Хабари рӯз

"САНГАР": Дар бораи Устод Атомуҳаммади Нур бояд донист: Ӯ танҳо касе буд, ки бо саркӯби чандсадсолаи ҳувият ва фарҳанги Балх мухолифат кард ва базри эҳёи онро кошт. Фармонравоёни паштун аз соли 1256 (1877) Балхи тавоноро вайрон карданд ва Устод Ато дар муддати 14 соли ҳукумати худ дар ин вилоят, ин зулми таърихиро ба чолиш кашид. Балх аз назари ҷуғрофиёӣ як вилоят ва ба дур аз империя будан аст, аммо аз назари ҳувиятӣ ва фарҳанги як императорӣ буда ва дар идома хоҳад буд. Нур ин императориро бо вуҷуди мухолифати сарсахтонаи "Муҳаммадгул Муҳманд"-ҳои замони худ - Карзай ва Ғанӣ - эҳё кард. Корҳое, ки "Меъмори Балхи ҷадид" барои таърихи Афғонистон анҷом додро дар ин мақола бихонед.

Нависанда: Яъқуб Ясно, устоди таърих, фарҳанг ва адабиёт, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Баргардон: Фирдавси Низом

Манбаъ: ariapress.org

Дар акс: Харобаҳои масҷиди Нӯҳ Гунбад дар Балх, ки гуфта мешавад, нахустин ибодатгоҳи мусулмонон дар Хуросон аст. Ин масҷид тавассути бонуе эъмор гардида буд.

Балх яке аз шаҳрҳои муҳими Хуросон аст, ки дар ҳақиқат метавон гуфт яке аз шаҳрҳои бостонӣ дар таърихи башар аст. Нахустин шаҳрҳои таърихии башар дар Ховари Миёна эҷод шуданд, ки Бобул, Найнаво ва… буданд. Балх низ яке аз шаҳрҳоест, ки ба пешинаи нахустин шаҳрҳои башар дар Ховари Миёна таърих дорад. Аз Балх дар Авесто ба номи Бахдӣ (Бохзӣ), дар сангнабиштаи Бестуни Дориюш бо номи Бохтар, дар санскрит бо номи Балҳика, дар юнонӣ бо номи Бактрия ва дар арабӣ бо номи Умм ул-билод (модари шаҳрҳо) ёд шудааст. Ба ин асос, ки аз Балх дар аксари ривоятҳои таърихии ақвоми муҳими башар ёд шуда, метавон гуфт, Балх дар ҷаҳони бостонӣ яке аз шаҳрҳои шинохташуда дар сатҳи ҷаҳон будааст.

 Балх дар давраҳои мутафовити таърих ҷойгоҳи вижаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳон доштааст. Аксар пажӯҳишгарон зодгоҳи Зардушт ва маҳалли зуҳури дини зардуштиро Балх медонанд. Диншиносон дини зардуштиро яке аз қадимитарин адёни башар донистаанд. Бино бар ин, Балх хостгоҳи яке аз қадимитарин адёни башар аст ва дини зардуштӣ дар ин шаҳр эҷод шуда ва Зардушт паёмбари ин дин дар ин шаҳр чашм ба ҷаҳон гушӯда ва даргузаштааст. Балх пас аз дини зардуштӣ яке аз марказҳои муҳими дини буддоӣ буда ва пас аз ислом яке аз марказҳои дини ислом будааст. Харобаҳои оташкадаҳои маъруфи зардуштӣ ва ибодатгоҳҳои маъруфи буддоӣ ва масҷидҳои маъруфи исломӣ дар Балх вуҷуд доранд.

Дар ривоятҳои таърихии 400 пеш аз мелоди юнонӣ омада, ки як ҳазор сол пеш аз ҷанги Троя ҷанги байни Найнус, подшоҳи Найнаво ва подшоҳи Балх рух дода ва подшоҳи Балх шикаст хӯрдааст. Агар ин ривояти юнонӣ дақиқ бошад, ин ҷанг ду ҳазор сол пеш аз мелод рух додааст; Бино бар ин, дар Балх чаҳор ҳазор сол пеш подшоҳе вуҷуд дошта ва дар воқеъ як давлат ё давлатшаҳр будааст. Балх танҳо дар таърихи Эрон ва Хуросон на, балки дар таърихи ҷаҳон ва рӯйдодҳои ҷаҳон таърихи махсус ба худро дорад, ки давраҳое аз ободӣ ва шукуфоиро сипарӣ карда ва гоҳе дучори вайрониҳои мақтаъӣ низ шудааст.

Аммо охирин вайронӣ ва ҳатто метавон гуфт, гумномии Балх дар ҷаҳони муосир дар замоне рух дод, ки паштунҳо дар соли 1256 ҳиҷрии шамсӣ ва баъд аз он дар соли 1266 ҳиҷрии шамсӣ Балхро тасарруф карданд. Балх пас аз ин тасарруф дигар ба шукуфоии давраҳои қаблии худ нарсид. Шаҳри таърихӣ ва қадимии Балх масх ва ба вайрона табдил шуд, то ин ки бахши дигари Балх ба номи Мазори Шариф ба унвони шаҳр ва маркази Балх равнақ пайдо кард ва шаҳру вилояти Балх бо номи Мазори Шариф маъруф шуд ва Балх ба бахши кӯчаки Мазори Шариф тақлил пайдо кард.

 

Вайронӣ ва масхи ҳувияти Балх дар давраи Муҳаммадгул Муманд

ДАР АКС: Муҳаммадгул Муманд

Пурсиш ин ҷо аст: чаро Балх дар давраи ҳокимияти қавми паштун, бавижа, дар даврае, ки Муҳаммадгул Муманд раиси танзимаи Туркистон шуд, дучори вайронӣ ва масх шуд? Муҳаммадгул Муманд соли 1311 раиси танзимаи Туркистон ва Қатаған шуд. Вилоятҳои шимоли кишвар дар он рӯзгор Туркистон ва Қатаған гуфта мешуд. Хуросон, ки камтар аз сад сол мешавад ба номи Афғонистон тағйири ном дода шуда, сарзамини аслии паштунҳо нест, балки паштунҳо охирин қавме аст, ки Хуросонро тасарруф кардаанд. Бинобар ин Хуросон (Афғонистон кунунӣ) аз мутасаррифоти қавми паштун аст. Пеш аз ин ки қавми паштун Хуросонро тасарруф кунад, афроде аз ақвоми турк ва муғул ҳокими Хуросон ва кишварҳои минтақа буданд. Бобур ва дигар сарони турк ва ӯзбек пеш аз паштунҳои ҳокими Хуросон то Ҳинд буданд.

Аҳмадшоҳ Дурронӣ пас аз кушта шудани Нодиршоҳи Афшор, ки ба Қандаҳор омад ва Қандаҳорро тасарруф кард, Хуросон байни ӯ ва яке аз фармондеҳони ӯзбек тақсим шуд. Тарафи ҷануб то Кобул дар ихтиёри Аҳмадшоҳ Дурронӣ буд, самти шимол ва Қатаған мутааллиқ ба фармондеҳи ӯзбек буд. Аҳмадшоҳ Дурронӣ ба Темуршоҳи писараш тавсия карда буд, бо узбекҳо даргир нашавад ва ба тарафи самти шимол, ки дар ихтиёри ӯзбекҳо аст, наравад. Аҳмадшоҳ Дурронӣ қаламрави худро аз Қандаҳор ба тараф Ҳинд тасбит кард ва бо ӯзбекҳо дар шимол даргир нашуд.

Пас аз силсилаи хонадони Дурронӣ, ки қудрат ба хонадони Садузоӣ расид, ин хонадон дар пайи тасарруфи самти шимол ва шикасти ӯзбекҳо баромад. Абдурраҳмон, Нодир ва амакҳои Зоҳиршоҳ ҳазора, ӯзбек ва тоҷикро саркӯб ва сарзаминҳояшонро тасарруф карданд ва қабилаҳои паштунро ба сарзаминҳои тоҷикнишин ва ӯзбекнишин ҷо ба ҷо карданд. Маҳалли мардуми ҳазора аз Бомиён, Ғазнӣ ва Ғур ба тарафи ҷануби Афғонистон буд. Сарзамини аслии мардуми ҳазора бештар дар Зобул, Қандаҳор, Лағмон ва Урузгон буд. Вақте Абдурраҳмон мардуми ҳазораро қатли ом кард, сарзамини аслии мардуми ҳазора дар Қандаҳор, Урзугон, Зобул, Лағмон ва ғайра байни қавми ғилҷоӣ ва дурронӣ тақсим шуд, ки тақсими сарзамини мардуми ҳазора байни ин ду қавми паштун дар фармони Абдурраҳмон зикр шудааст. Мардуми ҳазорае, ки дар самти шимоли кишвар аст, бештари онҳо пас аз қатли оми ҳазора тавассути Абдурраҳмон ба самти шимол фирор кардаанд.

Мардуми тоҷик ва ӯзбек дар самти шимоли кишвар зиндагӣ мекарданд, аммо қудрат бештар ба таври суннатӣ дар ихтиёри сарони ӯзбек буд. Пас аз поёни ҳукумати дуррониҳо Ҳинд ба тасарруфи Англис даромад. Англис Ҳиндро таҷзия кард, кишвареро дар сарзамини Ҳинд бо номи Покистон ва кишвареро дар ҳавзаи Эрон ва Хуросон бо номи Афғонистон ба вуҷуд овард. Дасти паштунро аз Ҳинд ва Покистон кӯтоҳ кард ва Афғонистонро ба сарони қавми паштун дод.

ДАР АКС: Зодгоҳи Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавии Румӣ ва хонақоҳи падараш, Баҳоуддин.

Хонадони садузоӣ дар пайи тасарруфи Туркистон ва Қатағани Хуросон баромад ва султаи худро дар Туркистон ва Қатаған тасбит кард ва барои ин ки ҳукумати қавмии худро бисозад, бояд афғонсозӣ мекард. Афғонсозӣ аз се тариқ сурат мегирифт: як, тасарруфи сарзамини тоҷику ӯзбек ва саркӯби онҳо. Ду, ҷобаҷосозии қабилаҳои паштун аз Покистон ба Афғонистон. Се, тахриби ҳувияти таърихии шаҳрҳо ва масхи ҳувияти таърихии шаҳрҳо бо номгузории маҳаллии таърихӣ ба пашту.

Муҳаммадгул Муманд ҳар се ин мавридро бо хушунати тамом анҷом дод. Он чиро дар ин ёддошт дар бораи хушунати қавмии Муҳаммадгул Муманд менависам, тоза нест, балки ёдоварӣ аст, зеро пеш аз ин дар мақолаҳое аз Турдиқули Майманагӣ ва дигарон ва дар китобҳои “Афғонистон дар масири таърих, яғмои дувуми мангалӣ” ва ғайра омадааст. Аммо ниёз аст ба ин маворид бештар пардохта шавад, зеро ҳукумати қавмӣ, ситами қавмии хонадони садузойӣ ва сарони қавми паштунро бар мардуми тоҷик, ӯзбек ва ҳазора кетмон карда ва ривояти ҷаълӣ ва сохтагии худро вориди низоми омӯзишӣ ва ривояти расмии таърих кардааст. Мутаассифона, ривояти ростин ва воқеии таърихи Афғонистон ба ҳошия ронда шуда, ҳар касе, ки ривояти ростини Афғонистонро матраҳ кунад, бар ӯ барчаспи мухолифи ваҳдати миллӣ зада мешавад.

ДАР АКС: Як тан аз узбекони балхӣ дар либоси маҳаллӣ

Муҳаммадгул Муманд дар Туркия таҳсил карда буд, туркӣ медонист, ба асоси донистани туркӣ бо ӯзбекҳо метавонист ба забони ӯзбекӣ иртибот барқарор кунад. Вақте раиси танзимаи Туркистон шуд, аз мардуми турку ӯзбек хост китобҳое,ки ба туркӣ ва форсӣ аст, биоваранд, то китобхонае эҷод кунад, мардум 400 унвон китоб ба забонҳои туркӣ ва форсӣ оварданд, ки шомили нусхаҳои хаттӣ низ буд. Муҳаммадгул Муманд ин китобҳоро болои ҳам анбор кард ва мардумро фаро хонд ва аз мардум пурсид, бар танатон чист? Мардум посух доданд, ки чапани узбекӣ аст. Муманд гуфт, ин чапанҳо либоси турку муғул аст, дигар набояд пӯшида шаванд ва ин китобҳо ба забони бегонаҳо аст, бояд оташ зада шаванд, ин ҷо сарзамини афғонҳо аст ва баъд аз ин ҳама дар идорот ба пашту сӯҳбат кунанд ва ба пашту бинависанд. Китобҳоро оташ зад. Муҳаммадгул Муманд дар самти шимол дар хонаи як паштуни ноқил меҳмон мешавад, аммо он паштун бо фарзанднаш ба форсӣ сӯҳбат мекунад, Муҳаммадгул бисёр нороҳат мешавад, мегӯяд, шуморо ин ҷо овардем, то дигаронро паштун бисозед, мутаассифона, шумо форсизабон шудаед.

Ҷобаҷоии қабилаҳои паштун ба шимол аз давраи Амонулло бо тасвиби қонуни “Низомномаи ноқилин ба шимол” тасвиб шуд ва дар ҳукумати Нодир ва қудрати Муҳаммадгул Муманд шиддат ёфт ва то имрӯз идома дорад, ки Вазорати сарҳадот ва қабоил ва раёсатҳои кӯчӣ прусаи интиқоли қабилаҳои паштуни Покистон ба Афғонистонро анҷом медиҳанд. Аммо Муҳаммадгул Муманд фаротар аз ҷобаҷоии қабилаҳои паштун дар пайи тахриби ҳувияти шаҳрҳо ва маконҳои таърихӣ, бавижа, дар Балх баромад. Нахуст маконҳои таърихиро вайрон кард, баъди он маҳаллҳоро тағйир ном дод. Маҳаллҳои таърихии бисёре, аз ҷумла Болоҳисори Балхро иҷозаи тармим надод, то тахриб ва дучори фаромӯшӣ шавад ва маҳаллҳои бисёреро тахриб кард. Дар Балх маҳаллҳои таърихӣ, монанди Бурҷи Нақораи Санҷарӣ, Чаҳорсӯйи Бобо Ҷонбоз, мадрасаи Субҳонқулихон, масҷиди Нӯҳгунбад, чанд маъбади буддоӣ, оромгоҳи Робиъа ва оромгоҳҳои дигар, санги мазори зардуштиҳо ва ғайраро тахриб кард. 237 нусхаи қадимиро дар Балх ҷамъоварӣ ва аз байн бурд. Бахшҳое аз буддои Бомиёнро, ки вазири дохила буд, тахриб кард. 27 маҳалли таърихиро дар Балх тағйири ном дод. Шаҳри қадими Балхро аз сокинони бумии он холӣ кард, маконҳои таърихиро дар он шаҳр аз байн бурд ва маҳаллҳои таърихиро ба пашту тағйири ном дод ва ҳувияти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва таърихи Балхро масх кард ва қабилаҳои паштун дар шаҳри қадими Балх ҷо ба ҷо шуданд, то вонамуд шавад, ки сокинони қадимии шаҳри Балх, қабилаҳои паштун будаанд.

 

Ободӣ ва эҳёи ҳувияти фарҳангии Балх дар даврони Ато Муҳаммад Нур дар шаҳри Мазор

ДАР АКС: Ато Муҳаммади Нур, “император” ва “Меъмори Балхи навин”

Дар бахши нахусти ёддошт ишора шуд, ки пас аз султаи қавми паштун, бавижа, хонадони садузойӣ дар Афғонистон, шаҳри қадима ва таърихии Балх дучори масхи ҳувияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ шуд. Маконҳои таърихӣ вайрон шуданд, ҳувиятҳои таърихӣ тағйири ном дода шуданд ва қабилаҳои паштун дар шаҳри қадимии Балх ҷо ба ҷо шуданд. Аммо бахши дигари Балх, ки дар он ҷо зиёрати мансуб ба Ҳазрати Алӣ аст, табдил ба шаҳр ва маркази вилояти Балх шуд. Балх, ки номи вилоят ва шаҳр буд, ба як вулусволӣ тақлил ёфт ва вилояти Балх ва шаҳри Балх ба Мазор шӯҳрат ёфт ва маъруф шуд. Акнун мардуми вилояти Балхро ба номи Мазори Шариф мешиносанд.

Балх давраи тӯлонӣ аз масхи ҳувиятро сипарӣ кард, то ин ки дар бист соли гузашта фурсате барои эҳёи ҳувияти Балх пеш омад. Ин фурсат, вилояти Ато Муҳаммад Нур дар Балх буд. Ӯ сиёсати фарҳангии шаффоф ва равшан ба асоси ҳувияти фарҳангӣ ва таърихӣ дошт ва дар қиболи ҳувияти таърихии шаҳри Балх эҳсоси масъулияти фарҳангӣ мекард. Бино бар ин, эҳсоси масъулияти фарҳангӣ, иқдом ба иҷрои тарҳи калони фарҳангӣ барои бозёбӣ ва эҳёи ҳувияти аздастрафтаи таърихии Балх кард.

Тавре, ки ишора шуд, мутаассифона, шаҳри қадими Балх дучори масхи ҳувият ва фаромӯшӣ шудааст. Шаҳри Мазор, ки бахше дигар аз Балх аст, ҷойгоҳи марказӣ дар Балх пайдо кард ва аз назари давлатӣ ва идорӣ маркази вилоят шуд. Ато Муҳаммади Нур бо ҳимоят ва раҳнамоии фарҳангиёни балхӣ хост ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балхро бештар дар Мазор, ки маркази вилоят аст ва дар ҷойҳои дигари Балх эҳё кунад. Дар даврае, ки ӯ волии Балх буд, сохтусоз дар Мазор хеле сурат гирифт ва дар ин сохтусоз, ҳувияти шаҳрӣ дар назар гирифта шуд. Он чӣ ин сохтусозро аз назари ҳувияти фарҳангӣ ва таърихӣ маънодор кард ва мӯҷиби эҳё ва бозёбии ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх шуд, номгузории сохтусозҳо, хиёбонҳо, паркҳо, мактабҳо ва соири маконҳои умумӣ ва мардумӣ буд. Ин номгузорӣ бинобар шинохт аз ҳувияти таърихии Балх ҳадафмандона сурат мегирифт, то ҳувияти масхшуда ва фаромӯшшудаи Балх эҳё, бозёбӣ, бозсозӣ ва навсозӣ шавад.

ДАР АКС: “Девори фарҳехтагони Балх”

Талоши Ато Муҳаммади Нур бо васфи сангандозиҳое, ки аз тарафи Карзай ва Ғанӣ сурат мегирифт, то монеъи сохтусозҳо ва номгузориҳои ҳадафмандона барои бозёбии ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх шаванд, натиҷаи муваффақона дошт, зеро тавонист бо сохтусоз ва номгузориҳои ҳадафмандона, ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балхро, бавижа, дар шаҳри Мазор эҳё ва бозёбӣ кунад ва хотираи фарҳангӣ ва таърихии Балхро аз нав зинда ва қобили дарк кунад. Ман ба чанд номгузории ҳадафмандона, ки бар сохтусозҳо тавассути Ато Муҳаммади Нур сурат гирифт, ишора мекунам:

Яке аз чаҳорроҳаҳҳои бузурги шаҳр ба номи устод Восиф Бохтарӣ, дорулмуаллимин ба номи Сайид Ҷамолуддин, шаҳраки санъатӣ ба номи амир Алишир Навоӣ, Институти идора ва ҳисобдорӣ ба номи Сайид Исмоили Балхӣ, фурудгоҳи Балх ба номи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, мактабҳо ва ҷодаҳое ба номи Зардушт, Авесто, Ҷамшед, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайс ва ғайра номгузорӣ шуданд. “Девори фарҳехтагон” эҷод шуд. Аз фарҳангиён ва нависандагон ҳимоят сурат гирифт. Ба баргузории ҷашни Наврӯз дар Балх ҷони тозае дамида шуд.

Ин иқдомҳои фарҳангӣ аз тарафи Ато Муҳаммади Нур барои эҳё ва бозёбии ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх сурат гирифта буд, зеро ӯ бино ба иртиботи содиқона ва амиқе, ки бо фарҳангиён ва бо ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх ва кишвар дорад, мехост ва мехоҳад ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балхро ба вилояти Балх баргардонад. Ба бардошти ман, иқдоми Ато Муҳаммади Нур барои эҳёи ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх иқдоми ҷиддӣ ва муҳиме аст, ки метавонад улгу ва сармашқи фарҳангӣ барои насли имрӯз ва наслҳои баъд қарор бигирад, то ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх ба вилояти Балх баргардонда шавад.

ДАР АКС: Намое аз Мазори Шариф дар даврони вилояти Ато Муҳаммади Нур

Ҳувиятситезиҳое, ки дар бораи забони форсӣ ва ҳувияти фарҳангии Балх ва мардуми форсизабон ва туркзабони кишвар вуҷуд дорад, дар як даҳа ё бештар ва камтар қобили рафъ нест, бояд ба сурати давомдор ва ҳадафманд барои ҷилавгирӣ аз ҳувиятситезиву эҳёии ҳувияти таърихии кишвар ва Балх кор сурат бигирад. Ҳувиятситезии садсола алайҳи фарҳанг ва забони кишвар ва ҳувияти Балх ҷараён дорад. Ин ҳувиятситезӣ мӯҷиб шуд, ки ҳувияти таърихии Балх ба фаромӯшӣ супурда шавад. Хушбахтона, ҳузури Ато Муҳаммади Нур дар Балх боис шуд, то ба бозёбӣ ва эҳёи ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх таваҷҷуҳ шавад. Тавре ки ишора кардам, эҳёи комили ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх дар як даҳа ё камтару бештар комил намешавад, аммо иқдомҳои фарҳангие, ки дар Балх сурат гирифт, ҳадди ақал тавонист ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балхро аз фаромӯшии мутлақ наҷот бидиҳад ва ёдоварие сурат бигирад, ки Балх дар таърих чӣ ҳувият ва шукӯҳу шукуфоӣ доштааст.

 Иқдомҳои фарҳангии Ато Муҳаммади Нур дар Балх чашмандози тоза дар сарнавишти фарҳангии Балх гушуд. Агарчи бо сангандозиҳои ҳукумати Ғанӣ ончунон ки лозим буд, иқдомҳои фарҳангии Ато Муҳаммади Нур таҳаққуқ наёфт ва мутаассифона, бо рӯйи кор омадани Толибон ҷилави иқдомҳои фарҳангие, ки тавассути Ато Муҳаммади Нур роҳандозӣ шуда буд, гирифта шудааст, аммо чароғи фарҳангие, ки барои ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх дар даврони вилояти Ато Муҳаммади Нур дар Балх тобанда шуд, мӯҷиби огоҳии мардумӣ дар бораи ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх шудааст, ки метавонад ёдоварие барои наслҳо дар таҳаққуқи эҳёи ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии Балх бошад.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!