Дар рӯзгоре, ки бисёре аз сиёсатмдорон дар гирдоби фасод ва бебарномагӣ ғарқ шудаанд, Солеҳ ба унвони яке аз умедҳои бузург барои ояндаи Афғонистон боқӣ мондааст.
Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: امرالله صالح — سیاستمدار اطلاعاتی و نماد مقاومت
Дар таърихи муосири Афғонистон сиёсатварзӣ ағлаб бо популисм, бебарномагӣ ва иттикои беш аз ҳад ба ҳимояти хориҷӣ гиреҳ хӯрдааст. Ин вежагиҳо, на танҳо сиёсатмдорон ва зимомдорон, балки ҳатто назарияпардозон ва раҳбарони аҳзобро низ даргири худ сохта ва монеъи хурӯҷи кишвар аз буҳронҳои музмин шудааст. Аммо дар миёни ин фазои хокистарӣ чеҳраҳое зуҳур карданд, ки бо рӯйкарде мутафовит, талош карданд масири сиёсатгузориро ба сӯи ақлоният ва шаффофият савқ диҳанд. Яке аз барҷастатарин ин чеҳраҳо Амруллоҳ Солеҳ аст; Марде, ки бо пешинаи иттилоотӣ ва амниятӣ, сиёсатро на ба унвони абзоре барои қудратталабӣ, балки ба масобаи рисолате барои наҷоти кишвараш баргузид.
Амруллоҳ Солеҳ; Аз иттилоот то сиёсат
Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини амнияти миллӣ, вазири дохила, муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ва раҳбари “Раванд сабз”-и Афғонистон, ба далели садоқат, муборизаи беамон бо фасод ва терроризм ва истодагии бесобиқа дар баробари Толибон, ба яке аз чеҳраҳои мондагори сиёсати муосири Афғонистон бадал шудааст. Корномаи ӯ, бавежа дар даврони раёсати амнияти миллӣ (2006-2010), вазорати дохила ва муовинияти раёсати ҷумҳурӣ, саршор аз ибтикор, шуҷоат ва ислоҳоти сохторӣ аст.
Тафовутҳои калидии Амруллоҳ Солеҳ бо соири сиёсатмдорони Афғонистон:
1 - Таҷриба ва мудирият дар ниҳодҳои амниятӣ:
Солеҳ бо мудирияти муассир ва илмӣ, раёсати амнияти миллиро аз ниҳоди хавфнок ва саркӯбгар ба созмони қонунмадор ва посухгӯ табдил кард. Ӯ сохторҳои иттилоотиро тақвият ва нуфузи истихборотиро дар лояҳои иҷтимоӣ густариш дод; Иқдоме, ки барои нахустин бор, амнияти миллиро ба ниҳоде дар хидмати мардум бадал сохт.
2 - Тааҳҳуд ба ҷумҳурият ва демократия:
Пас аз даврони амнияти миллӣ, Солеҳ бо таъсиси Раванди Сабз, муборизаи сиёсиро дар қолаби як ҷараёни сабтшуда ва қонунӣ идома дод. Ӯ ҳамвора посдорӣ аз Қонуни Асосӣ ва арзишҳои демократиро сарлавҳаи кори худ қарор дод ва ҳеҷ гоҳ ба созиш бо ҷараёнҳои зиддимиллӣ тан надод.
3 - Ифшои шабакаҳои нуфузу хиёнат:
Солеҳ бо шуҷоат шабакаҳои нуфузи душман дар давлату артишро ифшо кард. Баррасии суқути Қундуз, мушовира дар таъйини афсарон ва шинохти амиқ аз сиёсатҳои минтақаӣ, бавежа нақши Покистон ва гурӯҳҳои террористӣ, аз нуқоти қуввати ӯст.
4 - Шуҷоат дар баёни ҳақоиқ:
Таҳдидҳо ва суъиқасдҳо ҳаргиз натавонистанд Солеҳро аз ифшогарӣ ва равшангарӣ боздоранд. Ӯ ҳатто дар душвортарин шароит садоқатро фидои маслиҳат накард ва ҳамвора ҳақиқатро бо мардум дар миён гузошт.
5 - Маҳбубият миёни нерӯҳои амниятӣ ва мардум:
Солеҳ бо эҷоди тавозуни қавмӣ ва миллиандешӣ дар сохтори амниятӣ, эътимод ва маҳбубияти вежае миёни нерӯҳои мусаллаҳ ва мардум касб кард. Ҳузури кӯтоҳ, аммо муассири ӯ дар вазорати дохила, мӯҷиби афзоиши эътимод ба нафс ва коромадии пулис шуд.
6 - Истиқлоли фикрӣ ва мубориза бо мафия:
Ӯ аз маъдуди сиёсатмдороне аст, ки бо шабакаҳои мафияӣ ва террористӣ бархӯрди қотеъ дошт ва ҳаргиз ба фасод ва суъистифода аз қудрат олуда нашуд.
7 - Ифшои фасод ва хиёнатҳои дохилӣ:
Солеҳ бо ифшогариҳои ҷасурона, аз нокомиҳои ҷумҳурият то расвоиҳои иқтисодӣ, монанди варшикастагии банкҳо, ҳамвора мардумро дар ҷараёни ҳақоиқ қарор дод. Охирин ифшогарии ӯ дар бораи нақши Мирвайс Азизӣ ва дастҳои пинҳон дар суқути ҷумҳурият, нишон аз умқи тааҳҳуд ва шуҷоати ӯ дорад.
8 - Мудирияти муваффақ ва покдастӣ:
Даврони мудирияти Солеҳ, чӣ дар амнияти миллӣ ва чӣ дар вазорати дохила ва муовинияти раёсати ҷумҳурӣ, орӣ аз фасод ва суъистифода буд. Ӯ бо навоварӣ, шаффофият ва кори тимӣ, эътибор ва ҷойгоҳи ниҳодҳои амниятиро иртиқо дод.
9 - Ҳузури фаъол дар расонаҳо ва огоҳидиҳӣ:
Бар хилофи бисёре аз масъулони амниятӣ, Солеҳ ҳамвора бо расонаҳо ва мардум дар иртибот буд ва иттилооти лозимро барои афзоиши ҳисси амният ва эътимоди умумӣ ба иштирок мегузошт. Пас аз суқути ҷумҳурият низ, бо ифшогариҳои мустамар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши муҳимме дар равшангарии ҷомеа ифо кард.
10 - Тавоноии эҷоди иҷмоъ ва ҳамоҳангии миллӣ:
Солеҳ бо иртибототи густурдаи дохилӣ ва хориҷӣ, тавонист нерӯҳои мухталифи зидди Толибонро ҳавли меҳвари муқовимати миллӣ басиҷ кунад. Нуфузи ӯ дар миёни ақшори мухталифи ҷомеа ва сиёсатмдорони минтақаӣ, ӯро ба яке аз калидитарин чеҳраҳои муқовимат бадал сохтааст.
Ҷамъбандӣ:
Амруллоҳ Солеҳ фаротар аз як сиёсатмадори маъмулӣ, намоди як насли ҷадид аз раҳбарони Афғонистон аст, ки бо такя бар дониши иттилоотӣ, садоқат, шуҷоат ва тааҳҳуд ба арзишҳои миллӣ, метавонад улгуи барои ояндасозони ин сарзамин бошад. Ӯ собит кард, ки иттилоот, замоне, ки дар хидмати манофеъи миллӣ ва мардум қарор гирад, метавонад кишварро аз буҳрон убур диҳад ва умедро ба ҷомеа бозгардонад. Дар рӯзгоре, ки бисёре аз сиёсатмдорони Афғонистон дар гирдоби фасод ва бебарномагӣ ғарқ шуданд, Солеҳ бо корномае дурахшон ва бебадил, ҳамчунон ба унвони яке аз умедҳои бузург барои ояндаи Афғонистон боқӣ мондааст.






