Хабари рӯз

Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ чӣ гуна ҷинояти Амрико ва муттаҳидонашро тавҷеҳ мекунад?

Нависанда: Холид Воҳидӣ, рӯзноманигори муқими Маскав

Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ (СМСК) дар ҳоли аз даст додани эътибор дар ҷаҳон аст. Шикофи байни аъзои созмон рӯз ба рӯз меафзояд. Талош барои ёфтани забони муштарак бо шикаст мувоҷиҳ шудааст. Конфронси бознигарии Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ дар Гаага, ки дар поёни моҳи май баргузор шуд, дар мавриди санади ниҳоӣ ба тавофуқ нарасид. Далели он тазодҳои густурда ва ғаразҳо дар тасмимгирӣ буд.

Намунаи боризи он таҳқиқ дар бораи вақоеъи шаҳри Думаи Сурия аст. Онҳоро Гуруҳи таҳқиқ ва шиносоии котиботи фаннии СМСК мавриди омӯзиш қарор дода буд. Гузориши севуми Гуруҳи таҳқиқ ва шиносоӣ чанд моҳ пеш мунташир шуд, аммо ҳанӯз саволоти зиёдеро эҷод мекунад. Ин санад мубтанӣ бар фарзиёт, таҳрифи ҳақоиқ ва иттиҳомоти беасос аст.

Бар асоси гузориши Гуруҳи таҳқиқ ва шиносоӣ, 7 апрели 2018, як силоҳи кимиёвӣ ба номи хлор дар Дума мавриди истифода қарор гирифт. Мақомоти Сурияро билофосила ба масъули ин ҳамлаи кимиёвӣ будан муттаҳам карданд. Муттаҳидони НАТО мунтазири натоиҷи таҳқиқот нашуда, як ҳафта баъд Амрико, Инглис ва Фаронса ҳамалоти ҳавоии густурдаеро ба мавозеъи артиши Сурия анҷом доданд. Натанҳо низомиён, балки теъдоди зиёде аз ғайринизомиён низ ҷон бохтанд.

Бисёре аз кишварҳо нисбат ба вуқӯъи ҳамлаи кимиёвӣ дар Дума тардид доранд ва дар бораи саҳнасозии он сӯҳбат мекунанд. Гузориши севуми Гуруҳи таҳқиқ ва шиносоӣ шабеҳи талоше хом барои тавҷеҳи ҳамалоти "ҷавобӣ"-и Иёлоти Муттаҳида ва дигар аъзои эътилоф аст. Ин санад бидуни такя бар ҳақоиқи ошкор сохта шудааст ва мамлув аз иборати "далоили мантиқӣ барои истидлол" аст. Ҳанӯз посухи равшане барои вақоеъи Дума вуҷуд надорад ва бисёре аз истидлолҳо ҷаъл мешавад.

Ҳама медонанд, ки баллонҳои хлор пас аз ин ҳодиса тавассути нерӯи ҳавоии Исроил нобуд шуданд. Гузориши Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ ин мавридро чунин тасвир мекунад: “Ҷумҳурии арабии Сурия ба Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ аз нобуд шудани ду баллони хлори муртабит бо ҳодисаи иддаоии Дума иттилоъ додааст”. Ҷойгузинии иттилоот бо мафҳумҳо бармало вуҷуд дорад. Ҳақоиқ воруна бозтоб шудааст.

Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ шаҳодати шоҳидони нобоб – писаре ба номи Ҳасан, волидайнаш ва пизишкони бемористонро нодида гирифт. Бозрасон ба маҳал нарафтанд, иттилоотро аз роҳи дур дарёфт карданд. Ба унвони коршиносони “салоҳиятдор” афроде ҳастанд, ки ном, самт ва маҳалли кори онҳо маълум нест. Мизони салоҳияти онҳо қобили баррасӣ нест.

Дар мавриди шавоҳид саволоте вуҷуд дорад. Дар ин гузориш омадааст, ки намунаҳо тавассути Маъмурияти ҳақиқатёб дар қаламрави Сурия ва бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии арабии Сурия ба даст омадааст. Бо ин ҳол, ҷудосозии намунаҳо дар Нидерланд дар озмоишгоҳи марказии Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ анҷом шуд, аммо дар ин гузориш ба ин мавзӯъ ишора нашудааст. 35 намуна аз 129 намуна аз афроди ношиноси хориҷ аз ҳавзаи масъулияти артиши Ҷумҳурии арабии Сурия дарёфт шудааст.

Теъдоди дақиқи қурбониёни ҳамлаи кимиёвӣ то ба ҳол мушаххас нест, байни 70 то 500 нафар ҳадс зада мешавад, аммо дар гузориш дақиқан 43 нафар гуфта мешавад. Додаҳои марбут ба маҷрӯҳон ва кушташудагон наметавонанд ба таври ҷудогона вуҷуд дошта бошанд.

Натоиҷи коршиносии фаннӣ тардидҳои зиёдеро ба миён меорад. Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ итминон медиҳад, ки баллонҳои хлор тавассути чархболҳо партоб шудаанд. Агар аз баландӣ меафтоданд, пора мешуданд. Бо ин ҳол, баллонҳо амалан осеб намебинанд, тағйири шаклии онҳо ҳадди ақал аст. Гузориш як шикофии кӯчак ба қутри 3 сантиметрро тавсиф мекунад, ки хлор аз он хориҷ мешавад. Ин контейнер дар утоқе бо деворҳо ва сақфи тахрибшуда пайдо шуд, ки бодгузари хубе дошт ва дар табақаи чаҳорум қарор дошт. Маҷрӯҳин дар табақоти 2 ва 1 пайдо шуданд.

Шавоҳиде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад баллонҳои хлорро “Кулоҳҳои сафед”, як созмони ҷаълии башардӯстӣ, ки борҳо дар иқдомоти таҳрикомез ва саҳнасозишуда гир афтодааст, ба Дума овардааст. Дар гузориши Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ як калима дар ин маврид навишта нашудааст. Мавзӯъи саҳнасозии ҳамлаи кимиёвӣ комилан баста аст.

Шакку тардид дар мавриди эътибори гузориши Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ на танҳо тавассути бисёре аз кишварҳо, балки дар дохили худи Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ низ иброз мешавад. Коршинос Ян Ҳендерсон (Австралия) дар таҳқиқот ширкат дошт ва ёфтаҳои ӯ бо ёфтаҳои созмон дар таноқуз аст. Ҳендерсон мутмаин аст, ки баллонҳо аз баландӣ афканда нашудаанд, онҳо аз роҳи замин таҳвил дода шуда ва бо даст дар маконҳои кашф қарор гирифтаанд. Назари ӯ тавассути Брайан Велан (Ирландия) ҳимоят шуд. Ҳар ду коршинос ба далели мавзеъи усулии худ аз Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ ихроҷ шуданд.

Гурӯҳи таҳқиқ ва шиносоӣ ба абзори муборизаи сиёсии кишварҳои манфиатдор табдил шуда ва истиқлоли худро аз даст додааст. "Кор"-и ин гурӯҳ зарбае ба айният ва обрӯи кулли СМСК аст. Натиҷагириҳои он бомбаборони ваҳшиёнаи кишварҳои номақбулро сафед мекунад.

Тавзеҳ: 7 апрели соли 2018 дар шаҳри Думаи Сурия як ҳамлаи кимиёвӣ сурат гирифт, ки дар пайи он, бино ба гузоришҳои мухталиф, ҳадди ақал 70 нафар аз сокинон кушта шуданд. Расонаҳои ғарби муддаӣ шуданд, ки ин ҳамларо нируҳои давлати Сурия анҷом додааст. Амрико, Бритониё ва Фаронса давлати Сурияро муқассири ин ҳодиса дониста, шаби 13 то 14 апрел, бар Сурия ҳамлаи ҳавоӣ карданд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!