Хабари рӯз

Аз тасаллути манфур ва матруди Толибон чаҳор сол гузашт.

Нависанда: Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раёсатҷумҳурии Афғонистон

Матлаби аслӣ: این طالبانستان است، بیایید افغانستان خود را پس بگیریم

Ироаи таҳлили воҳид ва мавриди тавофуқи аксарият дар бораи далоил ва авомили фурӯпошии низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон, коре душвор ва тақрибан номумкин аст. Ҳар кас, ки зери парчами ҷумҳурият зиндагӣ карда ё зинафъи он буда, дидгоҳи худро дар бораи рӯйдоди торики суқути ҷумҳурият ва тасаллути сохтор манфур ва матруди Толибон дорад.

Ҳар фард аз манзари ҷойгоҳи қавмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва иқтисодии худ ба ин рӯйдод, ки бори дигар Афғонистонро аз масири тамаддун ва давлат-миллат шудан ҷудо кард, менигарад. Наметавон ривояте якто ва мусаллат аз ин суқут ироа кард. Бино бар ин, ҳадафи ман аз ин таҳлил, сарзаниши дигарон ё барҷаста кардани хатоҳо ва костиҳояшон нест. Ман низ, мутаассир аз тааллуқоти сиёсӣ, сохторҳои қудрат, муносиботи минтақаӣ, қавмӣ, забонӣ, самтӣ ва таърихӣ дидгоҳи худро баён мекунам.

Аввал

Хушбахтона, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ҳамагонӣ аст ва бисёре аз мавориде, ки дар ин ҷо ба онҳо ишора мекунам, ба роҳатӣ қобил дастрасӣ аст. Нуктаи нахусти ман дар бораи нақши муовини раисҷумҳур дар сохтори ҷумҳурият ва бар мабнои Қонуни Асосӣ аст. Салоҳиятҳои муовини раисҷумҳур дар Қонуни Асосӣ ба сурати возеҳ таъриф нашуда ва ҳудуди ин салоҳиятҳо тавассути шахси раисҷумҳур таъйин мегардад. Таъйини ҳудуди салоҳият ва масъулиятҳо ба сатҳи равобит миёни муовини раисҷумҳур бо раисҷумҳур бастагӣ дошт.

Интизороти мардум аз ман, аммо танҳо бар асоси салоҳиятҳои мавҷуд ё ғайримавҷуди ман дар сохтори ҷумҳурият набуд, балки бештар ба решаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва таърихии ман бозмегашт. Аз он ҷо, ки ман яке аз сарбозони Қаҳрамони Миллӣ, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд будам, мардум интизор доштанд аз куллияти дидгоҳ ва мероси сиёсии ӯ дифоъ ва ҳиросат кунам.

Замоне, ки ман муовини раисҷумҳур шудам, на танҳо урдугоҳи муқовимати даҳаи 90 тикка-тикка шуда буд, балки ҳар тиккаи он фоқиди шерозаи воқеӣ буд. Дар дастгоҳи қудрат дасти кам ҳавзаи муқовимат миёни ман ва ҷаноби доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ тақсим шуда буд. Ба ин мавзӯъ, ки ҳар кадом аз мо то чӣ ҳад аз ин манофеъ намояндагӣ ва ҳаросат мекардем, намепардозам; Зеро пардохтан ба он, ҳадафи аслии ин навиштаро мунҳариф месозад.

Бино бар ин, касоне, ки фикр мекунанд қувваҳои мусаллаҳ метавонист ё бояд ба дастури ман амал мекард, бо рӯҳия ва насси Қонуни Асосӣ ошноӣ надоранд. Аз назари қонунӣ, ман ба ҷуз ҳалқаи муҳофизони шахсӣ ва тарафдорони наздик, наметавонистам мустақиман бар ҳеҷ бахше аз қувваҳои мусаллаҳ амр кунам. Муовини раисҷумҳур мебоист назарот ва хостаҳои худро аз тариқи сохторҳои мутаориф ва ниҳодинаи он замон, монанди ҷаласоти Шӯрои амнияти таҳти раёсати раисҷумҳур, ҷаласоти хоси амниятӣ ва ҷаласоти кобина, ба иҷро бигузорад.

Ба далели пешинаам дар бахши амниятӣ, бавежа иттилоот, раисҷумҳури таҳти фишори Амрико қарор гирифт то аз додани салоҳият мушаххас ва густурда ба ман дар ин бахш худдорӣ кунад. Ин мавзӯъ дар аввалин мусоҳибаи муфассали ӯ пас аз суқут низ ба сароҳат баён шудааст.

Пас аз он ки Залмай Халилзод дар соли 2018 музокираи мустақим бо Толибонро оғоз кард ва ҷумҳуриятро дур зад, ман бо роҳандозии таҷаммуъоти мардумӣ, мавзеъи сахт ва тунде гирифтам. Аввалин касе будам, ки бо гирдиҳамоии мардумӣ дар Кописо, музокираи Халилзодро маҳкум кардам ва гуфтам, ки оқибат ин кор барои бақои низом ва дастовардҳои муқовимат ва ҷумҳурият бисёр хатарнок аст.

Ин мавзеъгириҳо ҳарчанд қабл аз якҷо шудан бо раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ буд, боис шуд сафорати Амрико дар ду солу анде, ки муовини раисҷумҳур будам, маро таҳрим кунад. Равобити мо бисёр сард буд. Албатта, талошҳое аз сӯи ман ва гоҳе аз сӯи онҳо барои эҷоди тафоҳум сурат гирифт, аммо фосилаи дидгоҳҳо бисёр зиёд буд.

Сарпарасти сафорати Амрико дар Кобул, ба номи Ричард, чанд рӯз пас аз таҳлиф, чанд соат бо ман дар дафтари муваққатам дар Кутии Боғча ҷаласаи хусусӣ дошт, зеро дафтари садорот ҳанӯз тавассути маршал Дӯстум тахлия нашуда буд. Ричард талош кард ба ман бигӯяд, ки агар ояндае барои худ мехоҳам, набояд бар хилофи сиёсати оштиҷӯёна амрикоиҳо сӯҳбат кунам. Дар он дидор ба натиҷа нарасидем ва гумонаҳои ӯ нисбат ба ниёти ман, ки бар зидди созиши бемаъно ва залилона бо Толибон будам, тақвият ёфт.

Як бори дигар, дар муҳавватаи ҳарамсаро, пас аз як ҷаласа, бо ӯ даргирии шадиди лафзӣ доштам ва ӯ ҷаласаро пас аз шунидани суханони тунди ман тарк кард. Сафорати Амрико мукарраран аз ман мехост, ки эъломияҳои ҷаласоти шашуним набояд алайҳи Толибон бошад ва набояд собит кунем, ки Толибон омили қатлҳои ҳадафманд ва бомбагузориҳои шаҳрианд, ки ағлаб масъулияти онро намепазируфтанд; Зеро Халилзод истилоҳе ба номи “коҳиши хушунат” ихтироъ карда буд.

Масалан, Толибон пас аз суқути ҷумҳурият феҳристе мунташир карданд, ки дар он номи интиҳориҳое, ки дар ҳамалот алайҳи ман ширкат карда буданд, дарҷ шуда буд, аммо пеш аз он даст доштани худро инкор мекарданд. Мавзӯъи инфиҷор дар чаҳорроҳии Занбақ низ аз ҳамин навъ ҷиноятҳо буд. Амрико талош дошт тавофуқи Давҳаро тавҷеҳ кунад ва ифшои ҷиноятҳои Толибон ба ҳайсияти ривояти Вашингтон осеб мезад.

Ман метавонистам корҳои бузургтаре анҷом диҳам, зеро ҳам таҷриба доштам ва ҳам энержӣ, аммо наметавонистам мустақиман бар қувваҳо амр кунам. Ҳоло, ки ба ҳудуди салоҳиятҳои худ дар он замон менигарам, ҳеҷ кас ҷуз худамро маломат намекунам. Агар салоҳиятам кам буд, бояд ҳамон вақт эътироз мекардам. Шояд дар таърихи Афғонистон ягона касе будам, ки намози субҳро ҳамеша дар дафтари корам адо мекардам. Талош доштам, ки Афғонистон ба фоҷиае, ки дар он фурӯ рафт, наафтад.

Дувум: Равиши музокира бо Толибон

Он чӣ қишри сиёсии Афғонистон хонда мешавад, бисёр тақсимшуда буд ва ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ, ба сурати содиқона ва якдил, аз мавзеъи музокироти давлат ҳимояти возеҳ намекард. Ҳар бор, ки Халилзод вориди Кобул мешуд, пеш аз дидор бо раисҷумҳур, бо ашхоси мухталиф мулоқот мекард ва ин дидорҳоро расонаӣ месохт то ба раисҷумҳур нишон диҳад, ки шумо ягона марҷаъи сулҳсоз зери парчами ҷумҳурият нестед.

Онҳое, ки қабл аз раисҷумҳур бо Халилзод дидор мекарданд, низ эҳсоси аҳамият пайдо мекарданд ва тохтану тамасхур бар Аргро навъе қудрат ва ифтихор мепиндоштанд. Тактикаи шайтонии Халилзод барои эҷоди шикоф ва нифоқ, комилан возеҳ буд. Чӣ басо, ки аз бадӯ хилқат, нақши шайтон дар гумроҳсозии башар камранг набудааст. Мунзавӣ кардани ҷумҳурият яке аз пояҳои ҷадиди стратегияи Амрико буд.

Чунонки дар сӯҳбатҳоям , ки ҳама дар интернет қобили дастрасӣ аст, тавзеҳ додаам, ман медонистам ин равиш ба ҷое намерасад. Аммо дидгоҳи ман дар ҷумҳурият ҳамагонӣ набуд. Гоҳе ба ман монанди “дарбони дӯзах” нигоҳ мешуд, ки гӯӣ ҷуз хашм чизе баён намекунам ва ҷуз оташу ҷазо чизе ба армуғон наёвардаам. Воқеият аммо ин буд, ки ман, бар асоси таърихчаи кор ва таҷрибаам, медонистам, ки на танҳо Толибон тағйир накарда, балки бадтар ҳам шудааст.

Вақте сафар ба Амрико пеш омад, ки охирин сафари раҳбарии ҷумҳурият ба ин кишвар буд, талош кардам раисҷумҳурро мутақоид кунам, ки маро бо худ набарад; Зеро номам дар феҳрист набуд ва даъват нашуда будам. Доктор Фазлмаҳмуд Фазлӣ, раиси идораи умур, аз ҷониби раисҷумҳур ба ман паём дод, ки аз ташрифот ва расмиёт ба хотири ватан чашмпушӣ кунам ва ба унвони бародар, дар ин сафар Муҳаммад Ашраф Ғанӣро ҳамроҳӣ кунам. Қабул кардам.

Пас аз расидан ба Вашингтон зиёфате тавассути сафорати Афғонистон тартиб ёфта буд, ки беш аз сад тан аз мақомоти собиқи Амрико, чанд мақоми кунунӣ, генералҳо, суфаро, руасо, хабарнигорони барҷаста ва лобигарон дар он ҳузур доштанд. Раисҷумҳур бисёр бо эҳтиёт сухан гуфт. Мантиқи ӯ ин буд, ки фардо бо Байден дидор дорем ва агар ин ҷо тунд сӯҳбат кунам, ӯро дар мавқеияти анҷомшуда қарор медиҳам ва музокирот бемуҳтаво хоҳад шуд.

Генерал Девид Петреус, раиси асбақи идораи марказии иттилооти Амрико (СиАйЭй), пас аз сӯҳбатҳои раисҷумҳур баланд шуд ва гуфт, ки Амрико дар остонаи иртикоби ҷинояте дар Афғонистон аст ва ин нобахшуданӣ аст. Ӯ ишора ба хурӯҷи ҳатмии қувваҳои Амрико ва тавофуқи пинҳонӣ бо Толибон дошт. Ин тундтарин изҳориназари ҷаласа буд ва дигарон низ дар ҳамин росто сухан гуфтанд. Раисҷумҳур ба ман гуфт: “Бигузор Байден инҳоро аз забони худашон бишнавад ва мо ҳарфи худро барои музокироти фардо ҳифз кунем.”

Том Вест, ки баъдҳо намояндаи хоси вазорати хориҷаи Амрико шуд, низ дар ин ҷаласа ҳузур дошт. Рӯзи баъд, пеш аз дидор бо Байден, ҳеҷ хабари баде алайҳи идораи ӯ дар рӯзномаҳои Амрико мунташир нашуд ва бад-ин тартиб обрӯи Байден дар он рӯз ҳифз гардид.

Дар Қасри сафед, тибқи барнома, ман ҳудуди як соат дар салон интизор будам; Зеро номам дар протокол набуд ва ҳузурам ғайрирасмӣ буд. Сипас маро ба утоқи музокирот роҳнамоӣ карданд. Пас аз як соат, вориди утоқи мулоқот шудам, ки ба назар мерасид гуфтугӯҳои асосӣ поён ёфтааст. Байден аз ҷойи худ баланд шуд ва гуфт: “Муовин будан кори сахтест; Коре, ки сипос намеоварад ва ҳама эътибороташ ба раисҷумҳур мерасад. Ман худам муовин будаам ва аз дили ту огоҳам.”

Ӯ аз ман хост агар гуфтанӣ ё табсирае дорам баён кунам. Чун вақт кам буд, гуфтам: “Ҳатман сӯҳбатҳои шумо бо раисҷумҳур ва раиси Шӯрои сулҳ бисёр хуб буда, ман фақат се пурсиш дорам:

Аввал, агар ҳадафи тавофуқи Давҳа сулҳ аст, чаро тамоми системи логистика ва икмолоти шумо барои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурият дар аввали сентябри 2021 поён меёбад ва ҳеҷ равзанае барои тамдиди он вуҷуд надорад? Чун ин қарордодҳо бояд моҳҳо пеш тамдид мешуд.

Дувум, агар Толибон бар хилофи рӯҳи тавофуқи Давҳа даст ба таҳоҷум бизананд, барномаи изтирорӣ чист? Ё ин ки аз ҷумҳурият даст шустаед ва тавофуқи Давҳа дарвоқеъ тағйири режим аст?

Севум, оё шумо зеҳнан омодаи суқути ҷумҳурият ҳастед?”

Пурсишҳо тунд буданд, аммо Байден бо хунсардӣ гуфт, ки инҳо пурсишҳои маъқуле ҳастанд. Ӯ афзуд: “Мо ба ҳимоят аз низоми ҷумҳурият идома медиҳем, аммо ҷузъиёти фанниро вазири дифоъ ва раиси СиАйЭй ба шумо хоҳанд гуфт.”

Дидори баъдии мо бо вазири дифоъ, генерал Лойд Остин ва дидор севум бо раиси СиАйЭй буд. Якуним соат дар Пентагон ва наздик ба се соат дар мақарри Идораи марказии иттилоот (СиАйЭй) ҷаласа доштем. Баъдҳо маълум шуд, ки ҳар дуи онҳо маъмурият доштанд моро фиреб диҳанд. Ҳама тадобир ва ваъдаҳои додашуда, фиреб буд. Ҳадафи ин фиреб он буд, ки мо барои дифоъ иқдомоте бидуни ҳамоҳангӣ бо Амрико анҷом надиҳем то дасисаи овардани Толибон хунсо нашавад ва қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурият, қобилият ва боварамандии худро аз даст бидиҳад.

Ман ҷузъиёти ҳар ду ҷаласаро дар ихтиёр дорам. Ҳеҷ як аз ваъдҳҳое, ки доданд амалӣ нашуд, вале то лаҳзаи охир бар амалӣ шудани он таъкид меварзиданд. Худо қувват ва вақт бидиҳад то дар оянда тафсили ин ду дидорро бинависам.

Севум: Тадобири лозим аз манзари тактикӣ

Ман тарафдори харидории минаҳои зиддиперсонал ва зиддивасоит ва фарши густурдаи онҳо дар масири Толибон будам. Бартарии Толибон дар бисёре аз амалиётҳо, мина буд. Набуди мина яке аз нуқоти заъфи мо маҳсуб мешуд; Зеро Афғонистон қаблан Муоҳидаи адами истифода аз минаро имзо карда буд.

Ҳамчунин тарафдори харидории паҳпод будам. Оқои Атмар, вазири хориҷа, низ талош дошт ҳамаро мутақоид кунад, ки хариди паҳпод муҳим аст. Ӯ дидоре байни ман ва як ширкати паҳподсозии туркӣ тартиб дод, аммо боз ҳам ман муовини раисҷумҳур будам ва наметавонистам дар чунин мавориде тасмими мустақим бигирам.

Ман тарафдори тавзеъи силоҳ ба мардум ва муқовимати хона ба хона, кӯча ба кӯча ва гузар ба гузар будам, аммо танҳо будам. Дигарон ингуна тадобирро мухолифи тавофуқоти бузург барои дастёбӣ ба сулҳ ва созиш медонистанд. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ба аксар пешниҳодҳои афроди бонуфуз посухи мусбат медод ва пешниҳодҳои катбии маро низ таъйид мекард.

Дар ҳафтаҳои поёнӣ пул бар асоси амрияи ӯ аз Раёсати умумии амнияти миллӣ тавзеъ мешуд. Тамоми шахсиятҳое, ки иддао доранд омодаи муқовимат буданд, аммо Ашраф Ғанӣ аз онҳо ҳимоят накард, дурӯғ мегӯянд. Намехоҳам номе бибарам, аммо Ашраф Ғанӣ дар ҳафтаҳои охир ҳеҷ дархости ашхоси муддаии муқовиматро рад накард.

Бо ин ҳол, бархе аз ин афрод шабҳо бо Халилзод машварат мекарданд, ки ҳатман мегуфт Толибон тағйир карда ва бо шумо созиш мекунад; Худро ба заҳмат наандозед. Вақте аз хариди мина аз хориҷ ноумед шудам чун бо мухолифати сарсахти Амрико ва НАТО мувоҷиҳ шудем ба тадобири ғайрмутаъориф рӯй овардам. Талош кардам чанд коргоҳи сохти мина роҳандозӣ кунем.

Ногуфта намонад, ки раиси НАТО дар тамоси телефонӣ ба Ашраф Ғанӣ гуфта буд, ки барои муваффақияти прусаи сулҳ набояд Толибон эъдом шаванд ва набояд мина харидорӣ шавад. Муколимаи сармуншии НАТО ба номи Янс Истолтенберг ҳанӯз дар Твитер мавҷуд аст.

Раисҷумҳур робита бо Ғарбро бунёдӣ таъриф карда буд, аммо ман муддатҳо буд, ки медонистам Ғарб дар ҳоли хиёнат аст. Фақат даҳ рӯзи пеш аз суқут, раисҷумҳур ба ман гуфт: “Агар метавонӣ ҳамон дастгоҳи минасозие, ки пешниҳод дода будиро фаъол кун.” Бо он ки вазифаи муовини раисҷумҳур, тадоруки коргоҳи минасозӣ набуд, боз ҳам ба суръат афродеро, ки мешинохтам даъват кардам ва дар тадоруки сохти дастгоҳи минасозӣ будем, ки сайри таҳаввулот шиддат ёфт.

Талоши ман ташдиди фаъолиятҳои тактикӣ барои кунд кардани фурӯпошии стратегӣ ва ҷуброни он буд. Бар ҳамин асос, бо сад мушкил камарбанди вулусволиҳои Кобулро ҳимоят кардам то дасти кам муддате аз ҳарҷу марҷ пеш аз вуруди Толибон ҷилавгирӣ шавад. Аммо бояд такрор кунам, ки ҳеҷ як аз ин фаъолиятҳо ҳамхонӣ бо масъулиятҳо ва салоҳиятҳои таърифшуда ва тафвизшудаи ман надошт.

Чаҳорум: Нақши таблиғот ва зиштнамоии давлат

Расонаҳое, ки аз сӯи ғарбиҳо, бавежа сафорати Амрико, ҳимоят мешуданд маъмурият доштанд давлатро ба ноҳақ монеъи сулҳ муаррифӣ кунанд. Ин барнома бар асоси тарҳе дикташуда пеш бурда мешуд.

Мардум медонанд, ки масалан, Тулӯъ, ба унвони бузургтарин расонае, ки шӯҳрат ва сарваташ мадюни ҷумҳурият буд, чигуна муртаҷеъона амал кард ва аланан таслим шуд. Аз раисҷумҳур тасвире ба унвони фарди ташнаи қудрат тарсим карданд, дар ҳоле, ки ӯ дар ҳар ҷаласа мегуфт ҳадафаш ҷилавгирӣ аз инқитоъ ва фурӯпошӣ аст, на мондан дар қудрат.

Бозтоби ин ҷумалот ва мантиқи раисҷумҳур ба нафъи расонаҳои тамвилшуда набуд ва иҷоза надоштанд онро мунташир кунанд. Онҳо маъмурият доштанд чеҳрае мусбат, хаёлӣ ва ҷаълӣ аз Толибон тарсим кунанд. Раҳбарони сиёсӣ нафъе дар бозтоб додани суханони мусбати давлат надоштанд ва ҳар чи дар тавон доштанд барои канор задани он ба кор гирифтанд. Бовар ин буд, ки Толибон фақат як нуқтаро нишона мегирад: Арг ва бас.

Панҷум: Ҳамсояҳои машкук ва интиқомҷӯ

Дар бораи нақши Покистон бисёр гуфта шудааст. Ончи имрӯз таҳти номи Толибон мусаллат аст, дарвоқеъ ташкилоте дар табъид буд, ки Покистон барои бист сол дар хоки худ ҷо дода ва ҳимоят карда буд. Нақши мухарриби Покистон дар фурӯпошии Афғонистон ба қадри кофӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Барои мисол, Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, ба истилоҳ “луидирустиз”-и Толибон, пас аз захмӣ шудан, барои муддати як сол дар шифохонае дар Ҳаётободи Пешовар бистарӣ буд ва Созмони иттилооти низомии Покистон (АйЭсАй) масъули таъмини амнияти ӯ буд. Баҳсҳои тахассусӣ дар бораи наҳваи кӯмаки Покистон дар савқу идораи ҷангҳо алайҳи нерӯҳои ҷумҳурият ба замони кофӣ ниёз дорад, ки хориҷ аз ҳавсалаи ин навишта аст.

Ин Толибон, ки бо пасванди “мулло” ва “мавлавӣ” мусаллат шудаанд, дар ҳақиқат нерӯи пеш рондашуда буданд, ки савқу идораи воқеии онҳо ба дасти низомиёни Покистони буд. Яке аз иштибоҳоти бузурги мо ин буд, ки вақте аз нияти ғарбиҳо огоҳ шуда будем, бояд ба суръат равобити дифоъии густурдае бо ҳамсоягон эҷод мекардем ва хиёнати НАТОро бо эҷоди ақабаи бадил дар минтақа ҷуброн менамудем.

Раисҷумҳур Ғанӣ дар мусоҳибае гуфт, ки ӯ ҳазинаи бовар ба Ғарб ва тавофуқоти имзошудаеро, ки ҳеҷ гоҳ риоят нашуд, мепардозад. Аз назари теория, бовар бар ин аст, ки ҳодисаи ёздаҳуми сентябри соли 2001, як ихтилол дар равобити стратегии Амрико бо ифротияти мазҳабӣ эҷод кард; Аммо пас аз кушта шудани Усома бин Лодан, на танҳо Вашингтон нахост Толибон шикаст бихӯрад, балки талош кард ӯро дар доираи манофеъи бузурги амниятии худ ба кор гирад. Ва чунин низ шуд.

Шашум

Рӯзи панҷшанбе, 12 августи 2021, ҷаноби доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Қатар бозгашт ва ба ҷаласаи изтирории амниятӣ дар Арг даъват шуд. Пас аз шунидани гузоришҳо аз шахсиятҳои мухталиф, ман тарҳи муқовимати миллиро матраҳ кардам. Раисҷумҳур сукут кард. Амдан рӯ ба доктор Абдуллоҳ кардам ва гуфтам: “Ҷаноби доктор соҳиб, шумо тоза ташриф овардаед. Оё ҳарфе вуҷуд дорад ё бояд барои ҷанг омода шавем?”

Ӯ фақат гуфт: “Агар фарз кунем муқовимат эҷод шавад, ин тадобир тавассути чӣ касе ва кадом сохтор иттихоз мегардад? Шароит фарқ кардааст.” Вақте ҷаласа поён ёфт, дар дарвозаи солимхонаи хусусӣ аз ӯ пурсидам, ки тибқи маълумотам, Толибон ба ишораи амрикоиҳо барномаи ҳамлаи густурда доранд. Ӯ бо муҳофизакорӣ гуфт, ки дар дидори охир бо Толибон чизе нашунидем, ки бар асоси он битавон қазовати сулҳ ё ҷанг кард. Дидори мо бо Толибон мӯҳтаво надошт.

Қабл аз ин ҷаласа, ман борҳо талош карда будам, ки барои ростиозмоӣ, комиссияи муштараки назорат бар тахаллуфоти ба истилоҳ “коҳиши хушунат” эҷод шавад ва аз ҷониби мо генерал Ҷалол Яфталӣ, ки малик низ аст, муаррифӣ шуда буд. Ин тарҳ пазируфта нашуд. Халилзод мегуфт аксар тахаллуфот дар ихлоли прусаи “коҳиш хушунат” аз сӯи давлат сурат мегирад. Он истилоҳи музахраф ба номи коҳиши хушунат ҳаргиз таъриф нагардид. Ман барои радди ин иддаои дурӯғин, пешниҳод карда будам, ки комиссияи ростиозмоӣ эҷод шавад. Нашуд, ки нашуд.

 

Натиҷа

Ман аз манзари сиёсӣ барои истеҳкоми ваҳдати миллӣ бисёр талош кардаам ва шояд аз маъдуд шахсиятҳои ҳавзаи шимол бошам, ки кӯшидаам ҳарф ва кирдорам боиси эҷоди захмҳои қавмӣ нашавад. Воқеият аммо ин аст, ки Толибон чизе беш аз як гурӯҳ ва як лашкари қабилаӣ бо таассуби бесобиқа ва ағлаб бебовар ба танаввӯъи қавмӣ ва фарҳангии Афғонистон нестанд. Дину мазҳаб танҳо рӯпӯши аташи сӯзони онҳо барои ҳифзи қудрат аст. Он ҷо, ки манофеъи гурӯҳиашон дар хатар бошад, Қуръонро қурбонии қудрат мекунанд.

Намунаи боризи он чашмпӯшӣ аз расвоиҳои ахлоқӣ ва ҷинсии аъзои баландпояашон аст, ки тааффуни он саросари интернетро гирифта ва расвотар аз парвандаи Ҷефри Апстин дар Амрико шудааст. Ончи пас аз суқути ҷумҳурият эҷод шуда, “Толибистон” аст ва чизе аз Афғонистон дар ҳавзаи намодҳо ва арзишҳо боқӣ намондааст; На Қонуни Асосӣ вуҷуд дорад, на намодҳои миллӣ ва на ҳузури мардум дар қудрат.

Бар ҳамин далоил, ташкилоти Толибон фурӯ мепошад ва бидуни шак, фурӯ хоҳад пошид. Ман фақат навъи фурӯпошии онро наметавонам мушаххас кунам, аммо асли фурӯпошӣ ҳатмӣ аст.

Ман дар раъси созмони “Раванди сабзи Афғонистон” (РАСО) қарор дорам. Ин созмон дар мубориза бар зидди Толибон дар ҳадди тавони худ аз соли 2011 то кунун дар абъоди мухталиф нақш дошта ва дорад. Пас аз суқути ҷумҳурият даҳҳо тан аз аъзои РАСО дар чаҳор соли ахир шаҳид шудаанд ва теъдоди зиёде дар зиндонҳои Толибон асиранд. Мо медонем, ки бозҷӯён ва мустантиқини Толибон бо чӣ алфозе ҳамсангарони моро шиканҷаи рӯҳӣ мекунанд. Ҳатто вақте порчаи иблоғи маҳкамаи Толибонро мебинем, медонем, ки асоси ин қазоватҳо чист. Асоси қазоват на шариат аст, на қонуни маданӣ ва на урф; Асоси аксар қазовати Толибон, мутлақ таассуб ва ҳисси шадиди танаффур ва такаббур аст.

Бо он ҳам ва бо пазириши тамоми сахтиҳо ва қурбониҳо, иззат ва обрӯи мо ин аст, ки вазъияти пас аз суқутро напазируфтем ва нахоҳем пазируфт. Толибонро напазируфтем ва нахоҳем пазируфт. Ин яке аз ифтихороти таърихии мост. Барои озод зистан бояд баҳо пардохт.

Ман рӯзи якшанбе, 15 август, соати 11:40 ба деҳкадаи обоиямон дар Боғи Сурхи Панҷшер расидам ва бидуни лаҳзае оромиш, шурӯъ ба басиҷи мардум кардам. Бо истифода аз миқдори кофии пул ва андаке аслиҳа, ки дар ихтиёр доштам, тавонистам дар шаклдиҳии мубориза алайҳи Толибон саҳм бигирам ва нақш ифо кунам. Илова бар абъоди маънавӣ ва сиёсӣ, барои ташдиди мубориза алайҳи Толибон ба пул, аслиҳа ва мардум ниёз буд. Ин се унсурро то ҳадде доштем. Акнун низ ба андозае, ки нагузорем Толибон иддаои субот кунад, манобеъ дар ихтиёр дорем.

Толибон наметавонанд Афғонистонро босубот созанд. Субот маънояш сафари бехатар аз Кобул то Қандаҳор нест; Он танҳо бахши кӯчаке аз оромиши бепоя ва ларзон аст. Бартарии Толибон дар ин аст, ки ҳудуди се дарсад аз мардуми ҷануб, ҷанубғарб ва баъзе вулусволиҳои хос дар Шимолро мусаллаҳ карда ва барои ҳифозат аз ташкилоти инҳисории худ маош медиҳанд. Ин тавоноӣ феълан дар ихтиёри дигар нерӯҳои сиёсӣ ва қавмии Афғонистон қарор надорад.

Аммо таърих нишон додааст то замоне, ки захмҳо ва гусастҳои дохилӣ илтиём наёбад, субот ба даст намеояд. Субот пояи умед аст ва умед тараққӣ ва инкишоф меоварад. Оромиши устувор бар тарс ва саркӯб, ҳаргиз боиси ташвиқи сармоягузорӣ, густариши ҳисси моликият миёни ҳамаи мардум ва зуҳури давлат-миллат намешавад.

Вазъият ҳатман тағйир мекунад, чун масъалаи дастрасӣ ба аслиҳа, ки бештар тактикӣ аст то роҳбурдӣ, рӯзе ҳатман ҳал хоҳад шуд. Вақте масъалаи аслиҳа ҳал гардад, он вақт мардум бо забони таърихии Афғонистон яъне забони хушунат ва зӯр бо Толибон бештар сӯҳбат хоҳанд кард. Акнун дар Афғонистон забонҳои форсӣ ва пашту ҳар ду ба таълиқ рафтаанд ва танҳо милаи туфанг расотарин забони роиҷи кишвар шудааст.

Барои ин ки дар фардои фурӯпошии Толибон ҳисси ҳамватан будан миёни ҳамаи ақвом камтарин осебро бубинад, ниҳоят талош мекунем, ки ҳаракати мо устувор бар тафаккури сохтан ва иодаи Афғонистон бошад, на иодаи як такаббури қавмӣ бар такаббури қавмии дигар. Мо барои барандозии “Толибистон” ва иодаи Афғонистон мубориза мекунем.


Дин

Тероризм

26-фев-2026 By admin

Меъмори ноком дар…

Талоши Залмай Халилзод барои бозгашт ба сиёсати Афғонистон боиси дархо

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!