Манбаъ: канали телеграми “Хайли Лайкли”
Рӯзи гузашта Додгоҳи олии Федератсияи Русия мамнуъияти фаъолияти ҷунбиши Толибонро, ки пеш аз ин дар феҳристи воҳиди созмонҳои террористӣ қарор дошт, ба ҳолати таълиқ даровард.
Мо дар мавриди мақоми ҷадиди Толибон дар равобит бо Русия бо Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии анҷумани сиёсатшиносони Русия ва нависандаи каналтелеграми “Андрей Серенко” сӯҳбат кардем.
– Таълиқи мамнуъияти ҷунбиши Толибон чӣ фурсатҳои ҷадидеро барои сиёсати хориҷии Русия фароҳам мекунад?
- Ҳазфи Толибони Афғонистон аз феҳристи созмонҳои террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия як ҳаракати сиёсии мубҳам аст. Баид ба назар мерасад, ки ҷойгоҳи сиёсии Маскавро дар Афғонистони таҳти контроли Толибон тақвият кунад. Барои Толибон, тасмими ҳазфи онҳо аз “рӯйхати сиёҳ”-и Русия, як лаҳзаи расонаие беш нест. Илова бар ин, Русия аз риояти таҳримҳои Созмони Милал, ки ҳамчунон алайҳи ҷунбиш ва режими Толибон фаъолият дорад, худдорӣ намекунад. Ин ҳам возеҳ аст, ки ин рӯйдод Маскавро аз дӯстони эҳтимолӣ дар миёни гурӯҳҳои сиёсии ғайритолиби афғон маҳрум хоҳад кард. Маскав мумкин аст талош кунад корти тавонбахшии Толибонро дар соири таркиботи бозие, ки танҳо иртиботи маҳдуде бо Афғонистон доранд, бозӣ кунад. Аммо ин ҳама фарзиёте беш нест, тамоми ин таркибот бисёр ғайриқобили эътимод аст. Ман фикр намекунам, ки баъд аз тасмими маҳкамаи Русия, Толибон ба як дӯсту муттаҳиди бузургу содиқи Федератсияи Русия табдил шавад.
– Оё ин гом метавонад ба берун кардани Толибон аз инзивои байналмилалӣ кӯмак кунад?
- На, ин ҳаракат ба танҳоӣ мушкили Толибон барои касби машрӯъияти байналмилалиро ҳал намекунад. Илова бар ин, Русия ҳанӯз ҳам машрӯъияти режими Толибонро ба расмият намешиносад. Имрӯз, Маскав фақат ба таври муваққат (тасмим гирифта шуд, ки ҳузури Толибон дар "рӯйхати сиёҳ" ба таври муваққат таълиқ шавад) аз ба расмият шинохтани Толибон ба унвони як созмони мамнуъаи террористӣ мутаваққиф шудааст. На камтар ва на ҳам бештар аз он. Бале, Русия де-факто бо Толибон таомул дорад, аммо де-юре давлат ва режими сиёсии онҳоро ба расмият намешиносад.
– Чашмандози тавсеаи равобит миёни Русия ва Афғонистонро чигуна мебинед?
- Равобит адами эътидол ва бесуботии худро ҳифз хоҳанд кард. Толибон ҳанӯз машрӯъияти дохилӣ ва хориҷиро ба даст наовардааст - ё бояд биёварад. То кунун Толибон дар ин росто иқдоми чандоне накардаанд. Аз бисёре ҷиҳот, онҳо тардшудаҳои сиёсӣ боқӣ мемонанд, бо онҳо минҳайси авбошони сиёсӣ рафтор мешавад. Онҳо як манбаъи таҳдидот ва мушкилот шинохта шудаанд, ки бо зӯр дар як кишваре, ки як "хонаи истироҳат" барои 20 созмони террористии ҷиҳодӣ аст, ба қудрат расидаанд. Ба назари ман, Русия набояд дӯстӣ бо Толибонро инҳисорӣ кунад. Он гуна, ки сиёсати Афғонистон нишон медиҳад, касоне, ки баранда мешаванд, касоне ҳастанд, ки тамоми тухмҳои худро дар як сабад намегузоранд ва бо тамом нерӯҳои фаъоли сиёсӣ иртибототро ҳифз ва равобити худро тавсеа медиҳанд.