Хабари рӯз

Толибон салоҳияти бастани макотибро надоранд, ҳатто агар иморатшонро тамоми кишварҳои ҷаҳон ба расмият бишносад. Онон салоҳияти салби соири ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардумро надоранд, ҳатто агар садҳо фармони Мулло Умар ва ҳазорон санади мадрасаӣ чунон ҳукм кунанд.

Нависанда: Юнус Нигоҳ, таҳлилгар

Баҳси расмияти иморати Толибон ба ресмоне мемонад, ки пас аз имзои тавофуқномаи Доха дар моҳи феврали 2020 дар майдони сиёсати Афғонистон афтод ва Толибон ба унвони як тарафи он ресмонкашӣ расмият ёфтанд.

Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ин бозиро бо иборати фиребандаи “Иморати исломии Афғонистон, ки тавассути ИМА ба унвони давлат шинохта намешавад” оғоз кард ва дар тавофуқномааш бо Толибон навишт, ки “Иморати исломӣ”-ро, ки “мо ба расмият намешиносем”, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод, то аз хоки Афғонистони алайҳи манофеъи Амрико истифода кунад.

Он замон Толибон ҳеҷ вилояти кишварро комил дар контрол надоштанд. Дар он тавофуқнома аз амнияти ҷаҳон, минтақа ва мардуми Афғонистон ёд нашуда буд, балки аз “иморате” , ки ҳанӯз ҳатто раҳбарони Толибон бовар намекарданд, салоҳияти судури иқомат ва паноҳандагиро хоҳад дошт, хоста шуда буд то ба ҷангҷуёне, ки дар хоки Афғонистон рафтуомад доранд, иҷоза надиҳад таҳдиде барои Амрико ва муттаҳидонаш халқ кунанд.

Нишондани Толибон дар ҷое, ки муддаии расмият шавад ва як сӯйи ин ресмони дипломосӣ ва сиёсат гардад, аввалин гоми Амрико ва муттаҳидонаш дар расмиятбахшии “иморат” буд, аммо Толибон ба далели ақибмондагӣ ва нотавонӣ дар шаклдиҳии давлате, ки бо ҳаддиақалҳои дипломосии ҷаҳони созгор бошад, аз ин фурсат натавонистанд баҳра бибаранд ва расмияти имораташон ниматамом монд.

Дар ин рӯзҳо дар ду сӯйи бозии расмият, ҷунбуҷуше бештар шудааст. Толибон мисли гурӯҳи ноздонае, ки идораи кишварро туҳфа гирифтааст ва тазмини абарқудратро бо худ дорад, ба эътирозоти мардум, тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, гӯшзадҳои қудратҳои минтақа ва ҳатто мушаввиқҳои долларии қудрате, ки иморатро барояш туҳфа додааст, эҳтиром намегузорад ва пушт ба ҷаҳон машғули сохтани қамчин, мадраса, маҳдудият ва иҷбори бунёдгароёна барои зиндагии сокинони Афғонистон аст.

Ҳар вақте баҳси расмият боло мешавад, Толибон чанд гом ақибтар мераванд ва фишори бештар бар мардуме, ки гаравгон гирифтаанд, ворид мекунанд. Ба тозагӣ вазорати хориҷаи Норвегия пас аз нишасти Осло гуфтааст, ки Толибонро ба расмият намешиносад, чаро, ки ин гурӯҳ ба тааҳҳудоташ амал накардааст. Аз СММ ва кишварҳои минтақа низ паёмҳои мушобеҳ шунида мешавад. Толибон дар вокуниш ба ин “фишорҳо”, занонро аз рафтан ба парк ва ҳаммоми умумӣ низ манъ карда ва қасд доранд макотиб ва донишгоҳҳоро низ ба таври комил ба рӯйи духтарон бубанданд.

Толибон дар рафтор бо хориҷиҳо эҳтиёт ба харҷ медиҳанд ва мекӯшанд аз худ гурӯҳе тарсим кунанд, ки ҷуз ба мардуми Афғонистон, ба ҳеҷ инсони дигаре осеб нахоҳанд расонд. Онон аз даври аввали иморати худ ин дарсро омӯхтаанд, ки даст ба думи қудратмандони хориҷӣ набаранд, аммо дар иртибот ба умури дохилӣ ва сарнавишти сокинони Афғонистон ба ҳеҷ тааҳҳуде ҷуз фармони Мулло Хайбтулло ва манофеи  қишри мадорисии Покистон ва Афғонистон, худро побанд намедонанд.

 Вазири хориҷаи Норвегия гуфтааст, ки Толибон давлати фарогир ташкил надодаанд ва ҳуқуқи башарро риоят намекунанд. Намояндаи хоси Русия барои Афғонистон низ дар нишасти ахири “Формати Маскав” гуфта буд, ки намояндаи Толибонро даъват накардаанд, чун “ҳукумати сарпарасти Афғонистон” ба тааҳҳудот худ амал накардааст.

Раҳбарии Толибон куҷо ва дар кадом санад ба риояти ҳуқуқи башар ва эҷоди ҳукумат ҳамашумул тааҳҳуд сипурдааст? Дар ҷиргаи мавлавиҳои Толибон дар Кобул ва баъд аз он борҳо он гурӯҳ бо садои баланд гуфтаанд, ки ба ҳуқуқи башар, мушорикати сиёсӣ ва демократия бовар надоранд ва аз сохтани иморате, ки бар шариат/фармони “амирулмуъмнин” устувор бошад, ақибнишинӣ нахоҳанд кард. Танҳо тааҳҳуди расмие, ки Толибон ба ҷаҳониён ва дар воқеъ ба Амрико супурда, ҳамон тавофуқномаи дусафҳаии Доҳа аст, ки дар он ҳатто як бор аз озодӣ, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи ақаллиятҳо, демократия, интихобот ва ташкили ҳукумат ҳамашумул ёд нашудааст. Танҳо тааҳҳуди Толибон иҷтиноб аз эҷоди таҳдид алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш аст.

Бархе сиёсатмадорони афғон ба бахши севуми он тавофуқнома чашм дӯхтаанд, ки дар он аз музокироти байнулафғонӣ барои ташкили ҳукумати исломии ҷадид сухан рафтааст. Воқеият ин аст, ки тавофуқномаи Доҳа ва тааҳҳудоти Толибон мабнои дурусте барои гуфтугӯ бар сари ҳуқуқи мардуми Афғонистон нестанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ агар дар ҳимоят аз ҳуқуқи асосии мардум Афғонистон содиқ аст, бояд маншури СММ, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва хостаҳои мардуми Афғонистонро меъёр қарор диҳад. Ҳаққи ҳаёт, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор ва озодиҳои маданӣ ба ҳеҷ баҳонае салбшуданӣ нестанд ва тавофуқи як давлати хориҷӣ бо гурӯҳи мустабид ва бунёдгарое чун Толибон наметавонад меъёри таъйини ҳуқуқи мардум шавад.

Сиёсатмадорони ғайритолиб, занон ва мардоне, ки таҳсил, кор ва озодиро ҳаққи салбношудании худ медонанд, бояд ба додхоҳӣ ва талош дар сатҳи байналмилалӣ идома диҳанд, аммо ташкили ҳукуматеро, ки зомини ҳуқуқи асосии мардум бошад, ба майл ва ҳимояти хориҷӣ машрут насозанд.

Толибон салоҳияти бастани макотибро надоранд, ҳатто агар иморатшонро тамоми кишварҳои ҷаҳон ба расмият бишносад. Онон салоҳияти салби соири ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардумро надоранд, ҳатто агар садҳо фармони Мулло Умар ва ҳазорон санади мадрасаӣ чунон ҳукм кунанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!