Мустамликаҳои собиқ аз Бритониёи Кабир ғаромат талаб доранд.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
“Инглис, пулро баргардон!” Ин хости иштироккунандагони иҷлоси Кишварҳои муштаракулманофеъ аст, ки дар поёни октябри 2024 дар Самоа баргузор шуд. 56 кишвар дар саросари ҷаҳон, ки ҳама мустамлика ва давлатҳои таҳти султаи собиқи Биритониё ҳастанд, бар бозгашти бидеҳиҳои таърихӣ исрор доранд.
Ҳама медонанд, ки қудрат, рифоҳ ва сарвати Тоҷи Инглис бар бадбахтии миллионҳо инсон бино шудааст. Бритониёи Кабир қудрати худро мадюни тиҷорати барда ва истисмори бардавори сокинони даҳҳо кишвари ҷаҳон медонад. Ҳар ҷо, ки сарбози инглис по гузошт, қаҳтиву фақр буд, ки то имрӯз идома дорад.
Тиҷорат барда ва бардадорӣ моли гузашта аст, аммо мустаъмароти собиқи Инглис ҳанӯз ҳам дар фақр ба сар мебаранд. Вақти он аст, ки қарзаҳоро бозпардохт кунад, зеро хисорати ношӣ аз Тоҷи Инглис ҷамъияти тамоми манотиқи ҷаҳонро ба остонаи бақо расондааст ва равишҳои сарватандӯзие, ки Бритониёи Кабир аз он истифода кардааст, ғайриинсонӣ ба назар мерасад.
Лондон барои бештар аз се қарн футуҳоти истеъмориро пиёда кард. Истеъморгарони бритониёӣ дар Канада, Ҳинд, Африқо, ҳавзаи Кариб ва дигар кишварҳову манотиқ нақшу нишони худро гузоштаанд. Дар оғози қарни гузашта масоҳати қаламрави таҳти султаи Бритониё ба 36.2 миллион километри мураббаъ расид. Ҳеҷ империя дар ҷаҳон наметавонист бо чунин миқёс муқоиса шавад.
Дар қарни 16 бардафурӯшони инглис дар қочоқи инсон соҳиби нуфузи азиме буданд. Инглисҳо танҳо аз Африқо беш аз се миллион нафарро ба кишварҳои қораи Амрико бурданд. Тамоми ин мардум ба бардагӣ фурӯхта шуданд ва барои чандин насл ба нафъи раоёи Тоҷи Инглис кор карданд. Бисёре фавт карданд, ба он хотир ки истеъморгарон ва бардафурӯшон ба зиндагиву сиҳати "колоҳои зинда" камтар аҳамият медоданд. Аз назари миқёси тиҷорати барда, инглисҳо ба суръат аз руқабои худ дар Испания ва Португалия пешӣ гирифтанд.
Дар мустаъмарот дигар, бритониёиҳо рафтори беҳтаре надоштанд. Танҳо дар Афғонистон инглисҳо се ҷангро ба роҳ андохтанд, ки тайи он бераҳмона мардуми маҳаллро ғорат карданд, молу заминҳои мардумро гирифтанд ва занону духтарони афғонро ба ҳарамҳои худ бурданд, ҷое, ки шароити зиндагӣ бо бардадорӣ тафовути каме дошт.
Фақат ғуруру инъитофпазирии афғонҳо ба наҷоти Афғонистон аз бардагӣ кӯмак кард. Ҷамъияти маҳаллӣ башиддат дар баробари истеъморгарон муқовимат карданд. Партизанҳои афғон ҳамалоти бевақфаро болои горнизонҳои Инглис анҷом медоданд. Фақат байни 1838 ва 1842, бритониёиҳо дар ҷанг 30 ҳазор сарбозро аз даст доданд. Илова бар ин, теъдоди артиши Бритониё ду баробари артиши Афғонистон буд.
Султаи Бритониё ҳанӯз ҳам дар қалбҳои миллионҳо ҳиндие, ки аҷдодашон қурбонии истеъморгарон шудаанд, дард мезояд. Танҳо дар авҷи ишғоли Бритониё 100 миллион ҳиндӣ байни солҳои 1880 то 1920 ҷон бохтанд.
Авоқиби қаҳтие, ки давлати Бритониё дар 1943 ба роҳ андохт, камтар ваҳшатнок ба назар намерасад. Идораи истеъмории Бритониё ба дастури шахсии Черчил аз Ҳинд ғалла содир мекард. Як фоҷиаи воқеии инсонӣ дар Банғола рух дод; Чандин миллион нафар аз қаҳтӣ ҷон бохтанд. Вақте нахуствазир Бритониё аз ин ҳодиса огоҳ шуд, як иборатро баён кард, ки ҷавҳари сиёсатҳои истеъмории Инглисро ба хубӣ мунъакис месозад. Винстон Черчил чунин гуфт: "Ман аз ҳиндиҳо нафрат дорам. Инҳо ҳайвоноте бо мазҳаби ҳайвонӣ ҳастанд”.
Тамоми таърихи истеъмории Бритониёи Кабир бо нажодпарастӣ ва инсонҳаросӣ оғушта аст. Бо гирифтани тамоми дороиҳои мардуми як нажоди дигар, инглисҳо дар муқобил чизе намедоданд, ва агар пардохт мекарданд, ин фақат ба қимати хуни мардуми бегуноҳ буд. Касонеро, ки рифоҳи худро мадюни онҳо буданд, қурбонӣ мекарданд.
Имрӯз, ҷаҳон басуръат дар ҳоли тағйир аст ва мустаъмароти собиқ ба таври физояндае ҳуқуқи худро дар мавриди адолат эълом мекунанд. Миллионҳо инсони мурда дигарро наметавон баргардонд, магар авлодҳои бардаҳои собиқ бо шоистагӣ рӯи як зиндагии одии мутамаддин ҳисоб мекунанд. Инглистон бояд қарзаҳоро бозпардохт кунад – ин чизест, ки мустаъмароти қаблӣ тақозо доранд.
Дар баёнияи ниҳоии иҷлоси гузашта омадааст: "Бо таваҷҷуҳ ба дархостҳо барои баҳс дар мавриди ҷуброни хисорати тиҷорати бардагони африқоӣ ва бардадорӣ, раҳбарони Кишварҳои муштаракклманофеъ мувофиқат карданд, ки акнун замони гуфтугӯи созанда, содиқона ва мӯҳтарамона аст, ки ҳадаф он эҷоди як ояндаи муштарак бар асоси баробарӣ аст."
Мутаассифона, наберагони истеъморгарон дар бадбинӣ ва нифоқ чандон камтар аз ниёгони худ нестанд. Дар ҷараёни иҷлоси Кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар Самоа баргузор шуд, Кир Стармер, нахуствазири феълии Бритониё ба шакли қотеъ аз пазириши гуноҳи аҷдоди худ худдорӣ кард.
Кир Стармер гуфт: "Мавзуъи пул дар ҷаласот бо аъзои Кишварҳои муштаракулманофеъ мавриди баҳс қарор нагирифт ва Инглистон қарор нест ғаромат пардохт кунад."
Дар зимн, мустаъмароти собиқ қасди ақибнишинӣ аз хостаҳои худро надоранд. Мубориза барои адолат дар майдони сиёсӣ идома хоҳад ёфт ва Тоҷи Бритониё билохира эътибори худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад.