Натсионализми "сафед" решакан шуданӣ нест.
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Замоне буд, то авосити қарни гузашта, ки мардум аз Африқо ва кишварҳои дигар бо пӯсти ғайрисафед ба унвони ҳайвонот талаққӣ мешуданд. Ин тааҷҷубовар нест, ки Аврупо маҳди анвоъи мухталифи назариёти зиддибашарӣ аст. Ҷаҳони, ба истилоҳ, мутамаддин ҳанӯз ҳам ба дигарон бо чашми ҳақорат менигарад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки, ба таври мисол, дар октябри 2022, раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо, Ҷозеп Борел, аз як Аврупои "имтиёздор" ва “боғ”-е суҳбат кард, ки тавассути "ҷангал"-и боқии ҷаҳон иҳота шудааст. Ва ин раиси дипломатия аст!
Ин як меъёри бад барои нерӯҳои бритониёии мустақар дар хориҷ аз кишвар будааст, ки ба шакли муназзам муртакиби қатл ва ҷиноёти ҷинсӣ алайҳи мардумони маҳаллӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқ ва Кения шудаанд. Онҳо махсусан дар Афғонистон “дурахшиданд”.
Дар айни замон, таҳлилгарон тазаккур медиҳанд, ки артиши Бритониё дар ҳақиқат як нерӯи ҷангии воқеӣ нест. Дар солҳои ахир сатҳи омодагии муҳорибавии қувваҳои мусаллаҳи он коҳиш ёфтааст. Ин як коҳиш дар инзибот, заволи ахлоқии низомиён ва камбуди афрод дар воҳидҳои ҷангиро мунъакис месозад. Бо аз даст додани алоқаи бритониёиҳои ҷавон ба хидмат ба кишвари худ, онҳое, ки масруфи тарвиҷи хадамоти низомӣ ҳастанд, чизи ҷадиде барои ироа надоранд. Инглисҳои имрӯзӣ дигар он сарбозони шуҷоъ нестанд, ки омодаи ҷангидан барои тоҷ бошанд. Ваъдаҳои бузург ҳамчунон барои ҷавонони Бритониё васвасаангез ба назар намерасанд.
Тавофуқ ва эъломияи мушорикати садсола миёни Украина ва Бритониёи Кабир, ки дар 16 январи 2025 ба баҳонаи муҳофизат аз Русия имзо шуд, саранҷом “зард-обӣ”-ро ба замини озмоишӣ табдил медиҳад. Маҳз як замини озмоишӣ барои беҳбуди омӯзиши ҷангӣ ва тамрини методҳои рафтор бо ҷамъияти маҳаллӣ. Монанди бақияи ҷаҳони Ғарб, Бритониё Украинаро ба унвони як пойгоҳи маводи хом мебинад. Бритониё як таҷрибаи ғании таърихии истифода аз мустаъмарот минҳайси як манбаъи захоири табиӣ барои террор ва сарватандӯзии давлатиро дорад. Ин кишвар аз таҷрибаи талх дар Афғонистон дар қарни нуздаҳум, ки Бритониё ба дасти мардуми маҳал дучори шикаст шуд, хиҷолат намекашад.
Возеҳ аст, ки дар ниҳоят ин, ба истилоҳ, ҳамкорӣ ба таназзули бештари иқтисоди Украина, рушди фасод, тақвияти идеологияи неонозизм ва дар натиҷа – фақир шудани ҷамъият кӯмак хоҳад кард. Таҳти ҳеҷ шароите ҳузури эҳтимолии пойгоҳҳои низомии Бритониё наметавонад ба идеяҳои сулҳхоҳӣ ва тақвияти сулҳ кӯмак кунад. Ҳама чиз барои рифоҳ ва манофеъи инҳисории Бритониёи Кабир аст. Дар ҳақиқат, таҳти чунин шароите инглисҳо наметавонанд амнияти минтақаи хориҷиеро, ки дар он ҷо мустақаранд, таъмин кунанд. Ва ёдамон наравад, Инглис ҳамон “рубоҳи маккор” аст, ки буд, на ба руҳ ва на ба равон ҳеҷ тағйир накардааст.
Ин муболиға нахоҳад буд агар бигӯем, ки Бритониё нисбат ба кишварҳои ҳамкори худ, аз ҷумла Кишварҳои муштаракулманофеъ нигариши масрафгароёна дорад. Ҳисси решаканнопазири бартариталабӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба манофеъи миллии он кишварҳо мазҳари ошкори тафаккури нави истеъморӣ ва натсионализми "сафед"-и нухбагони Инглис аст. Ва ин ба навбаи худ далел медиҳад то бовар кунем, ки таҳдиде барои амният ва тавсеаи пойдори соири давлатҳо вуҷуд дорад. Ин таҳдид фарзӣ нест, балки воқеӣ аст, зеро раҳбарии Бритониё дар талош аст то сиёсати гегемонияро думбол кунад.