Ривояти набарди 12-рӯзаи Тӯра Бӯра
Манбаъ: Intel Insights
Бо фурӯпошии сареъи ҷабаҳоти Толибон дар Балх, Кобул ва Қандаҳор дар ноябри 2001 ва фирори раҳбарони ин гуруҳ, Алқоида ба шиддат шока шуд. Бо вуҷуди он ки сутунҳои дифоии Толибон бидуни муқовимат фурӯ рехт, раҳбарии Алқоида тасмим гирифт як набарди “охирини истодагӣ”-ро дар кӯҳистонҳои саъбулубури Тӯра Бура роҳандозӣ кунад, ҷое ки аз солҳо қабл барои рӯзҳои буҳронӣ омодааш сохта буданд.
Омодасозии Алқоида
Абумусъаб Алзарқовӣ бо садҳо ҷангҷӯ дар байни 700 то 1200 нерӯи Алқоида аз Ҳироту Қандаҳор худро ба Тӯра Бура расонд. Дар ҳамин замон, Сайфуладл, фармондеҳи кулли низомии Алқоида, ҳамроҳ бо бахше аз нерӯҳояш дар майдони ҳавоии Қандаҳор дар муҳосира қарор гирифта буд ва натавонист дар набарди Тӯра Бура ширкат кунад. Бо ин ҳол, мудофеъони араб, ӯзбек, чечену покистонии Алқоида, хутути дифоии мустаҳкам дар мағораҳову иртифоъот сохта буданд ва омодаи ҳамла шуданд.
3 декабри 2001
Ҷанги нафасгир аз 3 декабр оғоз шуд. Неруҳои амрикоӣ, ки ҳудуди 100 то 150 нерӯи вижа дар саҳна доштанд, бо бамбордмонҳои сангини ҳавоӣ, мавозеъи Алқоидаро дар кӯҳҳо дарҳам мекӯбиданд. Ҳамзамон, нерӯҳои заминии Ҷабҳаи муттаҳид таҳти раҳбарии се фармондеҳи барҷаста— Ҳазрат Алӣ, Ҳоҷӣ Замон ва Ҳоҷӣ Қадир—бо ҳудуди 2 то 3 ҳазор ҷангҷӯ аз меҳварҳои мухталиф ба сӯи риштакӯҳҳо пешравӣ мекарданд. Набард 12 рӯзи тамом идома ёфт; ҷанге душвор дар иртифоъот, дохили тунелҳо ва масирҳои борик, ки Алқоида дар он талош кард то охирин бор истодагӣ кунад. Аммо зери фишори ҳамалоти ҳавоӣ ва пешравии заминӣ, хутути дифоии онҳо фурӯ рехт ва ҳалқаи муҳосира тангтар шуд.
Шикасти Алқоида ва фирори Усома бин Лодан
Бо аз даст рафтани мавозеъи калидӣ сохтори фармондеҳии Алқоида аз ҳам пошиду ҷангҷӯён мутафарриқ шуданд. Усома бин Лодан ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад ва ҳудуди 80 муҳофиз, ибтидо тавассути фармондеҳи собиқи Ҳизби Исломӣ, Кашмирхон, дар минтақаи Шигали Кунар паноҳ дода шуд ва сипас аз масирҳои қочоқӣ ба Парачинори Покистон фирор кард.
Паёми Сайфуладл ба нерӯҳои Алқоида
Пас аз таҳаммули наздик ба се моҳ ҷангу шикасти пайдарпай дар баробари нерӯҳои Амрико ва Эътилофи шимол, Сайфуладл фармони ақибнишинӣ ва тахлияро ба боқимондаи ҷангҷӯён содир кард. Ӯ дастур дод ин нерӯҳо худро ба манотиқи қабоилии Покистон бирасонанд, таҷдиди созмон кунанд ва мунтазири фармонҳои баъдӣ бимонанд.
Алқоида пас аз набарди Тӯра Бура комилан фурӯ пошид; шуморе аз раҳбарону фармондеҳонаш кушта шуданд, шӯрои раҳбарӣ аз ҳам пошид ва аъзои шабака дар Эрон, Покистон ва Афғонистон пароканда гардиданд. Се моҳ баъд, нерӯҳои низомии боқимонда ба раҳбарии Сайфуладл, бори дигар дар дараи Шоҳикути Пактиё ҷамъ шуданд, аммо маркази савқу фармондеҳии Алқоида дар он замон ба минтақаи Шокойи Вазиристони Ҷанубӣ мунтақил шуда буд.