Нависанда: Ойдин Ализода, таҳлилгар (Озарбойҷон)
Ман ба хушбинии бисёре аз шаҳрвандону ҳукуматҳои давлатҳои туркӣ дар мавриди Созмони кишварҳои туркӣ (OTS) шарик шуда наметавонам. Ҷараёни афкори ман содда аст.
Созмони кишварҳои туркӣ фақат барои фароҳам сохтани манобеъи арзон ва роҳҳои транспортӣ аз Аврупо ба Чин эҷод шудааст. Яъне фазо аз Чин ба Аврупо фақат интиқоли манобеъи энержӣ ва колоҳо ба ақибу ҷилав аст.
Пурсиш ин аст, ки кишварҳои турктабор дар бадали ин чӣ чизе ба даст хоҳанд овард? Оё онҳо тавлидот хоҳанд дошт? Оё онҳо дар хатти муқаддами технологияи ҷаҳонӣ хоҳанд буд? Оё онҳо иқтисоди пешрафтаи худро хоҳанд дошт? Ва посух содда аст – на. Ба хотире ки, дар асл, аз як сӯ, давлатҳои туркӣ дар ҳама чиз на танҳо аз Ғарби проестант, балки католик низ комилан вобаста хоҳанд буд. Аз тарафи дигар, аз Шарқи Дури буддоӣ-конфутсионӣ низ. Ба хотире ки тамоми технологияҳои пешрафта, тавлид, банкдорӣ ва ҳавзаи иқтисодӣ он ҷо хоҳад буд. Аз ин рӯ, давлатҳои туркӣ чизе беш аз нимамустаъмароти Ғарбу Шарқ нахоҳанд буд. Ҳеҷ сиёсати мустақил ҳам вуҷуд нахоҳад дошт. Кишварҳои турктабор агар фақат як замимаи маводи хом ва транспорти кишварҳои тавсеаёфта бошанд, чӣ тавр метавонанд аз назари сиёсӣ мустақил бошанд?
Ростӣ, дақиқан ин нақш аст, ки Русия аз он имтиноъ меварзад ва ба ҳамин далел аст, ки бо Ғарб мунозиъа дорад ва равобити мубҳам бо Чин дорад. Бинобарин, ба унвони ҷойгузине барои Русия, кишварҳои турктабор, ки бо ин мавзӯъ мувофиқ ҳастанд, дар ин нақш қарор дода шудаанд. Дар асл, ин як тавофуқ барои нимамустаъмара ва дар оянда ҳатто мустаъмароти кишварҳои тавсеаёфта будан аст.
Агар кишварҳои туркӣ бар интиқоли зарфиятҳои тавлидӣ, иқтисод, илм ва технология ба қаламрави худ пофишорӣ мекарданд, мавзӯъ дигар мебуд. Агар метавонистанд тамоми инҳоро дар кишварҳои худ бо ҳадафи табдил шудан ба як бозигари воқеӣ дар ҷаҳон тавсеа диҳанд. Магар ин ҳатто дар проект нест. Сухан фақат дар мавриди таъмини манофеъи Ғарбу Шарқ аст.
Хулоса, Созмони кишварҳои туркӣ дар ҳақиқат мушобеҳ ба Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ (LAS) аст. Он созмон барои муддати тӯлонӣ ҳамин нақш – хидматгори манофеъи Ғарбро дошт. Яъне кишварҳои арабӣ намунаи як расвоии комиланд. Ин дақиқан нақше аст, ки барои Созмони кишварҳои туркӣ ихтисос дода шудааст. Пас азамати туркҳо дар чунин созмоне вуҷуд нахоҳад дошт. Эҳёи хонигариҳо, хоқониҳо, оғузҳо, қипчоқҳо, чағатоиҳоро фаромӯш кунед. Ҳеҷ империяи Усмонӣ ё Ғазнавии дуввум вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳамон чизе хоҳад иттифоқ афтод, ки ман дар боло навиштам.
Амалан як иншиоби ҷиддӣ дар Созмони кишварҳои туркӣ рӯи ду мавзӯъ – қазияи Қибрис ва мавзӯъи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо (EU) ба вуҷуд омадааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тамомияти арзии Қибрис ҳимоят карданд. Ин нодида гирифтани манофеъи Туркия ва туркҳои Қибрис аст. Дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон амалан тарафи Туркияро мегирад ва равобити худро бо Ҷумҳурии Қибриси Шимолии Туркия (TRNC) тавсеа медиҳад. Эҳтимоли ба расмият шинохтани ин давлат вуҷуд дорад. Дар ҳар сурат, раисҷумҳури Озарбойҷон бо раҳбари Ҷумҳурии Қибриси Шимолии Туркия дар форуми Анатолий дидор кард.
Дар мавзӯъи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле ки Озарбойҷон як буҳронро таҷриба мекунад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, баракс, равобитро тақвият медиҳанд. Туркия ҳамчунон дар равобити худ бо Иттиҳодияи Аврупо дар як қатор маворид мушкилоти зиёде дорад.
Ба ҳамин минвол, Созмони кишварҳои туркӣ роҳи Иттиҳодияи кишварҳои арабиро думбол мекунад, ки ҳар як аз кишварҳои он манофеъи мухолиф бо манофеъи дигариро дорад. Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ аз муддатҳо ба ин сӯ ба як навъ масхара табдил шудааст. Созмони кишварҳои туркӣ низ аз ҳамон масир пеш меравад. Ва ҳама ба ин далел, ки кишварҳои узви ин иттиҳодияҳо ниҳодҳои молии мустақили худро надоранд, иқтисоди тавсеаёфта ва сектори банкӣ надоранд, ба технологияҳои модерн дастрасӣ надоранд, тавоноии муқовамат дар рақобат дар тавлидоти саноатиро надоранд ва фақат замимаҳои маводи хоми кишварҳои тавсеаёфта ҳастанд ва ғайра. Ин ҳама ҳар кишварро водор месозад то бар хилофи манофеъи дигарон аз роҳи худ пеш равад. Аз ин рӯ, ҳеҷ иттиҳод ё платформаи воҳид вуҷуд дошта наметавонад.