Хабари рӯз

Чӣ нисбате байни Толибон ва “Таҳрири Шом” вуҷуд дорад?

Нависанда: Муҳаммад Ҷӯркашонӣ, хабаргузории “Ҷумҳур”

Бо суқути шаҳри муҳимми Ҳалаб ба дасти гурӯҳҳои террористии ҳайат “Таҳрири Шом”, аъзо ва ҳаводорони Толибон, бо судури паёмҳо ва нигориши матнҳое, ин пирӯзиро ба террористҳо табрик гуфта ва ба ибрози хушҳолӣ пардохтанд. Ҳайати “Таҳрири Шом” низ аз байрақи Толибон истифода мекунанд ва ҳатто онро баъд аз тасарруфи шаҳр, бар фарози Арги Ҳалаб, барафроштанд.

Чӣ қароине аз иртиботи Толибон бо “Таҳрири Шом” вуҷуд дорад?

Масъалаи аввал қаробати Толибон ва Алқоида аст, ки то ҳанӯз ҳифз шудааст. Ҳайати “Таҳрири Шом” идомаи «Ҷабҳаи ал-Нусра» аз зершохаҳои Алқоида аст ва то ҳанӯз иртибототи идеологии худро доранд.

Ҳайати “Таҳрири Шом” дар ҳамлаи ахири худ замоне муваффақ шуд суфуфи нерӯҳои мудофеъи Хон Тумон, Сароқиб ва ниҳоятан Ҳалабро бишиканад ва ин шаҳрҳоро тасарруф кунад, ки ҷангҷуёни Туркистони Шарқӣ монанди ӯзбекҳо ва уйғурҳо вориди ҷанг шуданд.

Ин нерӯҳо, ки теъдодашон ба ҳазорон нафар мерасад, ҷузви моҳиртарин нерӯҳои ҷангӣ дар миёни террористҳои Шомот (Сурияи Бузург, минтақае дар ҷанубу ғарби Осиё, дарбаргирандаи кишварҳои имрӯзии Сурия, Урдун, Лубнон, Фаластин, Қибрис, бахшҳое аз ҷануби Туркия ва шарқи Миср – “Сангар”) мебошанд. Ба ин ҷамоат, ҷангҷуёни тоҷикистониро низ бояд афзуд. Тамоми ин гурӯҳҳо зимни он ки аз муттаҳидини Толибон ҳастанд, солҳо дар канори Толибон алайҳи Урдуи миллӣ ва мардуми Афғонистон низ ҷангидаанд.

Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Чин ва Осиёи Миёна борҳо роҷеъ ба ҳузури гурӯҳҳои террористии Туркистони Шарқӣ ва тоҷику ӯйғур дар суфуфи Толибон ва иттиҳоди онҳо бо гурӯҳи Толибон нигарон буда ва аз Толибон хостаанд, ки онҳоро аз миёни худ тарду тазъиф кунанд.

Бо пирӯзии Толибон, акнун бахше аз он гурӯҳҳо ҳамчунон зери байрақи Толибон зиндагӣ мекунанд, аммо бахше аз ин ҷангҷӯҳо роҳии манотиқи таҳти контроли террористҳо дар Шомот шудаанд.

Ин бахш аз ҷангҷӯён зери фармондеҳии Муҳаммад ал-Ҷавлонӣ, ки бар Лозқия, Ҳамо, Ҳалаб ва ҳудуди ниме аз устони Идлиб тасаллут дорад, дар ҳоли пешравӣ ба самти соири манотиқи таҳти тасарруфи курдҳо ва давлати Сурия ҳастанд.

Гурӯҳи таҳти раҳбарии ал-Ҷавлонӣ қаблан бо қотеъият аз Толибон ҳимоят ва аз истиқрори ҳукумати Толибон бар Афғонистон ибрози шодмонӣ карда буданд.

Масъалаи муҳимми дигар аз қароини робитаи Толибон ва “Таҳрири Шом”, ҳалқаи восити ин ду гурӯҳ, яъне ҳукумати Туркия аст. Пуштибонии омӯзишӣ, логистикӣ, таслиҳотӣ, иттилоотӣ ва ҷангии террористҳои ал-Ҷавлонӣ, Туркия аст. Туркҳо ба унвони ҳомии “Таҳрири Шом”, бо Толибон низ робитаи бисёр хуб доранд. Ба назар мерасад, ки туркҳо ба хубӣ тавониста дасти Толибонро дар дастони “Таҳрири Шом” қарор бидиҳанд.

Туркия дар замони ҳукумати ҷумҳурият аз генерал Дӯстум ва ӯзбекҳои таҳти раҳбарии ӯ ҳимоят мекард, аммо ҳоло расман аз ҳалақоти ӯзбеки даруни Толибон ҳимоят мекунанд. Туркия илова бар ҳимоят аз Толибони ӯзбек, акнун генерал Дӯстумро тақрибан мушобеҳи ҳабси хонагӣ, дар Анқара нигаҳ доштааст. Ба ӯ ва атрофиёнаш иҷозаи ҳеҷ гуна фаъолите намедиҳад, ҳатто бархе наздикони ӯро депорт ҳам кардааст. Ин як чархиши бузурги Туркия ба самти Толибон аст. Ин ҳукумати мунофиқ, ҳатто ба соири раҳбарони сиёсӣ-ҷиҳодии муқими Туркия низ иҷозаи камтарин фаъолияти сиёсиро намедиҳад.

Робитае, ки то авохири ҳукумати ҷумҳурият то ҳадди ҷанги лафзӣ бо Толибон пеш рафт, акнун ба маҳкамтарин робита миёни Туркия ва Толибон тағйир кардааст. Ин чархиш чӣ далеле метавонад дошта бошад ҷуз ҳамкории Толибон бо Туркия дар як проекти сиёсӣ, террористӣ ва идеологие, ки иттифоқан Толибон низ бисёр моил ба он ҳастанд.

Мо ҳатто ҳузури мустақими ҷангҷуёни паштун дар миёни суфуфи ҳайати “Таҳрири Шом”-ро наметавонем нафйу инкор кунем. Агар диққат карда бошед, Толибон хеле дақиқ авзоъро дар манотиқи ҷангии Сурия ба сурати соатӣ расад мекунанд; Дар ҳоле ки онҳо чандон тамоюле ба расади ҷанги Ғазза ва Лубнон надоштанд. Аъзои Толибон ба таҳаввулоти майдонӣ дар Сурия, вокуниш нишон медиҳанд. Ин ҳовӣ ва ҳокӣ аз иртиботи онҳо бо ҷабаҳоти ҷангии террористӣ дар Сурия аст.

Масъалаи муҳимми дигар, ки набояд аз он ғофил монд, ин аст, ки Толибон низ дар пайи судури улгу ва таҷориби террористии худ ва моил ба таксири идеологияи ҷиҳодии хеш бар ҷуғрофияи варои Афғонистон, хусусан дар Шомот ва фаротар аз он, ҳастанд. Хеле аз мо ба унвони нозир ва ба ҳайси мутазаррир аз сиёсатҳои мазҳабии Толибон, аз он, ғофил ҳастем. Толибон ҳақиқатан хатари фаротар аз тасаввури касонест, ки то ҳол онҳоро ҷузви меҳвари муқовамат ва ҷунбиши асили минтақа медонистанд.

Ва ниҳоятан далели ин ки чашми Толибон ба самти гурӯҳҳои террористии муқими Лозиқия ва Идлиб мепарад, зиддияти онҳо бо шиъаён ва андешаҳои такфирии онҳо аст. Толибон аз шиа танаффур доранд. Иқтидори шиа ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ховари Миёнаро таҳаммул наметавонанд. Лизо шиаи қавӣ ва Эрони қудратмандро ба нафъи худ намедонанд. Толибон ба суҳулат имкони эъзоми нерӯ ба Туркия ва Лозиқияро доранд.

Ҳамчунин нигоҳи муштараки онон ба ДОИШ аст. Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ роҷеъ ба ДОИШ дақиқан ҳарфи Толибонро мезанад. Ҳарду гурӯҳ, ДОИШ-ро проекти амрикоӣ ва мухарриб барои идеологияи худ медонанд. Ин масъала низ ҳар ду гурӯҳро ба ҳам пайванд задааст.

Агар мавориди фавқуззикр ғайривоқеъӣ аст, Толибон эълом кунанд.

Ба ҳар ҳол, Толибонро бояд ба унвони як хатари бузурги террористӣ ва мухилли амнияти ҷамъӣ дид; Гурӯҳе, ки бо идеологияи худ, андешаҳои такфирӣ, моҷароҷӯӣ ва баландпарвозии хоси худро дорад. Касоне, ки дар шинохти Толибон, иштибоҳ кунанд, қатъан зиён мебинанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!