Хабари рӯз

Паштунизм дар дохили кишвар ғайрипаштунҳо ва ба вежа тоҷиконро душман медонад ва дар хориҷ бо Покистон даъвои душманӣ дорад.

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар ду давраи таърихӣ Покистон дар ҳимоят аз паштунҳо алайҳи тоҷикон иқдом кард. Дар давраи ҳукумати исломӣ ба раҳбарии Устод Раббонӣ, Покистон дар ҳимоят аз Ҳизби исломӣ қарор гирифт. Дар давраи Муқовимати Аввал Покистон ба ҳимоят аз Толибон пардохт ва дарвоқеъ Толибонро дар ҳамкории инглисҳо эҷод кард. Дар оғози Муқовимати Дуввум ҳам гузоришҳое вуҷуд дорад, ки Покистон Толибонро кӯмак кард.

Ҳоло мо - тоҷикон - агар ба хотири мавориде, ки дар боло зикр шуд, бо Покистон душманӣ кунем ва дар садади интиқом бошем, ҳарфаш ҷудо аст.

Аммо дар кори ҷангу сиёсат дӯстиву душманӣ собит нест ва манофеъ эҷоб мекунад, ки таҳти шароити хосе дар дӯстиҳо ва душманиҳо таҷдиди назар кунед. Дасти кам як ҷараёни низомиву сиёсӣ бояд сатҳе аз инъитофпазириро барои худ битавонад ҳифз кунад, ки дар мавқеи зарурӣ битавонад бо душмани қаблӣ дар баробари душмани ҷадид ҳамкорӣ кунад. Яъне набояд душманиро чунон табусозӣ кунем, ки баъд қодир набошем тағйири мавқеият дода ва вориди марҳалаи ҷадиде аз равобит шавем.

Агар амиқтар нигоҳ кунем, оғозгари душманӣ байни Афғонистону Покистон паштунҳо буданд. Паштунҳо буданд, ки марзи расмӣ байни ду кишварро напазируфта ва барои Покистон таҳдиди тамомияти арзӣ эҷод карданд. Аз он замон ба баъд Покистон ба ин фикр шуд, ки чӣ гуна Афғонистонро заиф кунад. Пас, асосан талоши Покистон барои тазъифи давлат дар Афғонистон як иқдоми тадофеъӣ буда, ки ҳаққи ҳар кишвар аст.

Мо - тоҷикҳо - ҳам дар рикоби паштунҳо сухан аз душманӣ бо Покистон гуфтем. Ҳар вақт паштунҳо садо заданд, ки биёед, барои ҷанг бо Покистон басиҷ шавем, тоҷикҳо ва дигар ақвом ҳама лаббайк гуфтанд. Тоҷик, ҳазора ва ӯзбекҳо нагуфтанд, ки душманӣ бо Покистон марбут ба паштунҳо аст. Ҳама дарвоқеъ ба як садо дар канори паштунҳо дам аз душманӣ бо Покистон заданд. Теъдоди тоҷикҳое, ки дар атрофи хатти марзии Покистон барои дифоъ аз тамомияти арзии Афғонистон кушта шуданд, бамаротиб бештар аз куштаҳои паштун будааст. Ин ҷо дарвоқеъ ғайрипаштунҳо ҳаққи ҳамкишварӣ бо паштунҳоро адо карда ва таҳти заомати паштунҳо ва бо шиори ваҳдати милливу меҳандӯстӣ, Покистонро душман пиндоштанд ва барои ин ҳадаф қурбонӣ доданд.

Аммо паштунҳо чӣ карданд? Паштунҳо аз Покистон аслиҳаву муҳиммот ва луҷистик дарёфт карда ва алайҳи тоҷикҳо ҷангиданд. Паштунҳо ба кӯмаки Покистон ҳукумати тоҷикиро маҷбур ба ақибнишинӣ карда ва вақте тоҷикҳо муқовимат карданд, то охирин рӯзҳо паштунҳо тоҷикҳоро натанҳо мавриди шадидтарин ва ваҳшёнатарин ҳамалоти низомӣ қарор дода, сиёсати замини сӯхтаро дар сарзаминҳои тоҷикон иҷро карда, балки тоҷиконро дар муҳосираи сахти иқтисодӣ қарор дода, ки ин мардум маҷбур шуданд, як кило намакро яксад ҳазор афғонӣ бихаранд ва мардум аз гуруснагӣ бимиранд. Шадидтар аз муҳосираҳои Ғазза тавассути Исроил. Дарвоқеъ дар кулли муддате, ки Покистон алайҳи тоҷикон қарор гирифта, пешмаргаи ҷанг алайҳи тоҷикон паштунҳо будаанд. Яъне паштунҳо худашон ҳам бо Покистон душмании худро карданд ва ҳам дӯстӣ карданд. Раҳбарони сиёсиву низомии паштун Покистонро хонаи дувуми худ медонанд ва пас як марҳалаи ваҳшигарӣ ба Покистон паноҳ мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти фавқ, эҷоб мекунад, ки тоҷикон дар душманӣ бо Покистон таҷдиди назар кунанд. Агар паштун метавонад ба рағми иддаои душманӣ бо Покистон, аз ин кишвар ҳимояти низомӣ ва сиёсӣ алайҳи тоҷикон дарёфт кунанд, тоҷикон чаро чунин накунанд? Ин дар ҳолест, ки душмании мо бо Покистон такомилӣ аст ва аз паштунҳо чандомилӣ аст. Ҳамин акнун як ҳокимияти паштунӣ дар Афғонистон мусаллат аст, ки муддаӣ аст, ки аз Покистон ҳарфшунав нест. Ҳамин ҳокимият, тамоми фишори саркӯб, ҳазф ва хусуматаш болои тоҷикон аст.

Душманӣ бо Покистон дар айни ҳол то ҳудуде як сиёсати ҳиндӣ ҳам ҳаст. Ҳинд мехоҳад душмании худ бо Покистонро аз тариқи Афғонистон пеш бибарад. Албатта, паштунҳо чун ҳамеша сиёсати дӯстӣ ва душмании ҳамзамон бо Покистонро пеш бурдаанд. Ин амр боис шуда, ки Ҳинд низ сармояи худ барои зарба задан ба манофеи Покистонро болои паштунҳо бигузорад. Дар давраи ҷумҳурият Ҳинд яке аз кӯмаккунандаҳои бузург ба ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ буд, ки гоҳ-гоҳе шиори зиддипокистонӣ медоданд. Интизор мерафт, ки бо баргашти Толибон ба қудрат, Ҳинд аз гурӯҳи ҳокими паштунӣ ба хотири вобастагиаш ба Покистон фосила бигирад, аммо дидем, ки шиорҳои дурӯғини Толибон алайҳи Покистон ва ягон файрҳои ҳавоии малишаҳои марзии Толибон ба самти Покистон, Ҳиндро маҷзуби Толибон сохт ва ин кишвар дар садади таомул бо Толибон баромад. Яъне душмании мо тоҷикҳо бо Покистон ҳатто барои Ҳинд ҳам чандон мавриди таваҷҷуҳ нест ва ин гуна нест, ки аз ин мадрак суде ҳосили мо шавад. Суде, ки моро дар баробари таҳдидҳои таҳоҷумии лашкари паштун бима кунад. Шояд афроди хосе аз ҳиндиҳо пулҳои ночизи оперативӣ дарёфт кунанд, ки ба ҳеҷ унвон арзиши онро надорад, ки қавми тоҷик бо Покистон душманӣ кунад.

Воқеият ин аст, ки паштунизм мушкили аслии Афғонистону Покистон аст. Паштунизм дар дохили кишвар ғайрипаштунҳо ва ба вежа тоҷиконро душман медонад ва дар хориҷ бо Покистон даъвои душманӣ дорад. Пас як сиёсати маъқул ин метавонад бошад, ки тоҷикҳо вориди гуфтугӯҳои амиқ бо Покистон шаванд ва дар ҷиҳати маҳори паштунизм, ки амнияту суботи ду кишвар ва кулли минтақаро мухтал карда ва маҳмили гурӯҳҳои террористӣ ва заминасози мудохилоти қудратҳои бузург шуда, иқдоми муштарак намоянд. Душмании мо тоҷикҳо бо Покистон ба хотири ин ки Покистон паштунҳоро алайҳи мо ҳимоят мекунад, бештар мубини инфиоли дипломатии мо - тоҷикон ва иттихози рӯйкардҳои инзивоъҷуёна ва муҳофизакоронаву уқдапарварона аст, ки ба нафъ нест.


Дин

Тероризм

19-июн-2025 By admin

“Минтақаи беж”-и Тоҷикистон…

Акнун режими Киев низ ба сайди муҳоҷирини корӣ иқдом кардааст.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!