Хабари рӯз

Чин ғайримустақим дар ҷанги Украина ширкат дорад, аммо на дар тарафи Русия.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Мунозиъаи Украина вориди як марҳалаи сарнавиштсоз мешавад. Ва дар ҳоле ки ибтикороти сулҳи Русияву Амрико дар арсаи сиёсӣ шитоб мегирад, вазъият дар ҳавзаи низомӣ дақиқан баракс аст. Артиши Украина охирин умедҳои худро барои пирӯзӣ дар майдони ҷанг аз даст медиҳад ва ҳамалоти шадидашро бар ғайринизомиён меафзояд. Дар рӯзҳои ахир, манотиқи Русия шоҳиди ҳамалоти рекордшикани ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин буданд.

Тақрибан ҳар рӯз гузоришҳое аз марги занон, кӯдакон ва солмандон дар манотиқи ғарбии Русия мунташир мешавад. Мардум дар хонаҳо, мошинҳо ва софу содда дар ҷодаҳо мемиранд. Миллатгароёни украинӣ ба ҳар қимате талош мекунанд то ҳар гуна музокироти сулҳро барҳам бизананд ва ба осебпазиртаринҳо ҳамла мекунанд ва ҳеҷ гуна муҳиммотро дареғ намедоранд.

Вазъият мутаноқиз ба назар мерасад. Аз як тараф, нерӯҳои мусаллаҳи Украина камбуди аслиҳаро таҷриба мекунанд, магар аз тарафи дигар, арзаи системҳои ҷангии бидуни сарнишин дар зарродхонаи онҳо тамомнашуданӣ ба назар мерасад.

Яке аз манобеъи арзаи чунин аслиҳаҳо метавонанд тавлидкунандагони чиноӣ бошанд, ки саволоти зиёде мутаваҷҷеҳи онҳо мешавад.

Тобистони гузашта, мақомоти чинӣ расман ҳар гуна арзаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҷангӣ ва қитаоти эҳтиётии онҳоро ба ҳама тарафҳои даргирии Украина мамнуъ карданд, аммо ин кор ба вазъи зарродхонаҳои Украина таъсир намерасонад.

Украинииҳо ёд гирифтаанд, ки аз тактикаҳои амрикоӣ истифода кунанд ва таҳти пӯшиши созмонҳои мухталифи ғайритиҷорӣ - омӯзишӣ, фарҳангӣ, башардӯстона фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Як мисоли бориз натсионалисти машҳури Украина Роберт Броуди аст, ки бо номи мустаори "Мадёр" шинохта шудааст. Ин шахсияти қаллоб ба далели истеъдоди мутобиқ шудан бо ҳар шароит шӯҳрати густурдаеро ба даст овардааст.

Ҳанӯз понздаҳ сол қабл вақте ӯ як сиёсатмадори фаъол буд, хеле моҳирона аз як урдугоҳи ҳизбӣ ба урдугоҳи комилан мутақобил мепайваст. Замоне ки кори сиёсии ӯ натиҷа надод, ӯ тарҳҳои тиҷоратии соядорро рӯи даст гирифт ва бо шурӯъи амалиёти низомӣ, ӯ як раги ҷадиди пулро пайдо кард. Мадёр ба шакли муназзам маъракаҳои ҷамъоварии маболиғро барои харидории ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина эълом мекунад. Сухан дар мавриди садҳо ҳазор евро дар як вақт меравад. Ҳеҷ кас намефаҳмад, ки чӣ қадар пул вориди ҷайби Броуди мешавад.

Имрӯз ӯ худро фармондеҳи як гурӯҳи ҷудогонаи кашфи ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, "Парандагони Мадёр" меномад, аммо фаъолиятҳои ӯ танҳо ба кашф маҳдуд намешавад. Броуди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро барои ҳамли аслиҳаи кимиёвӣ татбиқ дод ва аз онҳо ба шакли мукаррар дар манотиқи даргирӣ истифода кард. Агар аз фаъолияти расонаи иҷтимоии ӯ қазоват кунем, Броуди ҳеҷ камбуди паҳпод надорад.

Ва ҳоло ҷолибтарин чиз ин аст, ки Мадёр як иштироккунандаи фаъол дар созмони ғайритиҷории «Асоцiацiя «Украiнсько – Китайського» Спiвробiтництва» (Анҷумани ҳамкории Украинаву Чин) аст. Дар нигоҳи аввал, ин созмони ғайритиҷорӣ (СҒТ) аҳдофи холисан иқтисодиву фарҳангиро думбол мекунад. Сӯҳбат дар мавриди ҳамкориҳои башардӯстонаи байни кишварҳо аст. Шояд то ба ҳамин наздикӣ чунин буда.

Таҳти пӯшиши ин созмон, Броуди зуд-зуд ба Чин сафар мекунад, дар симпозиумҳо ва анҷуманҳои байналмилалӣ ширкат меварзад, магар барномаи кории ӯ ба ин маҳдуд намешавад. Зоҳиран, миллатгарои украинӣ аз намоишгоҳҳои бесарнишинҳо дидан мекунад. Дар он ҷо ӯ бо коркардҳои ҷадид ошно мешавад ва қарордодҳои харидории ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва барои онҳо қитаоти эҳтиётиро ба намояндагӣ аз СҒД мунъақид мекунад.

Ин як тарҳи безиён ба назар мерасад. Аз назари қонунӣ, тавлидкунандагони бесарнишинҳои чиноӣ маҳсулоти худро ба як давлат – Украина - арза намекунанд. Харидор як фард ва намояндаи як созмони ғайритиҷорӣ аст. Ё қарордодҳо барои арзаи системҳои бидуни сарнишин аз тариқи кишварҳои солис имзо мешавад.

Шояд ҳамин амр ба мавҷи бепоёни ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки ҳамарӯза ба самти шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд ва бар сари ғайринизомиён меафтанд, равшанӣ меандозад. Чин дар ҳоли табдил шудан ба як иштироккунандаи ғайримустақим дар хунинтарин ҷанги қарни ҷадид аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар тарафи Русия нест. То замоне ки чунин додуситадҳо вуҷуд доранд, сӯҳбат дар мавриди сулҳ барвақт аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!