Покистон мехоҳад сармояи хориҷӣ барои “мубориза алайҳи ДОИШ” – ро аз Толибон рабояд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар ҳудуд 10 ило 15 сол қабл китобе навишта будам, ки “Покистон меҳвари шарорат аст”, ба яқин теъдоде аз дӯстон он китобро мутолиа кардаанд.
Бар иловаи ин ки ҳоло ба он навишта ва китоби худ пофишорӣ дорам, як бори дигар такрор мекунам, ки тамоми гурӯҳҳои террористӣ гови ширии Покистонанд.
Инро бояд бовар дошта бошед ва касоне, ки бовар надоранд, ки Покистон омили тамоми бадбахтиҳои ҷаҳон аст, дар ҳақиқат таҳлиле аз вазъият ва амалкардҳои Покистон надорад.
Гурӯҳҳои террористӣ гови ширии Покистонанд.
Покистон маркази зоишу парвариши тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Покистон модари тамоми гурӯҳҳои террорстӣ аст, ки ба номи сипоҳ ва лашкар қад кашидаанд, аммо Покистон феълан ба ҷои тарсидан ва ё тарсонидан аз толиб фақат аз ДОИШ метарсонад, чун ДОИШ, монанди Алқоида як шабакаи ҷаҳонианд ва дар тамоми дунё реша давонда, вале Толибон тақрибан гурӯҳи маҳаллианд, ки ҷаҳон хеле нигарони фаъолияташон нестанд, чун заҳрашон танҳо дар хоки Афғонистон мерезад ва аммо ДОИШ дар тамоми дунё. Ба ҳамин далел Покистон ДОИШ-ро маҳкам гирифта ва ҷаҳонро метарсонад, то боҷгирӣ кунад.
Масъалаи кушта шудани доктор Шаҳоб ал-Муҳоҷир ва баъд инфиҷороти Бадахшон дастовези истихбороти Покистон аст.
Истихбороти Покистон ва расонаҳои расмии Покистон бештар аз ҳар расона кушта шудани доктор Шаҳоб ал-Муҳоҷирро бозтоб дод, ки гӯё тавассути истихбороти Покистон дар вилояти Кунар кушта шуда ва баъдан инфиҷороти Бадахшонро бо ин ҷумалот нашр кард, ки инфиҷорҳои Бадахшон нишон дод, ки ДОИШ дар Афғонистон қавӣ аст ва ҳукумати Толибон зарфияти мубориза бо ДОИШ-ро надорад.
Истихбороти Покистон дар масъалаи куштани доктор Шаҳоб ал-Муҳоҷир ва созмондиҳии инфиҷороти Бадахшон чанд ҳадафро думбол мекунад.
1 - Тарсондани кишварҳои ҷаҳон ва минтақа;
2 - Сохтани проекти мубориза бо ДОИШ ва гирифтани боҷ аз кишварҳо;
3 - Намоиши қудрат ва ин ки танҳо истихбороти Покистон метавонад раҳбарони террористонро дар хоки Афғонстон ба қатл бирсонад;
4 - Ин ки нишон диҳад, ки ҳукумати Толибон тавони мубориза ва гурӯҳҳои террористиро надорад;
5 - Таъвизи раҳбари ДОИШ шохаи Хуросон дар Афғонистон ва овардани шахсе, ки тавони ҷанг бо Толибон ва ё ҳар ҳукумат, ки дар Афғонистон ҳаст, дошта бошад, то ҷангу бесуботӣ дар Афғонистон идома дошта бошад. Покистон ба ин бовар аст, ки раҳбари шохаи Хуросони ДОИШ вобаста ба қавми заиф дар Афғонистон аст, ҳимояти қавӣ надорад, бояд раҳбари ДОИШ-и шохаи Хуросон аз соҳаи Вазиристон ва манотиқи марзӣ бошад, хашинтар амал кунад ва Афғонистонро зудтар ноамну бесубот созад, то иддао кунад Афғонистони бесубот тавони мубориза алайҳи терроризм ва қочоқро надорад ва пул бояд ба Покистон дода шавад, то алайҳи ДОИШ-и Хуросон ва соири гурӯҳҳои террористӣ мубориза кунад.
Расонаҳои марбут ба ҳукумати Покистон ба такрор навиштаанд, ки инфиҷорҳои Бадахшон нишон дод, ки ҳукумати Кобқл тавону зарфияти мубориза бо ДОИШ-ро надорад. Бисёре аз таҳлилгарон ва нозирини минтақа ба ин боваранд, ки дар инфиҷорҳои Бадахшон истихбороти Покистон нақш дошта, то нишон диҳад, ки Кобул тавони мубориза бо ДОИШ-ро надорад, вале Покистон метавонад ҳатто раҳбари ДОИШ-ро дар хоки Афғонстон бикушад, лиҳозо ҳама гурӯҳҳои террористӣ гови ширии Покистонанд.