Муқоисаи татбиқии хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ (1989) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2021) аз Афғонистон
Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешкадаи “Гуфтумони таълимии миллат”
Афғонистон дар ним қарни ахир саҳнаи мудохилоти ду қудрати бузурги ҷаҳон ба раҳбарии Русия ва Амрико будааст.
Ду рӯйдоди таърихии хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ — нахуст хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1989; ва сипас хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2021 — на танҳо нуқтаи атфе дар таҳаввулоти дохилии Афғонистон маҳсуб мешаванд, балки бозтобе аз тағйироти низоми байналмилалӣ ва геополитикии ҷаҳон низ ба шумор мераванд.
Ин мақола бо рӯйкарди таҳлилӣ–муқоиса–татбиқӣ, моҳият, созукор, аҳдоф ва паёмадҳои ин ду хуруҷро дар сатҳҳои мухталиф баррасӣ мекунад то тафовутҳо ва шабоҳатҳои сохтории онҳо равшан ва аз ҳамдигар ба шакли муқоисавӣ дар чорчӯби рӯйкарди баробар тамйиз шаванд.
- Бистари таърихӣ ва заминаҳои тасмими хуруҷи ду кишвари қудратманд аз Афғонистон
Мудохилаи Шӯравӣ дар Афғонистон (1979–1989) дар чорчӯби рақобати идеологии ҷанги сард ва ҳимоят аз давлати коммунистии Кобул анҷом шуд. Аммо бо рӯи кор омадани Михаил Горбачёв ва оғози сиёсатҳои «перестройка» ва «гласност», ҳазинаҳои сангини низомӣ дар ҷанги Афғонистон ва фишори иқтисодии дохилӣ, Москваро ба сӯи хуруҷ савқ дод; ҷанги Афғонистон ба «захми хунин» барои Шӯравӣ табдил шуда буд ва тадовуми он бо ислоҳоти дохилӣ ва ҳифзи манофеи кишвар носозгор менамуд.
Мудохилаи Амрико пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 бо ҳадафи нобудии Алқоида ва сарнагунии Толибон оғоз шуд. Бо гузашти бист сол, ҳазинаҳои молӣ (беш аз ду триллион доллар), талафоти инсонӣ ва адами дастёбӣ ба суботи пойдор, навъе «хастагии стратегӣ» эҷод кард. Тағйири авлавиятҳои геополитикӣ ва тағйири тавозуни қудрат дар чорчӯби рақобати Вашингтон бо Чин ва Русия низ хуруҷи нерӯҳои НАТО ба раҳбарии Амрикоро аз Афғонистон тасреъ намуд.
- Баррасии чорчӯби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳар ду хуруҷ
Хуруҷи Шӯравӣ дар чорчӯби тавофуқоти байнидавлатӣ сурат гирифта буд.
Хуруҷи Шӯравӣ бар асоси «Тавофуқоти Женева - 1988» миёни Афғонистон, Покистон, Амрико ва Шӯравӣ анҷом шуд. Ин тавофуқот:
- миёни давлатҳои расмӣ ва машруъ имзо шуд;
- ҷадвали замонии мушаххас барои хуруҷ таъйин гардид;
- мутазаммини аслӣ адами мудохила дар умури дохилии Афғонистон буд;
- шомили музокираи мустақим бо муҷоҳидин ва бозигарони ғайридавлатӣ намешуд.
Дар натиҷа, хуруҷи Шӯравӣ аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ, дар чорчӯби равобити классики чандҷониба — тавофуқоти давлат бо давлат — ба имзо расид.
Хуруҷи Амрико дар чорчӯби тавофуқ бо як бозигари ғайридавлатӣ ва ғайримашруъ сурат гирифт.
Хуруҷи Амрико мубтанӣ бар «Тавофуқномаи Давҳа» (29 феврал 2020) миёни бахши истихборотии Амрико ва Иморати Исломии Толибон дар Давҳа ба имзо расид. Давлати Ҷумҳурияти Афғонистон дар ин тавофуқи дуҷониба нақши мустақим надошт ва амалан ба ҳошия ронда шуд.
Вижагиҳои муҳими ин тавофуқнома:
- музокираи мустақим бо як бозигари шӯришӣ ва ғайримашруъ;
- тааҳҳуди Толибон ба унвони нерӯи заминӣ барои ҷилавгирӣ аз истифодаи хоки Афғонистон алайҳи манофеи Амрико;
- озодии зиндониёни Толибон бидуни дар назар доштани манофеи давлат ва миллати Афғонистон, бахусус қурбониёни артиши миллӣ;
- таъйини ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳои НАТО ба раҳбарии Амрико бидуни ҳамоҳангӣ ва омодагии давлати Афғонистон.
Аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ ва равобити давлат бо давлат, ин улгу бо хуруҷи Шӯравӣ мутафовит буд, зеро машруияти давлати мустақар дар Кобул дар фарояндии музокира тазъиф шуд ва ҳамчунин рӯҳия ва морали артиши Афғонистон коҳиш ёфт.
- Баррасии моҳияти ҳар ду хуруҷ: кадом воқеӣ ва кадом тактикӣ буд?
Хуруҷи Шӯравӣ
- хуруҷи комили нерӯҳои размӣ то 15 феврали 1989;
- адами ҳифзи пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон;
- идомаи кӯмакҳои низомӣ ва молии ночиз ба давлати Наҷибуллоҳ то фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991;
- адами ҳузури сиёсӣ ва истихборотии мустақим пас аз фурӯпошӣ.
Хуруҷи Шӯравӣ аз назари низомӣ «комил» буд, аммо аз лиҳози ҳимоятҳои молӣ ва сиёсӣ барои муддате ба сурати маҳдуд идома дошт.
Хуруҷи Амрико
- хуруҷи комили нерӯҳои низомӣ то августи 2021;
- ҳифзи абзорҳои фишори иқтисодӣ ва истихборотӣ дар чорчӯби интиқоли ҳафтавори пул, табодули иттилоот ва назорат бар захоири арзии Афғонистон дар хориҷ;
- тадовуми кӯмакҳои башардӯстона аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии Толибон;
- ҳифзи роҳбурди «Фароуфуқ» (Over-the-Horizon) барои анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ аз тариқи паҳподҳои ҷангӣ ва кашфӣ.
Бинобар ин, хуруҷи Амрико аз назари физикӣ комил буд, аммо шабакаи нуфузи молӣ, иқтисодӣ ва истихборотӣ боқӣ монд.
Ин тафовут сабаб шудааст, ки бархе таҳлилгарон онро «хуруҷи низомӣ бо тадовуми нуфузи ғайримустақим» бо истифода аз абзорҳои нарм тавсиф кунанд.
- Паёмад ва рафтори бозигарони дохилӣ пас аз ду хуруҷ
Паёмад пас аз хуруҷи Шӯравӣ
- давлати Наҷибуллоҳ се соли дигар муқовимат кард;
- муҷоҳидин тавофуқи расмӣ бо Шӯравӣ имзо накарда буданд;
- бо қатъи кӯмакҳои Маскав давлат суқут кард;
- ҷанги дохилӣ миёни гурӯҳҳои муҷоҳидин оғоз шуд;
- холигии қудрат ва мудохилаи мустақими Покистон заминасози зуҳури Толибон дар соли 1994 гардид.
Паёмад пас аз хуруҷи Амрико
- давлати Ҷумҳурияти Исломии Афғонистон дар зарфи чанд ҳафта фурӯ пошид;
- Толибон бо Амрико тавофуқи расмӣ имзо карда буданд;
- Толибон бидуни ҷанги фарогири густарда ва муқовимати шадид вориди Кобул шуданд;
- сохтори сиёсии якдаст дар чорчӯби идеологияи мушаххас ташкил доданд;
- «Иморати Исломӣ» аз машруияти байналмилалӣ ва бахши қобили таваҷҷуҳи дохилӣ бархурдор нест;
- буҳрони шадиди иқтисодӣ, фақр, гуруснагӣ ва инзивои сиёсӣ падид омад.
Тафаовути асосӣ дар ин аст, ки пас аз хуруҷи Шӯравӣ ҷанги чандқутбии дохилӣ шакл гирифт, аммо пас аз хуруҷи Амрико, тамаркузи қудрат дар дасти як бозигари воҳид қарор гирифт, ки дар ҷараёни музокирот бо намояндагии Залмай Халилзод бо Амрико ба тафоҳум расида буд.
Бо ин ҳол, Иморати Толибон бар хилофи давраи ҳукумати муҷоҳидин, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, мухолифин, таҳсил ва таълими бонувон ва кори занонро маҳдуд ё мамнӯъ эълом намуд.
- Паёмадҳои геополитикии минтақавӣ ва байналмилалӣ пас аз ду хуруҷ
Хуруҷи Шӯравӣ
- нишонае аз уфули нуфузи Шӯравӣ дар ҷаҳони сеюм;
- буҳрони иқтисодӣ ва шӯришҳои дохилӣ дар дохили Иттиҳод;
- тақвияти мавқеияти Амрико дар поёни ҷанги сард ба унвони қутби воҳид;
- афзоиши нақши Покистон дар таҳаввулоти Афғонистон;
- интиқоли ноамнӣ ба Осиёи Марказӣ;
- оғози ҷанги дохилӣ бо ангезаҳои қавмӣ, забонӣ ва тамаддунӣ.
Хуруҷи Шӯравӣ дар сатҳи бузург, бахше аз фурӯпошии назми дуқутбӣ буд ва ба тағйири куллии тавозуни қудрати ҷаҳонӣ анҷомид.
Хуруҷи Амрико
- тазъифи эътибори Амрико назди муттаҳидони ғарбӣ ва афкори умумии ҷаҳон;
- афзоиши нақши Чин, Русия ва Эрон дар муодилоти Афғонистон;
- қарор гирифтани Афғонистон дар матни рақобати қудратҳои минтақавӣ ва тағйироти геополитикиӣ;
- тамаркузи стратегии Вашингтон бар рақобат бо Чин дар шарқи Осиё;
- таҷаммӯъ ва ҳузури даҳҳо гурӯҳи ифротӣ дар Афғонистон ва интиқоли ноамнӣ ба Осиёи Марказӣ;
- тазъифи нақши Покистон бар гурӯҳҳои ифротӣ, бахусус дар равобит бо Иморати Толибон, то ҳадди таниш ва таҳдиди мутақобил.
Дарвоқеъ, паёмади ду хуруҷ дар сатҳи низоми байналмилалӣ чунин қобили ҷамъбандӣ аст:
- хуруҷи Шӯравӣ дар чорчӯби фурӯпошии назми дуқутбӣ рух дод;
- хуруҷи Амрико дар шароити гузор ба назми чандқутбӣ ва бозтаърифи рақобатҳои стратегӣ иттифоқ афтод.
- Паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Афғонистон дар натиҷаи ҳар ду хуруҷ
Пас аз хуруҷи Шӯравӣ (1989)
- идомаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ то соли 1992;
- тахриби густардаи Кобул дар ҷангҳои дохилии миёни аҳзоби муҷоҳидин бар асоси манофеи қавмӣ ва сиёсӣ;
- фурӯпошии иқтисоди расмӣ ва густариши фақр ва «ҷазираҳои қудрат»;
- муҳоҷирати васеъ ва густариши иқтисоди ҷангӣ дар чорчӯби қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва инсон.
Буҳрони пас аз 1989 бештар моҳияти «низомӣ–сохторӣ» дошт ва дар бисёре маворид бар асоси рақобатҳои ғайримураттаб ва ҳифзи манофеи гурӯҳӣ шакл гирифт.
Пас аз хуруҷи Амрико (2021)
- вазъи таҳримҳо ва инсидоди дороиҳои хориҷии Афғонистон;
- коҳиши шадиди кӯмакҳои тавсеавӣ ва фирори мағзҳо ва кадрҳои тахассусӣ;
- вобастагии иқтисод ба кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисоти хайрияи кишварҳои исломӣ;
- афзоиши фақр, бекорӣ, гуруснагӣ ва хушксолӣ то ҳадде, ки бархе хонаводаҳои фақир барои бақо ба фурӯши фарзандони худ рӯй оварданд;
- мавҷи ҷадиди муҳоҷирати бесобиқа;
- маҳдудият ё мамнӯъияти таҳсил ва кори бонувон;
- маҳдудсозии фаъолиятҳои сиёсӣ ва мадании мухолифин ва саркӯби онҳо зери унвони мубориза бо «ДОИШ» ё бағоват.
Агарчи ҳар ду хуруҷ буҳронзо буданд, аммо буҳрони пас аз 2021 бештар моҳияти «иқтисодӣ–систематикӣ» ва идеологӣ пайдо кард, ки дар он тамаркузи қудрат ва захоири миллӣ ба шакли мутамарказ идора мешавад.
Дар ҳоле ки буҳрони пас аз 1989 бештар бар сари рақобати низомӣ ва тақсими қудрат миёни гурӯҳҳо буд, буҳрони пас аз 2021 дорои абъоди амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ мебошад.
Агарчӣ ҳар ду хуруҷ буҳронзоянд, аммо буҳрон пас аз 2021 буҳрони қавмӣ ва идеологӣ аст; бештар моҳияти «иқтисодӣ–систематикӣ» ва ҳадафманд дорад, ки дар самти заиф кардан ва ба канор рондани қавмҳои бумии дигар аз қудрат ва сарвати миллӣ мутамарказ аст, дар ҳоле ки буҳрон пас аз 1989 барои ҳифзи манофеи ҳизбҳо ва шахсон буд; бештар «низомӣ–сохторӣ» ва ғайринармӣ ва ғайринармона буд.
7- Хулоса
Муқоисаи ин ду хуруҷ нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳар ду қудрати низомии хоки Афғонистонро тарк карданд, аммо сохтор, ҳадафҳо ва замина ва паёмадҳои онҳо фарқ дошт. Хуруҷи Шӯравӣ дар чаҳорчӯби афоли як абарқудрат ва поёни ҷанги сард рух дод ва ба ҷанги дохилӣ тӯлонӣ анҷомид.
Хуруҷи ИМА дар чаҳорчӯби бозтаърифи афзалиятҳои ҷаҳонӣ ва рақобат бо Чин ва Русия сурат гирифт ва ба фурӯпошии зудҷабҳаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва баргаштани Толибон ба қудрат дар чаҳорчӯби созишномаи Доҳавӣ анҷомид.
Аз назари таҳлилӣ, наметавон якеро пурра «воқеӣ» ва дигареро танҳо «тактикӣ» донист; балки ҳар ду хуруҷ, комбинатсияи назаррас аз омилҳои низомӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ буданд. Тафовути асосӣ дар навъи созиш дар тарзи хуруҷ аст, сатҳи шароити қонунии дохилӣ ва хориҷӣ ва шакли давомдории нуфузи нарм, назоратшуда аз роҳи дур, ҳамроҳ бо васоили нарми пас аз хуруҷ аст.
Бо дарназардошти мазмунҳои боло, ба равшанӣ гуфта метавонем, ки пас аз суқути ҳукумати демократии Афғонистон бо раҳбарии Наҷибулло таъсири нарми раҳбарони Маскав ба Кобул пурра аз байн рафт; ва дар таҳаввулоти дохилӣ нақши онҳо ба сифр наздик шуда буд; аммо пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва ба қудрат расидани толибҳо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсиргузории худро дар таҳаввулоти дохилӣ ва тағйироти қудрат дар минтақа ба шакли нарм, дар чаҳорчӯби кӯмакҳои иқтисодӣ ва табодулоти иттилоотӣ нигоҳ дошт; намунаи равшан он интиқоли ҳафтаинаи пул ва табодули маълумот ва зиндониҳо ва ҳифзи манофеи ҳаётан муҳими ИМА тавассути Аморати Толибон дар Афғонистон аст; мақомҳои Аморати Толибон дар чаҳорчӯби созишномаи Давҳа, бахусус бахшҳои пинҳонии он, дар ҳифзи манофеи ҳаётан муҳими ИМА дар кишвар бо масъулият ва боварманд мебошанд.
Пас метавон хуруҷи нерӯҳои Артиши Сурх Шӯравиро аз Афғонистон як хуруҷи воқеӣ гуфт; ва пирӯзии муҷоҳидонро як пирӯзии таърихӣ ва сазовори ифтихор тавсиф кард; дар ҳоле ки хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон як хуруҷи мукаммал гуфта наметавонем; зеро мақомҳои ИМА ба таҳаввулоти дохилӣ аз роҳи дур бо васоили нарм ва сахт таъсиргузоранд; пас пирӯзии Толибон барои ИМА як пирӯзии сунъӣ ва сохтагӣ аст; ва худи созишномаи Давҳа ва интиқоли ҳафтаинаи пул ба мақомҳои толиб ва табодули маълумот, махсусан ҳузури баъзани Халилзод дар Кобул; шаҳодати ишғоли пинҳонии кишвари азизамон Афғонистон тавассути Аморати Толиб бо таъсири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Дар поён, ҳар ду таҷриба нишон медиҳад, ки хуруҷи қудратҳои бузург, бе эҷоди иҷмои сиёсии дохилӣ ва сохтори устувори ҳокимият, махсусан бе тақсими қудрат ба шакли баробар ва адолатманд байни қавмҳои гуногуни кишвар ва ҳамчунин бе фароҳам сохтани заминаи иштирокии фаъолонаи гуруҳҳои гуногуни қавмӣ ва сиёсӣ дар равандҳои сиёсӣ, амниятӣ ва ҳокимият, на танҳо дар кишвар суботи устувор ва амнияти доимӣ ва иқтисоди қобили қабул ба вуҷуд намеояд, балки марҳилаи нав аз бебаҳрамандии сохторӣ ва ҷанги дохилӣ ниҳоятан ба шикасти байниқавмӣ ва боварии сиёсии иҷтимоӣ дар Афғонистон меанҷомад.