Файсалаҳои ҷиргаи паштунҳо ба ҷое нарасид. Чаро?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Ҷавоби ин савол назди кист ва чӣ касе метавонад ин саволро посух диҳад, ки чаро чунин шуд?
Соли гузашта дар 11 октябр ҷиргаи таҳаффузи паштунҳо дар Пешовар хеле бо сару садо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ доир шуда буд ва раҳбарии он ҷиргаро Манзур Паштин бар ӯҳда дошт. Дар ҳамон ҷирга муфтӣ Мунир Шокир, ки аз ҷумлаи ҳимояткунандагони он ҷирга буд, баёниёти оташинро изҳор кард.
Дар он замон дар ин тараф ва он тарафи хатти Дюранд бар он ҷирга теъдоди зиёде дил баста буданд ва таблиғот ба авҷи худ расида буд, ки ин ҷирга метавонад сарнавишти минтақаро рақам бизанад, аммо бар иловаи ин ки рақам назад, балки сарнавишти минтақа аз бад бадтар шуд. Дар ҳоли ҳозир муддати 25 рӯз мешавад, ки дарвозаҳои Турхам масдуд шуда ва бо гузашти ҳар рӯз шароит душвортар шуда меравад. Куштор, қатлу қитол зиёдатар шудааст, монанди ин ки муфтӣ Мунир Шокир, яке аз шахсиятҳои барҷаста, ки ҳамеша ба ҳақиқатгӯӣ шӯҳрат дошт, замоне “Лашкари ислом”-ро поягузорӣ кард ва аз ҳомиёни сарсахти ин ҷирга буд, бо Мавлавӣ Абдуллоҳ ва як теъдоди дигар кушта шуданд. Ҳоло одам намедонад, ки сарнавишти дигар ҳимояткунандагони ин ҷирга ба куҷо хоҳад расид?
Ногуфта намонад, ин қадар медонам, ки Манзур Паштин зинда аст, вале намедонам дар куҷост ва чӣ мекунад, яъне дар ҳоли ҳозир хомӯшии мутлақ ҳоким аст.
Ҳарчанд ин куштору қатлу қитолҳо бармегардад ба ақоиди муллоҳо ва рӯҳониён, ки ба номи девбандӣ, салафӣ, барлавӣ, панҷпирӣ ва ину он якдигари худро кофир медонанд ва мекушанд, чунончи чанде қабл Ҳомидулҳақ, раиси мадрасаи Ҳаққония низ қурбонии ҳамин рақобатҳо шуд. Ҳоло эҳсос мешавад ба ҷои куштани низомиён куштани мулло оғоз шуда. Оқибаташ ба хайр.
Ба ҳар ҳол файсалаҳоеро, ки дар ҷирга сурат гирифта буд, хидмати шумо ироа мекунам.
1 – Агар артиши Покистон, Толибон (ТиТиПи), ДОИШ ва ҳар гурӯҳи мусаллаҳи дигар то ду моҳ манотиқи паштуннишинро тарк накунанд, қавми паштун ба по мехезад ва онҳоро бо зӯр аз манотиқашон ихроҷ мекунад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
2 – Як артиши миллии паштунҳо ташкил хоҳад шуд. Ҳар ҳизб ва ҳар вулусволи се-се ҳазор ҷавони ғайримусаллаҳро ба ин артиши миллӣ медиҳанд. Ин артиш аз ватани паштунҳо муҳофизат мекунад. Аммо баракси ин файсала амал шуд.
3 – Ҷирга файсала кард, ки рафту омад миёни ду тарафи хатти Дюранд мисли гузашта ва тиҷорат дар масири ин хатт миёни ду тараф озоду бидуни паспорту виза бошад.
4 – Мамнуъиятҳо бар ҷунбиши Таҳаффузи паштун (ПиТиЭм) бояд бардошта шавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
5 – Паштунҳо дар соири аёлот мавриди табъиз қарор нагиранд, аммо баракси ин файсала амал шуд.
6 – Қимати ҳар юнти барқ дар манотиқи қабоилӣ маҷҷонӣ ва дар соири манотиқи Хайбар Паштунхво панҷ калдори покистонӣ бошад (қимати ҳар юнти барқ шаст калдори покистонӣ аст), аммо баракси ин файсала амал шуд.
7 – Пулҳои изофии барқро, ки бештар аз панҷ калдор аз мардуми иёлати Хайбар Паштунхво гирифта шуда ва ба дигар иёлатҳо дода шудааст, бояд ҳар чӣ сареътар ин пулҳо, ки қарзи Паштухво астро ба мардуми Паштунхво пардохт шавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
8 – Шинохти корт ё шиносномаҳои масдудшудаи паштунҳо бояд боз шавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
9 – Як кумитаро ҷирга ташкил медиҳад то дусия (парванда) - ҳои нопадидшудагон амдӣ ва ҷабрӣ (нопадидшудагони паштунҳо дар Покистон) ва мавзӯъи шуҳадоро дар дохили Покистон ва ҳамчунон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ироа ва таъқиб кунад. Ҳамчунин кумитаи вежае аз вукало барои бозгардондани афроди гумшуда ва заминҳои ғасбу мусодирашуда сохта мешавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
10 – Имконоту васоили паштунҳо дар ихтиёри паштунҳо бояд бошад. Он васоилу имконоти манотиқи паштун, ки ба зарар аст, бояд масдуд шавад. Маълумоту иттилоот дар ин маврид тавассути як кумитаи таъйиншуда ва муваззаф таҳия мешавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
11 – Паштунҳо дигар ба касе боҷ намедиҳанд ва агар касе онҳоро маҷбур кунад, ҷирга бо онҳо бархурд мекунад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
12 – Ваъдаҳои кӯмак ба манотиқи қабоилӣ бояд амалӣ шавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
13 – Артиш набояд дар умури ҳуқуқӣ дахолат кунад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
14 – Суннати духтар додан дар бадали бад ба поён расидааст. Ҳеҷ духтаре ба унвони интиқоми қатли як марди қотил дода намешавад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
15 – Ҷирга барои ҳалли мунозиъоти мазҳабӣ ва қавмӣ иқдом мекунад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
16 – Тамоми зиндониёни сиёсӣ бояд фавро озод шаванд, аммо баракси ин файсала амал шуд.
17 – Аз Алӣ Вазир то охирин касе, ки дастгир шудааст ва тамоми аъзои боздоштшудаи ҷирга бояд фавран озод шаванд. Агар баъд аз ин яке аз аъзои ҷирга дастгир шавад ё мушкили мушобеҳ эҷод шавад, ҷирга дар мавриди он, файсалаи бисёр сахти дигар хоҳад кард, аммо баракси ин файсала амал шуд.
18 – Барои шиносоии омилони ҳамла бар ширкаткунандагони ҷирга ва иҷрои адолат барои хонаводаҳои шуҳадо иқдоми амалӣ сурат мегирад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
19 – Хонаводаҳои овора, ки мехоҳанд ба манотиқи худ бозгарданд, ҷирга онҳоро ба хонаҳо ва рустоҳояшон мунтақил месозад, аммо баракси ин файсала амал шуд.
20 – Ҳаштод нафар бузургон аз миёни аъзои ҷирга барои татбиқу иҷроӣ сохтани файсалаҳои ҷирга таъйин мешаванд, аммо баракси ин файсала амал шуд.
21 – Аз Толибони Афғонистон ба нармӣ хоста мешавад то дарҳои таълиму таҳсил ро барои духтарон боз кунанд, аммо баракси ин файсала амал шуд.
Ба ҳар сурат ҷои таассуф аст, бар илова ин ки ҳеҷ файсалаи ин ҷирга натиҷае надодааст, балки алайҳи ҳар файсалаи он аъмоли зишттар ва харобтар рӯи даст гирифта шудааст.