Хабари рӯз

Вашингтон барои эҷоди як давлати фарогири ҷадид дар Кобул саросемагӣ дорад

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори вижаи “Независимая газета”

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли омодасозии як ҳаракати ҷадид дар бозии сиёсии Афғонистон аст. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф дар гурӯҳҳои муҳоҷирати сиёсии Афғонистон, то поёни тобистон имкони баргузории “конфронси бузург” дар Вашингтон бо ҳузури бархе аз раҳбарони Толибон* ва таъсиргузортарин намояндагони муқовимати зидди Толибон вуҷуд дорад. Ҳадафи ин форум бояд оштӣ додани гурӯҳҳои сиёсии рақиб бо чашмандози эҷоди як давлати фарогири ҷадид дар Афғонистон бошад.

Ин воқеият, ки Вашингтон дар ҳоли тадоруки як нишасти муҳим бо раҳбарони муқовимати зидди Толибон буд, ибтидо дар аввалҳои моҳи июн мушаххас шуд. Ба гуфтаи манобеъ, дар дидори Том Вест, намояндаи вежаи президенти Амрико дар умури Афғонистон бо намояндагони Шӯрои Олии муқовимати Афғонистон дар Анқара, нукоте дар бораи баргузории нишасти байнулафғонии барномарезишуда дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида шунида шуд. Дар ин дидор, ки дар авохири моҳи май анҷом шуд, дипломати амрикоӣ чанд тезиси муҳимро матраҳ кард.

Аввал, ба гуфтаи Том Вест, Иёлоти Муттаҳида ба идораи Толибон дар Кобул фурсат дод то худро собит кунад ва тавоноии худро барои раҳбарии Афғонистон нишон диҳад. Бо ин ҳол, Толибон аз ин шонс истифода накарданд ва натиҷаи манфиро нишон доданд. Идораи Толибон дар шакли кунунии худ қодир ба ҳалли мушкилоти мудирияту тавсеаи кишвар ва таъмини замонатҳои амниятӣ барои минтақаву ҷаҳон нест.

Сониян, ин дипломати амрикоӣ ба намояндагони муқовимати зиддитолибонии Афғонистон эълом кард, ки то кунун Иёлоти Муттаҳида ба мудохилаи башардӯстона дар умури Афғонистони толибонӣ иктифо намуда ва бар ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи сареъ ба мардуми ин кишвари бадбахт тамаркуз кардааст. Акнун Амрико қасд дорад стратегияи худро тағйир диҳад ва омода аст то нақши фаъолтаре на танҳо башардӯстона, балки сиёсӣ дар Афғонистон ифо кунад.

Севум, ба гуфтаи манобеъ, Том Вест бар адами тамоюли Иёлоти Муттаҳида барои мушорикат дар рӯёрӯии мусаллаҳонаи Толибон ва мухолифони онҳо дар Афғонистон таъкид кард. Ин дипломати амрикоӣ тасреҳ кард, ки Вашингтон қатъан аз нокоромадӣ ва заъфи ҳукумати Толибон ноумед аст, аммо бовар надорад, ки сарнагунии ин ҳукумат тариқи силоҳ ба тағйироти мусбат дар Афғонистон оварда расонад.

“Дар натиҷаи гуфтугӯ бо Вест ширкаткунандагони ҷониби афғонӣ ин тасаввурро ҳосил карданд, ки Иёлоти Муттаҳида алоқаманд аст нерӯҳои опозисиюн фишорҳои мухталиферо бар Толибон эъмол кунанд ва онҳоро ба тағйиру додани имтиёз пеш аз нишасти байнулофғонӣ дар Вашингтон савқ диҳанд”, - мегӯянд манобеъ.

Том Вест илова бар Анқара бо намояндагони ҷомеа ва нерӯҳои мухолифи Афғонистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дидор кард. Манобеъи огоҳ аз мавзӯъи машваратҳои Дубай гуфтанд, ки дар натиҷаи ин нишастҳо ва теъдоде дигар аз дидорҳои фиристодаҳои Амрико бо сиёсатмадорон афғон, “номзадҳо барои сафар ба Вашингтон, ҷое, ки ба қарибӣ конфронси бузурге дар мавриди ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон баргузор мешавад, интихоб хоҳанд шуд". Ба гуфтаи ин манобеъ, “Том Вест мустақиман нагуфтааст, ки Толибон мумкин аст дар нишасти Вашингтон ширкат кунанд, аммо заминаи куллии сӯҳбатҳои дипломати амрикоӣ ин эҳтимолро ба вуҷуд овардааст, ки чунин имкон қобили интизор бошад”.

Метавон ҳадс зад, ки нишасти намояндагони Афғонистон (ҳам Толибон ва ҳам мухолифон) дар Вашингтон, ки тавассути тарафи амрикоӣ тадорук дида мешавад, ҳамзамон бо аввалин солгарди хурӯҷи нерӯҳои амрикоиву НАТО аз Афғонистон ва тасарруфи қудрат дар ин кишвар тавассути Толибон (15 август) баргузор шавад. Ва ин ҷо гап фақат дар энержии намодгароии сиёсӣ нест.

Ҳамон тур, ки таҷриба нишон медиҳад, аксар жест ё ишораҳои сиёсати хориҷии Амрико комилан бо барномаи рӯйдодҳои сиёсии дохили Иёлоти Муттаҳида гиреҳ хӯрдааст. Пеш аз ин дар моҳи ноябр, интихоботи миёндавраӣ барои сенати Иёлоти Муттаҳида баргузор мешавад, ки дар он ҳизби Ҷозеф Байден, президенти Амрико дар хатари дур мондан аз натиҷаи қобили қабул қарор хоҳад гирифт. Яке аз умдатарин интиқодҳои афкори умумии ҷомиаи Амрико алайҳи давлати президенти кунунӣ, шикасти проекти Амрико барои Афғонистон аст, ки сабаби рӯи кор омадани як гурӯҳи террористие дар Кобул шуд, ки сиёсати табъизи таҳоҷумӣ алайҳи занон ва ақаллиятҳои мухталифро думбол мекунад. Бадеҳист, ки дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ, на танҳо бисёре аз раъйдиҳандагон, балки рақибон аз урдугоҳи ҷумҳурихоҳон низ дар амри ёдоварии шикасти тими Байден дар Афғонистон ба демократҳо кӯтоҳӣ нахоҳанд кард.

Дар ин росто, муваффақияти сареъи сиёсӣ дар бахши Афғонистон барои идораи демократҳои Кохи Сафед аз аҳамияти болое бархурдор аст. Бадеҳист бо дар назар гирифтани ин вазифа, “дипломатияи сайёр”-и Том Вест шурӯъ ба фаъолият кард ва фаъолияти соири намояндагони Амрико дар самти Афғонистон низ ташдид шуд. Барчида шудани воқеии диктатории “такҳизбӣ”-и Толибон ва ҷойгузинии он бо як ҳукумати фарогир, ки мунъакискунандаи манофеъи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ҷомеаи Афғонистон ва ҳамчунин тазмини ҳуқуқи занони афғон бошад, чизе аст, ки метавонад бо муваффақият ба расонаҳо ва раъйдиҳандагони амрикоӣ дар остонаи интихоботи сенати Амрико “фурӯхта” шавад. Танҳо коре, ки боқӣ мемонад ин аст, ки Толибон ва мухолифонашонро рӯи як миз дар Вашингтон бинишонем ва онҳоро мутақоид кунем то барои як давлати фарогир як муомилаи сиёсӣ анҷом диҳанд.

Дар сурати муваффақият дар конфронси ояндаи Вашингтон, давлати Ҷозеф Байден на танҳо барги барандаҳои муҳими пеш аз интихоботро дарёфт хоҳад кард. Як созиши воқеӣ байни Толибон ва мухолифони онҳо аз гурӯҳҳои мухталифи муқовимати Афғонистон, ки дар пойтахти Амрико ҳосил шавад, дубора Иёлоти Муттаҳидаро ба муҷрии аслии "Бозии бузург" дар Афғонистон табдил хоҳад кард, ки албатта, Русияву Чин ва дигар ширкаткунандагон дар раванди сиёсии минтақаиро, ки дар 10 моҳи пас аз хурӯҷи артиши Амрико аз Афғонистон, натавонистаанд як проекти муассири минтақаӣ барои ҳаллу фасли буҳрони Афғонистонро пешниҳод кунанд, хушоянд нахоҳад кард.

САНГАР: Ин савол ҳамчунон боз аст: оё Русия ва Чин бо "шикор"-и кӯчактарин нишонае аз ҳузури Амрико дар Осиё ва бастани камарбандҳои худ барои берун рондани комили он аз ин қора, ин иҷозаро хоҳанд дод? Зоҳиран вокуниши Маскав ва Пекин ин хоҳад буд, ки бо Толибон ва нерӯҳои муқовимат "кор" кунанд то аслан дар нишасти Вашингтон наёянд. Далели он равшан аст: кишварҳои минтақа мушкилоти худро бидуни мушорикати хориҷӣ ҳал хоҳанд кард. Иёлоти муттаҳида низ ба навбаи худ дар 20 сол "ҳал кард" ва натиҷа ошкор аст. Аз дидгоҳи онҳо, Амрико дар масъалаи Афғонистон аслан ҷое надорад. Аммо, зоҳиран, Вашингтон ин тур фикр намекунад...

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!