Байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои озодии Афғонистон ва «Толибон» ба унвони пешмаргони истихбороти фаромарзӣ, ҳеҷ ваҷҳи муштараке вуҷуд надорад, ки битавон бо ҷамъбандии он ба як натиҷае хушбинона расид. Асли қазия ин аст, ки кишвар чӣ гуна дубора аз ишғоли Покистон раҳоӣ ёбад.
Муаллиф: РАЗЗОҚИ МАЪМУН
Музокира бо толиб, ба қавли кобулиёни хаста, «қиссаи муфт» аст.
Аз назари ҳарду ҷониб дипломатия гузаро аст. Вақте бо як унсури роботӣ ва мағзшӯишуда музокира доред, дарвоқеъ бо созанда ва соҳибони он тараф ҳастед. Мардуми Афғонистон лобуд набарди таърихии худро таври дигаре таъриф мекунанд. Ҳазор сол аст, ки ҷанг аз Афғонистон ба шибҳи қора (и Ҳинд) рафтааст. Фақат чиҳил сол аст, ки дарёи ҷанги толиб аз масири маъкус меояд, шиноварӣ бар хилофи масир, бо барномаи золимона то куҷо меравад?
Идоракунандаҳои «Толибон»* дар Ровалпинди шояд/ҳатман ҳисобу китоби худро карда бошанд, ки баъд аз хатми прусаи интиқоли даҳҳо ҳазор нафар аз сӯи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо, чӣ иттифоқе хоҳад афтод. Ташкили давлати муштарак ва «ҳамашумул» ва... кодҳои тактикианд, ки ҳеҷ гоҳ ба манзили воқеият намерасанд. Байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои озодии Афғонистон ва «Толибон» ба унвони пешмаргони истихбороти фаромарзӣ, ҳеҷ ваҷҳи муштараке вуҷуд надорад, ки битавон бо ҷамъбандии он ба як натиҷае хушбинона расид.
Асли қазия ин аст, ки кишвар чӣ гуна дубора аз ишғоли Покистон раҳоӣ ёбад. Ҷанги бузург меҳанӣ ба меҳварияти сангаристонҳои Ҳиндукуш бар асоси ҳамин доия бино ёфтааст. Бо омадани «Толибон», чеҳраи Кобул ва калоншаҳрҳо ҳамчу филмҳои куҳнаи сиёҳу сафед ва ларзон маълум мешавад. Толиб дер ё зуд ҷо холӣ карда ва ба сарҳадот торонда мешавад.
Рӯҳи Афғонистон ноором аст ва иродаи миллӣ ба кор аст, то ба ҳадди ақал оромиши қаблӣ бирасад. Қалбҳои Афғонистон, хунин, тапишнок ва анбошта аз ноумедиву дилҳура ба саросари ҷаҳон тақсим шуда равон аст. Хуршеди умед, танҳо аз ҷое тулӯъ кардааст, ки дар он ҷо марде ба қомати асрҳову замонаҳо ва талошҳои инсон барои расидан ба адолат ва наҷот Афғонистон хобидааст.
Аҳмади Масъуд таҷассуми зиндаи он рӯҳи бузург, истода бар сари бизангоҳ, лангари рӯҳи кулли Афғонистон бар вай сангинӣ мекунад. Зубдатарин размандагони ҷавону баландангеза «бо дастҳои сурхи гиреҳхӯрда бо туфанг» саф оростаанд. Амалияи бозпасгирии Афғонистон, ҳавсалаи шикан ва хунин аст. Ҳамеша чунин будааст. Роҳи дигаре нест... Маданият ва зиндагӣ дар саросари қаламрави ишғолии Афғонистон сифр шудааст.
Бигузор толиб чашмбаста ба ҳар ҷо битозад. Толиб дар бист соли ахир бо ҷабҳаи мардумӣ наҷангидааст. Қувои байнулмилалӣ ва ҳукумоти Карзай ва Ғанӣ, байни лашкарҳои зиддитолиб ва «Толибон» ҳоил буданд ва пайваста «Толибон»-ро танумандтар месохтанд. Акнун ҳоил шикаста шудааст. Мардуми Афғонистон бо ҳам тавофуқ мекунанд, то бо ҷанги ҳамашумул ва таърихӣ Афғонистонро озод кунанд.