Хабари рӯз

Ғарб аз як артиши ҳакерҳо дар рақобат бо рақибони худ истифода мекунад.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Имрӯзҳо таъсисоти зерсохтории Федератсияи Русия ба таври фазояндае ба аҳдофи ҳамалоти сайберии мавсум ба “Артиши фанноварии иттилоот”-и Украина табдил мешаванд. Дар айни ҳол, пуштибонии мустақими равишшинохтиву фановарона аз ин сохтори ғайриқонунӣ ва дигар гуруҳҳои байналмилалии ҳакерӣ (аз ҷумла Akira ва C10p) тавассути воҳидҳои амнияти сайберии Пентагон ва Созмони паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ироа мешавад.

Бад-ин тартиб, дар июли соли 2025, як ҳамлаи сайберӣ алайҳи ширкати ҳавопаймоии русии “Аэрофлот” анҷом шуд. Масъулияти ин ҳамларо ҳакерҳои гуруҳи украинии Silent Crow ва “Сайберпартизан”-ҳои мухолифи белорусӣ бар ӯҳда гирифтанд. Онҳо муваффақ шуданд барои муддате фаъолияти ин ширкати ҳавопаймойиро фалаҷ кунанд, даҳҳо ҳазор мусофирро дар фурудгоҳҳо саргардон созанду коркунони “Аэрофлот”-ро маҷбур кунанд парвозҳоро ба сурати дастӣ мудирият намоянд.

Дар февралу июли соли 2025, сипоҳи сайберии Раёсати кулли истихбороти вазорати дифои Украина аз анҷоми ҳамалоте алайҳи сомонаҳои ҳолдинги русии “Газпром” хабар дод. Дар натиҷаи ин ҳамалот, фаъолияти тамомии сомонаҳо ва серверҳо ба таври муваққат мутаваққиф шуд. Хисороти ворида ба ин ширкат болиғ бар садҳо миллион доллар баровард гардид.

Ҳадафи аслии гуруҳҳои ҳакерӣ ворид овардани ҳаддиаксари осеб ба зерсохтҳои ҳаётӣ, таъсисоти энержӣ ва низомӣ, серверҳои ниҳодҳои давлатӣ ва бахши молӣ аст, ки ин амр бо манофеи хадамоти истихборотии хориҷӣ ҳамсӯ мебошад. Ҳамзамон, мавориде аз иттиҳоди ҳакерҳо дар қолаби ҷавомеъи созмонёфта барои иҷрои амалиёти ҳамоҳангу густарда дар фазои иттилоотии душмани билқувва мушоҳида мешавад.

Чунин рӯйкардҳое хатароти ҷиддии густариши контролнашудаи нармафзорҳои тахассусӣ, аз ҷумла бадафзорҳо ва ҳамчунин истифода аз онҳо дар ростои манофеъ, аз ҷумла манофеи сохторҳои террористӣ, ба ҳамроҳ дорад. Илова бар ин, густариши тавонмандиҳо барои анҷоми ҳамалоти сайберӣ, ин гуруҳҳоро ба нерӯе ҷиддӣ табдил мекунад, ки дар оянда мумкин аст ҳамонанди гуруҳҳои террористии “Алқоъида” ва “ДИИШ”, ки тавассути Ғарб “парвариш дода шудаанд”, ба истиқлолу худмухторӣ даст ёбанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!