Суҳбати Александр Дугин, файласуфи маъруф ба “идеологи Кремл” дар барномаи “Ташдид (Эскалатсия)”-и Радиои Спутник
Манбаъ: маҷаллаи “Арктос”
Радиои Спутник, маҷрии барномаи «Ташдид»: Таътилоти ахир ва оғози соли 2026 бо мавҷе аз рӯйдодҳо дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамроҳ буд. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҷаҳонро дар ҳолати омодабош нигоҳ доштааст: иқдомоти сиёсати хориҷии Амрико рӯз ба рӯз аҷибтар ва хашинтар мешавад. Гуфтугӯро бо вазъияти Гренланд оғоз кунем. Ахбори ин ҳавза бисёр ҷолиб аст. Фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико дар умури Гренланд, Ҷефф Ландри, баёнияи ҷанҷолӣ содир кард ва гуфт, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, Дания амалан бо давр задани протоколҳои Созмони Милали Муттаҳид, контроли ин ҷазираро дубора ба даст гирифта ва ин иқдомро “бозишғол” номид. Вазорати корҳои хориҷии Дания пештар эътирози худро эълом карда ва бар осебнопазирии ҳокимияти ин кишвар таъкид кардааст. Чаро Трамп ва атрофиёнаш акнун ногаҳон ба меъёрҳои СММ ва протоколҳои таърихӣ мутавассил шудаанд, дар ҳоле ки пештар ошкоро гуфта буданд ин созмон аслан аҳамияте надорад?
Александр Дугин: Ба назари ман, Трамп воқеан дар ҳоли тағйири сиёсати байналмилал аст. Ин масъала бисёр ҷиддист. Ноҳамоҳангиҳои гоҳ ба гоҳ дар рафтори ӯ, сардаргумии зоҳирӣ ва тазодҳое, ки иқдомоташро иҳота кардаанд — ҳамаи инҳо ба навъе “меҳи ҷанг”-ро шакл медиҳанд. Гоҳе ӯ мустақиман дар бораи он чӣ воқеан дар ҳоли рух додан аст, сухан мегӯяд ва бар ҳамон асос амал мекунад ва гоҳе аз ин меҳ барои пинҳон кардан ё пӯшондани ниятҳои воқеии худ истифода мекунад.
Вақте ӯ аз “илҳоқияи Трамп” бар доктринаи Монро сухан мегӯяд (ёдовар мешавам: доктринаи Монро мафҳумест, ки дар нахустин чаҳоряки қарни нуздаҳум шакл гирифт ва бар ин асл устувор буд, ки қораи Амрико бояд аз нуфузи истеъмории аврупоӣ озод бошад), дарвоқеъ ба решаҳои худ бозмегардад. Дар оғоз, ин идея на танҳо ба маънои ҳегемонияи Иёлоти Муттаҳида буд, балки навъе муборизаи озодибахши миллатҳои Амрикои Лотин алайҳи калоншаҳрҳои аврупоиро низ дар бар мегирифт, бо шиори “Амрико барои амрикоиҳо”. Яъне Амрико мутааллиқ ба амрикоиҳо бошад, на аврупоиҳо. Русия дар он ҷо мустамликае надошт, бинобар ин ин масъала мустақиман ба мо марбут намешуд — инҳо мушкилоти дохилии худи онҳо барои раҳоӣ аз Ҷаҳони Қадим буд.
Имрӯз ин мантиқ дар иқдомоти комилан афсоргусехтаи Трамп алайҳи раисиҷумҳури як кишвари мустақил, Венесуэла, намуд пайдо кардааст: ӯ ба содагӣ Николас Мадуро ва ҳамсарашро рабуд. Афзун бар ин, Трамп дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ — шояд ба шӯхӣ, шояд комилан ҷиддӣ ва боз ҳам дар ҳамон “меҳи ҷанг” — эълом кард, ки акнун раисиҷумҳури Венесуэла низ ҳаст; яъне ҳамзамон раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва раисиҷумҳури муваққати Венесуэла. Агар таърихи ҷаҳонро бо диққат бингарем, мебинем, ки ин иттифоқ ҳамеша афтодааст: касе худро император эълом мекард, касе ба дасти артиш ба унвони фармонравои мутлақ баргузида мешуд ва касе аз тариқи кудато ё инқилоб қудратро ба даст мегирифт, ҳамон гуна ки дар кишвари мо низ рух дод. Бинобар ин, дар маҷмӯъ, набояд беш аз ҳад нигарони шакли зоҳирии моҷаро буд. Ба асли мавзӯъ нигоҳ кунем: Мадуро рабуда шудааст, дар кишвар ҳузур надорад, Амрико дар ҳоли пешравӣ ба сӯи Венесуэла аст, худро барои тиҷорати нафти он омода мекунад ва амалан ин сарзаминро зери шиори “Амрико барои амрикоиҳо” ба худ илҳоқ кардааст.
“Илҳоқияи Трамп” дар ин ҷо чигуна амал мекунад? Аз дидгоҳи ӯ, Венесуэла зоҳиран “таҳти ҳокимияти русҳо ва чиниҳо” буда ва акнун “истеъморзудоӣ”-и он ба нафъи Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли анҷом аст. Албатта, русҳо ва чиниҳо бар Венесуэла ҳукумат намекарданд — аммо Трамп хоҳад кард. Ба ҳамин минвол, ин бор дар шимол Трамп иддаои ҳақ бар Гренландро матраҳ мекунад. Ӯ мегӯяд, аз назари ҷуғрофиёӣ ин сарзамин идомаи қораи Амрикои Шимолист ва маҳалли сукунати инуитҳост — ҳамон эскимосҳое, ки дар Аляска зиндагӣ мекунанд. Биёед, онҳоро «озод» кунем, зеро мумкин аст дигарон — боз ҳам русҳо ва чиниҳо — ба онҳо дастандозӣ кунанд. Трамп истидлол мекунад, ки ду тими аробаи сагҳо барои муҳофизати ин қаламрави азим, ки саршор аз манобеъ аст ва дар набардҳои оянда барои Қутби Шимол аҳамияти роҳбурдӣ дорад, кофӣ нест. Ин сарзамин бояд “наҷот дода шавад”.
Ӯ Дания ва Иттиҳодияи Аврупоро муште нодон, либералҳои аҳмақ ва раҳмбарангез мебинад, ки ҷиғ мекашанд. Дар назари ӯ онҳо ҳеҷ қудрате надоранд ва онҳоро аз назари зеҳнӣ нотавон медонад. Касе монанди Кая Каллас барои ӯ сирфан як сӯитафоҳум аст, аммо Гренланд ва мавқеи роҳбурдии он аҳамият дорад. Канада низ ба ҳамон андоза муҳим аст; кишваре ки, чунон ки ногаҳон равшан шуд, ҳанӯз ба таври расмӣ таҳти тоҷу тахти Британия аст — Трамп инро “саҳлангорӣ” дар раванди истеъморзудоии қораи Амрико медонад. Ва ӯ ин илҳоқия ба доктринаи Монроро бо тамоми суръат ба иҷро медарорад.
Дар айни ҳол, тарзи тавҷеҳи иқдомоташ аҳамияте надорад. Шиори ӯ содда аст: метавонам, пас анҷом медиҳам. Агар битавонам Мадуроро бидуздам, агар битавонам Гренланд ва Канадаро бигирам, ин корро хоҳам кард. Шояд бигӯед: чӣ кобусе, ин поёни ҳуқуқи байналмилал ва ҳамаи тавофуқҳост! Аммо ҳамеша ҳамин гуна будааст: агар кореро анҷом намедиҳам, яъне ҳанӯз наметавонам ва фақат дар ҳоли омода шудан барои “тавонистан” ҳастам. Тамоми таърихи ҷаҳон — агар рӯбинои инсондӯстона ва ташрифоти риёкоронаи дипломатӣ бо дастфишориҳои бемаъно дар нишастҳои бесамарро канор бигузорем — ҳама чиз ба ҳамин асл бармегардад. Трамп сирфан пардаи маъсумиятро аз ин буъди равобити байналмилал канор мезанад ва мегӯяд: биёед, бубинем, чӣ касе ин ҷо қавист ва чӣ касе заиф.
Агар ӯ фақат ба нимкураи ғарбӣ басанда мекард, шояд мешуд ягон вақт бо ӯ канор омад. Раисиҷумҳури мо ахиран гуфт: Гренланд, Гренланд аст; Иттиҳодияи Аврупо душмани мост; ва Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ дӯсти мо нест. Ва агар миёни онҳо ҷанге дар бигирад, ҳатто метавонад иттифоқи хубе бошад. Дар Ғарб, акнун ба таври ҷиддӣ аз эҳтимоли ҷанг миёни Амрико ва НАТО сухан гуфта мешавад. Ҳамеша ҳамин тавр будааст: яке ҳамла мекард, дигаре истиқлол ё тамомияти арзиро бар хилофи хости тарафи муқобил ба расмият мешинохт. Аммо акнун як “бозчинии асосии кортҳо” барои ҳаққи мушорикат дар ин ҷаҳони нави қудрат дар ҳоли рух додан аст.
Ҳар давлати мутамаддин имрӯз тамаъҷӯйиҳои худро эълом мекунад: Трамп бо тарҳҳои азимаш, Чин бо аҳдофи ҷаҳонии ба ҳамон андоза муҳим ва мо бо ин иддао ки ҳеҷ тасмиме набояд бидуни мо гирифта шавад — вагарна «Орешник»-ҳоро ҳама ҷо хоҳем кошт. Ин се нерӯ акнун дар ҳоли бозсозии ҷаҳонанд. Иттиҳодияи Аврупо музоҳим аст ва миёни “ҳам шумо ва ҳам мо” саргардон мондааст. Дар баробари эҳтимоли ҷанг бо Амрико, раҳбарони аврупоӣ ногаҳон ба ин фикр уфтодаанд: оё бояд бо Путин муттаҳид шаванд? Зеро агар Амрико ҳамон гуна ки дар Венесуэла амал кард, бихоҳад онҳоро бо зӯри физикӣ водор ба итоат кунад, чигуна метавонанд муқовимат кунанд?
Як бознигарии азим дар қавонин дар ҷараён аст. Аммо агар ин қавонин қобили канор гузоштан бошанд, агар як раисҷумҳур қобили рабудан бошад ва кулли кишварҳо қобили тасаввур бошанд, он гоҳ ин воқеияти наве аст. Мо воқеан дар соли 2026 дар ҷахони комилан мутафовит бедор шудем, ҷаҳоне, ки фақат ба ин далел барои мо ноошно ба назар мерасад, ки одатан кӯшиш намекунем онро росту содиқона рамзгузорӣ ва дарк кунем.
Мо ба сурати ҷамуд (инерсия) ҳаракат мекунем: ин ҳам сулҳи Ялта ва ин ҳам Созмони Милали Муттаҳид. Дарвоқеъ дигар Созмони Милал вуҷуд надорад ва шояд фардо НАТО ҳам вуҷуд надошта бошад. Аммо инҷо як мушкил барои мо пеш меояд: Оё Трамп худро ба нимкураи ғарбӣ маҳдуд хоҳад кард? Оё ӯ бо гирифтани ҳамаи ин қаноат хоҳад кард ё ба пеш хоҳад рафт? Иттиҳодаш бо Исроил, ки ба таври ҷолиб бисёре аз ҳимоягаронаш онро шадидан танқид мекунанд, нишон медиҳад, ки нияти ӯ нисбати Ховари Миёна холис нест. Ва ин нимкураи мо аст, Авруосиё, минтақае барои “Доктринаи Монро”-и эҳтимолии мо. Ӯ Эронро таҳдид мекунад ва ваъда медиҳад, агар эътирозҳо саркӯб шавад, ҳамлаи низомӣ мекунад. Ва Трамп аз кӯмак ба Украина ҳам худдорӣ намекунад, аммо ин ҷо Авруосиё аст.
Акнун як саволи бисёр ҷиддӣ халқ мешавад. Фарз кунем дар сурати рӯбарӯии низомии мустақим дар Амрикаи Лотинӣ, мо омодаи ҷанг дар қаламрави онҳо барои пуштибонӣ аз Мадуро бо ҳар воситаи зарурӣ нестем. Хуб, омода нестем. Аммо Авруосиё, Эрон, Ховари Миёна ва Украина ҳавлии худи мост. Ва ин ҷо мо меҷангем, ҳар кореро ки метавонем мекунем. Дер ва суст, ҳамон тавре ки бисёрӣ эътироф мекунанд, аммо мо меҷангем.
Рафтори Чин ҷолиб аст: ба назар мерасад, фикр мекунад метавонад сабр кунад ва яке пас аз дигар хаттҳоро таслим кунад. Аммо тақрибан ҳамаи нафти Чин аз мо, Венесуэла ва Эрон меояд. Трамп фишорро афзоиш хоҳад дод. Ӯ аллакай кӯшиш мекунад тавассути таҳримҳо ва фишор тариқи нерӯи соя “моро таҳти фишор гузорад”. Чин, ин қудрати бузург, ниёз дорад дар ҷанги Авруосиё ворид шавад, зеро Трамп чизе ба мо нахоҳад гузошт. Ӯ ҳама чизро аз ҳама хоҳад гирифт —зеҳни ӯ ин гуна кор мекунад. Мо бояд тамаркуз кунем бар таъсис додани назорати мустақими Русия бар минтақаҳои ҳаётан муҳими Авруосиё. Ҳар чизеро, ки аз даст медиҳем, чи бетарафӣ ё ҳокимияташро ба расмият мешиносем — суди ин ҳама ба амрикоиҳо хоҳад расид. На ҳатто ба чиниҳо, балки маҳз ба амрикоиҳо.
Возеҳ аст, ки онҳо дар нимкураи ғарбӣ ист нахоҳанд кард ва ба Шарқ ҳаракат хоҳанд кард. Вақт аст, ки мо минтақаи афзалиятҳои асосии худро эълон кунем: Авруосиё барои авруосиёиҳост. Мо наметавонем Трампро аз шиораш “Амрико барои амрикоиҳо” баргардонем — хуб, ин тамаддуни шумост. Аммо агар чунин аст, Авруосиё барои авруосиёиҳо ва танҳо барои онҳост. Ва ин ба он маъност, ки на барои Ҷаҳони Нав (Амрико).
Маҳз дар чунин ҷаҳон мо бедор шудаем. Оё омода ҳастем барои он? Не. Оё имкони пешгирӣ аз он вуҷуд дорад? Не. Ин мушкили соли 2026 аст. Мо дар ҷаҳоне қарор дорем, ки аз корҳоеро талаб мекунад, ки аз нуқтаи назари ахлоқӣ ва ақлӣ ба иҷрои онҳо омода нестем. Мо аллакай дар ин ҷанг ҳастем, аллакай барои манфиатҳои Авруосиё дар Украина меҷангем. То замоне ки онро комилан аз режими нозии тарафдори Ғарб озод накунем, мо қудрати бузург нахоҳем буд. Ин шароит ба мо таҳмил шуд, мо ба он ворид карда шудем ва ҳоло бояд ин имтиҳонро гузарем. Украина ё моликияти мо хоҳад буд, ё дигар Украина вуҷуд нахоҳад дошт, на мо ва эҳтимолан на ҷаҳон.
Аввалин амалкардҳо ва изҳоротҳои Трамп дар соли 2026 суръати тамоми равандҳои геополитикии ҷаҳонро тез хоҳад кард. Як низоми ҷаҳонии нав ва бераҳми қудратҳои бузург дар ҳоли шаклгирист: ё моро онҳо соҳибӣ хоҳанд кард, ё онҳо моро. Бефоида аст, ки ба инсоният арҷ гузорем, мунтазири тағйироти қудрат дар Иёлоти Муттаҳида бошем ё кӯшиш кунем Иттиҳоди Аврупоро ба пайравӣ аз қавонин қоил кунем. Ҳеҷ ҳуқуқ ё қонун нест, танҳо қонуни зӯр ҳукмфармост. Ҳатто худи Иттиҳоди Аврупо ҳам шуруъ ба дарки ин воқеият кардааст.
Ҳеҷ роҳи бозгашт нест: Мадуроро наметавон бо узрхоҳӣ барои “сӯитафоҳум” баргардонд. Ҷаҳон аз роҳе меравад, ки бозгашт надорад. Ин воқеият сахту нигаронкунанда аст, аммо мо бояд танҳо чизҳоро ба номашон номем ва барои онҳо омода бошем.
Муҷрӣ: Оё мешавад шабоҳатҳои таърихиро зикр кард? Трамп ҳоло хеле хашин ҳамла мекунад: ӯ ҳамзамон ҳақ бар Гринландро эълон мекунад, фикри ҳамла ба Куба ва Венесуэларо дорад ва кӯшиш мекунад ба Эрон шароити худро таҳмил кунад. Оё ӯ ба осонӣ дар ҳамаи ин ҷабҳаҳо энергияашро аз даст нахоҳад дод? Мо намунаи Олмони Гитлерро дорем: он ҳам бо хушунати зиёд оғоз кард, ҳама чизро дар роҳаш тасарруф кард, аммо дар ниҳоят ин ишғолгарии аз ҳад беш боиси фалокаташ шуд. Оё Трамп ҳамин хаторо бо афзун тасаввур кардани қобилиятҳои Амрико намекунад?
Александр Дугин: Олмони Гитлер муваффақиятҳои фавқулодда дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ ба даст овард, ки ба назар мутазод менамояд: режиме, ки танҳо 12 сол давом кард, натиҷаҳои ҳайратангез ба даст овард. Гитлер худ ба худ фурӯ нарехт ва танҳо бо баландпарвозиҳояш “зиёдаравӣ” накард — мо ӯро шикаст додем. Мо исбот кардем, ки қавитар, руҳонӣ ва пурқудраттар ҳастем: халқи мо, давлати Шӯравӣ ва Русияи мо. Гитлер ба танҳоӣ суқут намекард — мо гардани ӯро шикастем.
Ин як нуктаи бисёр ҷиддӣ аст. Агар ӯ ишғолгарии худро идома медод ва мо бетараф мебудем ё ниҳоят муваффақ мешудем ӯро алайҳи Ғарб қарор диҳем (ба ҳар ҳол ӯ бо Инглису Фаронса вориди ҷанг шуд), маълум набуд қисса чӣ гуна хатм мешавад. Танҳо вокуниши халқи далери Русияи мо метавонист ӯро боздорад. Ӯ худ ба худ бо вуҷуди баландпарвозиҳои беш аз ҳад, фурӯ намерехт. Бале, аз нуқтаи назари геополитикӣ ӯ тасмим гирифт ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Шарқ биҷангад то “ман” – и хешро тасбит кунад, аммо фақат дар марҳилаи аввал муваффақиятҳои ҳайратангез дошт.
Бино бар ин, дар даврони раёсатиҷумҳурии Трамп, иттифоқоти зиёде мумкин аст рух диҳад. Ҳамон тавре ки Такер Карлсон ба дурустӣ ишора кардааст, Трамп дар ҳоли гузар додани Иёлоти Муттаҳида аз як ҷумҳурӣ ба як империя аст. Мутафаккири амрикоӣ, Куртис Ярвин, муддатҳост дар ин бора суҳбат мекунад: захираҳои демократия ба поён расидаанд, олигархия кишварро ба бунбаст кашонда ва танҳо роҳи раҳоӣ, империя аст. Трамп мисли як император рафтор мекунад. Ин вазъият Ҳитлер, Сталин ё Империяи Бритониёро ба ёд меорад (Империяи Русия хеле муаддабтар буд). Даврони империяҳо фаро расидааст.
Оё Трамп, бо эъломи империя будани Амрико, мумкин аст зиёдаравӣ кунад? Бале. Оё мумкин аст қудрати худро нодуруст баровард кунад? Қатъан. Аммо ҳеҷ кас ӯро мутаваққиф нахоҳад кард, магар ин ки мо худ Русияро ба унвони як империяи бузург ва комилан соҳибихтиёр бисозем — қудрате нерӯманд ва басиҷшуда, ки на майле ба таъзим дар баробари касе дорад ва на омодаи созиш аст. Ҳамон гуна ки Гитлер мутаваққиф нашуд, Трамп низ мутаваққиф нахоҳад шуд.
Масъалаи дигар ин аст, ки мо дар ҳоли ҳозир тавони ҳимоят аз Куба, Венесуэла, Мексика ё Гренландро надорем. Дар даврони Шӯравӣ мумкин буд дар бораи чунин чизҳое фикр кард, аммо имрӯз на. Ва аслан ин кори мо нест: ҳар қадар онҳо он сӯи уқёнус бештар бо якдигар биҷанганд, барои мо беҳтар аст; ин як ҳадияи воқеӣ аст. Мо ҳанӯз наметавонем Трампро дар қаламрави худаш маҳор кунем, аммо коре ҳаст, ки бояд дар ин ҷо анҷом диҳем. Вазифаи фаврии мо таъмини назми авруосиёӣ ва барқарории султаи Русияи бузург бар қораи худ аст. Албатта, на ба танҳоӣ, балки дар иттиҳод бо дӯстони бузургамон, Чин ва Ҳинд.
Ин маъмурияти соли 2026 аст. Ва бояд бо суръате комилан мутафовит аз суръате ки дар 26 соли гузашта дар ин масир ҳаракат кардаем, ба сӯи он пеш равем.
Муҷрӣ: Ҳамкори мо дар бахши хабар ҳамин ҳоло ба мавзӯи Эрон ишора кард, мавзӯе, ки дар қисми қаблии барнома низ матраҳ шуд. Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки дар миёни ширкаткунандагони нооромиҳо, таҳриккунандагоне ҳузур доштанд, ки дастури мустақим барои тирандозӣ ба мардум дарёфт карда буданд. Дар баёнияи ӯ номи Иёлоти Муттаҳида низ матраҳ шуд. Оё воқеан мумкин аст мардум дар Эрон на танҳо ба далели норизоятиҳои иқтисодӣ, балки бо ҳимояти мустақими Вашингтон ба хиёбонҳо омада бошанд? Ва оё ин талоше барои омодасозии заминаи мудохилаи густардаи Амрико дар ин кишвар нест?
Александр Дугин: Комилан ҳамин тавр аст, дақиқан ҳамин иттифоқ дар ҳоли рух додан аст. Эрон душмани минтақаии асосии Исроил аст ва Исроил фақат муттаҳиди Амрико нест; балки кишваре аст, ки ба далели маҷмӯае аз омилҳо, сиёсати Амрикоро дикта мекунад. Исроил нисбат ба доктринаи Монро ва шиори “Амрико барои амрикоиҳо” бетавофут аст; барномаи хоси худро дорад. Исроил дар ҳоли сохтани “Исроили бузург” аст — ин нақша ҳатто рӯи шевронҳои артиши Исроил низ дида мешавад. Ин проект шомили ҳазфи Лубнон, ишғоли Сурия ва тасарруфи бахше аз хоки Миср аст — эҷоди як қудрат “аз дарё то дарё”. Ва Эрон дар масири ин модели хашини империалистӣ қарор дорад.
Аз он ҷо ки Исроил қудратманд аст ва Иёлоти Муттаҳида, ба эътирофи худи амрикоиҳо, аксаран на баръакс балки ба унвони намояндаи он амал мекунад, мо натиҷаи мантиқиро мебинем: Исроил дар ҳоли созмондеҳии амалиёти тағйири режим дар Эрон аст ва Амрико низ онро ҳамроҳӣ мекунад. Ман мутмаинам, ки Моссад ва СиАйЭй акнун ба сурати муштарак барои ба анҷом расондани раванди бесуботсозии Эрон кор мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки ин раванд аз берун ҳидоят ва таҳрик мешавад.
Нуқтаи дуввум: раҳбарии Эрон бидуни шак иштибоҳоти зиёде муртакиб шудааст. Нахуст ин ки шӯълаи инқилоби шиъа, ки рӯзе ба дасти Оятуллоҳ Хумайнӣ афрӯхта шуд, батадриҷ фурӯ нишаст. Шӯри ҳамосии интизори Маҳдӣ ва набарди ниҳоӣ бо Даҷҷол — душмани башарият — рӯ ба сардӣ гузошт. Интизороти охируззамонӣ ҷойи худро ба рӯзмаррагӣ дод ва дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва молӣ, раҳбарии Эрон дучори муҳосиботи нодурусти ҷиддӣ шуд. Далоили айнӣ вуҷуд дорад, ки чаро мардум аз ин вазъият хаста шуданд: худи идеологияи бузург ба дурустӣ иҷро нашуд.
Масъала идеология нест, балки шеваи иҷрои он аст. Ба ҷойи ҷустуҷӯи роҳҳое барои муқобилаи муассир бо Исроил ва муттаҳидаш Ғарби ҷамъӣ, бисёре ба шиорҳо ва таҳдидҳо дил хуш карданд. Онҳо барои муддати тӯлонӣ ҳаюлоро беш аз ҳад таҳрик карданд ва Исроилу Ғарб воқеан ҳамон ҳаюлои охируззамонӣ ҳастанд.
Як чиз ин аст, ки бо шуҷоат то поён, бо такя бар имон ва рӯҳ, бо он биҷангӣ; ва чизи дигар ин аст, ки сирфан онро таҳрик кунӣ. Ва вақте ин ҳаюло шурӯъ ба посух додан мекунад, тавассул ба ҳуқуқи байналмилал ва фарёди “қонуншиканиро мутаваққиф кунед!” мазҳакаомез аст. Ҷанг бо ин ҳаюло бояд то пирӯзии ниҳоӣ идома ёбад.
Пардаи геополитикиро канор мезанам: як сол пеш, қабл аз оғози рӯёрӯии мустақим, барои ҳамаи таҳлилгарони оқил равшан буд, ки Эрон ба танҳоӣ қодир нахоҳад буд дар баробари иттиҳоди Трамп–Нетаньяҳу муқовимат кунад. Пешниҳоде матраҳ шуд мабнӣ бар эҷоди як давлати иттиҳодии русӣ–эронӣ бар асоси улгуи иттиҳоди мо бо Беларус. Беларус кишвари кӯчак аммо сарфароз аст ва агар сипари ҳастаии мо набуд, рӯзҳояш ба суръат ба поён мерасид. Эрон, ки ба далели фишори низомӣ ва хиёнати дохилӣ шонси ҳифзи ҳокимияти худ ба суръат дар ҳоли аз байн рафтан аст, ба тазминҳои воқеӣ ниёз дошт. Русия майл дошт Эронро дар чунин иттиҳоде бипазирад — ин метавонист як ҷумҳурии федералии эронӣ ё шакли дигари ҳамгироӣ бошад.
Иттиҳод миёни Русия ва Эрон танҳо роҳи ҳал буд. Аммо эрониҳо посух доданд: “Мо форсҳои мустақил ҳастем, мо як империяи бузург дорем”. Аммо агар дар чунин шароит мехоҳед империяи худро ҳифз кунед, бояд вориди иттиҳодҳои маъқул шавед. Мо ҳеҷ майле ба истеъмори Эрон надоштем; мо иттиҳодеро пешниҳод додем, ки онҳоро наҷот медод. Мутаассифона, аз ин рӯёрӯии кунунӣ натиҷагирии дуруст сурат нагирифт. Эрон иддао мекунад, ки шикаст нахӯрдааст ва короии худро нишон додааст, аммо ин танҳо “меҳи ҷанг” аст. Эрон ин ҷангро бо Исроил набурд ва наметавонист ҳам бибарад, зеро ҷаҳони ислом дучори тафриқа аст ва омилони амрикоӣ ва Моссад дар қаламрави он ба роҳатӣ фаъолият мекунанд. Онҳо қодиранд раҳбарии душманро дар як лаҳза ҳазф кунанд — ҳамон қадар зуд, ки Трамп Мадуроро рабуд.
Мо бо душмане махуф, як ҳаюлои воқеии охируззамонӣ рӯбарӯ ҳастем ва бо шиору ба танҳоӣ наметавон онро шикаст дод.
Аз ин хотир, лозим аст ба таври ҷиддӣ биандешем, ки чигуна метавон инқилоби Эронро наҷот дод. Танҳо як роҳ вуҷуд дорад: Русия. Агар Эрон зери “чатри ҳастаӣ”-и мо қарор мегирифт, ҷаҳон комилан дигар мешуд. Афзун бар ин, мо ҳеҷ ихтилофи бунёдине бо Нетанёҳу надорем — ин дарвоқеъ мавзуъи мо нест. Аммо эрониён ин фурсатро аз даст доданд ва акнун давраи душворе дар пеш хоҳанд дошт.
Шояд онҳо ба Чин умед баста бошанд, кишваре, ки аз назари иқтисодӣ дар фарояндҳои нафтии Эрон дахил аст, аммо роҳи Пекин аз назари рӯёрӯии мустақим бо Ғарб ҳатто аз мо ҳам дуртар аст. Чиниҳо мекӯшанд бо ба таъхир андохтани масъалаи Тайван аз бархӯрди ногузир парҳез кунанд, бино бар ин, умеди чандоне ба онҳо нест — ҳамон гуна ки дар Венесуэла ё ҷойҳои дигар низ чунин буд. Онҳо ҳимояти дипломатӣ ё молӣ ироа хоҳанд дод, аммо воқеан вориди моҷаро нахоҳанд шуд.
Мо чизе барои аз даст додан надорем. Як сол пеш метавонистем як давлати иттиҳодӣ эҷод кунем — ва ҳатто акнун, ҳарчанд каме дер шудааст, ҳанӯз ҳам метавонистем. Дар он сурат, як горнизони кӯчаки эронӣ метавонист дар Қутби Шимол мустақар шавад ва мо низ пойгоҳи дарёӣ дар обҳои гарми уқёнуси Ҳинд медоштем. Ин ҳадафи роҳбурдии сиёсати мост; ҳадафе, ки метавонист бидуни ҷангу футӯҳот бо ҳалли ҳамзамони мушкилоти Маскаву Теҳрон муҳаққақ шавад. Ман итминон дорам, ки дар он сурат, Туркия низ ба баррасии чунин иттиҳоде мепардохт, зеро он ҳам “дар навбати баъдӣ” қарор дорад: Иёлоти Муттаҳида Туркияи кунуниро, бо вуҷуди узвият дар НАТО, дӯст надорад. Замони иқдомоти геополитикии пешоҳангона фаро расидааст.
Дар мавриди амалиёти ҷории тағйири режим дар Эрон, агар ин амалиёт муваффақ шавад, зарбаи дардноке ба мо ворид хоҳад кард. Ин зарба ҳатто бадтар аз аз даст додани Венесуэла ё бесуботсозии Сурияву Лубнон хоҳад буд. Суқути Эрон ба ин маъност, ки навбати мост ва пас аз мо — Чин. Душман хоҳад кӯшид аз ҳамон фанновариҳо истифода кунад. Оё метавон гуфт, ки чунин шабакаҳои нуфузе дар кишвари мо вуҷуд надоранд? Эрон бо шиддат аз амнияти худ дифоъ карда ва омилони СиАйЭй ва Моссадро ифшо кардааст, аммо норизоиятӣ афзуда, назорати комил аз тариқи абзорҳои рақамӣ ва фанновариҳои шабакавӣ, ҷомеаро дар баробари як “инқилоби ранга” осебпазир сохтааст.
Мо наметавонем фарз кунем, ки ҷомеаи мо осебнопазир аст. Мо қудрати қавӣ ва машрӯъ дар шахси раисиҷумҳур дорем, ки аз ҳимояти аксарият бархӯрдор аст. Аммо биёед содиқ бошем: кулли низом бар як фард устувор аст. Оё худи ниҳодҳо ва Қонуни Асосӣ метавонанд озмоиши фурӯпошиеро, ки Эрон ё Венесуэла акнун бо он рӯбарӯ ҳастанд, таҳаммул кунанд? Посух равшан нест. Мо бояд талоши азиме барои тақвияти ҳокимияти худ бо суръате комилан нав анҷом диҳем. Ҳамлаҳои душман ба маҳалли иқомати фармондеҳи олии қувваҳо сирфан терроризм нестанд; балки бахше аз ҳамон тарҳанд: ҳазфи чеҳраҳои калидӣ, эҷоди ҳарҷу марҷ ва фурӯпошии низом. Империяи Русия ба ин шакл суқут кард ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ низ тақрибан ба ҳамин шакл фурӯ пошид.
Мо дар баробари хиёнат дар раъси давлат масуният дорем, аммо ҳамчунон мекӯшем аз лабаи партгоҳе, ки сӣ сол пеш дар остонаи он истода будем, фосила бигирем.
Дил хуш кардан ба интизорҳои содалавҳонаи мӯъҷизагун, амале ҷинояткорона аст. Ончи дар Венесуэла ва бавижа дар Эрон — сарзамине, ки метавонист фазои иттиҳодии муштараки мо бошад — рух медиҳад, мустақиман ба мо марбут аст. Мо бояд ба худ ойем ва суръати тасмимгириҳои сиёсиро тағйир диҳем. Мо масири дуруст ва раҳбарии беҳина дорем, аммо суръати ҳаракат ба таври маргбор суст аст. Ба назар мерасад ё низоме аз харобкорӣ (саботаж) дар кор аст, ё инерсияи касоне, ки барои ҷаҳиш омода нестанд. Касе ислоҳоти меҳанпарастонаро маҳор мекунад, онҳоро ба шабеҳсозӣ табдил медиҳад ва сирфан буғро холӣ мекунад. Ман мӯътақидам ин кори “сутуни шашум” аст — он мақомҳо ва бозаргонони либерале, ки бар хилофи сутуни панҷум, фирор накарданд ва даруни низом боқӣ монданд.
Агар давлати тарафдори Амрико дар Эрон мустақар шавад, мо бо ҷабҳае ҷадид ва зиёни геополитикии азим рӯбарӯ хоҳем шуд. Ҳангоме ки муттаҳиди шумо ҳоло даргири як инқилоби ранга аст, бояд фавран вокуниш нишон диҳед. Лозим аст барои тақвияти ҳокимият, суръати ислоҳот тағйир кунад. Мо ҳамакнун дар умқи Ҷанги Ҷаҳонии Севум қарор дорем; ҷанге, ки метавонад ҳар лаҳза ба табодули ҳастаӣ мунҷар шавад ва мо тавре рафтор мекунем, ки гӯё ҳеҷ иттифоқе дар ҳоли рух додан нест.
Муҷрӣ: Шигифтангез аст; таътилоти Крисмас ва Соли Нав ба поён расида, аммо фазои сиёсӣ танҳо доғтар шуда ва воқеияти хашинеро ошкор кардааст. Александр Гелиевич, шумо ба талош барои ҳамла ба маҳалли иқомати раисиҷумҳури мо ва ҳамчунин ба сомонаи “Орешник” ишора кардед. Агар бо Эрон қиёс кунем ва тасаввур кунем касе бихоҳад сенарияи мушобеҳеро инҷо иҷро кунад, вазъият мутафовит ба назар мерасад: мо “Орешник” дорем ва аз истифодаи он ҳаросе надорем. Бар ин асос, хатарати мудохилаи хориҷӣ — ҳатто дар сурати бурузи бархе нооромии дохилӣ — инҷо ба маротиб камтар, масалан, аз Эрон аст.
Александр Дугин: Хатарати мудохилаи хориҷӣ шояд барои мо камтар бошад, аммо ҳамчунон азим аст ва ҳар рӯз афзоиш меёбад. Агар воқеан кӯчак мебуд, “Орешник”-и мо то кунун Украина, Венесуэла ва Эронро тарсонда буд. То кунун танҳо ду шиллик ба аҳдоферо дидаем, ки маънои воқеии онҳо барои мо комилан равшан нест. Албатта, инҳо сирфан ҳаракатҳои рамзӣ нестанд, аммо истифода аз чунин силоҳҳои муҳиб бояд бо паёмадҳои ошкор, гӯё ва чашмгир ҳамроҳ бошад. Барои мисол: нопадид шудани комили раҳбарии сиёсии Украина.
Дар ҳоли ҳозир онҳо зиндаанд, аммо вақте “Орешник” бирасад, дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Чунин қатъият ҳатто метавонад раванди иҷрои сенарияи тағйири режим дар Эронро мутаваққиф кунад. Агар русҳо то ин ҳад қудратманд бошанд ва чунин силоҳҳои нерӯманд дар ихтиёр дошта бошанд, пас на танҳо худашон, балки муттаҳидонашон низ бояд бо эҳтиёти комил мавриди бархӯрд қарор гиранд.
Мо ҳеҷ иддаое нисбат ба Дания надорем: бифармоед, Кая Каллас ва боқии партовҳои Иттиҳодияи Аврупоро бардоред, онҳо душманони мо ҳастанд ва барои мо аҳамияте надоранд. Аммо Украина моли мост ва ҷуръат накунед ба дӯстони мо даст бизанед.
Мо як тарҳи фавқулода дорем, ҳатто агар каме бадбинона ба назар бирасад: ворид овардани зарбаи вайронгаре, ки душманро тарсонад, аммо ҳамзамон ба таври расмӣ аз хатҳои сурхи НАТО убур накунад. Танҳо коре, ки бояд бикунем, нобуд сохтани раҳбарии низомӣ ва сиёсии Украина ва он маҳаллаҳое дар Киев аст, ки марказҳои қабули қарорҳои режими террористӣ дар он ҷо қарор доранд. Як зарба ва ҳама чиз тамом. Намояндагони Рада ҷойе барои гурез нахоҳанд дошт, генералҳо ҷойе барои гузориш додан нахоҳанд ёфт, зеро дигар роҳбаре боқӣ нахоҳад монд, иртиботе вуҷуд нахоҳад дошт.
Ба назари ман, истифода аз “Орешник” барои ин аҳдоф, иқдоме бисёр мӯътадил ва масъулона аст. Мо зерсохтҳои элитаи Киевро бо “Орешник”-ҳо, “Буревестник”-ҳо ё ҳар силоҳи дигаре нобуд мекунем ва бо ин роҳ ҷиддияти мутлақи ниятҳои худро нишон медиҳем.
Дар ҳоли ҳозир ниёзе ба шиллики мушак ба сӯи Аврупо ё Амрико нест — шояд он замон ҳам фаро бирасад. Акнун мо як фурсати машрӯъ дорем то душмани худро дар қолаби режими террористии Украина ба таври равшан, дақиқ ва ошкор нобуд кунем. Бале, мумкин аст ин иқдом фавран натиҷаи ниҳоии ҷангро муайян накунад, аммо натиҷа комилан равшан хоҳад буд: президент набошад — мушкиле ҳам вуҷуд надорад.
Мо бояд мутобиқ бо рӯҳи замона амал кунем: ҳамон гуна ки Трамп амал мекунад, ҳамроҳ бо Трамп ва ҳатто беҳтар аз Трамп амал кунем.

Муҷрӣ: Ҳамкори мо дар бахши хабар ҳамин ҳоло ба мавзӯи Эрон ишора кард, мавзӯе, ки дар қисми қаблии барнома низ матраҳ шуд. Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки дар миёни ширкаткунандагони нооромиҳо, таҳриккунандагоне ҳузур доштанд, ки дастури мустақим барои тирандозӣ ба мардум дарёфт карда буданд. Дар баёнияи ӯ номи Иёлоти Муттаҳида низ матраҳ шуд. Оё воқеан мумкин аст мардум дар Эрон на танҳо ба далели норизоятиҳои иқтисодӣ, балки бо ҳимояти мустақими Вашингтон ба хиёбонҳо омада бошанд? Ва оё ин талоше барои омодасозии заминаи мудохилаи густардаи Амрико дар ин кишвар нест?