Афсонаҳо ва воқеиятҳое перомуни Давлати исломии вилояти Хуросон (ДОИШ-и шохаи Хуросон).
Нависанда: Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раёсатиҷумҳурии асбақ, махсус барои “Сангар”
Баргардон аз форсӣ: Фирдавси Низом
1 - Решаҳои шаклгирии Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон умдатан ба фирори чанд гурӯҳи шӯришӣ аз минтақаи Урукзай дар Хайбар Пахтунхваи Покистон ба вилояти Нангарҳори Афғонистон, дар авохири соли 2014 бармегардад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин гурӯҳҳои шӯришӣ тавассути нерӯҳои низомии Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд ё тайи як тафоҳуми пинҳонӣ ва мутобиқ бо сиёсати деринаи Исломобод барои берун рондани ситезаҷӯён ба хоки Афғонистон, ба онҳо иҷозаи убури амн ба ин кишвар дода шудааст. Дар Афғонистон бар асоси хешовандӣ ва бидуни дар назар гирифтани мулоҳизоти идеологӣ, ба ин шӯришиён тавассути қабоили Нангарҳор дар ғарби Хатти Дюранд, тибқи ахлоқи паштунволӣ ва то ҳудуде барои ҷуброни меҳмоннавозӣ, ки урукзайҳо дар ҷараёни ҷиҳоди зидди Шӯравӣ дар даҳаи 1980 ба шаҳрвандони Афғонистон дода буданд, паноҳ дода шуд. Чанд моҳ баъд, замоне, ки раҳбарони шӯришӣ бо мақарри ДОИШ дар Сурия иртибот барқарор карданд, авзоъ тағйир кард. Тайи чанд моҳ, гурӯҳҳои ёғии маҳруми урукзаӣ, 800 ҳазор доллар кӯмаки молӣ дарёфт карданд, таърихи дақиқи аввалин интиқоли кӯмаки нақдӣ мушаххас нест, аммо ин интиқол тавассути нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида/НАТО, пайдо ва тавқиф шуд. Ба назар мерасад, ки барқарории иртиботи шӯришиёни урукзай бо мақарри ДОИШ ҳамзамон бо тасмими ДОИШ барои эҷоди шохаи вилояти Хуросони ин гурӯҳ будааст.
2 - Дар чанд моҳ аз солҳои 2015 ва авоили 2016, ДОИШ-и шохаи Хуросон аз ҳамла ба нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон худдорӣ кард, ки боис шуд мардуми маҳаллӣ онҳоро “террористҳои хуб” биноманд. Бо ин ҳол, ин оромиши қабл аз тӯфон ба зудӣ ба поён расид ва нооромиҳои амниятӣ оғоз шуд. Ин гурӯҳ пас аз бомбагузорӣ дар як масҷид, парчами урукзаии худро поин кашида ва парчами сиёҳи гурӯҳи ДОИШ-ро барафроштанд. Зуҳури ДОИШ-и шохаи Хуросон дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, коршиносони зидди терроризмро ғофилгир кард, ки мӯътақид буданд «тамкин»-и ДОИШ, қаламрави таҳти ҳукумат - (ҷомеае, ки ба итоат аз онҳо гардан фурӯ ниҳода) - танҳо дар манотиқе бо аксарияти салафӣ қобил таъсис аст. Дар ҳоле, ки ин минтақаи хосс, ҳеҷ саканаи салафӣ надоштааст.
3 - То поёни соли 2015 қарордоди Шабакаи Ҳаққонӣ барои эъзоми муздурон ба ҷанги Сурия дар ҳимоят аз гурӯҳи ДОИШ ба поён расид ва бархе аз бозгаштагони он қарордоди маъмурияти ҷанги Сурия, ба ДОИШ-и шохаи Хуросон дар Нангарҳор пайвастанд, то аҳдофи худро дар соҳоти маҳаллӣ думбол кунанд. Дар ин марҳала, шахсе машкук ва мубҳам ба номи “Муслимдӯст”, ҷиҳодии собиқ, ки муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир буд ва ба муддати 30 сол маҳкум ба зиндон хонда шуда буд, бидуни ҳеҷ тавзеҳе аз зиндони Карочӣ тавассути Созмони иттилооти низомии Покистон (ISI) озод шуд ва ба таври мармузе, раҳбарии ДОИШ-и шохаи Хуросонро бар уҳда гирифт. “Муслимдӯст” баъдан ба Толибон пайваст ва ин гумоназаниро тақвият кард, ки ДОИШ-и шохаи Хуросони аввалия, бештар як тӯъма буда то як шохаи воқеӣ аз гурӯҳи аслии ДОИШ. Табдил шудани ДОИШ-и шохаи Хуросон аз ҷаълӣ ба воқеӣ пас аз аввалин кӯмаки молӣ аз Абубакр Албағдодӣ шиддат гирифт. Ин кӯмаки молӣ аз мақарри ДОИШ ба Нангарҳор калон далеле буд, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ва маъмурияти ҳимояти қотеъ, назорати ҷидии худро бар ин гурӯҳ оғоз бикунанд.
4 - Аз ҳамон мароҳили аввалияи зуҳури ДОИШ-и шохаи Хуросон, раҳбарони ҷомеа/фирқаи салафии Афғонистон бо давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон барои эҷоди мафҳуме барои муқовимати идеологӣ алайҳи ДОИШ-и Хуросон тамос гирифтанд. Онҳо нигарони фаъолиятҳои гурӯҳи ДОИШ зери номи фирқаи салафӣ ва нигарони шӯҳрату ҷойгоҳи худ дар ҷомеа буданд. Салафиҳо мехостанд фирқаи худро аз иттиҳомоти иртибот бо терроризм ва ҷинояткорон ҳифз кунанд. Ин пешниҳод ба далели мавҷудияти ибҳом ва суитафоҳумҳои калон дар мавриди салафият дар Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифт ва давлати вақти Афғонистон, эҷод ва ҳузури нерӯи низомӣ-салафиро хатарнок медонист. Дар иваз давлати раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ “қиёмҳои қабилаӣ” алайҳи ДОИШ-ро дар Нангарҳор эҷод кард, ки ҳам дар решакан кардани ин гурӯҳ ва ҳам дар маҳори Толибон муассир воқеъ шуд. Аз он ҷое, ки Толибон ба танҳоӣ қодир ба мубориза бо ДОИШ-и шохаи Хуросон набуданд, ба навъе қиёмҳои қабилаҳои зидди ДОИШ-ро, ки баъдан ба бахше аз нерӯҳои қарордодии Амнияти миллии Афғонистон табдил шуданд, барҳам назаданд. Агарчи ҳама раҳбарони ДОИШ-и шохаи Хуросони кунунӣ салафӣ ҳастанд ва ё ҳам тамоюлоти салафӣ доранд, аммо ҷомеаи салафии аслии Афғонистон ҳаргиз дар ҳимоят аз ДОИШ-и шохаи Хуросон вориди амал нашуданд. Пас аз ишғоли Афғонистон дар августи соли 2021, Толибон садҳо тан аз раҳбарони салафиро, ба вижа дар манотиқе аз вилояти Нангарҳор ба иттиҳом ҷосусӣ барои давлати бадбахти ҷумҳурӣ ва адами ҳимоят аз Толибон, қатли ом карданд. Корзори эъдом ва куштори салафиҳо дар Нангарҳор, тавассути доктар Башир, раиси амнияти миллии Нангарҳор анҷом шуд, ки иддао мешавад аъзои хонаводаи худро дар даргирӣ бо гурӯҳи аввалия ДОИШ-и шохаи Хуросон аз даст додааст.
5 - Шоеоти пароканда дар ҷомеа бо мантиқи қавӣ ва бо ҳаҷми зиёде аз шавоҳид ва қароине пахш шуд, ки нерӯҳои низомии Амрико/CIA набард байни ДОИШ ва Толибонро тасҳил мекарда ва гоҳе авқот пӯшиши ҳавоиро ба нафъи гурӯҳҳои Толибон барои тасбити бунбаст байни ин ду гурӯҳ низ фароҳам месохтанд. Генералҳои нерӯҳои низомии Амрико ин иддаоро бо гуфтани ин ки “шояд Толибон аз корзори ҳавоии мо алайҳи ДОИШ-и Хуросон ба унвони роҳдории ройгон баҳраманд шудаанд, аммо ин амр ҳамоҳанг нашуда буд” рад карданд. Раҳбари кунунии ДОИШ-и шохаи Хуросон дар он замон узви Шабакаи Ҳаққонӣ буд ва аз қабл чандин амалиёти маргбори намоиширо дар манотиқе аз Кобул ба намояндагӣ аз Шабакаи Ҳаққонӣ анҷом дода буд. Ин ҳанӯз як саволи доғ аст, ки чаро нерӯҳои низомии Амрико бо вуҷуди доштани қудрати низомӣ ва иттилоотии азим дар минтақа ва ҳимояти ҷавомеи маҳаллӣ дар он ҷо, ҳаргиз намехостанд ҳеҷ як аз ин ду гурӯҳ (Толибон ва ДОИШ-и шохаи Хуросон)-ро аз байн бубаранд. Истифода аз “Модари ҳама бомбаҳо” (MOAB) дар 3 апрели соли 2017 бар яке аз мағораҳои фармондеҳии иддаоии ДОИШ-и шохаи Хуросон, тасмими аҳмақона буд, ки бидуни фалаҷ кардани тавоноиҳои ДОИШ, баракс ҷойгоҳи онро боло бурд. Ҳамчунин ба ДОИШ-и шохаи Хуросон далоили бештаре барои дархости кӯмакҳои бештар аз мақарри аслии ДОИШ дод. Бо далоили қаноатбахшӣ, эътиқод бар ин аст, ки ҳадафи ин ҳамлаи заиф, бештар озмоиши асарбахшии бомба будааст, то нобудии мағораи фармондеҳии ДОИШ-и шохаи Хуросон. Албатта, ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ касе дар он ҳамла кушта шудааст. Ҳеҷ фарди маҳаллие дар ин ҳамла кушта нашуд ва ҳаргиз як баёнияи қатъӣ ё гузориши дақиқе аз ин ҳамла ба нашр нарасид.
6 – “Умри муфид”-и раҳбарон ДОИШ-и шохаи Хуросон бисёр кӯтоҳ аст, ба истиснои раҳбари феълии ин гурӯҳ, ки ба лутфи доштани маҳоратҳои фардӣ ва авомили мутааддид муртабит бо муҳити стратегӣ, аз миёнгин 18 моҳ бештар умр кардааст. Пас аз барканории Муслимдӯст, ки як ҷиҳодии ғайритолибонӣ аз ҳизби ҷиҳодии «Иттиҳоди исломӣ» буд, ҳама раҳбарони ДОИШ-и шохаи Хуросон, ё аъзои собиқи Толибони Афғонистон буданд ё аъзои собиқи Таҳрики Толибони Покистон. Пеш аз зуҳури Саноулло, ки бо номи мустаори «Шаҳоб Алмуҳоҷир» низ шинохта мешавад, Амнияти миллии давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Аслам Форуқӣ, барҷастатарин раҳбари ДОИШ-и шохаи Хуросони ин гурӯҳро аз замони таъсиси он, дар Қандаҳор зинда дастгир кард. Ӯ дар соли 2021 бо вуруди Толибон ба Кобул аз зиндон озод шуд. Озодии Аслам Форуқӣ яке аз боризтарин намунаҳоест, ки чӣ гуна ҷараёни аслии Толибон гоҳе авқот ба далели равобити таърихӣ байни ин ду гурӯҳ, ДОИШ-и Хуросонро дасти кам гирифтанд ё ҳузури онҳоро пинҳон карданд. Ба истиснои Муслимдӯст ва раҳбари феълӣ, ҳама раҳбарони қаблии ДОИШ-и шохаи Хуросон дорои эътибори мазҳабии маҳкаме буданд. Саноулло маъруф ба Шаҳоб Алмуҳоҷир низ аз қабоили паштунҳои носирӣ дар минтақаи Шакардара дар шимоли Кобул аст, фарде, ки аз донишкадаи муҳандисӣ инсироф дода, ибтидо бо яке аз бастагони дур ва сипас бо духтари яке аз хонаводаҳои салафии вилояти Бадахшон издивоҷ кардааст.
7 - ДОИШ-и шохаи Хуросон аз истилоҳот ва адабиёти хоси худ, монанди “тамкин” ба маънои минтақаи таҳти ҳокимият, “катиба” ба маънои воҳиди низомӣ, “иғмосӣ” ба маънои бомбагузори интиҳорӣ, ки ибтидо бо силоҳ меҷангад ва сипас ҷалиқаи худро мунфаҷир мекунад, “Лаҷнаи шаръӣ” ба маънои шӯро ё кумитаи марказӣ, ки аз лиҳози назарӣ болотарин марҷаи тасмимгирӣ аст, истифода мекунад. ДОИШ ба таври куллӣ, замон ва манобеи қобили таваҷҷуҳеро сарфи тавҷеҳи сиёсатҳои зиддишиъаи худ, нодида гирифтани давлатҳои машрӯъ ва қонунӣ, муаррифии Алқоида ба унвони муттаҳиди Эрони шиа ва муттаҳам сохтани Толибон ба муздурӣ барои “ниҳодҳои куфрӣ” мекунад. Онҳо барои барпоии “хилофат” бар асоси таолими ибни Таймия, яке аз сахтгиртарин муҳаддисони ислом бо камтарин пайрав, бо мушкили мувоҷеҳ ҳастанд. Бо ин ҳол, барномаҳои омӯзишӣ барои нерӯҳои интиҳории Толибон, дақиқан бо ДОИШ яксон аст. Мӯҳтавои яксон тавассути мураббиёни мухталиф ба нерӯҳои террористӣ омӯзиш дода мешавад, яке зери парчами сафед ва дигаре зери парчами сиёҳ.
8 - Дар солҳои қабл аз ба қудрат расидани Толибон, ҳудуди 15 катибаи ДОИШ-и Хуросон тавассути нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон бо ҳамкории нерӯҳои низомии Амрико ва шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти CIA саркӯб шуданд. Бар асоси иттилоот, ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир чаҳор катиба дорад, ки дутои онҳо ба таври мустақим тавассути худи фарди Саноулло раҳбарӣ мешаванд. Ин ду катиба, “иғмосӣ” ва “истишҳодӣ” ном доранд (“иғмосӣ” барои бомбагузорони интиҳорӣ бо силоҳу ҷалиқа ва “истишҳодӣ” фақат барои бомбагузорони интиҳорӣ бо ҷалиқа ҳастанд).
9 - Дар моҳҳои нахустини соли 2023, ДОИШ-и шохаи Хуросон ба далели камбуди манобеи молӣ, амалиёти худро бо кундӣ ба пеш бурд. Аммо дар нимаи дувуми соли 2023, ин гурӯҳ маблағи қобили таваҷҷуҳеро аз “манобеъи хориҷӣ” дарёфт карданд, ки ҳудуди ду миллион доллар гузориш шудааст. Ин маблағ байни фармондеҳони мухталиф ва зершохаҳо (катибаҳои фаръӣ)-и мустақар дар Афғонистон тавзеъ шуд. Илова бар “кӯмакҳои хориҷӣ”, ДОИШ-и шохаи Хуросон манобеъи даромадзои дигареро низ дорад, ки аз он ҷумла молиёт бар тиҷорати чӯб дар вилояти Кунар, аххозӣ, боҷгирӣ аз тиҷоратҳо ва бархе кӯмакҳои молӣ аз афроди сарватманди ҳамдил ё таҳдидшуда аз сӯи ин гурӯҳ аст. Дар соли 2023 кӯмакҳои молӣ аз Қандаҳор дар садри феҳрист қарор гирифт, аммо ҳамчунон дар муқоиса бо даромади ҳосил аз тиҷорати чӯб ва кӯмакҳои хориҷӣ, ночиз буд.
10 - Шӯрои марказии ДОИШ-и шохаи Хуросон ё “Лаҷнаи шаръӣ” то хазони соли 2023, 23 узв дошт, ки аксар онҳо аз манотиқи қабилаи Боҷавури Аёлати Хайбар Пахтунхва, вилоёти Кунар, Кундуз, Кобул ва Ҳироти Афғонистон буданд. Нуктае қобили таваҷҷуҳ ва гиҷкунанда ин аст, ки танҳо узви “Лаҷнаи шаръӣ” аз вилояти Бадахшон, ҷое, ки ҷомеаи салафии қобили таваҷҷуҳе вуҷуд дорад, фарде ба номи “Муовия Бадахшонӣ” аст, ки фориғултаҳсили яке аз донишгоҳҳои Лоҳур, мутааҳҳил ба як зани покистонӣ ва узви собиқадори “Лашкари Тайиба” аст. Лашкари Тайиба як созмони бисёр муназзам аст, ки ба унвони як воҳиди ғайрирасмии артиши Покистон шинохта мешавад. Муовия як узви бо қобилияти баладият ба чанд забон дар “Ланҷаи шаръӣ”-и ДОИШ-и шохаи Хуросон шинохта мешавад.
11 - Бахши таблиғотии ДОИШ-и шохаи Хуросон, муассиртарин ва муҷаҳҳазтарин бахши ин гурӯҳ, тавассути Султон Азиз Аъзам, фориғултаҳсили риштаи рӯзноманигорӣ аз вилояти Нангарҳор, раҳбарӣ мешавад. Ӯ суханрони пуршӯрест ва пеш аз он ки ба иртибот бо ДОИШ-и Хуросон машкук шинохта шавад, дар як радиои маҳаллӣ кор мекард. Бо вуҷуди гузоришҳои мутаноқиз дар мавриди Аъзам, ӯ акнун дувумин фарди қудратманд дар сохтори ДОИШ-и шохаи Хуросон ба шумор меравад. Гумон меравад, ки нақшҳои мутааддиди ӯ шомили барномарезӣ барои бомбагузориҳои шаҳрӣ ва амалиётҳои печида низ бошад. Бар асоси иттилооти бадастомада аз тарафдорони ДОИШ-и шохаи Хуросон, Аъзам дар соли 2023 дар шаҳри Карочии Покистон дида шудааст. Ҷое, ки бо хонаводаи худ бо номи мустаор зиндагӣ мекард. Густариши қобили таваҷҷуҳи ҳавзаи равобити умумии фаъолиятҳои ДОИШ-и шохаи Хуросон, бо роҳандози таблиғот ба забони форсӣ бо як баргаи хоси таблиғотӣ барои мардуми Панҷшер оғоз шуд, ки онҳоро ба пайвастан ба ДОИШ-и шохаи Хуросон ва интиқом гирифтан аз Толибон ташвиқ мекард. Ин гурӯҳ ҳамчунон бо талош барои бузургнамои шигофи ҳинду мусулмон ва муаррифии худ ба унвони нерӯе барои интиқом аз қудратмандон, мухотибони бештареро дар шибҳиқора, ҷалб кардаанд. Як баргаи таблиғотии пурҳаҷм ва такрории ДОИШ Хуросон таҳти унвон “Говпарастон – чӣ гуна бар густохии ҳиндуҳо пирӯз шавем?” стратегияи ин гурӯҳро алайҳи Ҳинд тарсим мекунад.
12 - Толибон барои ҷалби кӯмак ва ҳамчунон таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ ва Эрон, дар намоиши таассуб бар зидди ДОИШ-и шохаи Хуросон, иғроқ мекунанд. Танҳо фарди муҳими “Лаҷнаи шаръӣ”, ки Толибон ӯро куштанд, мулло Фотеҳи Кунарӣ, маъруф ба “фармондеҳ Қорӣ Куффор” буд. Ӯ дар шимоли Кобул дар даргирӣ бо Толибон дар хонаи амни худ кушта шуд. Воқеияти муваффақиятҳои ҷанги зидди ДОИШи Толибон камтар аз 10 дарсад аз иқдомоте аст, ки давлати Ҷумҳури исломии Афғонистон пеш аз ин анҷом медод. Ҳеҷ катибае аз ДОИШ-и шохаи Хуросон тавассути Толибон ба таври комил саркӯб нашудааст. Дастовардҳои таблиғотии Толибон умдатан шомили ҳадаф қарор додани аъзои инфиродии ДОИШ-и шохаи Хуросон аст. Гарчи ҳеҷ саҳмияи кадр ва меъёре барои катибаҳо вуҷуд надорад, аммо тибқи асноди бойгонии Раёсати амнияти миллии давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҳадди ақал теъдоди лозим барои ҳар катиба, 20 нафар аст.
13 - Чандин омил боис мешавад муборизаи Толибон алайҳи ДОИШ-и Хуросон душвор ва ҳатто ғайримумкин бошад. Ин авомил иборатанд аз:
А) Бисёре аз раҳбарони ДОИШ-и шохаи Хуросон, аз ҷумла раҳбари феълии ин гурӯҳ, дар гузашта ва дар бурҳае аз замон узви гурӯҳи террористии Толибон будаанд. Чунин пешинае ба кадрҳои ДОИШ-и шохаи Хуросон қудрат медиҳад, то зирактар аз руфақои собиқи худ амал кунанд ва аз токтикҳои муштарак барои муҳофизат ва фирор баҳра бубаранд.
Б) Ҳазорон нафар аз аъзои Толибон бо зиндонёни ДОИШ-и шохаи Хуросон дар зиндонҳои давлати Ҷумҳурии исломӣ ҳамсулул (ҳамкамера, ҳамутоқ) будаанд. Дар зери як сақф, бархе аз аъзои ДОИШ-и Хуросон толиб шудаанд ва бархе аз Толибон ба ДОИШ-и Хуросон пайвастаанд. Ин ибҳом ва омехтагӣ, фазои бисёр зиёде барои манёври ДОИШ-и Хуросон эҷод мекунад. Тибқи гузоришҳо, Шаҳоб Алмуҳоҷир гуфтааст, ки 15000 ҳамдил ва ҳамкор дар даруни Толибон дорад, ки ба сурати так ба так барои анҷоми амалиётҳои хос ва то замони муносиб барои як “кудатои низомӣ”-и дохилӣ ва истифода аз ҳамаи онҳо, ин нерӯҳо басиҷ хоҳанд шуд.
14 - Зуҳури Саноулло мулаққаб ба Шаҳоб Алмуҳоҷир дар раҳбарии ДОИШ-и шохаи Хуросон ба нақши иддаоии ӯ дар бомбагузории фурудгоҳи Кобул дар наздикии “дарвозаи Аббей” муртабит дониста мешавад, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 250 нафар, аз ҷумла 13 сарбози амрикоӣ дар августи 2021 шуд. Бераҳмӣ, қасоват ва ваҳшигарӣ ӯро дар нардбони раҳбарӣ боло бурд, на ҳуш ё эътибороти мазҳабӣ ва таҳсилӣ. Эътибороти мазҳабӣ ва илмии ӯ ҳамеша тавассути аъзои бособиқатар ва мазҳабитари “Лаҷнаи шаръӣ” ба чолиш кашида мешавад. Кашмакашҳои дохилӣ бар сари ин ки чӣ касе шоистаи раҳбарӣ аст, тайи чандин моҳ дар соли 2023 боиси рукуди ДОИШ-и шохаи Хуросон ва ихтилоф дар дохили ин гурӯҳ шуд, то ин ки дар як ҷаласаи “шӯро” дар вилояти Нуристони Афғонистон бар ихтилофот ғалаба карданд. Дақиқан дар ҳамин замон буд, ки бархе ҳисобҳои ҳомии Толибон ва покистониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи кушта шудани Саноулло машҳур ба Шаҳоб Алмуҳоҷир гумоназанӣ карданд. Гуфта мешавад, аъзои “Лаҷнаи шаръӣ” баҳсҳои тунду амиқе бо ӯ доштанд, ки зери унвони “даргирии мусаллаҳона” дар ҳисобҳои Толибон ва покистониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иғроқомез ҷилва дода шуд. Раҳбари ДОИШ-и шохаи Хуросон қасди барканории “Муовияи Бадахшонӣ” аз “Лаҷнаи шаръӣ”-ро дошт, аммо натавонист ҳимояти кофӣ барои ин корро ба даст оварад. Бар асоси охирин иттилооти ба даст омада, пас аз охирин нишасти “Лаҷнаи шаръӣ” дар Нуристон, Муовия дубора ба Лоҳур бозгаштааст.
15 - Мавҷудияти силсилаӣ аз равобити муомилотӣ низ байни Толибон ва ДОИШ-и шохаи Хуросон мустанад шудааст. Мулло Ҷавод Тоҷмир, муовини Раёсати умумии амнияти Толибон, ки барои беш аз ду даҳа дар Пешовари Покистон мустақар буд ва ҳамалоти террористиро дар Кобул созмондеҳӣ мекард, бо муваффақият бархе аз корҳои “касиф”-ро дар изои маболиғи ҳангуфт ва муҳофизати мавридӣ ба ДОИШ-и шохаи Хуросон муҳаввал/бурунсупорӣ кардааст. Ба унвони мисол, Мавлавӣ Сафиулло, раиси пулиси Толибон дар вилояти Бағлон, аз толибони барҷастаи Бадахшон буд, ки норозӣ шуда ва аланан дар Кобул бо ҳамразмони бадахшонии худ, аз шахсият ва рафтори нижодпарастонаи идораи Толибон интиқод кард. Мулло Ҷавод Тоҷмир аз ин мавзӯъ ва иртиботи ӯ бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мутталеъ шуд. Мавлавӣ Сафиулло, як толиби бадхшии шуҷоъ, аммо бебок, ки ҷойгоҳу вобастагии худ ба Толибонро барои дар амон мондан аз интиқоми ин гурӯҳ, беш аз ҳад тасаввур карда буд, дар асари инфиҷори як бомбаи ҷосозишуда дар мутараш тавассути афроди қарордодии ДОИШ-и шохаи Хуросон, ки тавассути Мулло Тоҷмир ҳимоят ва ҳидоят мешуданд, кушта шуд. Ин танҳо яке аз мавориди мустанад дар соли 2023 аст. Ҳамаи ҷанбаҳои ин парванда, пайдо ва мустанад шудаанд.
16 - Катибаҳо ё воҳидҳои амалиётии ДОИШ-и шохаи Хуросон аз асли “муҷаззосозӣ” пайравӣ мекунанд ва бар асоси ниёзу заруратҳои амалиётии таърифшуда бо якдигар таомул доранд. Барномаи омӯзиши “тиҷорат”-и ДОИШ-и шохаи Хуросон, шабеҳ ба сервисҳои иттилоотии кишварҳои модерн аст. Онҳо ба нерӯҳои худ рафторҳо ва токтикҳои муқобила бо бозҷӯиро омӯзиш медиҳанд. Аъзои ДОИШ-и шохаи Хуросон умдатан аз Телеграм ва Сигнал барои иртибототи худ истифода мекунанд ва дар истифода аз Вотсоп иҷтиноб меварзанд. Агар як узви амалиётӣ аз як катиба дастгир шавад, ҳеҷ сарнахе аз макону ҳувияти дигар катибаҳо нахоҳад дошт. Ин муҷаззосозӣ ба ДОИШ-и шохаи Хуросон кӯмак кардааст, то бо вуҷуди талафоти мудовим фаъол боқӣ бимонад. Ин пурсиш вуҷуд дорад, ки оё худи Шаҳоб Алмуҳоҷир бар кулли шабакаҳои ДОИШ-и шохаи Хуросон назорат дорад ё ҳар катибае мустақил аст? Посух ба ин пурсиш, то ҳанӯз ба сони як роз боқӣ мондааст. Танҳо бахше, ки бо ҳамаи катибаҳо иртибот дорад, бахши расонаӣ аст, ки тавассути Султон Азиз Аъзам, рӯзноманигори собиқ ва террористи феълӣ, идора мешавад.
17 - Ҳамлаи ваҳшиёнае, ки дар 22 март дар Маскав рух дод, ибтидо ба ДОИШ нисбат дода шуд ва сипас тавассути веб-сайти “Аъмоқ”-и ДОИШ ба ӯҳда гирифта шуд. Ин ҳамла ба таври қатъ дар бештар ҷавомеъ ва сохторҳои давлатӣ, ин пурсишро эҷод кардааст, ки чӣ гуна ин гурӯҳи террористӣ “афроди хориҷӣ”, бавежа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ҷазб мекунанд? ДОИШ як созмон террористӣ бо огоҳии боло аз фанноварӣ аст. Онҳо бо нуфуз ба гурӯҳҳои чат, ҳисобҳои корбарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва шиносоии ҷавонони осебпазир, ноором ва парешон, онҳоро ҷазб мекунанд. Ҳамчунон бояд ба хотир дошта бошем, ки ДОИШ як созмони барои анҷоми қатлҳои қарордодӣ низ ҳаст. Онҳо барномаҳои омӯзишии мутафовите доранд, ки барои дастаҳои мухталиф аз афроди ҷазбшуда, тарроҳӣ шудааст. Ба назар мерасад, афроде, ки дар Маскав истифода шуданд, бештар дар гурӯҳи “якбормасраф” қарор мегиранд. Ин навъ афрод барои як маъмурияти интиҳорӣ ҷазб мешаванд ва бадеҳист, ки чунин афроде ду навъ дарсро барои ҷиҳатёбӣ ва омӯзиши анҷоми ҳамалот дарёфт мекунанд, ки бо як суханронии ангезишии онлайн шурӯъ мешавад ва ба ҷаласоти ҳузурӣ хатм мешавад - аммо ҷаласоти ҳузурӣ ҳамеша зарурӣ нестанд. Агар фарде бо истифода аз силоҳу маводи мунфаҷира ошноӣ надошта бошад, ӯро барои омӯзиш ба хонаҳои амни худ дар ҷое дар дохили Афғонистон даъват мекунанд. Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон дар ҳоли ҳозир амнтарин макон барои инчунин омӯзишҳо аст.
18 - Аз авосити соли 2023, Раёсати истихбороти Толибон, як воҳиди ҷаълии ҷалбу ҷазбро ба номи ДОИШи шохаи Хуросон эҷод кардааст, ки ҷавонони кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ва коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русияро аз тариқи Туркияву Эрон ба Кобул ҷазб мекунад. Ин воҳид худро ДОИШи шохаи Хуросон ҷо мезанад; Аммо дарвоқеъ як доми истихборотии гурӯҳи Толибон аст. Истихбороти гурӯҳи Толибон ба номи ДОИШи шохаи Хуросон, ҳазинаи сафари ин афродро пардохт мекунад. Ҳангоме, ки ба Кобул мерасанд, бархе аз ин тозаворидон ба унвони як достони дурӯғин, аммо муваффақи Толибон ва титри ҷанҷолии расонаие, ки гӯё “Толибон ба унвони як гурӯҳи хуб, ба таври муассир алайҳи ДОИШи шохаи Хуросон мубориза мекунанд”, дастгир мешаванд. Баъдтар аммо Толибон ин зиндониёнро ба кишварҳои аслиашон таҳвил медиҳанд. Тими иттилоотии “Раванди сабзи Афғонистон” номи бисёре аз ин афроди бадбахтро дар ихтиёр дорад, ки дар силулҳои боздошти Толибон ба сар мебаранд. Толибон, ин ба истилоҳ “дастовард”-ро ба сервисҳои иттилоотии хориҷӣ ироа медиҳанд, то равобити иттилоотӣ бо онҳоро барқарор карда ва таҳким бахшанд. Аммо ҳамаи он зиндониён ва оморҳои воқеӣ ба сервисҳои иттилоотии хориҷӣ, фурӯхта намешаванд; Бархе аз онҳо омӯзиши силоҳ ва маводи мунфаҷира мебинанд ва барои маъмуриятҳои вежа бо номи ДОИШи шохаи Хуросон эъзом мешаванд. Ин барномаи хатарнок аст ва то кунун таровишҳо ва резишҳои бисёре доштааст.
Илова бар равиши фиреб, бархе аз масоҷид ва мадориси хос дар шимоли Афғонистон, хутбаҳо ва суханрониҳоеро барои мухотибони Осиёи Марказӣ ва коргарони муҳоҷир дар Русия баргузор мекунанд. Ин мадорису масоҷид шумораи вотсапи худро дар веб-сайтҳояшон таблиғ мекунанд ва шунавандагону боздидкунандагонро барои таомул ва куниш даъват мекунанд. Афроде, ки аз миёни мухотибон алоқа нишон медиҳанд, баъдтар ба барномаҳои мухталифи дигар муаррифӣ мешаванд. Дар бархе маворид, ин масоҷиду мадорис аз мухотибони худ даъват мекунанд то аз роҳи дур сӯҳбат кунанд ва ҳамчунон қабл аз намози ҷумъа барои аҳли ҷамоат дар масоҷид низ суханронӣ дошта бошанд. Чунин фурсате боиси сархушии довталабон ва мушаввиқи онҳо ба идомаи ин робита мешавад. Бархе аз онҳо дар ниҳоят ба доми гурӯҳи Толибон меафтанд. Ба иштирок гузоштани сархӯрдгиҳо таҳти ҳокимияти давлатҳои қонунии секулор, ё сахтии кор ва муҳоҷират дар хориҷ аз кишвар, аз мавзӯъоти роиҷ барои ҷазби осони довталабон аст. Сатҳи болои сархӯрдагӣ, нишондиҳандаи осебпазирии довталаб ва табдил шудани ӯ ба кондидои муносиб барои бадал шудан ба як террористи тамомаёр аст.
19 - Тим иттилоотии “Раванди сабзи Афғонистон” профилҳои ҳудуди 575 нафар аз омилони ДОИШ-и шохаи Хуросон дар манотиқи мухталифи Афғонистонро таҳия кардааст. Ҳамаи ин афрод тозаворид ҳастанд ва ҳеҷ кадом аз зиндониёни даврони ҷумҳурӣ, ки тавассути Толибон озод шудаанд, дар миёни онҳо нест. Аз ин миён, 495 нафар (86.1 дарсад) аз ин террористҳо, шаҳрвандони Афғонистон, 71 нафар (12.3 дарсад) покистонӣ, 4 нафар (0.7 дарсад) ироқӣ, 4 нафар (0.7 дарсад) сурӣ ва як нафар ҳам яманӣ ҳастанд. Аз 495 шаҳрванди Афғонистон, қавмияти 238 нафар (48.9 дарсад) ношинохта аст, 249 нафар (43.3 дарсад) паштун, 31 нафар (5.4 дарсад) тоҷик, 11 нафар (1.9 дарсад) нуристонӣ ва 0.5 дарсад ӯзбек ҳастанд. Иттилоот ва биографияи ҳар фарди мушаххасшуда назди тими иттилоотии «Раванди сабзи Афғонистон» мавҷуд аст.
20 - Як ҷузваи таблиғотии панҷоҳсафҳаии гурӯҳи ДОИШ, умдатан ба далоили тафовути дидгоҳи стратегӣ ва ҷаҳонии ин гурӯҳ бо Алқоида мепардозад. Ин санад, ки ба маънои воқеии калима бо унвони “Хиёнат дар иттиҳод” аст, ба замоне ишора мекунад, ки ДОИШ-и шохаи Хуросон тасмим гирифт дар замони Абубакр Албағдодӣ ва пас аз он ба “Алқоидаи муҳосирашуда ва заифшуда” дар Ироқу Сурия кӯмак кунад. Баёнияи ДОИШ иддао мекунад, ки Алқоида натавониста худро аз манофеи Эрони шиа ҷудо кунад ва ба мубориза барои ормони поки барпоии “хилофат” бипайвандад ва ба ҳамин далел иттиҳоди онҳо давоми чандоне надоштааст. Бар асоси ин санад, ки умдатан барои истифодаи дохилии ин гурӯҳ мунташир шудааст, авоқиби фурӯпошии ин иттиҳодияи сангин буд, ба далели он ки аъзои норозии Алқоида корзореро барои интиқомгирӣ аз ДОИШ оғоз карданд ва бо сервисҳои иттилоотии “давлатҳои кофиру муртад” ҳамкорӣ карданд. Санади мазкур панҷараеро ба рӯй пӯёиҳои дохилӣ байни созмонҳои террористии мухталиф боз мекунад. Дар ҳоле ки аъзои поинрутбаи ин созмонҳо мумкин аст, барои ғалаба бар рукуду сархӯрдагӣ, тарафи худро иваз кунанд, аммо раҳбарони онҳо бо якдигар оштинопазир ҳастанд. Тафриқа ва ихтилофҳое, ки байни онҳо эҷод шудааст, умдатан тавассути сервисҳои иттилоотии қудратманд ба далоили геостратегӣ ва геополотикӣ кошта шудаанд. Дар натиҷаи кори хуб ва муназзами чунин сервисҳои иттилоотии қудратманд, иттиҳоди ҷаҳонии террористҳо шакл нагирифтааст ва ин гурӯҳҳо дар имтидоди шикастгиҳои геостратеги ҳамросто бо тақсимбандиҳои дар ҳоли зуҳури ҷанг сарди ҷадид, ҳамчунон таҷзияшуда боқӣ мондаанд. Бо ин ҳол, бо ташдиди рақобатҳои қудратҳои бузург, талош барои нуфуз ва контроли аз роҳ дури ифротгароён дар ҳавзаи исломи сиёсӣ, кашиши бештаре пайдо хоҳад кард.
21 - Бар асоси гузоришҳо, аъзои “Лаҷнаи шаръӣ”-и ДОИШ-и Хуросон дар нишасти худ дар Нуристон дар авоили хазони 2023 тасмим гирифтанд, таъсиси “тамкин” – қаламрави таҳти ҳукумати худро ба таъвиқ биандозанд ва дар иваз рӯи ҳамалоти намоишӣ ва пурсарусадои расонаӣ тамаркуз кунанд. Дар ин шӯро се дидгоҳ мавриди баҳс қарор гирифтааст: Таъсиси тамкин, ки аксари аъзо онро бисёр пурхатар медонистанд ва бояд ба таъвиқ меафтод. Бархе аз аъзо ҳамалоти кӯчак ва тӯлонимуддатро тарҷеҳ медоданд. Натиҷагирӣ шуд, ки чунин ҳамалоте мумкин аст таваҷҷуҳи расонаии мавриди ниёзи созмонро ҷалб накунад ва боиси ҳадар рафтани манобеъ шавад. Бино бар ин, якбора тасмим гирифта шуд, ки ба суроғи ҳамалоти шаҳрӣ бо талафоти ҷамъӣ, такондиҳанда ва намоишӣ бираванд. Бо ин ҳол, ин тасмими гурӯҳро аз анҷоми амалиётҳои осонтари дигар, монанди одамрабоӣ, аххозӣ, террорҳои ҳадафманд ва ироб маҳдуд намекунад.
22 – Хулласи калом: ду гурӯҳи ДОИШ-и шохаи Хуросон вуҷуд дорад, ки яке шохаи воқеии ДОИШ аст ва дигаре ҷаълии амиқ аст, ки тавассути истихбороти гурӯҳи Толибон идора мешавад. Ҳар ду ДОИШ-и шохаи Хуросон - аслӣ ва ҷаълӣ, дар айни ҳол қотилони қарордодӣ ҳастанд. Фаровонии бомбагузорони интиҳорӣ назди Толибон, ба онҳо ин имконро медиҳад, ки аз бархе аз онҳо барои корҳои касифтаре истифода кунанд ва масъулияти онро бар ӯҳдаи гурӯҳи ДОИШ бигузоранд. Афғонистон имрӯз дур аз дастрас аст, кишварҳои кӯмаккунандаи ғарбӣ, бавижа Иёлоти Муттаҳида, бидуни назорат ва қайду шарт пулҳои ҳангуфти нақдиро ба идораи Толибон сарозер мекунанд. Ҷомеаи маданӣ саркӯб шудааст ва расонаҳои озод дар кишвар вуҷуд надоранд, бино бар ин, барои кашфи ҳақоиқи пинҳон, таҳқиқоти махфёнае лозим аст. Оё ҳамлаи Маскав дидгоҳи ҷаҳонро нисбат ба он чӣ дар Афғонистон дар ҷараён аст, тағйир медиҳад? Оё 22 март, 9/11-и Русия хоҳад буд? Афроди кадом як аз гурӯҳҳои ДОИШ-и шохаи Хуросон барои анҷоми ҳамла ба Маскав истихдом шуда буданд? Пурсишҳои зиёде дар ин замина матраҳ мешаванд, ки ба ин зудиҳо посухе барояшон пайдо нахоҳад шуд ва мутмаинан танҳо бо дастгирии омилони воқеа, ба натиҷа нахоҳад расид. Ёфтани мағзҳои мутафаккири пушти ин ҳамлаи ваҳшиёна, маҷмӯаи комилан мутафовите аз фаъолиятҳои ҷидии иттилоотимеҳвар аст. Чаҳор табааи Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи террористӣ ва ваҳшиёнаи 22 март даст доштанд, чизе ҷуз муҳраҳои сӯхтаи як сервиси иттилоотии созмонёфта нестанд. Ин қазияро бояд пайгирӣ кард!