Хабари рӯз

Шояд бузургтарин ифтихор ва имтиёзи тоҷикон ин бошад, ки бо дастони холӣ ва шиками гурусна дар фасли сарди поиз ва замистонӣ фарзандонашон дар кӯҳпояҳои Ҳиндукуш бо ваҳшитарин мавҷудоти қарни бисту якум барои озодӣ, адолат ва сарбаландии мардуми Афғонистон меҷанганд

Нависанда: ҲОРУН АМИРЗОДА

Ахиран раисҷумҳурон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин арқоми нуфуси тоҷикҳои Афғонистонро дар ҷараёни гуфтугӯҳои минтақавӣ перомуни Афғонистон баён карданд, ки боиси тааҷҷуби бисёриҳо шудааст. Аммо чанде қабл Имронхон теъдоди паштунҳои Афғонистонро 65 фисад эълом намуд. Ин дар ҳоле буд, ки Имронхон қабл аз пирӯзии “Толибон” дар мусоҳибае дар Покистон нуфуси паштунҳои Афғонистонро 44 фисад эълом намуда буд.

Афзоиш нуфуси паштунҳо дар зарфи як моҳ аз 44 фисад ба 65 фисад қобили тааҷҷуб нест. Зеро як лашкари бузурги покистониҳо, бахусус вазирстониҳои мусаллаҳи хашин зери номи толиб қандаҳориву ҳилмандӣ ва ҳаққонӣ ба сари ҷон, мол ва номуси Афғонистон рехтанд ва кишвару мардумро ба ҳайси ғанимати ҷангӣ гаравгон гирифтаанд. Агар фардо кӯлобиҳо ва бадахшониҳои Тоҷикистон дар канори муқоваматгарон тоҷики Афғонистон қарор гиранд, бидуни шак, нуфуси тоҷикон аз 47 фисад ба 67 фисад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба ёд дорем, ки чанд сол пеш Парвиз Мушарраф нуфуси паштунҳоро 95 дарсад ва нуфуси тоҷиконро 5 дарсад панҷширӣ муаррифӣ карда буд.

Воқеият ин аст, ки ҳеҷ касе нуфуси воқеии Афғонистон ва ақвоми онро намедонанд, вале арқоми мухталиф дар шароити мухталиф ба нашр мерасад. Режимҳои тамомиятхоҳи Афғонистон дар як садаи ахир аз тарси ин ки теъдоди ақвоми мансуб ба онҳо дар ақаллият буд, ҳаргиз ҳозир ба саршумории нуфус нашуданд. Бар хилоф то, ки тавонистанд арқоми дурӯғин ва ҷаълиро ба нашр супурданд, то аз ин тариқ қудрат ва имтиёзоти бештар ба кӯмаки хориҷиҳо ба даст биоваранд.

Аввалин омори ҷаълии нуфус дар замони Зоҳиршоҳ ва баъд Довудхон ва сипас Ҳафизуллоҳ Амин ба нашр расид.

Сулаймон Лоиқ, ки дар раъси Академияи улум дар замони ҳокимияти Ҳизби демократики халқи Афғонистон қарор дошт, арқоми ҷаълӣ ба Шӯравӣҳо дод, ки нуфуси паштунҳоро 55 фисад муаррифӣ намуда буд. Ў дар замони ҳукумати Наҷиб дар як мақолаи ҷанҷолӣ дар рӯзномаи “Ҳақиқати Инқилоби савр” як арқоми шохдори нуфуси паштунҳоро нашр кард ва муддаӣ шуд, ки ноқилини паштун шимоли ақибмондаро ба биҳишт табдил карданд, вале хона худ ҷанубро ақибмонда гузоштанд. Ба гунаи мисол, ӯ гуфт: "Замоне мегуфтанд, агар марг мехоҳӣ, Қундуз бирав, вале паштунҳо бо заҳамоташон Қудузро ба кандуи шимол табдил карданд".

Дар 20 соли ахир афкори ҷаҳонро Халилзод, Карзай ва Ғанӣ бо арқоми ҷаълии ақвоми Афғонистон гумроҳ сохтанд, то имтиёзот барои як қавми хос аз ҷаҳон ба даст биоваранд. Академияи улум ва эҳсоияи марказӣ дар ин муддат ба ҳайси манобеъи аслии ҷаъли нуфус дар хидмати тамомиятхоҳони технократи ғарбӣ қарор дошт. Бар асоси арқоми ҷаълии нуфуси маҳаллот вукало аз вилоёти мухталиф вориди парлумон шуданд. Бар асоси нуфуси ҷаълӣ кӯчиҳо дар ду даҳаи ахир зиёдтарин имтиёзотро гирифтанд.

Тақрибан нуфуси воқеии ақвомро мешуд дар интихобот дар ду даҳаи ахир дид, ки паштунҳо бештар аз 30 фисад нуфуси Афғонистонро ташкил намедиҳанд, вале аз роҳи тақаллуб ва зӯри амрикоиҳо раисҷумҳур ва вукало интихоб шуданд.

Тоҷикон дар тамоми интихобот нақши калиди бозӣ карданд ва агар интихоботи воқеӣ баргузор мешуд, тоҷикон нуфуси кофӣ барои пирӯзӣ доштанд. Бидуни шак, ҳимояти нисбии ақвоми ҳазора ва ӯзбек пирӯзии кондидҳои тоҷиконро қатъӣ сохта буд.

Бояд гуфт, ғайрипаштунҳо борҳо ба ҷаъли омори нуфуси ақвом эътироз карданд. Дар набуди омори воқеӣ ҳар гурӯҳи қавмӣ нуфуси худро бештар аз дигаре медонанд.

Тоҷикон шояд ягона мардуме дар Афғонистон бошанд, ки аз ду чиз бештар хиҷолат мекашанд: яке ин ки худро тоҷик дар анзори умумӣ муаррифӣ кунанд. Зеро фикр мекунанд, ин як навъ қавмпарастӣ ва таассуб аст. Дар ҳоле ки дигарон бо ифтихор аз қавмияти худ дифоъ мекунанд.

Дувум ин ки мешарманд, ки нуфуси воқеии мардуми худро баён кунанд. Ба онҳо чунон талқин шуда, ки тоҷикон камтар аз паштунҳоанд. Вақте тоҷикон омори нуфуси тоҷикони Афғонистонро аз забони раисҷумҳури Тоҷикистон ва Русия шуниданд, бисёрии онҳо на танҳо истиқбол накарданд, балки мутааҷҷиб ҳам шуданд. Агар ин арқом дар мавриди паштунҳо ва ё ақвоми дигари Афғонистон эълом мешуд, шояд барои моҳҳо атан ва рақсу пойкӯбӣ мекарданд.

Яке аз иттилооти дурӯғин дар афкори ҷаҳонӣ дар як садаи ахир дар гардиш аст, ки гӯё тоҷикон як ақаллияти қавмии шимоли Афғонистон аст. Ин дар ҳоле аст, ки нуфуси қобил мулоҳизае тоҷикон Афғонистон дар ҷануби Ҳиндукуш аз Панҷшер ва Шимолии Бузург шурӯъ то Нангарҳор, Лағмон, Пактиё, Пактико, Ғазнӣ, Лугар, Вардак ва... зиндагӣ мекунанд.

Агар ҳар гурӯҳи қавмӣ дар таҷзияи Афғонистон зинафъ бошад, вале тоҷикон зинафъ нестанд. Зеро таҷзияи Афғонистон ба маънои порча-порча шудани сарзамин, ҳувият ва таърихи тоҷикони Афғонистон аст.

 Онҳо қадимитарин соҳибони Афғонистон ва ё Хуросонзаминанд, ки забон, таърих, фарҳанг ва ҳувияташон зинда ва баёнгари ин ҳақиқат аст. Аз Қандаҳор то Ҳилманд ва аз Ҳарот, Фароҳ ва Ғӯр то Пактиё, Нангарҳор, Хуст ва Лағмон, Балх, Бағлон ва Тахору Бадахшон... ҳузури физикӣ ва ё фарҳангии онон қобили ламс аст.

Агар касе ба арқоми 47 фисади Владимир Путин ва 46 фисади Эмомалӣ Раҳмон шак дошта бошад, шояд беҳтар бошад ба ҷои нигаронӣ биравем ба сӯи нуфусшумории илмӣ ва меъёрӣ то маълум шавад, ки кӣ чӣ қадар аст ва дасти арқомбозони ҷаълии дохиливу хориҷӣ қатъ шавад.

Шояд бузургтарин ифтихор ва имтиёзи тоҷикон ин бошад, ки бо дастони холӣ ва шиками гурусна дар фасли сарди поиз ва замистонӣ фарзандонашон дар кӯҳпояҳои Ҳиндукуш бо ваҳшитарин мавҷудоти қарни бисту якум барои озодӣ, адолат ва сарбаландии мардуми Афғонистон меҷанганд.

 

 

 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!