Раҳбари аз сӯи Созмони Милал таҳримшудаи TTP дар маркази таниши миёни Афғонистону Покистон қарор гирифт.
Нависанда: Пуртика Дуа, The Hindu (Ҳиндустон)
Баргардон: Нилуфар Ғӯриён
Нур Валӣ Маҳсуд , раҳбари Таҳрики Толибони Покистон (TTP) , пас аз ҳамлаи ҳавоии Покистон дар Кобул дар таърихи 9 октябр, ки ҳадафи он зоҳиран мошини зиреҳии ҳомили ӯ буд, дар конуни як даври ҷадиду маргбор аз хушунатҳо байни Покистону Афғонистони қарор гирифтааст. Ин ҳамла, ки бо чанд рӯзи даргириҳои марзӣ ва пас аз он оташбаси нопойдор ҳамроҳ буд, танишҳои амниятии мавҷуд байни Исломободу мақомоти толибони Афғонистонро амиқтар кардааст .
Нур Валӣ Маҳсуд кист?
Нур Валӣ Маҳсуд, ки бо номҳои “Муфтӣ Нур Валӣ Маҳсуд“ ва “Абӯ Зари Аъзом“ низ шинохта мешавад, дар феҳристи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳти ановини “ДОИШ“ ва “Алқоида“ қарор дорад. Ӯ дар июни 2018 пас аз марги раҳбари қаблии ин гуруҳ, Мавлоно Фазлуллоҳ, ба унвони раҳбари Таҳрики Толибони Покистон (TTP) мансуб шуд.
Тибқи феҳристи Созмони Милал, Таҳрики Толибони Покистони таҳти раҳбарии Маҳсуд масъули ҳамалоти мутааддиде дар дохили Покистон аст, ки неруҳои амниятӣ, таъсисоти давлативу манотиқи ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст. TTP равобите бо Алқоида дорад ва бо чандин созмони террористии минтақаӣ ҳамкорӣ мекунад. Ин гуруҳ муттаҳам ба созмондиҳии ҳамалоти марзӣ аз пойгоҳҳои мустақар дар шарқи Афғонистон аст .
Хулоса, ривояте, ки Созмони Милал дар таърихи 26 ноябри 2022 мунташир кард, ҳокӣ аз он аст, ки Маҳсуд дар минтақаи Ламон, дар шаҳристон (вулусволӣ)-и Бармали вилояти Патико дар Афғонистон мустақар будааст.
Ин гузориш ҳамчунин тасреҳ мекунад, ки вай ба далели “ширкат дар таъмини молӣ, барномарезӣ, тасҳил ё муртакиб шудан ба иқдомот ё фаъолиятҳо“ дар ҳимоят аз Алқоида ва гуруҳҳои вобаста ба он дар феҳрист қарор гирифтааст.
Маҳсуд, ки дар Вазиристони Ҷанубӣ мутаваллид шудааст, дар асноди Созмони Милал ба унвони як фарди покистонӣ муаррифӣ мешавад, ки ба унвони як донишманди динӣ ва нависандаи китоби “Инқилоби Маҳсуд, Вазиристони ҷанӯбӣ: аз истеъмори Британия то империализми амрикоӣ“ шинохта мешавад. Раҳбарии ӯ, ба гуфтаи Созмони Милал ба таҳкиму якпорчасозии гуруҳҳои мухталифи мусаллаҳ таҳти чатри TTP ва бозсозии сохтори созмонии он пас аз амалиётҳои низомии қаблии Покистон, ки шабакаҳои онро пароканда карда буд, ишора дорад.
Кумитаи Созмони Милал нахустин бори Маҳсудро дар таърихи 16 январи 2020 дар феҳристи террористӣ қарор дод ва охирин бор хулосаи ривоятии онро дар 13 декабри 2023 барӯзрасонӣ кард. Вай ҳамчунон таҳти таҳримҳои Шӯрои Амният шомили масдудсозии дороиҳо, мамнӯъияти сафар ва таҳрими таслиҳотӣ қарор дорад.
Дар Кобул чӣ иттифоқ афтод?
Мақомоти амниятии Покистон эълом карданд, ки ҳамлаи ҳавоӣ дар таърихи 9 октябр дар Кобул мошини зиреҳии ҳомили Нур Валӣ Маҳсудро ҳадаф қарор дод. Исломобод ҳануз ба таври расмӣ масъулияти ин ҳамларо напазируфта, дар ҳоле ки давлати толибони Афғонистон ҳузури шибҳи низомиёни покистонӣ дар хоки худро рад кардааст. Ин ҳамлаи ҳавоӣ аввалин амалиёти гузоришшудаи Покистон дар дохили Кобул аз замони ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар соли 2022 аст, ки дар он Айман Алзавоҳирӣ, раҳбари Алқоида кушта шуд.
Пас аз ин ҳамла, гузоришҳое аз табодули оташҳои марзӣ байни нерӯҳои толибу покистонӣ барои чанд рӯз мунташир шуд, ки пас аз он ҳар ду тараф аз шиддати даргириҳо костанд. Маҳсуд баъдҳо дар як паёми видеоие, ки ба сурати онлайн мунташир шуд, таъӣд кард, ки зинда аст. Вазъияти марз ҳамчунон танишолуд боқӣ монда ва неруҳои амниятӣ дар ҳар ду кишвар ҳузури худро дар манотиқи мутаассир аз ин даргириҳо афзоиш додаанд.
Ҳамалоти ҳавоӣ ва табодули оташ мутаоқиб мунҷар ба талафоти ҷонӣ дар ҳар ду тарафи марзи Афғонистону Покистон шудаву ҳаракатҳои ғайринизомиён дар чандин минтақаи марзиро муваққатан мухтал кардааст.