Хабари рӯз

Ба қудрат расидани ғайримашрӯъи “Толибон” дохили моҳи панҷум шуд ва ҳанӯз ҳам ҷомеаи байнулмилалӣ Афғонистонро ба расмият нашинохт, ҳатто ҳомиёни «Толибон” монанди Қатар ва Покистон ва дар дараҷаи севум Саудӣ аз ба расмият шинохтани Афғонистон имтиноъ варзиданд

Муаллиф: ФАРИД ЮНУС

Аммо «Толибон” ҳам сар хам накарданд ва ба кори ғайриқонунии худ давом доданд. Дар ин чаҳор моҳ, ки гузашт, ду иттифоқи аҷиб рух дод, ки якеи он тақрибан ба зидди «Толибон” буд ва дигаре, агар рост бошад, ба тарафдории «Толибон”.
Вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида Амрико Энтони Блинкен, як хонуми пажӯҳишгари мутаваллиди Афғонистонро ба номи Рино Амирӣ, намояндаи вежа барои ҳуқуқи занону духтарон ва ҳуқуқи башари Афғонистон дар вазорати хориҷаи Амрико мансуб кард. Вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки хонум Амирӣ ба масоиле баррасӣ хоҳад кард, ки барои идораи Ҷо Байден ва худаш "аҳамияти ҳаётӣ" дорад. Рино Амирӣ дар давраи раёсатиҷумҳурии Барак Обама дар вазорати хориҷаи Амрико ифои вазифа мекард. Дар гузашта оқои Блинкен гуфта буд, ки "аскари мо аз Афғонистон хориҷ мешавад ва аммо мо ҳастем".
"Мо ҳастем" ва ин ки барои идораи Ҷо Байден "аҳамияти ҳаётӣ дорад" баёнгари ду ҳақиқат аст: аввал ин ки Амрико аз нигоҳи сиёсӣ аз Афғонистон хориҷ нашудааст ва дувум, Амрико Афғонистонро ба шакле, ки «Толибон” ҳукмронӣ мекунанд, ба расмият нахоҳад шинохт. Дар ин ҷои шак нест, ки Иттиҳодияи Аврупо тасомими худро дар мавриди Афғонистон хоҳанд дошт ва аммо нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минҳайси қавитарин узви низомӣ ва сиёсии НАТО барои Афғонистон қобил ғавру тааммуқ аст.

 

 

Аз ҷониби дигар. Баъзе ашхос дар ҳаракатҳои сиёсии Афғонистон вуҷуд доранд, ки мехоҳанд бо «Толибон” ҳамкорӣ кунанд, ки ин ҳамкорӣ ва ё тафоҳум ба мухолифати ҳокимияти миллии Афғонистон аст, зеро Афғонистон баъд аз ба вуҷуд омадани «Толибон” аз нигоҳи минтақавӣ як субаи Покистон аст ва аз нигоҳи дохилӣ, мардум ба номи дину суннат ба гаравгон гирифта шудаанд. Аммо орзумандии ин ҳаракатҳо ин аст, ки бо ангоштҳои кӯҳнаву пӯсида фақат аз заъфи сиёсии байналамилалии «Толибон” истифода кунанд ва худ ба қудрат бирасанд ва ҳеҷ гуна барномаи ҳукуматдорӣ надоранд, аммо мехоҳанд Амрикоро дахил созанд.

Ҷолиб ин аст, ки касоне, ки мехоҳанд бо «Толибон” ҳамкорӣ кунанд, худ чандон на ба исломи мутаҷаддид ва на толибонӣ алоқамандӣ надоранд. Замоне аз тарафдрони демократияи амрикоӣ буданд ва баъзе аз аҳзоби дастчапӣ ва имрӯз тарафдорони «Толибон”!
Иттифоқи дигар ин ки, ки мағшуш аст, намояндаи доимии Афғонистон дар Милали Муттаҳид истеъфо кард ва шахси дигаре ба навбат ба номи Насир Аҳмад Фоиқ ба ҳайси намоянда интихоб шуд. Баъзе расонаҳо Насир Фоиқро ба созишкорӣ бо «Толибон” маҳкум карданд, ки Насир Фоиқ курсиҳои дипломотиро мусолиҳа кардааст ва аммо Насир Фоиқ тайи як мусоҳиба бо радиои “Озодӣ” ин шоеаҳоро, ки ӯ бо мақомоти «Толибон” ва ҳатто Ҷабҳа муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ба тамос шудааст, рад кард.
Агар ин сухан рост бошад, ки намояндагиҳои сиёсии Афғонистон ба «Толибон” таслим дода шавад, хоҳ-махоҳ мавқифи Ҷабҳаи муқовамати миллиро, ки ягона ҷабҳаи низомӣ аст, ки бар алайҳи «Толибон” меҷангад, заиф хоҳад сохт.
Намояндагии Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳам марбути давра ҷумҳурияти Ашраф Ғанӣ аст. Дар даври аввали «Толибон”, яъне солҳои 90 – и мелодӣ, ки «Толибон” барои бори аввал ба қудрат расиданд, натавонистанд то курсии Милали Муттаҳидро аз худ бисозанд ва ин бор ҳам то ҳол муваффақ нашудаанд, махсусан, ки бузургтарин тамвилкунандаи Милали Муттаҳид, яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мухолиф «Толибон” аст.

 

 

 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!