Хабари рӯз

Эрон алайҳи “Эътилофи Эпштейн” аз таҷрибаи ашкониҳо истифода мекунад.

Нависанда: Маҳмуд Дилхоста (Эрон)

Ҷорҷ Галловей, сиёсатмадори маъруф ва мунтақиди шотландӣ дар паёме, муқоисаи байни навъи муборизаи нерӯҳои мудофеъи Эрон, бар зидди қувваҳои низомии таҷовузгари Амрико ва Исроил ва набарди маъруфи Ҳарронро, ки дар он артиши Эрон ба ҷанги артиши муҳоҷими Рум ба раҳбарии Красс рафт, анҷом дод.

Дар ин набард, артиши пиёданизоми Рум дар муҳосираи саворанизоми ашконӣ ба фармондеҳии Сурена қарор гирифта буд ва Красс мунтазир буд то тиркаши саворони ашконӣ аз тирҳо холӣ шавад ва баъд легионҳои румӣ кори артиши Эронро тамом кунанд. Вале ҳар чӣ мунтазир шуд, ки тиркашҳо аз тир холӣ шавад, бо таъаҷҷуб дид, ки тиркашҳои холишуда яке баъд аз дигаре пур мешаванд. Красс намедонист, ки Сурена пешбинии чунин набардро аз қабл карда буд ва бар пушти ҳазорон шутур, бешумор тир бор карда буд. Ин гуна буд, ки артиши азими Рум бузургтарин шикасти худро мутаҳаммил шуд ва даҳ ҳазор нафар низ ба асорат гирифта шуданд.

Муқоиса аз ин манзар анҷом шуд, ки ҳол Амрико ва Исроил мунтазир ҳастанд то чӣ вақт мушакҳо ва паҳподҳои Эрон тамом хоҳад шуд, баъд худро пирӯзи ҷанг эълом кунанд. Ғофил аз ин ки баръакси Амрико ва Исроил, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, бо истифода аз таҷрибиёти азими таърихӣ, аз бисёр қабл фикри чунин рӯзеро карда буданд ва худро барои чунин рӯзе омода. Ин гуна бисёр қабл аз он ки мушакҳои Эрон ба поён бирасад, ин мушакҳои зиддиҳавоии ин ду кишвари таҷовузгар аст, ки ба поён хоҳад расид ва он замон тоза кори Эрон шурӯъ мешавад.

Ҳамлаи дишаби Трамп ба ҷазираи Хорк, нишон аз ин иттилоъ ва бетоқатӣ ва хашми девонавораш дорад, ки чаро эрониён таслим намешаванд. Ин ду аҳмақи ҷинояткор бо равоншиносии эрониён ошно нестанд, дар ғайри ин сурат медонистанд, ки замоне, ки ҳастии ватан ва тамомияти арзии он мавриди таҳдид қарор гирад, калимаи “таслим” аз адабиёти сиёсии Эрон ҳазф мешавад. Ин гуна аст, ки Эрон дар тӯли таърихи ҳазоронсолаи худ дар чорроҳаи бархӯрди тамаддунҳо, истиқрори таърихӣ ва фарҳангӣ овардааст.

Ин ҳам гуфта шавад, ки Красс барои пеш афтодан аз Жулиус Сезар ва Помпей тасмим ба фатҳи Эрон гирифт. Замоне, ки артиши ӯ ба тарафи Эрон ҳаракат кард, Ардашери Дувум, шоҳи Эрон сафиреро ба назди Красс фиристод ва ин ки “мардуми Рум ин ҷангро намехоҳанд ва ту ба сифати шахсӣ мехоҳӣ ҷангро роҳ биандозӣ” ва ҳатто пешниҳод кард, ки асирони румиро, ки дар ихтиёр дошт, озод кунад.

Красс бо такаббур посух дод, ки ҷавоби шоҳро дар Селевкия/пойтахт хоҳам дод. Сафир посух дод, ки:

“Агар дар кафи ин даст мӯйе мебинӣ, Селевкияро низ хоҳӣ дид.”

Ҳол ба Трамп ва Нетаняҳуи ҷинояткор бояд гуфт, ки агар дар кафи дастонашон мӯйе мебинанд, пирӯзӣ бар Эронро низ хоҳанд дид. Шумо бебехтагон, таҳқири миллатеро, ки таърихаш дар устура гум мешавад, ба гӯр хоҳед бурд. Дарвоқеъ, дар ин охирин набард, ин Эрон аст, ки макони ҳақиқӣ ва воқеии худро дар ҷаҳон хоҳад ёфт. Албатта, ин воқеият ёфтан бидуни мардумсолор кардани Эрон мумкин нест.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!