Беш аз даҳ хабарнигору корманди “Тулуъ Нюс” – ро Шабакаи Ҳаққонӣ куштааст, аммо раиси ин телевизион ҳоло ба побӯси Сироҷуддин Ҳаққонӣ рафтааст.
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Ба акси зер дақиқ шавед. Шахсе, ки паҳлуи рости Сироҷуддин Ҳаққонӣ, террористи чаҳорситора, истодааст, раиси “Тулӯъ Нюс” аст. Шахсе, ки паҳлуи чапи Ҳаққонӣ истода, раиси “Ориёно Нюс” аст. Бақия ҳам ҳама гардонандагону мудирони расонаҳо ҳастанд. Ҳамаи инҳо паштун ҳастанд. Онон ба дидори Сироҷуддин рафтаанд, ки аз ҳаҷ омадааст.
Чанд савол:
Чаро раисони “Тулӯъ Нюс” ва “Ориёно Нюс” паштун бошанд?
Ин ду расона бузургтарин расонаҳои форсизабонанд, ки дар бистари фарҳангу забони форсӣ соҳиби ному нишон шуданд ва худро мудофеъи форсӣ медонанд. Аммо раисҳояшон паштуну рафиқи Ҳаққонӣ. Ин мояи нанги бузурге ба соҳибони “Тулӯъ” ва “Ориёно” ва ҳама расонаҳоест, ки таҳти номи расонаҳои озод дар байни мардум соҳиби шӯҳрату эътибор шуданд. Соҳибони ин расонаҳо бо гумоштани паштунҳо дар раъси расонаҳояшон, хиёнати бузургеро ба форсӣ муртакиб шудаанд. Гуфта мешавад, ки хабарнигорони “Тулӯъ” ва “Ориёно” зери фишори шадиде қарор доранд, то хабарҳову гузоришҳои худро тибқи майли Толибон ва бо адабиёти паштунволӣ дуруст кунанд ва албатта, ки аз форсӣ ва форсигароӣ фосила бигиранд. Ман инро шунида будам, аммо бо тамошои ин акс, яқин ҳосил кардам, ки хабарнигорони форсизабони ин расонаҳо ба ростӣ дар шароити сахте қарор гирифтаанд.
Чаро бояд мудирони аршади расонаҳо, ба дидори як мақоми ҳукуматӣ ё ба табрики касе бираванд, ки аз ҳаҷ омада? Он ҳам мақоми ҳукумате, ки машрӯъият надорад. Он ҳам шахсе, ки як террористи чаҳорситора аст ва даҳ миллион доллар ҷоиза таъйин шуда, ки ҷояшро касе нишон диҳад. Ин расму анъанъна дар ҳеҷ ҷойи дунё вуҷуд надорад, ки мудирони расонаҳо дастҷамъӣ ба дастбӯсӣ ва тамаллуқгӯии мақомҳои ҳукуматӣ бираванд. Ин фақат як анъанаи паштунволӣ ва қабилаӣ аст. Дар ҳама дунё, расонаҳо ба хотире, ки ҳамеша ҳукуматро нақд мекунанд, робитаи танишолуде бо ҳукумат доранд ва ҳамеша барои эҳтиром ба номуси маслакиашон, фосилаи худро аз ҳукуматиҳову зӯрмандон ва сарватмандон нигаҳ медоранд, то салоҳияти ахлоқии худро дар интиқод аз ҳукумат маҳфуз нигаҳ доранд. Ҳатто дар демократитарин ҳукуматҳо, ки ҳукуматҳо машрӯъияти мардумӣ доранд, низ вазъ чунин аст. Фосилаи равшане байни ҳукумату расона вуҷуд дорад. Аммо ин ҷо Афғонистон аст. Марзи ҳеҷ чизе равшан нест.
“Тулӯъ Нюс” расонаест, ки беш аз даҳ хабарнигору кормандаш дар ҳамалоти террористии Шабакаи Ҳаққонӣ кушта шудааст. Раиси “Тулӯъ Нюс” рафиқи қотили кормандони ин расона аст.
Вақте мудирони бузургтарин расонаҳои форсизабон камарашон назди фашизму терроризм ба расми таъзим хам аст, оё таваққӯи мо аз крикетбозон, ки ҳама паштуну покистонианд, беҷо нест, ононро ба хотири гирифтани акси селфи бо Ҳаққонӣ сарзаниш мекунем? Варзишкоронро ҳар кас ташвеқ кунад, чаҳор дасту по медаванд он сӯ. Аммо мардум ҳақ доранд аз, ба истилоҳ, хабарнигорон ва мудирони расонаҳои зоҳиран озод бипурсанд, ки чаро пойи террористон хам мешаванд? Оё онон раисолат ва масуълияти худро намедонанд? Оё онон ба мардум тааҳҳуде надоранд? Пас чаро исми ин расонаҳо озод аст? Гурӯҳи террористӣ аз ҳузур ва фаъолият ин расонаҳои ба зоҳир озод бештарин истифодаи таблиғотиро мекунад. Иддао мешавад, ки Толибон ислоҳ шудаанд ва ба расонаҳои озод иҷозаи фаъолият медиҳад. Дарвоқеъ, ҳузури ин расонаҳо рӯпӯше ба шамшери хунини террористон аст, ки ҳар рӯз аз мардуми бедифои мо хун мемакад.
Эй вой бар мо! Эй вой бар мардуме, ки марзи қотил ва мудофеаш аз байн рафтааст.