Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон дар як калима, яъне “муборизаи роҳбурдӣ барои эҷоди давлати мустақили порсизабонон ва ақвоми муттаҳиди онон дар сарзамини Бохтариён мебошад”.
Нависандагон: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, Дориюши Бағлонӣ ва Доктор Муҳаммад Бохтариён
Ба номи Худованди ҷону хирад
***
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ
Фирдавсии бузург
БАЁНИЯИ
РОҲБУРДИИ ҲАҚҚИ ТАЪЙИНИ САРНАВИШТИ АҚВОМИ ПОРСИЗАБОН ДАР САРЗАМИНИ БОХТАРИЁН
Дебоча
Мардумони ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангии мо Бактриё ё Балхи бузург дорои таърихи поринаи чандҳазорсолаанд. Ҷуғрофияи ин ҳавза аз Шимолу Шарқ, яъне Бадахшони бузург оғоз ва ба ғарб Ҳироти бузург ва ҳама манотиқи Ҷануб аз Сиистони Шарқӣ то манотиқи марказӣ ва Кобулзаминро дарбар мегирад.
Шаҳрҳои бузург ва дорои қадомати таърихии Балх, Ҳирот, Кобул ва Бомиён нишонаҳое аз тамаддуни бостонии Бактриё/Бохтар аст, ки баъдҳо дар ҳамин ҳавзаи маданиятҳои Юнону Бактриё/юнонӣ- бохтарӣ, Юнону буддистӣ, юнонӣ/буддоӣ, форсӣ-зардуштӣ ва хуросонӣ-исломӣ ба вуҷуд омадаанд.
Ҷойгоҳ ва хостагоҳи бахши бузурге аз қаҳрамонону рӯйдодҳои “Шоҳнома” -и ҳувиятсози Фирдавсӣ ҳамин ҷуғрофия буда, ҳамчунон бархе аз ин шаҳрҳо монанди Ҳирот ва Балх ду пояи аслии Хуросони таърихиро ташкил медоданд, ки ҳам дар асноди таърихӣ ва ҳам ривоятҳои устуравӣ аз онҳо ёд шудааст.
Зодгоҳи забони порсии ҷадид пас аз Ислом ва фарогир шудани он дар ҷуғрофияи кунунии порсӣ аз ҳамин ҳавза оғоз мешавад. Бархостгоҳи андешаварони бузурги дониши ақлӣ ва каломии ҷаҳони Ислом ҳамин ҳавза аст.
Бузургтарин ва дурахшонтарин марокизи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони исломи порсӣ дар ҳавзаи Бохтар/Бактрияи қадим ва Хуросони ҷадид зода шудааст. Обишхӯри бахше аз андешаварони порсӣ бо навиштаҳои мондагор ва тамаддунофарини бузурги порсии ҳамин ҳавза будааст, ки бо қотеъият метавон онро маҳди фарҳанг ва забони порсӣ номид.
Сарзамини Бохтар дар он бахш аз паҳнаи ҷуғрофиёӣ воқеъ шуда, ки Осиёи Миёна/Варорудро бо Порс ё Эрони имрӯз ва нимқораи Ҳиндустон, ки ҳар ду ҷуғрофияи сиёсии фарҳангии забони порсӣ ба шумор мераванд, ба ҳам пайванд медиҳад. Ин сарзамин на танҳо донишпарвар буда, балки манобеи саршори табииро низ дар дили худ ҷой дода ва тамаддунҳои мутанаввеъи порсиро бо вежагиҳои иҷтимоӣ ва динии гуногун офаридааст.
Ин ҷуғрофия аз чунон тавоноии таркибии фарҳангҳо ва тамаддунҳо бархурдор аст, ки дар ҳар даврае аз таърихи хеш улгуҳои тамаддунӣ, талфиқӣ, монанди тамаддуни юнонӣ-бохтарӣ то хуросонӣ-исломиро офарида ва бо омезиши суннати ситабру фарҳанги ҷадид таҷаддудҳои фарҳангиро низ парвариш додааст.
Дар як улгуи тамаддунии коромад, омезиши фарҳангҳои бодиянишине бо шаҳрнишинони порсӣ пас аз Ислом боис шуд, то шакли вежаи давлатдории силсилаҳои порси - туркӣ эҷод шаванд ва садаҳои ҳамзистӣ миёни ақвоми форсизабону туркзабонро бар меҳвари забон ва фарҳанги порсӣ шакл диҳанд. Ҳама силсилаҳои салтанатии турктабор дарвоқеъ ҳомиён ва густаришдиҳандагони фарҳангу забони порсӣ будаанд, ки аз шимоли Ҳинд то Балканро эҳтиво мекард ва турктаборон ақвоми муттаҳид барои ақвоми форсизабон дар ин ҷуғрофия ба шумор мераванд.
Забони порсӣ бузургтарин омили ҳамбастагӣ, ваҳдати сиёсӣ ва пайванди ногусастании ақвоми мухталиф буда, ки ҳамаро дар баробари душмани хориҷӣ басиҷ мекард ва дар ҳифз ва боландагии тамаддуни бумӣ ҷиҳатдиҳӣ менамуд.
Забони форсӣ дарвоқеъ ниҳод ва намоди як ҳувияти сиёсии тамаддунӣ мебошад. Мутаассифона, бо густариши истеъмори русӣ ва ба вежа бритониёӣ барномаи порсизудоӣ ва нобудии фарҳанги он дар ду масири Шарқ, яъне Ҳиндустон ва васат, яъне манотиқи Афғонистони кунунӣ оғоз шуд.
Бритониёиҳо пас аз чирагиву тасаллут бар нимқораи Ҳинд кӯшиданд давлати садузойии мутамоил ба форсиро дар ҷангҳои қабилаӣ тазъиф ва ҳувияти фарҳангии забони порсии онро тавассути муҳаммадзоиҳо нобуд созанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳокимони паштунисти муҳаммадзаӣ то даҳаи 1880 камтарин нуфузро бар манотиқи Хуросони Шарқӣ доштаанд ва ақвоми форсизабону туркзабони ин манотиқ дорои навъе аз ҳокимиятҳои худмухтори сиёсӣ-фарҳангӣ ҳамчун “мамолики маҳруса” дар Шимол, Ғарб ва Марказ будаанд.
Пас аз он ки дар соли 1880 мелодӣ амир Абдурраҳмон тавассути Ҳинди Бритониёӣ ва Русияи тазорӣ ба Иморати Кобул расид, талоши фаровон намуд, то ҳокимияти ба шиддат мутамарказро дар ҷуғрофияи сохташуда ба номи Афғонистон барқарор созад. Барои расидан ба ҳадафи нахуст иқдом ба барчидани тамоми манотиқи худмухтор намуд ва сипас номи қавми “афғон”- ро болои ҷуғрофияи мардумони порсизабон таҳмил кард. Аз он гоҳ ба баъд барномаҳои чандмарҳилаии ҳувиятзудоӣ ба ёрии шоҳони муҳаммадзаӣ дар дасти иҷро қарор гирифт, ки дар асл чизе ҷуз этносид/қавмкушӣ набуд.
Шоёни ёдкард аст, ки салтанати паштунистии муҳаммадзаӣ дар тӯли як садаи комил тамоми зерсохтҳои қудрати фарҳангӣ, қавмӣ, динӣ ва сиёсӣ - сохтори хонадони сиёсӣ, қавми сиёсӣ, хонақоҳи сиёсӣ, мадрасаи сиёсӣ, ақвоми форсизабонро аз миён бардошт.
Суқути салтанат ва эҷоди ҷумҳурияти муҳаммадзаӣ шакли этносидро тағйир надод ва сипас ҳокимияти ба шиддат идеологии чапиҳои вобаста ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳарчанд бо шиори баробарии қавмӣ боз ҳам дар мавзӯи қудрат ба роҳи гузашта рафт, мунтаҳо бо тағйири ҷойгоҳи қабила аз дуронӣ ба ғилзоӣ.
Набояд фаромӯш кард, ки вуруди идеологияҳои чапу рости радикал аз Шимолу Ҷануб дар даҳаи 1960 дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон, мунтаҷ ба ҳувиятзоии ақвоми порсизабони таҳти ситам, истисмор ва истибдод нашуд, балки дар он даврон назарияҳои сиёсии идеологии фароқавмӣ ва байниқавмӣ ҷаззобият ёфт ва монеи эҷоди фикрии ҳувиятталабонаи порсӣ гардид.
Баъдҳо дар даҳаи 1980 мелодӣ/1360 хуршедӣ бо ворид шудани мақулаи ҳувияти «миллӣ» дар адабиёти сиёсӣ ва қарор гирифтани аслиҳаву пул дар дастони фарзандони ақвоми порсизабон ва ғайрипаштун, зарфиятҳои сиёсии нуҳуфта дар онон шигифту имкони басиҷ дар масири ҳувияти қавмӣ дар ду сӯйи ҷабҳаи ҷанг фароҳам омад. Шариксозии маҳдуди ақвом дар давраи ҳокимияти чапиҳо дар радаҳои муайяни сохтори ҳукуматӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои тавзеи одилонаи қудрату сарват бо ҳадафи саҳми баробар ва бидуни табъиз набуд.
Мушорикати шахсиятҳои форсизабони тоҷику ҳазора дар сохтори қудрати чапиҳо дар як бурҳаи замонии кӯтоҳ ҳарчанд арзишманд, вале бештар ниёзи ҷангӣ буд. Ба ҳамин хотир ба нуқтаи атф мубаддал нашуд. Ба ҳамин гуна, агарчи дар раҳбарии давлати муҷоҳидин шахсиятҳои форсизабон қарор гирифтанд, аммо мушорикати бештари ақвоми порсизабони ғайритоҷик ва ғайрипаштун дар сатҳи вазоратҳо зудгузар ва ноустувор буд. Дар ҳар ҳол ҳамон ду мақтаъро метавон шурӯъи дигардесиҳое номид, ки баъдҳо Муқовимати аввалро каме рангу бӯи порсимеҳварона дод.
Пас аз рухдоди ёздаҳи сентябри 2001 ва ҳузури кишварҳои, ба истилоҳ, либерал – демократӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон, роҳбурди азаматталабонаи паштунӣ ва натсионализми қавмӣ таҳти номи демократия то марзи фашизми қавмӣ баланд рафт ва рӯз то рӯз мушорикати ақвоми форсизабон ва туркзабон дар қудрат поин кашида шуд. Дар солҳои ахир, намояндагони ақвоми порсизабон ва ғайрипаштун дар ҳеҷ як аз тасмимгириҳои асосӣ ва сарнавиштсоз нақш надоштанд.
Пас аз суқути ҳокимияти ҷумҳурӣ мавзӯи табъиз на музоаф, балки чанд-чанд шудааст. Ҳамакнун Толибон ба ҳайси сохтори такқавмӣ, такҷинсиятӣ, такмазҳабӣ ва такидеологӣ ва ягона намояндаи қавми паштун хоҳони эҳё ва таҷдиди ҳокимияти паштунистии шадидтар аз замони муҳаммадзоиҳо бар соири ақвом, ба вежа ақвоми порсизабонанд. Сукути паштунҳои технократ ва фарҳангӣ дар баробари зулм, истибдод, такравӣ ва хушунати Толибон ва ҳамчунон ҳамкории ҳамаҷонибаи тамоми шахсиятҳо ва гурӯҳҳои паштунӣ аз тамоми қабилаҳо ва қишрҳои онҳо бо ҳукумати Толибон далели ин иддао аст.
Беш аз як сада муборизоти ҳарчанд парокандаи фикрӣ дар баробари зулм ва истибдоди паштунҳоро метавон андӯхтаҳои огоҳонаи нахусти таърихӣ барои насли ҷадид номид.
Гуфтумони кунунии “Ҳаққи таъйини сарнавишт” – и ақвоми порсизабон дар қарни 15 хуршедӣ/21 мелодӣ реша дар муборизоти гузашта дорад. Қарни 15 хуршедӣ бояд ба қарни вежа дар ростои тағйири парадигмаи тамаддунии порсизабонон мубаддал шавад ва хезиши гуфтумони тамаддунӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва растохези ҳувияти порсизабононро дар даруни ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ба армуғон оварад.
Имрӯз дар сарзамини таърихӣ ва тамаддунии бохтарӣ ҳеҷ гуфтумоне ба андозаи гуфтумони гегемонияи порсие, ки мутакӣ бар дастовардҳо ва арзишҳои модерни башарӣ аст, нахустинагӣ надорад. Ин гуфтумон дар ҳама ашкол, ба вежа мусулмонӣ бояд ҳам дар баробари бунёдгароии ифротии динӣ боистад ва ҳам истибдоди қавмиву тамомиятхоҳии қавмии таърихии паштуниро бо қомати рост ба чолиш бикашад.
Дар қарни ҷадид тадовуми вазъияти табъизи зиддибашарӣ ва этносид/қавмукушӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дигар қобили таҳаммул нест.
Порсизабонон бо доштани тамаддуни шукӯҳманди таърихӣ ва бо гуфтумони сиёсии порсизабонона ин тавоноиро доранд, то муттаҳидона ва ҳамбаста муборизоти роҳбурдиашонро алайҳи султаи истибдодӣ ва таърихии ақвоми паштузабон оғоз намуда ва аз хештани таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ, мазҳабӣ ва дар кул тамаддуниашон дифоъ намоянд.
Баёния оғозест барои навиштани барномаи роҳбурдии ақвоми порсизабон ва ниёзест барои раҳоии онҳо, зеро забон хонаи ҳастии ҳар қавм аст ва ақвом ба василаи забон, фарҳанги ҳувияти тамаддунии худро боз меофаринанд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
ҲУВИЯТИ СИЁСИИ ЗАБОНӢ ЗЕРСОХТИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Ҳувияти ҳар инсон муташаккил аз ҳувияти забонӣ, ҷинсиятӣ, динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, қавмӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, яъне тамаддунӣ мебошад. Ҳувият аз фард оғоз мешавад ва ба иҷтимоъ густариш меёбад. Мо ба унвони ҷомеаи ақвоми порсизабон бояд таърифи дақиқ аз ҳувияти хеш дошта бошем ва бидонем, ки аз куҷо омадаем, чӣ гуна дар ин ҷо қарор гирифтаем ва ба куҷо хоҳем рафт? Ва ояндаи сиёсӣ ва тамаддунии худро чӣ гуна тарсим кунем?!
Шинохти ҳувият чизе аст, ки худшиносиро ба мо ба армуғон меоварад ва зербиноитарин гом барои тавсеаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии мо хоҳад буд. Ҳамчунон ҳувият оғози нуктаи ҳаракатамонро ба сӯи ормонҳои воло мушаххас месозад ва барин ҷиҳатдиҳӣ мекунад.
Шавоҳиди кофӣ вуҷуд дорад, ки адабиёти ҳувияти мавҷуди афғонӣ/паштунӣ ба шакли низомманд ва роҳбурдӣ бар ақвоми порсизабон ва дигар ақвоми ғайрипаштун дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон таҳмил шудааст. Ба унвони намуна, устураи ориёипарварии пружаи ҳизби натсиол- сотсиализми Олмон (нозӣ) буд, ки аз соли 1923 мелодӣ ба гунаи хазанда ҳамчун бахши ҷудоинопазири ҳувияти афғонӣ/паштунӣ дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон талқин шуд ва пас аз тасоҳуби қудрату эҷоди режими фашистӣ дар Олмон ба гунаи возеҳ дар таърихнависии афғонӣ/паштунӣ идома ёфт.
Дар даҳаи 1930 мелодӣ дар авҷи ҳамкории режими фашистии Олмон бо ҳокимони афғон/паштунҳо назарияи нажодпарастонаи ҳувиятсозии ориёӣ/афғонӣ ба гунаи низомманд дар таърихнависӣ оғоз шуд ва болои ҳувияти ҳама ақвоми форсизабон ва ақвоми ғайрипаштун баст ва таъмими таҳмилӣ дода шуд. Эҷоди ҳувияти афғонӣ ва забони пашту робитаи мустақим бо ҳамкории Олмони фашистӣ дар геополитикаи Афғонистон дошт.
Таърифи ҳувияти худсохтаи афғонӣ/паштунӣ дорои пасманзари устураии қабилаи гумшудаи бани Исроил, ки бархоста аз нажоди cомӣ буд, ба нажоди ориёӣ тағйир дода шуд.
Алфред Розенберг, назариясоз ва идеологи барҷастаи ҳизби натсионал- сотсиалисти Олмони нозӣ дар дафтари хотироти сиёсиаш навиштааст: “Дар шароити изтирорӣ бояд... имкони истифода аз ин кишвар (Афғонистон) таҳти раҳбарии паштунҳо барои манофеи Олмон сурат гирад, то иқдомотеро алайҳи Ҳинди Биритониёӣ ё Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом диҳанд”. Ба унвони намуна режими фашистии ҳитлерӣ нақши равшан бар таърихнависии ҷадиди кишваре ба номи Афғонистон гузошт ва аз қиёми Фақир Ипии вазиристонӣ ҳимоят кард. Барои эҷоди пойгоҳи маҳкам дар даруни ҳокимияти Кобул дар соли 1936 режими фашистии ҳитлерӣ маблағи 15 миллион рейхмаркро ба қисми кредит/қарза ба Афғонистон дод, то лашкари он бо вежагиҳо ва шиносаҳои урдуи Олмон созгор сохта шавад.
Барномаи тадриҷии “ҳувияти миллӣ”-и афғонӣ/паштунӣ болои ақвоми порсизабон ба асоси роҳбурди гегемонияи афғонӣ/паштунӣ таҳмил мешуд, то он ҷо, ки вожаи “афғон” ва “афғоният” - ро ба масобаи “ҳувияти миллӣ” омӯзиш доданд ва вожаи “паштун” ва “пашту” - ро ба масобаи “ҳувияти қавмӣ”-и қабоили паштузабон, қаламдод карданд. То бад-ин гуна зеҳну равони ақвоми форсизабон ва ғайрипаштунро аз тариқи ҳамгунсозӣ шустушӯ диҳанду бифиребанд ва ҳувияти “афғонӣ” - ро, ки дар асл ҳувияти “паштунӣ” аст ва ҳар ду вожаи “афғон” ва “паштун” номи як қавм аст, ба мардум биқабулонанд ва аз ин тариқ равонпарешӣ ва буҳрони ҳувиятиро бизудоянд.
Бедоргарии равшанфикрон, ба вежа дар беш аз чиҳил соли ахир ин тарфандро ошкор сохта ва дар кулл барномаи таҳмилии ҳувиятӣ нахуст дарз бардошт ва сипас тарҳи миллатсозии афғонӣ/паштуниро ба гусаст мувоҷеҳ сохт, ки нишонаи он эҷоди фосила миёни ҳувияти воқеии фард ва вобастагии он бо иҷтимоъи бузурги миллӣ дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон аст.
Доктринаи ҳувияти афғонизм/паштунизм муташаккил аз арзишҳои фарҳангии сиёсии паштунволӣ, луиҷиргаӣ, лару бари Паштунистон, суруди миллии паштунӣ, миллӣ ано, миллӣ атан, мусталаҳоти миллӣ ва... аст, ки ҳама бо тарфандҳои таблиғотӣ ва зӯри сарнайза бар ақвоми форсизабон ва ғайрипаштун таҳмил шудааст, дар ҳоле, ки ҳар қавм дар ин ҷуғрофия, ривояти устураӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии хешро басо пурбортар аз ҳувияти паштунӣ доранд, аммо ба ин ҳувиятҳо ҳатто дар бист соли ахир, ки даврони авҷи расонаҳои озод дар таърихи ҷуғрофияе ба номи Афғонистон буд, низ дода нашуд.
Бедорсозӣ ва растохези ақвоми форсизабон ва ақвоми ғайрипаштун аз ҳолати афсунзадагии забонӣ, таърихӣ, ҳувиятӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва ҳаракат ба сӯи худогоҳии воқеӣ ниёзмандии дастгоҳи шокро дорад, то қалбашон дубора суръати табиии тапишро оғоз кунад ва ҳофизаи таърихии аз байн бурдашудаи онҳо, ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддуни гумшудаашонро ба ёд биоварад. Бад-ин гуна азми наҷоту раҳоӣ аз юғи ҳувияти афғонӣ/паштунӣ пайдо мешавад.
Хирадварзон ва огоҳони ҷомеашиносӣ ҷомеаро дар шинохт аз худ бо гузашти замон пайванд медиҳанд. Ба иборати дигар, бо гузашти замон дарки инсон аз ҳувияти таърихӣ, тамаддунӣ ва фарҳангӣ тағйир мекунад. Дар ҳолати одӣ тағйирот ва таҳаввулоти ором қобили мудириятанд, ба вежа дар ҷомеаи мо, ки дар гузашта дучори фоҷеаи бесаводии инкорнопазири истоӣ будааст, бо истифода аз чунин ҳолат ва ба ёрии мушовирини хориҷӣ барномаи ҳувиятзудоии тадриҷӣ дар бахшҳои мухталифи ҷомеа тавассути афғон/паштунҳо шакл дода шуд.
Ин бистари ҳувиятзудоӣ аз ақвоми порсизабону ғайрипаштун ва ҳувиятзои афғонӣ аз давраи омӯзиш дар мактаб бо барномарезии Маҳмуд Тарзӣ оғоз шуд. Заминҳои ҳосилхези ақвоми форсизабон ва ғайрипшатун тавассути шоҳ Амонуллоҳ ғасб шуд ва бо барномаи роҳбурдии таърихии “ноқилин” ба қабоили паштун супурда шуд ва то акнун идома дорад. Дар давраҳои баъдӣ намодҳои ҷаълӣ, монанди хӯшаи гандум дар нишони давлатӣ, бобосозии Аҳмадшоҳ Дуронӣ, қаҳрамонсозиҳои бебунёди шабеҳи малолайҳо, таҳмили асноди ҷаълӣ, монанди “Пата хазона” дар ҳавзаи забон, фарҳанг ва ҳунар эҷод шуд. Бо шиори “до ватан зи мо ватан” заминҳои ҳосилхез дар ҳавзаи Шимол, Ғарб ва марказ ғасб гардид. Барномаи тағйири демографик/ҷамъиятӣ ба суди афғон/паштунҳо дар манотиқи форсинишин бо пайгирӣ сурат гирифт.
Ба асоси дониши ҷомеашиносӣ, ҳувиятзудоӣ ҳангоме ошкор мешавад, ки забон, фарҳанг, арзишҳо ва намодҳо ба шиддат саркӯб шуда ва ба суръат тағйир ёбанд. Дар ин вазъият буҳрони ҳувият падидор мешавад ва мавозеъи дифоъӣ ҷиҳати пешгирӣ аз нобудии хеш сурат мегирад. Таърифи ҳувият дар чунин ҳолат маънои бунёдини худро ба беҳтарин ваҷҳ дар кирдор, гуфтор ва пиндори инсон баён мекунад. Бад-ин гуна шинохт беҳтар аз “худ” ба даст меояд ва ташхиси “дигарӣ” осон мешавад.
Натиҷаи ин, ки ҳувият ба унвони як падида бо худ вежагиҳое дорад ва дар халаъ матраҳ намешавад, бояд “худ” вуҷуд дошта бошад, то “дигарӣ” ва “дигарон” дар шиносоии он маъно пайдо кунанд. Шинохт аз “худ” бо тамаркуз ба вежагиҳои ҳувиятӣ оғоз мешавад. Ҳувияти “ман” ва “ту” - ро бо “забон” гиреҳ мезанад ва фарҳанг мепарварад, арзиш ва намод меофаринад.
Фарҳангу ҳунар барои ҷомеа аз аҳамияти вежае бархурдоранд. Онҳо бозтобдиҳандаи баҳсҳои иҷтимоӣ ҳастанд, ки заминаи бархӯрдро барои рӯёрӯӣ бо воқеиятҳо ироа мекунанд. Фаротар аз он ба рӯйдодҳои рӯзмарра ишорат доранд, меофаринанд, нақд мекунанд ва гузориш медиҳанд. Фарҳангу ҳунар мазҳари вуҷудии инсонанд, рӯёрӯӣ бо онҳо ишора ба гузашта ва пардохтан ба арзишҳои мунтақилшударо дошта, ҳамчунон дорои буъди ояндамеҳвар ва дарбаргирандаи чашмандозҳое аз ҷомеаи ояндаанд. Дар бархӯрд бо фарҳангу ҳунар гуфтумонҳои ҷомеа ошкор мешаванд ва барои тавсеаи ҷомеа аҳамияти вежаеро эҷод мекунад.
Дар як ҷомеаи чандқавмӣ ҳунар, фарҳанг ва омӯзиши фарҳангӣ ба таври фазояндае дар иртиқои якпорчагӣ ва таъкид бар аносири мусбат ва танаввӯъи фарҳангӣ аҳамият пайдо мекунад. Ин фарояндҳо ағлаб дар истилоҳи “тағйир аз раҳгузари фарҳанг” гирди ҳам меоянд.
Баргашт ба ҳувияти воқеӣ бо тасмими қотеъ ва тамкин ба тағйире оғоз мешавад, тағйир яке аз печидатарин ва душвортарин падидаҳои равоншинохтӣ ва ҷомеашинохтӣ ба шумор меравад, ки ҳар шахс бо он дучори муноқиша мебошад. Тағйир дар зеҳн бо ҳароси аз даст додани доштаҳои кунунӣ дар тасомими фардиву ҷамъӣ дасту панҷа нарм мекунад. Тағйир бо тамоми чолишҳо дар равони ҷомеа бояд мавриди қабули ҳар порсизабон қарор гирад, то ҷомаи амал бипӯшад. Ба иборати дигар “ҳаққи таъйини сарнавишт” ягона гузина барои тағйир ва эҷоди ҳамзистӣ бо соири ақвоми ғайрипаштун мебошад.
МАФОҲИМИ АСОСИИ ҲУВИЯТИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
А) Ақвоми порсизабон
Дар ин роҳбурд ҳадаф аз ақвоми порсизабон ақвомест, ки забони модарии фарзандони онҳо забони порсӣ мебошад ё ин ки забони порсиро ба унвони забони иртиботии фарҳангиву тамаддунӣ ва сиёсии идории худ пазируфтаанд, дар ғинои ин забон аз назари таърихӣ нақш дошта ва ба дороиҳои ин забон ифтихор ва барои густариши ояндаи тамаддуни порсизабон кору талош ва мубориза мекунанд.
Умдаи ин ақвом дар меҳани бохтариён иборатанд аз: тоҷикҳо, ҳазораҳо, аймоқҳо, арабҳову содот, қизилбошҳо, тоторҳо, қарлуқҳо, нурзоиҳо, салҷуқиҳо, муҷаддадиҳо ва соири ақвоми ғайрипаштун.
Б) Ақвоми муттаҳид бо ақвоми порсизабон
Ҳадаф аз ақвоми муттаҳид бо ақвоми порсизабон ақвомест, ки забони модарии онҳо забони порсӣ нест, аммо дар тӯли таърих нақши арзандае дар рушду боландагии забони порсӣ ва офариниши фарҳангу тамаддуни порсӣ доштаанд ва дар ин мероси таърихии сутург худро шарик медонанд. Ин ақвом нигоҳи душманона ба забони порсӣ надоранд ва порсизабонон низ ба забону фарҳанги онон эҳтиром мегузоранд.
Умдаи ин ақвом дар меҳани Бохтариён иборатанд аз: турктаборҳо монанди ӯзбекҳо ва туркманҳо, нуристониҳо, пашшаиҳо ва соири ақвоми ғайрипаштун.
МАБОНӢ ВА МАҚОСИДИ ҲУҚУҚИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон мабонии ҳуқуқии худро бар мафоҳими асосии ҳуқуқии зайл бунёд мекунад:
А) Ҳуқуқи фардӣ
Аз он ҷое, ки ақвоми порсизабон мароҳили бадавият ва қабилагароиро убур кардаанд, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ навъи вежае аз афродро мепарварад, ки фардияти вежа доранд ва аз тамомияти тамаддунии хеш, бо ҳифзи фардияти худ намояндагӣ мекунанд.
Баёнияи роҳбурдӣ ба ин бовар аст, ки растохези фарҳангии тамаддунии равшангарона, равшанфикрона ва сиёсии ақвоми порсизабон аз бедории фардии порсизабон шурӯъ мешавад. Бинобар ин, бар тамоми ҳуқуқи фард эҳтиром мегузорад ва аз он пуштибонӣ мекунад.
Баёнияи роҳбурдӣ бар ин бовар аст, ки мебояд нақши давлату ҷомеа ҳимоят аз афрод ва тавонманд сохтани фазое бошад, ки дар он фарди порсизабон аз тамоми ҳуқуқи худ бархурдор буда ва зарфияти баёни хостаҳои худро ба даст биоварад ва ба унвони як инсони ҳинҷорманд, озод ва комил зиндагӣ кунад. Фарди порсизабон ҳақ дорад то хониши порсизабонона аз зиндагии сиёсӣ ва тамаддунии худро табйин кунад ва ҳеҷ кас ҳаққ надорад ӯро ногузир ба зистан мутобиқ бо хонишу ҳувияти қавмии дигарон кунад, ба вежа ҳувияту фарҳанги афғонӣ/паштунӣ.
Б) Ҳуқуқи асосӣ
Бунёди ҳуқуқии баёнияи роҳбурдиро асли шаҳрвандӣ шакл медиҳад, ки дар як фазои мардумсолор ҳамкорона аз тамоми ҳуқуқи асосии шаҳрвандии худ бархӯрдор бошад. Истибдоди тамомиятхоҳонаи таърихии давомдори афғонӣ/паштунӣ бар ақвоми порсизабону ғайрипаштун ва густариши фарҳанги бадавият боиси падид омадани фарҳанги арбоб - раиятӣ дар меҳани Бохтариён шудааст.
Баёнияи роҳбурдӣ барои эҳёи ҳуқуқи шаҳрвандии ақвоми порсизабон талош мекунад. Эҳтиром ба каромати инсонӣ, баробарӣ, манъи табъиз дар ҳама ашколи он, ҳаққи омӯзиши баробари ҳамгонӣ, озодии ақидаву баён, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳаққи гувоҳӣ додан дар мароҷеи расмӣ, ҳаққи доварӣ ва соири ҳуқуқу арзишҳои асосӣ бояд пояи кирдори нек ва пиндори неки порсизабонон бошад.
В) Ҳуқуқи гурӯҳӣ
Баёнияи роҳбурдӣ ба ин бовар аст, ки дар канори ин ки афроди порсизабон ба унвони афроду шаҳрвандони дорои ҳуқуқи вежаи худ ҳастанд, ҳамчунон ақвоми порсизабон аз ҳуқуқи гурӯҳии қавмӣ ба унвони тоҷик будан ва ҳазора будан ва... бархӯрдор мебошанд.
Ин ақвом ҳақ доранд то дар ниҳодҳову намодҳои меҳан ва дар мушорикати қудрат аз болотарин сатҳи қудрат, яъне раёсатиҷумҳурӣ то поинтарин маротиби қудрат намояндагии хешро бубинанд.
Ҳақ доранд, ки фарҳангу тамаддуни хешро ба намоиш бигузоранд, таъриху сабки зиндагии хешро ривоят кунанд ва ҳастии худро бо забони ширини форсӣ баён кунанд.
Г) Ҳаққи таъйини сарнавишт
Такягоҳи асосии баёнияи роҳбурдӣ мафҳуми “ҳаққи таъйини сарнавишт” аст, ки дар асноди байналмилалӣ дарҷ аст. Мафҳуми ҳаққи таъйини сарнавишт барои тамоми гурӯҳҳои забонӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ... таҳти табъиз ҳақ медиҳад то худ барои таъйини сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсиашон мубориза кунанд.
Этносид/қавмкушӣ як сиёсати барномашуда барои нобудии ҳувияти қавмӣ ва худогоҳии мардумони ғайрхудӣ аст. Қавмкушӣ ҳам аз тариқи сиёсати ҳамсонсозӣ ва ҳам дар фароянди шаклдиҳии “миллат”-ҳои маснуии ҷадид бо роҳкорҳои зӯри сарнайза ва таҳмил ба ҳадафи тағйири ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии ақвоми “ғайрхудӣ” ҷиҳати ҳамгунсозӣ сурат мегирад. Мардумоне, ки қурбонии қавмкушӣ мешаванд, бештарин ҳофизаи таърихиашонро аз даст медиҳанд. Дар бархе маворид ҳатто номи худ, номи маконҳои таърихӣ, забон, фарҳанг ва ҳатто мазҳабашонро аз даст дода ва ба мавқеияти фурудастону мазлумони таҳти ситам тавассути истеъморгарон ва истибдодгарони қавми ҳоким мубаддал мешаванд.
Дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистони нажодгароӣ ва табъизи қавмии ошкоро бахши умдаи сиёсати ҳокими афғон/паштунҳо будаву аст.
Таърихсозӣ ва ҳувиятзудоӣ то он ҳадд муваффақ шуд, ки имрӯз бештар порсизабонон ҳувияташонро дуруст намешиносанд ва наметавонанд бозгӯӣ ва бознамоӣ кунанд. Забонашонро ба майли ҳокимони афғон/паштун, “дарӣ” ва нажодашонро “ориёӣ” мепиндоранд. Бархурд дар баробари ақвоми порсизабон гоҳе аз ҳадди қавмкушӣ то ҳадди наслкушӣ фаротар рафтааст, ки оғози он дар баробари ҳазораҳо дар даврони амир Абдурраҳмон ва идомаи он дар 40 соли ахир дар чандин давра ҷараён доштааст.
Афғон/паштунтборҳо ақвоми ишғолгареанд, ки ба ёрии қудратҳои истеъморӣ тавонистанд бар манотиқи худмухтори порсизабонон истило ва султаи сиёсии ҳамаҷониба пайдо кунанд. Ҳатто истилогарии онҳо борҳо аз марзҳои ҷуғрофияи кунунӣ ба номи “Афғонистон” фаротар рафта, гоҳе иддаои эҷоди хилофати исломӣ дар тамоми Осиёи Миёна ва шибҳақораи Ҳиндро дар асри шоҳ Амонуллоҳ карданд ва аз ҳафтод сол бад-ин сӯ чашм ба хокҳои Покистон зери номи илҳоқи дубораи сарзаминҳои он сӯи марз зери шиори “лару бари Паштунстон/Афғонистон” дӯхтаанд. Акнун дар давраи Толибон мехоҳанд бо судури бунёдгароии динӣ ва терроризм тамоми минтақаро ноамн созанд.
Зисти боҳамӣ бо чунон қавме бидуни пешинаи таърихӣ ва тамаддунии мактуб ва ишғолгар, на танҳо душвор, балки номумкин аст. Беҳтарин роҳ барои эҷоди як ояндаи саодатманд ба ҳайси миллати воҳид иборат аз ҳокимият бар сарнавишти хеш ва ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабони дорои тамаддуни бузурги таърихӣ ва фарҳангии равшани чанд ҳазорсола мебошад.
Асли “ҳаққи таъйини сарнавишт” ба унвони як ҳаққи башарӣ появу асоси соири ҳуқуқи башарии порсизабононро ташкил медиҳад, ки ба муҷиби он ҳамаи афроду гурӯҳҳои иҷтимоӣ сарфи назар аз ҷинсу мазҳаб метавонанд умури хешро дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар даст гиранд. Ин ҳақ як ҳаққи башарии фардӣ аст, ки так таки афроди порсизабон аз он бояд бархӯрдор шаванд.
Дар маншури Созмони Милал Муттаҳид дар канори зарурати риояту эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдини фардӣ, аз ин асл низ ном бурда шудааст. Асли ҳаққи таъйини сарнавишт аз усули бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва аз қавоиди аслии ҳуқуқи башарӣ маҳсуб мешавад, ки бо риояти он метавон ба нақзи ҳуқуқибашарии мардумон поён бахшид.
Давлатҳои узви Созмони конфронси Исломӣ дар соли 1997 мелодӣ низ ҳаққи таъйини сарнавиштро ба унвони як асл дар модаи ёздаҳуми матни Эъломияи исломии ҳуқуқи башар эълом кардаанд:
“Истеъмор ба анвоъи гуногунаш ба эътибори ин ки бадтарин навъи бардагӣ аст, шадидан таҳрим мешавад ва миллатҳое, ки аз он ранҷ мекашанд, ҳақ доранд аз он раҳоӣ ёфта, сарнавишти хешро таъйин кунанд”.
Асли “ҳаққи таъйини сарнавишт” танҳо замоне таҳаққуқ пайдо мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии ақвоми порсизабон, ки ҳудуди як сада ба гунаи ҳинҷорманд саркӯб шудаанд, таъмин шавад.
- “Ҳаққи таъйини сарнавишт” ҳаққи тахаттинопазир барои ҳамаи мардуми мо аст, то битавонанд системаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро дар фазои орӣ аз хушунату зӯр таъйин карда ва мавқеияти байналмилалии хешро тасбит кунанд.
- “Ҳаққи таъйини сарнавишт” дар қаламрави масоили хориҷӣ ба маънои ҳаракат ба сӯи истиқлол то ташкили давлати мустақил аст.
- “Ҳаққи таъйини сарнавишт” дар қаламрави дохилӣ ба маънои ҳаққи интихоби афрод дар арсаҳои ҳуқуқӣ ва озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ мебошад.
- “Ҳаққи таъйини сарнавишт” бо арзишҳое чун демократия, озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башарӣ пайванде ногусастанӣ дорад. Набуди ин арзишҳо сабаби тадовуми нақзи ҳуқуқи башарии мардуми мо хоҳад шуд.
Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон ба ин дидгоҳ аст, ки бояд ба асоси асноди байналмилалии ақвоми порсизабон дар сарзамини вежаи худ сарнавишти ҳуқуқӣ, навъи низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва диниро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъйин кунанд, на ин, ки луиҷиргаҳо ва руасои қабоили афғонӣ/паштунӣ сарнавишти ақвоми онҳоро рақам зананд.
Ақвоми порсизабон мебояд ба асоси асноди байналмилалӣ бидуни доштани ҳар навъ қайими дохилӣ ва байналмилалӣ тасмимгирандаи асосии сарнавишти худ бошанд.
МАБОНӢ ВА МАҚОСИДИ СИЁСИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Ин баёния дар асл як баёнияи сиёсии забонбунёд аст ва забони порсиро натанҳо як ҳувияти тамаддунӣ, балки як ҳувияти сиёсӣ медонад, ки шомили ҳама қавмиятҳои порсизабони тоҷик, ҳазора, қизилбош, фирӯзкӯҳӣ, аймоқ, нурзоӣ, тотор, қарлуқ ва .. мебошад. Ин баёния ба ҳеҷ ваҷҳ як тарҳи нажодӣ нест, зеро нажод пояи илмӣ ва динӣ надорад. Баёнияи роҳбурдӣ ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон мақосиди сиёсии возеҳ ва равшан дорад, ки умдатарини онҳо иборатанд аз:
Мақсад (1). Назм/низоми сиёсии машруъ мубтанӣ бар мардумсолорие, ки дар он усули ҳуқуқи Ислом дар ҳамоҳангӣ бо ҳуқуқи башарии ҷиҳатдиҳандаи ҳаёти сиёсии ақвоми порсизабон бошад. Имрӯз дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон панҷ навъи сенария матраҳ аст:
1 - Низоми сиёсии мутамаркизи афғонӣ/ паштунӣ;
2- Низоми сиёсии ғайримутамркизи садоротӣ бо паштунҳо;
3- Низоми сиёсии ғайримутамаркизи федерол бо паштунҳо;
4- Фурӯпошии ҷуғрофияи ҷаълӣ ба номи Афғонистон;
5- Ҷудоии ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ба ду кишвари паштунӣ ва порсизабон бо ақвоми муттаҳиди он;
Барномаи калони қудратҳои бузург ҳеҷ гоҳ ин набудааст, то ҷуғрофияе ба номи Афғонистонро порча - порча кунанд ва ба кишварҳои ҳамсоя бисупоранд. Супурдани сарнавишти ақвоми порсизабон ва ақвоми муттаҳиди он ба кишварҳои ҳамсоя ба ҳеҷ ваҷҳ мақсад ва матлуби мо нест, зеро ин ақвом дар он сурат ба ақвоми ҳошияӣ ва марзӣ дар ин кишварҳо табдил шуда ва ба масобаи ақвоми маҳруму бемеҳан ва илҳоқӣ ба онон нигоҳ хоҳад шуд ва дар он ҳолат ҳувияти фарҳангӣ, тамаддунӣ ва сиёсии мустақили хешро аз даст медиҳанд.
Ҳадафи аслӣ бояд ин бошад, то порсизабонон ба ҳамроҳии ақвоми муттаҳидашон бо баҳрабардорӣ аз ҳаққи таъйини сарнавишт кишвари мустақили хешро ташкил диҳанд ва тамаддуни вежа ва модерни худро дар он бино кунанд.
Мақсад (2). Амнияти ҳуқуқмадор, ки дар он ҳама шаҳрвандони порсизабон ва ақвоми муттаҳиди онон зану мард бо ҳуқуқ ва озодиҳои мусовӣ дар камоли амният ва иззат бидуни ҳақорату истибдод зиндагӣ кунанд.
Мақсад (3). Рифоҳ ва тавсеаи пойдори иқтисодие, ки мутобиқи меъёрҳои пазируфташудаи модерн он ҳама шаҳрвандон аз ҳадди мутавассити рифоҳ баҳраманд шаванд. Тавзеъи сарват аз боло ба пойин одилона сурат гирад. Мазоди тавлид ба вуҷуд ояд, фақр задуда шавад; дасти касе ба гадоӣ дароз набошад ва рушд ба ҳадди аксару бекорӣ ба ҳадди ақал бирасад.
Мақсад (4). Озодӣ, ба гунае ки тамоми шаҳрвандони порсизабон ва ақвоми муттаҳиди онон аз озодии фардӣ, ақида, баён, мазҳаб, кор, омӯзиш, сиҳат, парвариш ва пӯшиш дар зиндагии рӯзмара бархӯрдор бошанд.
Мақсад (5). Адолат, назми сиёсӣ, амният ва озодӣ тавре танзим шавад, ки бо усули адолат дар таноқуз набошад. Адолати маърифатӣ, адолати иқтисодӣ, адолати тавзеъи имтиёзҳо ва... ҷиҳатдиҳандаи тамоми низом бошад.
Мақсад (6). Рушд ва таоло; ҳама роҳбурдҳои фарҳангӣ ва тамаддунии низом бояд боиси рушд ва камоли ахлоқии шаҳрвандон шавад.
МАБОНӢ ВА МАҚОСИДИ ДИНӢ – МАЗҲАБИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Баёнияи роҳбурдӣ ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон як баёнияи мусулмонӣ мӯътақид ба дини муқаддаси Ислом, мутааҳҳид ба тамаддуни мусулмонӣ ва меросдори тамаддуни порсии мусулмонӣ аст. Ин баёния ба мазҳаби каломӣ ва мазҳабӣ, бумӣ ва таърихӣ рушд дода шуда, тавассути фарзандони ин сарзамин, монанди мазҳаби ҳанафӣ - мотуридӣ, шиъаи ҷаъфарӣ ва исмоилӣ эҳтиром мегузорад ва барои нигаҳбонии ҳуқуқи гурӯҳии мазҳабии онон талош мекунад. Ҳамон гуна, ки адабиёт ва фарҳанги забони порсӣ, ки аз жарфо ва паҳнои ирфонӣ бархурдор аст, ин баёния мутааҳҳид ба рушду таолии фарзандони ақвоми порсизабон аз раҳгузари тариқатҳои ирфонӣ, монанди нақшбандия, қодирия, чиштӣ, суҳравардия ва... мебошад ва аз ирфони модерни равшанфикронаи мусулмонӣ истиқбол мекунад.
МАБОНӢ ВА МАҚОСИДИ ҶИНСИЯТИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон, як баёнияи ғайриҷинсиятӣ, баробарталабона ва ғайримардсолорона аст. Ин баёнияи забонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ аст, ки занон ва мардон бо ҳам баробар шона ба шона дар эҷоди он нақши асосӣ доштаанд. Бовараманд аст, ки фарҳанги занситезӣ дар миёни ақвоми порсизабон бо густариши фарҳанги бадавии қабилаии занситезонаи афғонӣ/паштунӣ роиҷ шудааст.
Барои раҳоии занони муборизи порсизабон аз зери юғи фарҳанги золимона ва ситамгаронаи бадавӣ ва қабилаӣ мебояд муборизаи бунёдини фалсафӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ сурат бигирад.
Баёния бовараманд аст, ки занони порсизабон бояд дар давраҳои мумтад аз табъизи мусбат бархӯрдор шаванд, то як ҷаҳиши ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар зиндагии онон фароҳам ояд. Даврони дувуми иморати золимонаи толибони паштунӣ ба равшанӣ нишон додааст, ки занони ақвоми порсизабон иборат аз тоҷику ҳазора ва... пешгоми муборизоти озодихоҳӣ, адолатталабӣ ва ҳувиятталабӣ буда ва ҳастанд. Бинобар ин, ҷойгоҳи занон дар ин баёния, натанҳо ин ки як ҷойгоҳи намодин нест, балки ҷойгоҳи зерсохтӣ, меҳварӣ ва раҳбарикунанда мебошад то он ҷо, ки дар навиштани ин баёния машвараҳои муфид додаанд.
МАБОНӢ ВА МАҚОСИДИ ЗАБОНӢ, ТАЪРИХӢ ВА ТАМАДДУНИИ БАЁНИЯИ РОҲБУРДӢ
Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон як баёнияи забонӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ аст. Ба ҳувият ва таърихи пуршукуҳи тавҳидӣ-тамаддунии пеш аз исломи хеш менозад. Ба таърихи исломӣ-тамаддунии хеш дар даврони Ислом ифтихор мекунад. Шуҷоат ва ҷунбишҳои мудофеъи форсизабон аз чапу ростро дар даврон меситояд ва ёди ононро гиромӣ медорад.
Ин баёния ба ҳавзаи геополитикӣ - таърихии бохтарӣ меандешад ва боварманд аст, ки фақат дар як ҷуғрофиёи мустақил ва озод тамаддуни порсии мусулмонӣ рушд ва боланда мешавад. Ҷуғрофиёи сиёсие, ки дигарон барои забону тамаддуни порсӣ қойим набошанд ва худи порсизабонон дар ҷуғрофиёи сиёсии мустақилашон роҳбурди тамаддунии худро ҷиҳатдиҳӣ кунанд.
Ин баёния як баёнияи забонӣ - тамаддунӣ аст. Мутааҳҳид ба забони порсӣ ва фарҳанги тамаддунии пуршукуҳи чандбуъдии он дар саросари ҷаҳон ва ба вежа дар сарзамини Бохтариён аст.
Ин баёния мехоҳад дар масири эҷоди ҷунбише гом бигузорад, то нигаҳбону густаришдиҳандаи забон, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ бошад.
НАТИҶАГИРӢ
Бештар аз яку ним сада аст, ки ҳокимони афғон/паштун ба ҳайси як ақаллияти қавмӣ ба таври мудовим аз эътои ҳаққи мушорикати баробар барои соири ақвом дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон худдорӣ карда ва ҳуқуқи асосии дигар ақвомро ба гунаи низомманд ва роҳбурдӣ нақз кардаанд. Давлат ва ҳукуматро ҳаққи падарӣ ва қабилаии хеш пиндошта ва ҳузури ҳеҷ намояндаи ақвоми дигарро дар ахзи тасомими сарнавиштсоз болои хеш бар натобидаанд ва наметобанд.
Давлатҳои истибдодии қабилаии афғон/ паштун дар асл ҳокимиятҳои нажодпараст ва фашистие будаанд, ки пайваста бар дигарон зулм ва беадолатӣ раво дошта ва миқдороти ақвоми порсизабонро ба нобудӣ кашондаанд.
Се давраи “иморат – ҷумҳурият – иморат” - ро метавон авҷи чунон нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ номид, ки болои мардуми мо эъмол гардид ва ҳанӯз дар ҳофизаи таърихии пиру ҷавони ақвоми порсизабон ва ақвоми ғайрипаштун зинда аст.
Роҳи наҷоти мардуми мо барои рафтан ба як ояндаи равшан аз назари забонӣ, ҳувиятӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва саранҷом эҷоди ҳамбастагии қавмӣ дар дохили ҷуғрофиёи порсизабонон аз масири “ҳаққи таъйини сарнавишт” мегузарад. Наслҳои ояндаи мо бояд дар фазои фарҳангӣ ва забонии хеш парварда ва боланда шаванд ва аз имрӯз барои фардо ба сӯи таъйини сарнавишташон ҳаракат ва мубориза кунанд.
Қарни бисту якуми мелодӣ/ понздаҳуми хуршедӣ қарни таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон ва зисти фарҳангии тамаддунии мустақили онон дар як ҷуғрофиёи мустақили Бохтариён хоҳад буд, зеро миллате, ки ҷуғрофиёи мустақил надорад, тавоноии худифшоӣ ва бознамоии забонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии худро ҳеҷ гоҳ нахоҳад ёфт.
Баёнияи роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон дар як калима, яъне “муборизаи роҳбурдӣ барои эҷоди давлати мустақили порсизабонон ва ақвоми муттаҳиди онон дар сарзамини Бохтариён мебошад”.
Июн, 2022