Хабари рӯз

Чӣ гуна Наҷибуллоҳ тарҳи мулоқоти сафир ва генерали Шӯравӣ бо Аҳмадшоҳ Масъудро ба ҳам зад?

Нависанда: Валентин Варенников*, аз китоби “Рӯзгори бетакрор”, ҷилди панҷум

Ман ба чеҳраи андешаманди Юлий Воронсов* нигоҳ карда, бидуни ихтиёр ба ёди як қиссаи хеле ҷолиб рафтам, ки ба ман ва ӯ рабт дошт. Ин қисса пас аз даври аввали хуруҷи нерӯҳои мо, яъне тирамоҳи соли 1988 иттифоқ афтода буд. Он замон таҳти фишорҳои Маскав (бахусус, КГБ ва Вазорати корҳои хориҷӣ) қарор доштем, ки аз мо - низомиён мехостанд нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъудро саркӯб ва шахсан худи ӯро нобуд кунем.

Ҳамзамон, ба ин далел, ки сарчашмаи ин фишор Наҷибуллоҳ буд ва ҳам мефаҳмидам, ки як хатои бузург хоҳад буд ва як иштибоҳи нобахшидании стротижик анҷом хоҳад гирифт, ба натиҷае расидам, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд шахсан во хӯрам. Дар ин робита ба кормандони Раёсати асосии иктишоф (ГРУ) дастур додам, ки ин мулоқотро фароҳам созанд.

Ман ба назди худ як дагарман (подполковник) -ро даъват кардам, то шахсан маъмурияти роҳандозии мулоқотам бо Аҳмадшоҳро матраҳ кунам (маъмури иктишоф “одам худӣ”, узви яке аз дастаҳои Аҳмадшоҳ дар Соланг буд). Ӯ бидуни таоруф ва сарусадо омад ва худро муаррифӣ кард. Афсари миёнқади тақрибан 30 - 35 солае буд. Дастфишорӣ кардем (дастонаш шахшул, хушк ва қавӣ буданд). Пешниҳод кардам, ки нишинад. Ба андомаш назар кардам. Ба мӯйҳои як замон сиёҳаш сафедӣ дамида буд. Рӯ ва дастонаш офтоб хӯрда буданд. Тарҳҳои сураташ нозук, гунаҳои васеъе дошт. Чашмонаш бузург ва обӣ, мисли кулиҳои Корелия (вилояте дар шарқи дури Русия) буданд. Зери юниформаш тани обутобёфтае маълум мешуд. Китфони қавӣ дошт. Ором, солор ва собит худро нигоҳ медошт.

- Менависед?

- На, ҳамаро ба хотир хоҳам гирифт, - гуфт дагарман.

Мустақим ба асли мавзӯъ пардохтам:

- Ман бояд шахсан бо Аҳмадшоҳи Масъуд во хӯрам (мулоқот кунам).

Дагарман ҳеҷ эҳсосе аз худ нишон надод ва дар чеҳрааш ҳам тағйире наомад, гӯё мо дар бораи кадом як мавзӯи рӯзмаррае сӯҳбат мекардем.

Пас аз таваққуфи кӯтоҳе афзудам:

- Мулоқот ҳар чӣ зуд созмондеҳӣ шавад, ҳамон қадар беҳтар аст.

Дагарман бидуни ягон ишора ва чашм аз ман нагурезонда, гуфт:

- Масъуд ҳоло дар Панҷшер аст. Агар инро ба назар гирем, ки ӯ қариб ҳар рӯз макони буду бошашро иваз мекунад, барои ҳалли ин масъала ҳадди аксар ду рӯз зарур аст.

- Ман розиам. Ба назари шумо Аҳмадшоҳ кадом шартҳоро пеши мо хоҳад гузошт?

- Шарти асосии ин мулоқот дар қаламрави ӯ ва бидуни муҳофизин аз ҷониби шумо барпо шавад. Амнияти шуморо худ хоҳад гирифт.

- Оё ба донистани масоиле, ки ман матраҳ мекунам, алоқа нишон хоҳад дод?

- Дар оғоз, аз нигоҳи ман, бояд мавзӯи мулоқот бо ӯ ҳалли худро ёбад. Агар ризоияти ӯ ҳосил шуд, онгаҳ метавонед масоили мавриди баррасиро пешниҳод кунед. Ӯ хеле ҳассос аст. Агар ҳар ду мавзӯъро якбора ба ӯ матраҳ кунем, метавонад нияти шуморо нодуруст фаҳмад.

- Хуб. Дуруст аст.

- Иҷозаи амал медиҳед?

Дагарман пас аз дарёфти иҷоза барои иҷрои ин маъмурият, бесару садо, ҳамон гуна ки омада буд, рафт.

Банди андешаҳо дар бораи рушди ҳаводиси оянда ба ин натиҷа расидам, ки дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд сафирамон Юлий Воронсов ва раиси ҷумҳури Афғонистон Наҷибуллоҳро дар ҷараён гузорам. Гирифтани ҳамчунин иқдом пушти сари раҳбари кишвари дӯст хуб намебуд, бигузор, ки ӯ то ба ҳадди ҷунун Масъудро бад медид. Ҳама чӣ бояд софдилона ва шаффоф бошад.

Дар акс: Наҷибуллоҳ ва Валентин Варенников (дар мобайн)

Ба ин манзур, ман ба ҳузури Юлий Михайлович Воронсов рафтам. Асли матлабро ба ӯ баён кардам. Яъне инро, ки мехоҳам бо Аҳмадшоҳи Масъуд сари роҳ надодан ба муҳосираи эҳтимолии шоҳроҳи Тирмиз - Кобул дар қисмати ҷанубии шоҳроҳи Соланг аз сӯйи дастаҳои ӯ ба тавофуқ расам. Бар ивази ин мо метавонистем ҳамаҷониба дар ҳалли масоили муҳим ба нафъи ӯ мусоидат кунем: қатъи комили ҳамагуна бомбаборон, аз ҷумла бомбаборони ҳавоии ҳудудҳое, ки таҳти назорати дастаҳои ӯ буданд; ироаи кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ин ҳудудҳо; ташкили худмухторӣ (дар ҳайати Афғонистон). Қисмати шимол ва ғарби кишвар, ки умдатан тоҷикон сукунат доранд; Ҳифзи ҳаққи моликияти маодини лоҷувард ва тиҷорати бидуни монеаи он бо хориҷ аз Афғонистон барои ин худмухторӣ; ширкати намояндагони худмухторӣ дар ҳайати мақомоти марказии қонунгузор, қазоия ва иҷроия; созмондеҳии сохтмони макотиб, масоҷид ва шифохонаҳо дар қаламрави худмухторӣ; таҷдиди роҳҳои нақлиётӣ бо шаҳр ва деҳоти муҳим (бо шаҳри асосии худмухторӣ - хатти парвози тайёраҳо). Боз чанд масъалаи дигарро низ номбар кардам.

Юлий Михайлович «гарм шуд» ва қатъан изҳор кард, ки мехоҳад дар мулоқот ширкат кунад, яъне мо дукаса бояд ба ҳузури Аҳмадшоҳи Масъуд равем. Ман, табиӣ аст, ки кӯшидам ӯро аз нияташ баргардонам:

- Охир, ҳар чӣ метавонад иттифоқ афтад. Кор шояд ба гаравгонгирӣ ё қатл расад. Ҳилагарӣ, мутаассифона, яке аз хислатҳои саркардагон аст. Агар ман ба ин дом афтам, гапи дигар аст ва комилан гапи дигар ин аст, ки агар ба он сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, ӯ ҳам муовини вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ  меафтад. На, имкон надорад.

- Валентин Иванович, чизи дигар имкон надорад. Ба хотири ин, ки сафири Шӯравӣ худро мисли нозир канор гирад, вақте масъалаи муҳимтарин, амалан стратегӣ дар эҷоди шароити мусоид барои Афғонистон матраҳ аст? Ман муваззафам, ки дар ин мулоқот ширкат кунам.

Ҳарчанд ман ӯро аз роҳ мегардондам, ӯ ҳамоно бештар бар ман мешӯрид. Ниҳоят, ман қадами ниҳоиро бардоштам:

- Юлий Михайлович, шумо дидед, ки онҳо инсонҳоро қатл мекунанд ва чӣ тавр аъзои бадани онҳоро қитъа - қитъа ҷудо месозанд ва пас аз ин қатл чӣ боқӣ мемонад? Охир, ин як даҳшат аст. Гузашта аз ин, ба ин кори мо Маскав чӣ мегӯяд? Ҳатман вокуниши манфӣ хоҳад буд. Он ҷо ба сароҳат хоҳанд гуфт, ки касе ба ӯ ин ихтиёрро надода буд. Гунаҳкор худи ӯст.

- Ман ба Афғонистон на барои он омадам, ки аз хатарҳо пинҳон шавам, балки сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ дар амри барқарории ҳадди аксари эътидоли вазъ, хатми ҷанг ва эҷоди зиндагии сулҳомез дар ин кишварро пиёда кунам. Сулҳ ва зиндагии сулҳомези давлати ҳамсоя - омили муҳимтарин барои мардуми мо аст. Ин ки дар бораи кирдори ман чӣ фикр мекунад, кори ӯст. Ман фарзи худро адо мекунам ва ба Маскав аз ҳар иқдоми худ хабар доданӣ ҳам нестам. Зимнан, оё шумо ба раҳбарияти худ хабар додаед, ки нияти рафтан ба мулоқоти Аҳмадшоҳро доред?

 - На, хайр... Ҳамчунин зарурате нест. Ман дар гузашта ҳам аз ин қабил корҳо хабар намедодам. Онҳо иҷозат намедиҳанд, зеро барои ин бояд масъулият бар дӯш гирифт. Аммо барои ман хеле муҳим аст, ки дар амри сулҳ миёни Аҳмадшоҳ ва Наҷибуллоҳ пеш равем.

 - Ана, дидед! Вақте мо ба ин ҳадафи дукаса мерасем, фурсатҳо бештар мешаванд.

 - Мувофиқам.

 Дар ин робита ман ба маъмури иктишоф дастурҳои иловагӣ додам: дар мулоқот сафири Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳузур хоҳад дошт.

Мо ба назди Наҷибуллоҳ рафтем.

Ман ба ӯ акнун иқдоми муштараки ман ва Юлий Михайловичро баён кардам. Албатта, бидуни шарҳи бархе ҷузъиёти масоил. Дар оғоз Наҷибуллоҳ моро ба таври маъмулӣ самимона пазируфт, аммо ҳар қадар, ки шарҳи маро мешунид, ранг тағйир медод. Барои дилбардории ӯ Юлий Михайлович ба сохтани “гулу гулзор”-ҳои дурнамои оянда шурӯъ намуд, ки дар ниҳоят Наҷибуллоҳро водор ба розӣ шудан сохт. Ҳарчанд ӯ наметавонист ризоият надиҳад, ба ин хотир, ки пешниҳод аз ҳамчунин сатҳе баромада буд. Бар хилофи хулқу хӯи хоси худ, ӯ муносибаташро ба ин мавзӯъ баён намуд. Нигоҳашро ба дигар сӯ гурез дода, мегуфт, ки бале, масъала муҳим аст, он барои Афғонистон ва дар навбати аввал барои Кобул аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ӯ (Наҷибуллаҳ) ҳамеша таваҷҷуҳи дӯстони Шӯравиро ба ин мушкил ҷалб мекард ва дар ҳоле, ки дар саркӯби дастаҳои Аҳмадшоҳ чизе ба даст наомад, мешавад ин гузинаро низ таҷриба намуд. Дар охир хулоса кард: “Агар коре аз дасти шумо ояд, чӣ гӯям, хуш хоҳем шуд”.

Дар акс:  Валентин Варенников

Вақте мо аз утоқи раиси ҷумҳур берун омадем ва бо мутар ба манзили худ рафтем, косаи сабри Юлий Михайлович лабрез шуд:

- Ӯ иқдомро қабул накард, ҳарчанд, ки розӣ шуд. Мулоқоти мо бо Аҳмадшоҳ кай баргузор мешавад?

- Фикр мекунам, ки ҳамин ҳафта. Он чи ба “Кобул” рабт дорад, инро мо бояд интизор медоштем. Дар Афғонистон агар тасвири душман сохта шудааст, ин душман барои ҳамеша аст. Касе ва чизе инро тағйир нахоҳад дод.

 - Мувофиқи матлаб хоҳад буд, ки мулоқот ҳар чӣ зуд баргузор шавад.

 - Бале. Мо ҳама корро анҷом медиҳем, агар ба мо халал нарсонанд...

 Юлий Михайлович ба ман як нигоҳи суолангезе афканд. Посух додам: “Инро набояд истисно донист”.

Пас аз ду рӯз (тавре қарор карда будем) маъмури иктишоф хабар дод, ки Аҳмадшоҳ тарҳи мулоқотро хеле мусбат пазируфт ва хост феҳристи масъалаҳоеро, ки баррасӣ мешаванд, аз қабл барояш фиристем. Мо ва Юлий Михайлович инро анҷом додем. Бидуни шак, тақозои аввалини мо таъмини рафту омади бемамониат ва амни ҳамагуна қаторҳо ва мошинҳои алоҳида аз тариқи бузургроҳи Соланг буд.

Вақте пешниҳодҳо сари ҳамаи масоил, ки бояд миёни мо ва Аҳмадшоҳ баррасӣ мешуданд, ниҳоӣ шуданд, Юлий Михайлович пешниҳод кард, ки онҳоро имзо кунем. Имзоҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ буданд. Илова бар ин, ӯ муҳри сафоратро низ нақш кард. Ин ҳама ба пешниҳодҳо шакли расмӣ дар сатҳи олиро медод. Ҳуҷҷатро ба маъмури иктишоф додам ва гуфтам, ба таври шифоҳӣ бигӯянд, ки мо омодаем ба ин мулоқот таҳти шартҳои Аҳмадшоҳ ҳозир шавем. Яъне, самти ҳаракати мо, замон ва макони мулоқотро ӯ таъйин мекард. Мо бо Юлий Михайлович бо як мошини “Ваз” ва бидуни муҳофизон меоем, аммо тарҷумонеро бо худ хоҳем дошт. Ҳамин тавр, мо ба шумули ронанда чор нафар мешавем.

Пас аз ду рӯз маҳалли мулоқот маълум шуд (деҳаи харобшудае дар даромадгоҳи дараи Панҷшер). Вақти мулоқот субҳи рӯзи севум муқаррар шуд. Ин комилан барои мо мувофиқ буд. Ман ба ин натиҷа расидам, ки қаблан ба Ҷабалулсироҷ мутари “Ваз”-еро, ки саворӣ хоҳем кард, фиристам ва худи мо то он ҷо таҳти ҳифозат, субҳи вақти ҳамон рӯз мулоқот равем. Амалан то Ҷабалулсироҷ 40 дақиқа роҳ аст ва бо “Ваз” то Панҷшер 25-30 дақиқаи дигар.

Ҳамон рӯзе, ки ба мо хабари макон ва замони мулоқотро доданд, ман ва Юлий Михайлович ба ҳузури Наҷибуллоҳ омадем ва ӯро огоҳ кардем. Зоҳиран ӯ ба ин ҳама ором ва ризоиятмандона бархӯрд кард. Мо ба рушанӣ андохтан ба бархе масоиле, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд баррасӣ мекардем, шурӯъ кардем. Наҷибуллоҳ онҳоро ҷонибдорӣ кард. Ҳатто заррае ҳам сари ин ё он мушкил ба баҳс напардохт, ки ин хоси ӯ набуд. Ҳамаро қабул кард ва муваффақият хост. Ман ба Воронсов гуфтам:

- Оё шумо таваҷҷуҳ кардед, ки Наҷибуллоҳ бо кадом оҳанг сӯҳбаташро анҷом дод?

- Зинда бошем, мебинем. Сари натиҷагириҳо саросема намешавем.

- Бо ин вуҷуд, ин ҳол ӯро муваззаф мекунад...

Юлий Михайлович табассум кард, аммо чизе нагуфт.

Мо барои омодагӣ ба сафар шурӯъ кардем. Бале, дар масири Кобул то Ҷабалуссироҷ зарур омад тадобире рӯйи даст гирем, ки сафир дилпурона, амн ва осуда дар вақти таъйиншуда аз он ҷо убур кунад. Ҳарчанд амалан дар ин ҷо дастаҳои “хашмгин” -и зиёде, ки бо роҳзанӣ дар масир машғул буданд, фаъолият доштанд. “Сайёдон”- и яка ё ҷуфт низ буданд, ки ягон сайди худро интизорӣ мекашиданд.

Кор зоҳиран дуруст пеш мерафт. Нимаи дувуми рӯз пеш аз мулоқот маъмуронм иктишоф хабар доданд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд омодагии худ барои ширкат дар мулоқот рӯзи дигарро таъйид кардааст. Аммо бегоҳӣ қабл аз ғуруби офтоб нохост ба ман хабар омад, ки макони мулоқоти оянда ва тамоми минтақаи атрофи онро тайёраҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон бомбаборон кардаанд. Қурбониён зиёд буданд. Мулоқот лағв шуд.

Ҳисси қаблӣ, ки то ин дам маро таъқиб мекард, ин ки метавонанд ба мо халал расонанд, таъйид шуд. Ба Воронсов занг задам. Хашмгин буд. Ба назди Наҷибуллоҳ рафтем (ҳарчанд, ки дер буд). Ӯ нақши як озурда аз ин хабари ғамангезро бозӣ кард ва дар назди мо ба фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ генерал Қодир занг зада, ҳар чӣ ба даҳонаш омад, гуфт. Гоҳ пашту сӯҳбат мекард, гоҳ ба русӣ (Қодир русиро медонист), аз ҷумла ин суханонро гуфт: “Дар назди ман рафиқони Шӯравӣ, сафир Воронсов ва генерал Варенников нишастаанд. Ман аз он чи, ки нерӯҳои ҳавоии шумо карданд, шарм мекунам. Ин шармандагист. Субҳи дигар ба ман хабар диҳед, ки ин ҷурми кист”.

Дар акс: Юлий Воронтсов

Мо ва Юлий Михайлович дар як мошин ба сафорат рафтем, то вазъро баррасӣ карда, қарор қабул кунем. Дарро баста, Воронсов зери лаб гуфт:

- Инро бояд интизор медоштем. Ӯ мухолифи ин мулоқот аст. Ва маҳз ӯ фармони бомбаборонро додааст.

- Ман ҳам ба ҳамин фикрам. Фикр мекунам, Наҷибуллоҳ муҷримонро пайдо нахоҳад кард, аммо мо набояд таслим шавем.

- Дуруст. Бояд дубора аз Аҳмадшоҳ талаби мулоқот кунем.

- Ман ба ӯ номае навишта, узр мепурсам ва пешниҳод мекунам, ки макони нави мулоқотро таъйин кунад.

Воронсов розӣ шуд. Ман ба созмондеҳии ҷадид шурӯъ кардам. Дагармани маъмури иктишоф бо посух шифоҳии Аҳмадшоҳ танҳо чор рӯз пас омад. Гуфт, Аҳмадшоҳ сахт хашмгин аст ва ҳатто гуфтааст, ки агар таҳқиқ анҷом медиҳед, ӯ метавонад ном ва насаби он халабонҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистонро, ки бомбаборон карданд, дар ихтиёри мо гузорад (ӯ тариқи шабакаи ҷосусии худ дар ситоди нерӯҳои ҳавоӣ аз ҳама гап огоҳ буд). Бо ин вуҷуд, мо мулоқоти дувумро созмон додем. Аммо он ҳам аз рӯйи ҳамин сенария пеш рафт. Ин дафъа ба ҷойи тайёраҳо тӯпҳои дӯрзан ва реактавӣ кор карданд. Боз ҳама чиз қатъ шуд. Боз узр ва маъзарат хостем. Пас аз ду ҳафта бо як азоби алим боз ҳам рӯйи мулоқот, ин дафъа бори севум, тавофуқ кардем. Ин мулоқот низ қатъ карда шуд.

 Мо ва Юлий Михайлович ба ин натиҷа расидем, ки аз ин тарҳ даст кашем ва ҳатто ин масъаларо бо Наҷибуллоҳ матраҳ накунем.

 Ҳама чӣ равшан буд. Ӯ рӯ ба рӯ бо мо мегуфт, ки аз ин тарҳ истиқбол мекунад, ҳамзамон дастур медод, ки аз ин мулоқот ҷилавгирӣ карда шавад. Сабаб ҳам равшан буд - нафрати шахсӣ бо Аҳмадшоҳ.

*Валентин Варенников (1923 - 2009), генерал-лейтенант, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1984-1989, сардори гурӯҳи опперативии вазорати дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигард ва муовини вазири дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ (1989 - 1991).

*Юлий Воронсов (1929-2007), дипломати рус. Сафири Шӯравӣ дар Ҳинд (1977-1983), Фаронса (1983-1986), Афғонистон (1988-1989) ва намояндаи Русия дар Созмони Милал Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (1990 - 1994), сафири Русия дар Амрико (1994-1998) ва ғайра.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!