Хабари рӯз

Толибону ДОИШ чӣ гуна тамвили молӣ мешаванд?

Нависанда: Доктор Мавлавӣ Бурҳонуддин Муҳаммадӣ

Яке аз муҳимтарин вуҷӯҳи иштироки байни Толибон ва ДОИШ, низоми иқтисодӣ ва шеваҳои таъмини молии онҳост. Ин гурӯҳҳо барои бақои сохторҳои низомӣ ва таблиғотиашон, ниёз ба манобеъи пойдори молӣ доранд. Дар ин бахш баррасӣ мекунем, ки чӣ гуна Толибон ва ДОИШ, аз тариқи равишҳои мушобеҳ, вале дар бофтҳои ҷуғрофиёии мутафовит, иқтисоди ҷангу ҷиҳод ва ҷурмро мудирият кардаанд.

 

Манобеъи тамвили ДОИШ: молиёти шаръӣ ё боҷгирии динӣ?

ДОИШ дар авҷи қудраташ (2014–2017) бахшҳои бузурге аз Ироқу Сурияро дар контрол дошт. Дар ин сарзаминҳо, як системи иқтисодии шабҳидавлатӣ эҷод кард.

Нахуст, молиётҳои динии матраҳшуда;

ДОИШ анвоъе аз молиётҳои исломӣ, мисли закот, хамса, ҷизя ва ушрро ба зӯр бар мардум таҳмил мекард. Ин молиётҳо на ба ҳадафи адолати иҷтимоӣ, балки барои таъмини манобеъи ҷангӣ ва тақвияти сохтори хилофати худхонда ба кор мерафтанд.

Дувум, ғорату тасарруфи манобеъи табиӣ;

ДОИШ аз нафти Сурияву Ироқ ба шиддат баҳрабардорӣ кард. Онҳо нафтро ба қимати арзон ба даллолони минтақа мефурӯхтанд, ҳатто гоҳ ба душманони худ. Ва ҳамчунин банкҳо, манобеъи тило, корхонаҳо ва мазореъи манотиқи тасарруфшуда ғорат мешуданд. ДОИШ ба содагӣ аз роҳи дуздӣ, амволи умумиро ба манбаъи молӣ табдил мекард.

Севум, одамрабоӣ ва қочоқ;

Гаравгонгирӣ ва боҷгирӣ яке дигар аз манобеъи тамвили ДОИШ буд. Афроди хориҷии сарватмандро рубуда ва дар баробари озодиашон, маболиғи калон дарёфт мекарданд. Ҳамчунин ДОИШ дар қочоқи атиқа, осори таърихӣ ва ҳатто аъзои бадани инсон низ нақш дошт.

 

Бахше аз манобеъи тамвили Толибон, мафияи маводи мухаддир ва молиёти маҳаллӣ

Гурӯҳи Толибон низ ҳамчун гурӯҳи ДОИШ бо равишҳои хоси худ дар Афғонистон сохтори иқтисодии мазҳабӣ ва ифротиро ҳифз кардаанд.

Нахуст; аххозӣ, фасоди систематик ва ҳамчунин молиёт бар кишоварзон, ширкатҳо ва мардум вазъ карданд. Гурӯҳи Толибон дар манотиқи таҳти контролашон, молиётҳое ба номи ушр, закот ва хироҷ ҷамъоварӣ мекарданд. Аммо ин молиётҳо бидуни ҳеҷ сохтори қонунӣ, сирфан барои тамвили ҷанг ва махориҷи сарбозонашон истифода мешуданд. Ва ҳамчунин ширкатҳои мухобиротӣ, мошинҳои борбар, мағозадорон ва ҳатто макотиб аз пардохти молиёт ба Толибон муоф набуданд.

Дувум; Толибон аз кишту қочоқи маводи мухаддир, қочоқи тило, зуғолсанг, сангҳои қиматӣ ва ба вежа тарёк даромад касб мекунад. Толибон контроли комил бар гузаргоҳҳои марзиро абзоре барои таҳмили таърифаҳои дилхоҳи худ қарор дода буданд.

Бар асоси гузоришҳои Созмони Милал, Толибон аз кишту содироти маводи мухаддир солона садҳо миллион доллар даромад доштаанд. Молиёт бар кишти хашхош, контроли масирҳои қочоқ ва дарёфти пул аз қочоқбарон, Толибонро ба як мафияи минтақаӣ ва шабакаи созмонёфта табдил карда буд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун, ки бар Афғонистон ҳоким шудаанд, ҳамаи ин маворидро бар мардум аъмол мекунанд ва ба таври систематик идома додаанд.

Севум; дар қисмати кӯмакҳои хориҷии ғайрирасмӣ низ гурӯҳи Толибон монанди гурӯҳи ДОИШ, аз ҳимоятҳои хориҷӣ пинҳонӣ баҳраманд буданд/ҳастанд. Кӯмакҳои молӣ аз сӯи афрод ва ниҳодҳои бунёдгаро дар кишварҳои минтақа ва ҳатто бархе каналҳои хайрия манобеъи бузурге барои онон фароҳам кардааст.

 

Шабоҳатҳои аслӣ дар иқтисоди ҷиҳодии Толибон ва ДОИШ

Вуҷӯҳи иштироки ин ду ҷараён ифротӣ, суистифода ва боҷгирӣ аз дин барои молиётгирӣ бо номи закот ва хамса аз мардум буда, ки сарфи шабакаи низомии худ мекунанд.

Тамаркуз бар манобеъи ғайриқонунии қочоқи маводи мухаддир, фурӯши нафт ва дуздӣ аз амволи умумӣ аз манобеъи аслии тамвили ин гурӯҳҳост.

Сохтори ғайридавлатӣ вале мунсаҷами ҳар ду гурӯҳ, шабакае аз ҷамъоварии молиёт, анбори таслиҳот ва тавзеъи пул миёни фармондеҳон доранд.

Иқтисоди ҷангмеҳвар, на рифоҳмеҳвар тамоми манобеъи иқтисодӣ дар хидмати ҷангу таблиғот, қарор доштааст, ки барои беҳбуди зиндагии мардум ё тавсеаи маҳаллӣ ҳеҷ рабте надорад

Бо таваҷҷуҳ ба мавориди боло чӣ Толибон ва чӣ ДОИШ, аз дин чеҳраи иқтисодӣ сохтаанд, ки дар он ба ҷои кӯмак ба фуқаро ва маҳрумон пул ҷамъ мекунанд барои ҷанг, барои таблиғот, барои қудратталабӣ. Истифодаи онҳо аз молиётҳои шаръӣ дарвоқеъ таҳрифи аҳкоми исломӣ аст. Ҳар ду гурӯҳ иқтисодро на дар хидмати мардум, балки дар хидмати бақои хушунати худ таъриф кардаанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!