Хабари рӯз

Ҷиҳод ниёз ба пирӯзиҳои ҷадид дорад ва ё Амрико аз такрори 11 сентябри 2001 метарсад.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

Ахиран намояндагони артиши Иёлоти Муттаҳида аз барномаҳои тақвияти амалиёти истихборотӣ дар робита бо Афғонистон хабар доданд, ки аввал аз ҳама, сухан дар бораи таҷассуси ҳавоӣ меравад.

Дар ҳамин росто, Пентагон проектҳоеро дар назар дорад, ки “муаллақӣ”-и тӯлонии ҳавомаймоҳои ҷосусии амрикоӣ дар осмони Афғонистонро тавсеа диҳад.

Дар айни ҳол, артиши Амрико ба камбуди иттилоот дар мавриди вазъияти Афғонистон эътироф мекунад.

Ин эътирофот метавонад ду тавзеҳ дошта бошад.

Аввал ин ки амрикоииҳо дар ҳоли омода шудан барои афзоиши ҳузури худ дар минтақа ҳастанд ва қасд доранд аз зарфиятҳои Афғонистон барои ҳалли ин мушкил истифода кунанд. Аз ин хотир, ба таври табиӣ, онҳо ба резиши доимии ҳадди аксари иттилооти мумкин дар мавриди вазъияти Афғонистон ниёз доранд.

Сониян, Иёлоти Муттаҳида, ки дар бозии Украина машғул мондааст, беш аз як сол аст, ки таваҷҷуҳи худро ба вазъияти Афғонистон заиф кардааст. Дар Афғонистон, бо истифода аз ин тағйири украинӣ дар оптикаи сиёсии Вашингтон, созмонҳои террористии байналмилалии мухталиф (ДОИШ ва ғайра) мӯҳлат ва фурсатҳое барои таҷдиди қувва пайдо карданд.

Ҳамаи ин гурӯҳҳои ҷиҳодӣ рӯъёҳои худро танҳо ба интиқоли фаъолиятҳои террористии мунҳасиран ба Осиёи Марказӣ ва Покистон маътуф накардаанд. Бархе аз онҳо мехоҳанд "шоҳкори Алқоъда” дар 11 сентябри 2001 – ро такрор кунанд ва зарбае дурахшон ба Амрико ворид намоянд. “Танаффуси украинӣ” дуруст мавридест, ки аз он метавон барои тадоруки чунин ҳамлае истифода кард.

Албатта, ҳанӯз сӯҳбате аз такрори комили 11 сентябр дар сенария вуҷуд надорад (агарчи чӣ касе медонад?). Аммо возеҳ аст, ки гурӯҳҳои ҷоҳталаби ҷиҳодӣ ба зудӣ аз нишастан дар "урдугоҳи пешоҳангӣ"-и Толибон хаста хоҳанд шуд.

Барои ҳифзи таваҷҷуҳи ҳомиёни молӣ ва мухотибони ҷавони мусулмон, ин гурӯҳҳои ҷиҳодӣ бояд пирӯзиҳо, муваффақиятҳо ва дастовардҳои дурахшони ҷадидеро ба намоиш бигузоранд.

"Меъёри тилоӣ"-и муваффақияти фаврии ҷиҳодӣ, зарбае аст ба қалби "Шайтони Бузург", Амрико, яъне иқдоме ба сабки 11 сентябр. Шакке нест, ки бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон аз ҳамакнун ба чунин ҳамлае фикр мекунанд.

Талошҳои бархе хадамоти вежа барои тағйири "оптикаи орзуҳои ҷиҳодӣ" аз самти амрикоӣ (ғарбӣ) ба самти Осиёи Марказӣ ё Русия ҳанӯз бо муваффақияти мутмаине ҳамроҳ набудааст.

Дар иваз, баракс, пӯёии рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳон, алоқаи бархе гурӯҳҳои террористиро барои намоиши “пирӯзӣ бар Амрико” ва муттаҳидонаш афзоиш медиҳад. Ва зоҳиран ин алоқа дар оянда низ идома хоҳад дошт.

Илова бар ин, зуҳури падидаи “рақобати бузурги ҷиҳодӣ” барои ҳаққи ҳамлаи аввал ба Амрико истисно нест. Бахусус, муддати зиёдест, ки зарба назадаанд. Драматургияи халлоқияти ҷиҳодӣ танаффусҳои тӯлонӣ миёни иқдомот ё амалиёти террористии муваффақро пешбинӣ намекунад...

Пирӯзии ҷиҳод дар Афғонистон дар моҳи августи 2021 бештару бештар моли таърих мешавад ва ба тадриҷ дар чоҳи яъсу ноумедии рӯзмарраи режими Толибон фурӯ меравад. Дар берун миёнаҳои соли 2023 аст. Тақозо барои намоиши пирӯзиҳои ҷадиди ҷиҳод ҳар рӯз бештар мешавад.

Аз ин хотир, ба дурустӣ, Пентагон нигарони афзоиши фаъолиятҳои иттилоотӣ дар Афғонистон (ва, бадеҳӣ аст, дар Покистон) буд. Ҳоло нуктаи аслӣ ин аст, ки дар ғафлат намонад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!