Забеҳуллоҳ Муҷоҳид марҳалаи ҷадиди интиқоли ноқилини паштун аз Покистон ба Афғонистонро эълон кард.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
Изҳороти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мабнӣ бар кӯч додани паштунҳои сарҳадии Афғонистон дар вилоёти шимолии кишвар захмҳои садсолаи даврони Нодирхон ва вазири дохилаи ӯ Муҳаммад Гул Муҳмандро тоза кард ва занг хатарест барои як Афғонистони якҳувиятӣ.
Истидлоли сухангӯи Толибон ин буд, ки Покистон ба хотири ҳамалоти террористӣ бо Таҳрики Толибони Афғонистон ба мувофиқа расидааст барои ин ки аз пешрафти Таҳрики Толибони Покистон ҷилавгирӣ шавад, беҳтар аст ин мардум ба нуқоти дурдаст, яъне вилоёти шимолии Афғонистон интиқол дода шаванд. Ин музҳиктарин хабари сиёсӣ буд, ки мардуми Афғонистон дар қиболи сиёсатҳои покистонӣ ва толибонӣ шуниданд.
Дар ин мувофиқатнома чанд нуктае ҷолиб аст:
Аввал, эътироф ба террорист будани паштунҳои тарафи хатти Дюранд хоҳ ба номи террорист ё ғайри он;
Дувум нишондиҳандаи ин ҳақиқат аст, ки Покистон бо Толибон дар мавриди якҳувиятӣ сохтани Афғонистон ҳамкорӣ мекунад, яъне метавонем бигӯем, ки марҳалаи ҷадиди ноқилин дар Афғонистон оғоз шудааст. Ин мавзӯъ метавонад ҷангҳои дохилиро зиёдтар ташвиқ кунад, зеро интиқоли давлатии як қавм дар нуқоте, ки на забонро медонанд ва на фарҳанги минтақаро ва барои будубоши ноқилини ҷадид бояд заминҳои дигарон ғасб шавад, хилофи асосоти сосиоантропологияи Афғонистон аст.
Севум, Толибон мувофиқа мекунад, ки паштунҳои Таҳрики Толибони Покистонро дар вилоёти дурдасти Афғонистон ҷобаҷо кунад, яъне ба иборати дигар Толибон террористҳоро дар дохили кишвар аз Покистон ворид мекунанд. Дар ин ҷо аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ ва терроризм воридот ва содироти Афғонистон дар бахши терроризм тавозун надорад. Афғонистон террорист содир намекунад ва аммо террорист ворид мекунад. Эй валлоҳ!
Ин аъмоли Толибон уқдаҳои қавмиро ташдид мебахшад ва мардумони ғайрипаштунро водор месозад то барои дифоъи ҳуқуқи мусовӣ ба муборизоти худ таҳти қиёдати Сипоҳи Озодӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ давом диҳанд, махсусан ин ки кишварҳое, монанди Тоҷикистону Эрон ба муқовимат бар алайҳи Толибон хатти сабзро нишон додаанд.
Банда ду бор дар конфронсҳои байналмилалӣ яке дар кишвари Чин ва дигаре дар Австралия даъват шудам то дар бораи таъсироти муҳоҷират сухан гӯям ва худам аз устодони байналмилалӣ зиёд омӯхтам. Имрӯз аксаран муҳоҷиратҳои иҷборӣ ба хотири кор монанди мардуми Амрикои Лотин ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ё муҳоҷиратҳои сиёсӣ, монанди мардуми Сурия ба Туркия ва ё шароити ногувори зисти боҳамӣ дар нуқоти ҷаҳон ба вуқӯъ мепайвандад, аммо ҳиҷрат, ки як давлати номашрӯъ мардумро ба хотири якҳувиятӣ сохтани кишвар интиқол диҳанд ва он ҳам террористҳоро баъд аз ташкили кишваре ба номи Австралия, ки англисҳо мардумони дузду ҷониро аз қаламрави худ ба сарзамини Австралия интиқол доданд ва Австралия сохта шуд, бисёр нав аст. Покистон мехоҳад террористонро ба вилоёти Афғонистон ба хотири манофеъи сиёсии худ ва Толибон содир кунад.
Дар китоби "Ҳувият: талаби каромат ва сиёсати кинатӯзӣ" (Identity: the demand for dignity and the politics of resentment, 2018) асари Френсис Фукуяма (Francis Fukuyama), ки яке аз пурфурӯштарин китобҳои сол буд, мехонем, ки сармояву санъат боис шуд, то мардуми Аврупо аз як гӯшаи қора ба як гӯшаи дигари қора кӯч кунанд, ки ин масъала табъизи нажодиро дар Аврупо доман зад ва натсионализми монанди нозии Олмон рушд кард.
Дар Афғонистон на санъат асту на сармоя ва ин кӯчу интиқоли мардуми сарҳадӣ, мардумони ғайрипаштунро муттаҳид месозад ва ин барои бофти зисти боҳамии Афғонистон муносиб не, ки хатарнок аст. Ҳоло даврони Муҳаммадгул Муҳманд нест, ки мардуми Афғонистон ин ҷафанги сиёсиро қабул кунанд.