Хабари рӯз

Ҳамаи онҳое, ки дар террори сиёсатмадор даст доштанд, зиндаву саломат ҳастанд.

Нависанда: Аҳмадшоҳ Фарид

Парвандаи террори Rозимиро дида будам.

Террори Козимӣ пас аз шаҳодати Омири Соҳибу Ҳоҷӣ Қадир, сеюмин ҳодисаи такондиҳанда буд. Гарчи террори Ҳоҷӣ Қадирро дар ибтидо ба маршал Фаҳим нисбат дода буданд, аммо баъдан фаҳмида шуд, ки кори АйЭсАй дар табонӣ бо наздикони Карзай ба хотири заомати паштунӣ ва бо истифода аз даргириҳои дохили Нангарҳор буд, аммо ин барчасб задан ба маршал Фаҳим барои канор заданаш аз қудрат бисёр корсоз буд.

Парвандаи Козимӣ дар Раёсати ихтисосии амнияти миллӣ, ки генерал Фаттоҳ дар он замон раис буд, таҳти пайгард буд, як парвандаи сангин, ки ба ҳазорҳо сафҳа мерасид ва муттаҳамин шомили даҳҳо нафар аз даруни ҳукумат, аз вазоратхонаҳои маориф, ки вазир Ҳаниф Атмар буд, Шукрия Исҳоқхел, намояндаи Бағлон дар маҷлис, муовинини шумораи як, мудирону омӯзгорони макотиб дар Бағлон ва ду нафар аз наздикон Ашраф Ғанӣ буданд.

Касе, ки муҳоҷими интиҳориро ду рӯзи пеш аз ҳодиса дар хонааш дар Бағлон дар минтақаи ... ҷой дода буд, ба лиҳози қавмӣ паштун, собиқа парчамӣ дорад ва дар замони доктор Наҷиб, раиси ХОД дар устони Самангон буд, ки ба воситаи Шукрия Исҳоқхел, намояндаи Бағлон ба Ҳаниф Атмар наздик шуда буд. Ин эътирофи бори аввали худи муттаҳам буд, аммо борҳо туфраравиву ҳошияравӣ дар ин парванда аз далоили сангин шудани ин парванда буд. Ин муттаҳам дар фосилаи дуртар аз маҳали инфиҷор низ ҳузур дошт.

Муттаҳами дигар аз Лугар буд. Бародараши намояндаи кӯчиҳо дар маҷлис ва аз наздикони Ашраф Ғанӣ буд. Касе, ки дар як парвандаи дигар қаблан аз сӯи амнияти миллӣ ба иттиҳоми интиқоли пулу силоҳ, аз Кобул ба Вазиристон, Кветта ва бахшҳое аз қабоили озод, дастгир шуда буд ва ба васотати Ашраф Ғанӣ озод шуда буд. Ин одам ба гузориши амнияти миллӣ, кандаки миллишаҳои қавмӣ дошт, кораш интиқоли силоҳу қочоқи маводи мухаддир ба ду сӯии марз буд. Ин одам касе буд, ки ду омили интиҳорӣ ба ҷони Козимиро аз Покистон ба Бағлон интиқол дода буд.

Муҳоҷимини интиҳорӣ дар Покистони омӯзиш дида буданд, се рӯз дар хонаи намояндаи пешини маҷлис дар Бағлон ва ду рӯз дар хонаи раиси собиқи ХОД-и Самангон дар Бағлон сипарӣ карда буданд. Муттаҳамин иҷозаи мулоқотро надоштанд, аммо ду бор аз Аргу чанд боре наздикони Атмар ба мулоқоти онҳо омаданд. Он чӣ фоҳиштар аст, мудири баррасӣ ва назорати ин парванда як ҷавони боистеъдод  ... аз шаҳристони Рустоқи устони Тахор буд, аммо ба дастури додситонии кулл парванда аз ӯ гирифта шуд ва ба генерал . . . ки асолатан паштун ва куҳансол буду гузаштаи парчамӣ дошт, таслим дода шуд. Ин шахси дувумӣ баъдан раиси Раёсати ихтисосии амнияти миллӣ шуд.

Дар ахир доктор Абдуллоҳи Лағмонӣ, асолатан паштун, аз аъзои собиқи Шӯрои Наззор, муовини аввали Раёсати умумии амнияти миллӣ буд, бо ҷиддият шабу рӯз ба Раёсати ихтисосии амнияти миллӣ меомад, талош мекард то ин парванда бадиққат баррасӣ ва омилин муҷозот шаванд. Бо Устод Раббонӣ ва маршал Фаҳим медид, то ин парванда бадиққат баррасӣ шавад. Аммо, муттаассифона, пас аз чанде ҳамаи муттаҳамин озод шуданд, парванда сардаргум шуд ва баъдан худи доктор Абдуллоҳи Лағмонӣ ҳам террор шуд.

Ҳамаи муттаҳамин, ки дар зиндон буданд, ба кардаҳои худ эътироф карда буданд. Баъдтар дар ҳукумати Ашрафи Ғанӣ вазир ва муовин шуданд, қарордодҳои миллионӣ гирифтанд, баландманзилҳои чандтабақа дар Кобул ва Бағлон сохтанд. Баъдан Гулоб Мангалро ба Дандиғӯрӣ бурданд, Дандиғӯриро ба Толибон доданд, ҳақи амалиёти шабонаро болои артиш қатъ карданд. Имрӯз зери ҳокимияти Толибон дар Кобул, ё дар Дубай, Истанбулу Олмон зиндаву саломат ба сар мебаранд. Шояд ин матлабро ҳам мехонанд ва пӯзханд мезананд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!