор омадани толиб, қудрат дар ихтиёри шуморе аз афроди қавми паштун ва террористҳои байналмилалӣ, монанди Усома ибни Лодан қарор гирифт. Аммо дар нишасти Бонн бори дигар сарони тоҷик дар қудрат ва ҳукумат ҷойгоҳ пайдо карданд.
Дар оғоз ғайр аз Карзай ҳамаи вазоратхонаҳои амниятӣ ва калидӣ дар ихтиёри сарони тоҷик буданд. Аммо сарони тоҷик дар рақобати байнихудӣ ва зарандӯзӣ кам-кам қудратро аз даст доданд, ки ҳатто алайҳи якдигар вориди муомила бо Карзай ва Ғанӣ шуданд ва муҳиммтар аз ҳама касе ба унвони чеҳраи сиёсӣ дар чанд даври интихоботи раёсатиҷумҳурӣ аз нишонии мардуми тоҷик вориди муборизаҳои интихоботӣ шуд, ки ҳеҷ қотеъияте дар сиёсат надошт. Ин шахс доктар Абдуллоҳ буд. Фарди дигар, ки охирин мехро бар тобути қудрати мардуми тоҷик кӯбид, Амруллоҳ Солеҳ буд. Зеро ӯ чунон шефтаи чавкӣ ва қудрат буд, ҳамин ки кунаш бар чавкӣ барқарор буд, ҳеҷ воқеият ва муъзалеро дарк намекард ва фикр мекард, андозаи қудрат ба андозаи чавкие аст, ки бар он менишинад. Аммо инро набояд фаромӯш кард, мудирияти қудрат дар байни қавми тоҷикро маршал Фаҳим вориди муомилагарии шахсӣ кард ва дар ҳамкорӣ бо Карзай шуморе аз сарони тоҷикро ҳазф кард. Агар сарони тоҷик дақиқ ва мунсаҷим бозӣ мекарданд, тавозун дар қудрат эҷод мешуд, аммо бозии шахсӣ ва зарандӯзии сарони тоҷик мӯҷиб шуд мардуми тоҷик аз бозӣ дар қудрат хориҷ шавад.
Ман суқути ҳукумати қаблиро шикасти фоҷиабори сарон тоҷик ва мардуми тоҷик медонам. Зеро дар ин чанд даҳа талош сурат гирифта буд дар қудрати сиёсӣ ва дар ҳокимият тавозуни қавмӣ эҷод шавад. Сарони тоҷик пас аз Бонн дар қудрат нақше пурранг доштанд, аммо бино ба бетадбирии сарони тоҷик дар бист соли гузашта ин қудрат камранг шуд, то ин ки сарони тоҷик бо омадани Толибон дар кулл аз бозии қудрат канор зада шуданд. Ин ки сарони тоҷик аз қудрат канор зада шуданд, аз бетадбирӣ, беиттифоқӣ ва муомилагарии худи сарони тоҷик буд.
Дар шикаст ин қоида нисбатан ом буда, ки сарони иҷтимоӣ ва сиёсии қавми шикастхӯрда маъмулан танишҳои пеш аз шикасти худро канор мегузоранд ва бо ҳам иттиҳод мекунанд, аммо ҷолиб ин аст ин қоида дар бораи сарони тоҷик пас аз шикаст сидқ накард. Дар ҳоле ки ҳама дар кишварҳои хориҷӣ овораанд, аммо даргириашон нисбат ба пеш аз шикаст бештар шуда ва ҳар кадом мегӯяд, раҳбар манам ва ҳама муддаии раҳбарӣ аст. Ин иддаои раҳбарӣ дардовар ва хандаовар аст. Дардовар барои кулли ин қавм ва хандаовар барои сарони тоҷик аст, ки ҳеҷ сарзамин ва ҷамъияте дар ихтиёр надоранд, аммо иддаои раҳбарӣ доранд.
Дуруст ва муносиб ин буд, аз ин шикаст панд мегирифтанд, бо ҳам менишастанд ва баррасӣ мекарданд мушкили гузашташон чӣ буда ва чӣ гуна метавонанд бар даргириҳои гузаштаашон фоиқ оянд. Зеро даргириҳои гузашта бо суқути ҳукумати қаблӣ поён ёфт ва гуфтумони қудрату муомилагарӣ тағйир кард. Дар шароити феълӣ, воқеият ва гуфтумони дигар шакл гирифта, ки бояд худро бо воқеият ва гуфтумони мавҷуди айёр ва ҳамсӯ месохтанд.
Шояд шуморе бигӯянд, ҳазора ва ӯзбек канор намеоянд. Арзи ман ин аст, агар сарони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик бар муъзал ва даргириҳои худ фоиқ оянд ва чира шаванд, чашмандози сиёсат ва қудрат дар Афғонистон нисбатан мушаххас мешавад ва субот дар бозии қудрат шакл мегирад. Агар сарони тоҷик бар муъзали худ фоиқ наёянд ва Амруллоҳ ва... Муносиботи сиёсиро қурбони асабият ва ҳаяҷонҳои шахсии худ кунанд, чашмандозе ба сӯи субот бозӣ дар сиёсат ва қудрат гушуда нахоҳад шуд.