Оё тарҳи севум (ДОИШ-и Хуросон) рӯйи миз қарор мегирад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Вақте Майкл Семпл мегӯяд, ӯзбекҳо дар остонаи ташкили нерӯи мустақил аз Толибон ҳастанд, оё афсонаи бузургсозии ДОИШ ва достони кӯмаки миллиондолларии Англис ба маршал Дӯстум, дубора сари забонҳо намеафтад?
Вақоеи аҷибе дар ҷараён аст. Яке аз масъулони ташкили ДОИШ, ҳамон тавре, ки қаблан гуфта шуд, Салоҳуддин Аюбӣ аст. Дар зимн, Фасеҳуддин, Махдум ва даҳҳо бастаҳои дастнохӯрдаи ифротияти бадавӣ, ки дар имтидоди қатори резерфиҳои ДОИШ-и Хуросон барои ифои нақши интисобӣ дар интизоранд, вориди саҳна хоҳанд шуд.
Ба назар мерасад, ки ҳалқаи хабисаи такмили ДОИШ, бо ноумедии Ғарб аз Толибон ба машвараи Инглису Амрико дар ҳоли баста шудан аст. Баъд аз машварати амрикоиҳо ва ройзанӣ бо инглисҳо, тарҳи дувуми эҷод ва шаклгирии давлати таркибӣ, ба миён омад, ки чандон аз сӯи Толибон ва мушовиронашон мавриди истиқбол қарор нагирифт, зеро Толибон, ҳар хел мушорикат дар қудрати сиёсиро ба масобаи хатми проекташон медонанд ва ба ҳамин далел ҳозир нестанд бо касе рӯи як миз бинишинанд ва ғаноими амрикоиву ғарбиро тақсим кунанд.
Дар ҳоле ки тарҳи дувуми эҷоди давлати мушорикатӣ бо бунбаст хӯрд ва Амрико талош кард, то бо эҷоди муфризаҳои резерфӣ дар Ғарб, ки ба номи ҳизб, ҳаракат, ҷунбиш, устоди донишгоҳ, коршинос ва ғайра, ҳаррӯза замоими пинҳони тавофуқномаи Давҳа ва тарҳи ҳифзу истимрори вилояти амрикоии Толибонро нушхор мекунанд, бо рӯи дигаре ба майдон биёяд. Толибон ҳам бо наздикӣ бо минтақа талош доранд, то аз як тараф хатари ДОИШ-ро бузург нишон диҳанд ва аз сӯи дигар, дар як раванди ҳамгароии минтақаӣ ва эътилофи муваққатии минтақа саҳим сохта шаванд.
Ҳол бо маддиназардошти изҳороти Семпал, канорагирии Салоҳуддин Аюбӣ, бесарнавиштии Махдум ва дилсардии Фасеҳуддин, нуфузи беш аз ҳадди Алқоида дар сохтори толибонӣ, вазъияти Покистон, буҳрони Ховари Миёна, бунбасти Украина, буҳрони Аврупо ва интихоботи Амрикову Аврупо, ба назар мерасад сенарияи бозӣ дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, тағйири бунёдӣ кунад. Пас, агар чунин аст, метавонем бигӯем, ки бозии ҷадид шурӯъ шуда? Оё ин масъалаи бузургсозии ДОИШ ва тавонмандсозии он барои эҷоди чолишҳои амниятӣ ба масъалаи Эрон рабт надорад? Ва ё ин ки муваффақияти русҳо дар Украина ва тасхири чандин шаҳр дар ин кишвар чӣ паёмеро метавонад барои мутаваллиёни ин бозии хунин дошта бошад?
Тарҳи имтиёзгирӣ ва тақсими ҳавзаи манофеъ миёни қудратҳои бузург, як қоидаи қабулшуда дар буҳронҳои дунё шудааст. Ҳол, ки мувозинаи ҷанг дар Ховари Миёна ва Украина рақам хӯрда, пас гуфта метавонем, ки ба маҳзи тағйири мувозина дар ҷангҳои дигар қазияи Афғонистонро низ тағйир медиҳанд. Ман ҳамин тавр фикр мекунам, зеро Толибони саркаш, контрол ва нуфузи минтақа болои онҳо ва дастнахӯрда мондани резерфҳои доишӣ ва даҳҳо гурӯҳи террористии дигар дар минтақа заминаро барои тағйири муодила тағйир хоҳад дод.
Пас маълум мешавад, ки резерфиҳои ДОИШ-и Хуросон, монанди Фасеҳуддин ва Махдум Олим ва Аюбӣ бояд бисёр масруф шаванд?! Зеро тарҳи севум баъд аз тарҳи аввалу дувум, хелеҳо ҳазинабар, вақтсарфкун ва чолишбарангез аст. Ҳатто истеъфои ҳалқаҳои раҳбарии ДОИШ (Фасеҳуддин ва Махдум Олим ва Аюбӣ) ва ҷудо шуданашон аз сафи Толибон, ба ҳамин қазия метавонад рабти мустақим дошта бошад.
Ҳоло қазия бо ҳамлаи чанд рӯзи пеш ба Панҷшер бештар дар меҳвари ҳадсу гумонҳо мечархад. Ҳамлаи чанд рӯз пеш дар Панҷшер ва он ҳам дар як пойгоҳи муҳими Толибон, метавонад як миқдор саволбарангез бошад. Шояд ин аввалин ҳамла аз ҷинси таҳаввул дар набардҳои кунунӣ дар асри модерн бошад, ки бозигарони ғайридавлатӣ, махсусан дар ҷуғрофияи Афғонистон, аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ҳадаф қарор додани душманонашон, истифода мебаранд. Ин масъаларо ба далеле матраҳ месозам, ки шоеоте вуҷуд дорад, ки ҳамлаи чанд рӯз пеш дар Панҷшер, тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин анҷом шудааст. Ҳол лозим медонам, то ба баррасии чанд эҳтимол дар паси ин ҳамла бипардозам:
Аввал - эҳтимол ин ҳамла тавассути ДОИШ-и Хуросон, ҳамон тавре, ки дар шоеот иддао шуда ва мақомоти Амрико низ ин мавзӯъро ишора кардаанд. Аз ибтидои қувватгирии Толибон аносире аз ақвоми тоҷик, ӯзбек ва... дар суфуфи Толибон ҷобаҷо шуда буданд, ки гумон мерафт, рӯзе ҳастаҳои аслии ДОИШ-и Хуросонро шакл диҳанд. Салоҳуддин Аюбӣ, Олим Махдум ва Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши Толибон, аз ҷумлаи саркардаҳои аслии ин ҳастаҳо маҳсуб мешаванд. Дар ҳамин ростои таҳлил, ду нафари аввал аз мақомҳои худ, ки ба таври символик барояшон дар иморати Толибонӣ дода шуда буд, истеъфо дода ва зоҳиран аз сафи Толибон ҷудо шудаанд. Ин яъне рафтани қазия ба сӯи фаъолсозии ДОИШ минҳайси барномаи севум;
Дувум - эҳтимоли ин ҳамла тавассути муттафиқини осиёӣ, ки ба эҳтимоли зиёд баъд аз сангарсозиҳои шабакаи Алқоида, гурӯҳҳои террористӣ аз Осиёи Миёнаву Чин ва бақоёи Шабакаи Ҳаққонӣ, чунин иқдоме сурат гирифта бошад. Фаъол шудани Алқоида ва кӯмаки ин шабака ба соири ҳаракатҳои террористӣ, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва дорои пойгоҳҳои қавмӣ, зарфияти баланди амалиётӣ ва ҳимояти қавии таслиҳотӣ мебошанд, барои муттафиқини осиёӣ як амри ғайри қобили қабул бошад. Сармоягузории Алқоида дар Панҷшер ин дижи стратегӣ, мояи нигаронии кишварҳои минтақа шуда ва чун хатар дар ҳоли ташдид шудан аст ва авоқиби хубе ба думбол надорад, биноан тасмим гирифта шуда, то минҳайси аввалин вокуниш, ба ин пойгоҳҳо дар дили кӯҳҳои Панҷшер, ҳамла сурат гирад. Дар зимн, мумкин аст ин навъ таҳаррукот чолаҳои амниятии васеътар ва ғайри қобили пешгириро дар ин ҷуғрофия ба вуҷуд оварад;
Севум - имкони анҷоми ин ҳамла тавассути Ҷабҳаи муқовимат, ки мумкин ба дастури амрикоиҳо баъд аз нокомии плони дувум минҳайси севумин гузина, мавриди назар қарор гирифта шуда бошад. Амрикоиҳо зоҳиран дар татбиқи плони аввал мабнӣ бар насби Толибон дар ҳитаи қудрат ва истифода аз ин гурӯҳ ноком шуданд. Дар плони дувум мабнӣ бар шаклдиҳии як ҳукумати таркибӣ, ки муташаккил аз Толибон, сиёсиёни овора ва маошбихӯрашон ва мухолифони мусаллаҳи Толибон, ноком шудаанд. Биноан, татбиқи барнома ва ё гузинаи севум минҳайси як таҳарруки амалиётӣ, ҳамла бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин низ дар дастур кор қарор гирифтааст. Ба таносуби ин ки Амрико дар талоши татбиқи барномаҳои дувум ва севум шуд, Толибон низ дар домани минтақа бештар суқут карданд ва хостори часпидан ба дастурикорҳои минтақа ҳастанд. Ин хатар барои Амрико, ғайри қобили пазириш аст ва наметавонад қобили таҳаммул бошад. Дар даруни Толибон низ ҳалақоте ҳастанд, ки намехоҳанд луқмаи чарбиро, ки ин гурӯҳ ба даст оварда бо дигарон тақсим кунанд.
Ҳоло вазъият ба кадом сӯ пеш меравад?
Дар сурати идомаи вазъияти кунунӣ, соири гурӯҳҳои террористии фаъол дар минтақа ва ҷуғрофияи Афғонистон, ба ин маърака хоҳанд пайваст, ки бо таҳаққуқи он майдони ҷанг сурат ва шамоили тозае ба худ хоҳад гирифт, зеро агар ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар майдони рақобати Афғонистон ба тарафҳои даргири мунозеа дода шавад, таҳаввуле ҳаммонандм вуруди мушакҳои стингер дар замони ҳузури Артиши сурх хоҳад буд. Ин кор бартарии мутлақ Толибонро дар майдони ҷанг, зери савол хоҳад буд ва мунҷар ба тағйири мувозина дар маёдини ҷанг хоҳад шуд.
Натиҷаи ин таҳлил чӣ мешавад?
Бо маддиназардошти далоили боло, ки ба гунае ба он пардохта шуд, дар сурати дахолати ДОИШ дар ин ҳамла, ҳадаф фақат як чиз буда метавонад: он ҳам тазъифи меҳвари муқовимати Эрон, ки дар Ховари Миёна бунбаст эҷод кардааст. Дар зимн, даргир сохтани Русияву Чин дар майдони Афғонистон, рухи дигари ин моҷаро аст, ки ба гунаи ҳадафманд дар мавриди авоқиби он, муҳосиба сурат гирифтааст.