Террористи дирӯз чӣ гуна қаҳрамони имрӯз шуд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Нюйорк таймз мусоҳибаеро бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, яке аз махуфтарин шабакаҳои террористие, ки бо имконот ва шабакасозиҳои ғайримаъмул, масъули қатли ҳазорон инсони бегуноҳ дар бист соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон буд, ба нашр расондааст. Дар ин навишта талош мекунам, баъзе эродҳои ҷиддиро, ки бар асли мусоҳибаи Нюйорк таймз ворид аст, ба таҳлил гирифта ва тамоси мухтасаре рӯи онҳо дошта бошам.
Дар мусоҳибаи мазкур, иддао шуда, ки барои шинохти шахсият ва тафаккури Сироҷуддин Ҳаққонӣ, бо беш аз ҳафтод дипломат, таҳлилгар, сиёсатгар ва коршиноси афғонистонӣ, сӯҳбат шуда то завоёи пинҳони шахсияти вай, бештар ковиш шавад. Ибтидо ниёзе нест, ки барои шинохти шахсияти Ҳаққонӣ, ин террористи бераҳм, қотили ҳирфаӣ ва ҷосуси маълумулҳол, ки ба асоси иртибототи хонаводагӣ дар хидмати созмонҳои истихборотӣ қарор дошта, бо афроди дигаре, сӯҳбат шавад. Магар кадом ҷанба ва зовияи шахсияти вай, ноковишшуда боқӣ монда, ки ниёз ба ковиши бештар дошта бошад?
Ҳаққонӣ, аз лиҳози донишу таҳсил, як инсони мутлақ бесавод, камҷуръат ва фоқиди вежагиҳои раҳбарӣ аст. Танҳо кори муҳимми вай, танзими афроди интиҳорӣ барои куштани мардуми бегуноҳ буда, ки асли тарроҳи он бародарон ва амуҳои вай, маҳсуб мешаванд. Шахсияти Ҳаққонӣ бо тарзи диди он, ҳангоми сӯҳбат ва ҳузур дар маҳзари омм, ба хубӣ ковиши равоншиносона шуда метавонад. Салби ҷуръат ва адами эътимод ба нафс дар симои вай, ба гунаи машҳуд зоҳир аст.
Вай ҳамонанди соири раҳбарони Толибон, чанд ҳамсар ихтиёр карда ва ба лутфи шабакаи террористиаш, соҳиби миллионҳо доллар аст. Тасоҳуби курсии вазорати дохила, фармондеҳиҳои амния дар вилоятҳои мухталиф, гумрукҳо, аххозӣ, рубудани афрод, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи чӯби дарахтони манотиқи Машриқӣ ва ҷанубу шарқӣ, фурӯшу қочоқи аслиҳа ва васоити баҷомонда аз ҷумҳурияти махлуъ, роҳҳое барои даромад дар назди вай ва хонаводааш будаанд, ки ба лутфи он, ин хонавода ба яке аз сарватмандтарин хонаводаҳо дар миёни Толибон, мубаддал шудаанд.
Дар мусоҳиба талош шуда то Сироҷуддин Ҳаққонӣ, чеҳраи мӯътадил, таҳаввулталаб ва паёмовар ислоҳот дар даруни режими Толибон, нишон дода шавад. Аз вай ба унвони танҳо садои мухолиф дар баробари Ҳайбатуллоҳ, раҳбари номаръии Толибон, ёд шудааст.
Ҳамчунон ба асоси изъони Нюйорк таймз, вай хостори бозгушоии макотиби духтарона, эътои озодиҳои салбшудаи шаҳрвандон ва эҷоди тағйироти бунёдӣ дар сиёсатҳои радикалу тундравонаи Толибон, мебошад. Дар ҳоле ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ, бо эҷоди императории махуфи террору ваҳшат, яке аз бозуҳои аслии низомӣ ва мошини террору қатли Толибон, ҳисоб мешавад. Ҳаққониҳо бо доштани равобити дерина ва мубҳам бо Сӣ Ай Эй, ба чунин қудрате мубаддал шуданд ва ба юмни ин ҳимояти бедареғи Сӣ Ай Эй тавонистанд, бист сол инсон бикушанду шӯҳрат камоӣ кунанд ва имрӯз ба унвони як қаҳрамон ва ноҷии Афғонистони пасоамрико, муаррифӣ шаванд.
Дар мусоҳибаи нашршуда дар рӯзномаи Нюйорк таймз талош шудааст то ҳамонанди тарфандҳои гузаштаи истихборотӣ, тақсимбандӣ аз Толибони хубу бад сурат гирад ва дар имтидоди бозиҳои гузашта, ба иғфоли зеҳнияти омм пардохта шавад. Тавре ки дар мусоҳиба дида мешавад, аз Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба унвони фарди миёнарав, мӯътадил ва хостори таомули мусбат бо ҷаҳон, ном бурда шудааст. Дар муқобил, аз Ҳайбатуллоҳ, раҳбари номаръии Толибон, ба унвони фарди тундрав, радикал ёд шудааст.
Ҳамчунон, дар лобалои мӯҳтавои мусоҳиба, тавре маълум мешавад, ки ояндаи торики Афғонистон ба дастони Ҳаққониҳо, ба биҳишти равшан мубаддал хоҳад шуд. Ҳаққониҳое, ки то имрӯз ҷоизаи миллиондолларӣ, мавҷудияти номашон дар феҳристи таҳти таъқиби Шӯрои амният ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва амалкарди хашину қассобмаобонаашон, онҳоро дар садри феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, шуҳраи ҷаҳон сохтааст. Аммо талоши Нюйорк таймз барои камаҳамият ҷилва додани ҷиноёти Толибон, бахусус Шабакаи Ҳаққонӣ, тақаллое ҷуз сафеднамоии Толибон, қаламдод шуда наметавонад.
Дар гузориш ба лутфи виҷдони нимабедори гузоришгари рӯзнома, аз иртиботи Ҳаққониҳо дар даврони ҷиҳод ва бист соли гузашта бо амрикоиҳо, махсусан, созмони истихбороти ин кишвар, низ ёд шудааст. Ба гуфтаи рӯзнома, аз соли 2011 талошҳои махфии Ҳаққониҳо ба раҳбарии Иброҳим Умарӣ, амуи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, барои таъмини иртибот бо амрикоиҳо, ҷараён дошта ва ҳатто ёд шуда, ки дар ибтидои ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон, ин шабака хостори мадоро ва навъе сулҳ бо амрикоиҳо барои хатми ҷанг буданд. Аз дидорҳои махфии Иброҳим Умарӣ, барои таъмини иртибот бо Амрико, чунин бармеояд, ки ин амрикоиҳо буданд, ки тасмим гирифтанд то Ҳаққониҳоро бо як гурӯҳи технократи ғарбгаро муовиза кунанд ва иморатро ҷойгузини ҷумҳурият бисозанд.
Ҳамон тур ки аз ҳаводиси баъдӣ фаҳмида шуд, Ҳаққониҳо мутмаинтарин гузина барои амрикоиҳо буданд то нақши асосиро дар роҳбурди бесуботсозии ин кишвар дар минтақа бозӣ кунанд. Мизбонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ, эҷоди занҷирае аз шабакаҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, эҷоди шабаҳи тарсноки ДОИШи Хуросон, тавонбахшии амалиётӣ барои ДОИШ ва дар ихтиёр қарор додани маодин, обҳо ва ҷуғрофияи Афғонистон, дар хидмати минтақа ва фароминтақа, аз дастовардҳои ин шабака маҳсуб мешавад, ки тавониста дар анҷоми он, хуб нақш бозӣ кунад.
Бар илова, дар гузориш талош шуда то нақши Ҳаққониҳо, бахусус, раҳбари ин шабака дар миёни Толибон, муҳим нишон дода шавад, то марҳалаи баъдии бозӣ бо ин корт ғайри қобили таъвиз, ба хубӣ иҷроӣ шавад. Муодилоти печидаи амниятӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон, ки динамики амниятии тамоми минтақаро таҳти таъсир қарор медиҳад, тавре аст, ки бояд бозичаҳои хашин, террористҳои ҳирфаӣ ва мутааҳҳид ба аҳдофи қудратҳои дахил дар қазияи Афғонистон, дар он нақш дошта бошанд.
Бидуни шак, ки Ҳаққониҳо, яке аз ин бозичаҳо ҳастанд, ки дар бист соли гузашта, борҳо дар маҳаки озмоиш қарор гирифтаанд ва муваффақ ба дар омадаанд. Бидуни шак, ки ҳадафи умдаи ин мусоҳиба, ироаи тасвири матлубтар аз Ҳаққониҳо барои муодилаи таҳти озмоиши Ғарб аст, ки бояд иҷроӣ шавад.
Мусоҳиба ҷанбаҳои бештар ғаразолуд дорад, ки аз як тараф рози ба қудрат расидани Толибон ва қудратёбии Ҳаққониҳоро равшан месозад ва аз сӯи дигар, талош дорад то бо истифода аз мавқеияти пешомада, раванди печидаи таҳаввулоти амниятӣ ва сиёсӣ дар минтақа ва фароминтақа, авҷгирии танишҳо дар конунҳои мухталифи мунозиъа, аз Ҳаққониҳо минҳайси гузинаҳои матлуб дар таҳаввулоти ояндаи Афғонистон, ёд кунанд. Ба яқин, ки шуури сиёсии мардуми Афғонистон, бисёр баланд аст ва нашри чунин акозибӣ, дар сафеднамоии муҷримони таърихӣ дар ин сарзамин, таъсире нахоҳад дошт.