Хабари рӯз

Нақди як таваҳҳуми сиёсӣ ва таъкид бар зарурати басиҷи миллӣ алайҳи истибдоди қабиламеҳвар дар Афғонистон

Нависанда: Сурайё Баҳо, мунаққид ва нависанда, махсус барои “Сангар”

Афғонистон дар тӯли беш аз се қарни гузашта таҳти султаи қабилагароии паштунмеҳвар идора шудааст. Низоми сиёсии ин кишвар на бар пояи иродаи мардум, балки бар бунёди зӯр, террор, барбарият ва сохторҳои суннатии қабилаӣ устувор будааст. Дар натиҷа, ақвоми ғайрипаштун ҳамвора бо табъизи систематик, ҳошиянишинии сиёсӣ ва фарҳангӣ ва саркӯб мувоҷеҳ будаанд.

Дар шароите, ки тоҷикон, бавежа дар бистари тамаддуни шаҳрӣ ва бо зеҳнияти маданӣ зистаанд, султаи қабилаӣ, сохтори комилан бегона бо фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ақлонияти сиёсӣ будааст. Ин шикофи тамаддунӣ, ҳамвора омили буҳрон, бесуботӣ ва норизоиятӣ байни мардум будааст.

Дар се соли гузашта бо ҳокимияти муҷаддади Толибон, рафтори ғайриинсонӣ ва занситезонаи онҳо, занонро аз арсаҳои омӯзиш, кор ва зиндагии иҷтимоӣ канор гузошта ва амалан дар хона зиндонӣ кардааст.

Дар ин миён, бархе ҳалақоти муҳоҷир дар Ғарб тайи 25 соли гузашта нусхаи федерализмро барои Афғонистон пешниҳод кардаанд, бе он ки шароити фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсии кишварро дар назар гиранд. Ин мақола талош дорад ин таваҳҳуми сиёсиро нақд карда ва бар роҳкори воқеӣ ва мумкин, яъне басиҷи мардумӣ ва тағйири бунёдии сохтори қудрат таъкид намояд.

Чаро федерализм дар кишварҳои муваффақ натиҷа дода, аммо дар Афғонистон на танҳо коро нест?

1 - Пешинаи таърихӣ ва фарҳангии мутафовит

Федералистҳои мо, ки кишварҳое монанди Швейтсария, Олмон ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мисол медиҳанд. Инҳо қабл аз федерал шудан, ҳар як таҷрибаи зисти сиёсии мустақил, ҳамзистии мусоламатомез ва тавофуқи таърихӣ бар сари ҳамкорӣ ва мушорикат доштаанд.

Дар муқобил Афғонистон на танҳо фоқиди чунин таҷрибаҳоест, балки сохтори иҷтимоии он мубтанӣ бар табъизи қавмӣ, султаи таърихии як қавм ва ҳазфи систематики соири ақвом аст. Дар ин ҷо федерализм на ба маънои мушорикат, балки ба эҳтимоли зиёд ба тақсими манотиқи нуфузи қавмӣ, ғоратгарӣ ва мунозеъоти хунин мунҷар хоҳад шуд.

2 - Фуқдони қонунгароӣ ва ниҳодҳои бетараф

Дар низомҳои федералии муваффақ, ниҳодҳое чун додгоҳи олӣ, парлумон, аҳзоби мустақил ва матбуоти озод тазмин мекунанд, ки ҳеҷ воҳиде аз чорчӯби кишвар хориҷ нашавад.

Аммо дар Афғонистон, на ниҳодҳои миллии бетараф вуҷуд дорад, на расонаи мустақили густурда  ва на ҳатто ҳизби саросарӣ ва миллӣ. Дар набуди қонун ва ниҳодҳои бетараф федерализм метавонад ба манбаъи ҷанги дохилӣ табдил шавад.

3 - Набуди виҷдони миллии муштарак

Дар кишварҳои муваффақи федерал, бо вуҷуди тафовутҳои забонӣ ё минтақаӣ, ҳамаи мардум дорои ҳувияти миллии муштарак ҳастанд. Олмониҳо, швейтсарияиҳо ва амрикоиҳо бо вуҷуди тафовутҳои маҳаллӣ, худро миллати воҳид медонанд.

Дар Афғонистон, ҳатто мафҳуми "миллат" барои бисёре аз ақвоми ба расмият шинохтанашуда вуҷуд надорад ва бархе ҷараёнҳои паштун ҳанӯз дигаронро "атбои дараҷаи ду" медонанд. Федерализм дар чунин фазое метавонад табъизро расмият бахшад, на ҳал кунад.

4 - Таҷрибаи талхи тамаркуз ва султагароӣ

Дар Афғонистон федерализм на аз сӯи соҳибони қудрати суннатӣ (яъне паштунҳо), балки аз сӯи ақвоми маҳрум матраҳ шудааст. Аммо ҳеҷ паштуни бонуфузе ҳозир ба вогузарии қудрат нест. Пас, агар федерализм ҳам иҷроӣ шавад, боз ҳам аз боло ба поин ва аз сӯи ҳокимияти марказӣ тарроҳӣ хоҳад шуд, ки ин худ нақзи моҳияти федерализми воқеӣ аст.

Аз сӯи дигар, аксарияти мутлақи паштунҳо ҳеҷ алоқае ба федерализм надоранд. На танҳо чеҳраҳои бонуфузи ин қавм аз тақсими қудрат сухан намегӯянд, балки онон ҳокимияти 300-солаи маврусиро ҳаққи табиии худ медонанд. Сохтори қудрати суннатӣ дар миёни онон мубтанӣ бар моликияти инҳисорӣ бар давлат аст ва ҳар гуна мушорикати дигарон дар қудрат, ба масобаи таҳдид барои ин гегемония талаққӣ мешавад. Бедалел нест, ки ҳатто як раҳбари барҷастаи паштун аз федерализм дифоъ накардааст.

Посух ба федералистҳои муҳоҷир: бале, федерализм дар Ғарб натиҷа дода, аммо на сирфан ба далели худи сохтори федерал, балки ба хотири бистари фарҳангӣ, ниҳодҳои қонунӣ, иродаи таърихии мардум барои мушорикат ва виҷдони миллии муштарак.

Аз ин рӯ, догмаи федералистӣ амалан танҳо дар ҳадди шиорҳои муҳоҷирин дар Ғарб боқӣ мондааст. Шиорҳое, ки агарчи нияти адолатхоҳона доранд, аммо фоқиди имкони таҳаққуқ дар майдони воқеии сиёсати дохилии Афғонистонанд. Дарвоқеъ, ин шиорҳо метавонанд навъе таскини равонӣ ё инҳироф аз иқдоми муассир низ талаққӣ шаванд, чаро, ки тағйири қудрат бо шиор мумкин нест.

Афғонистон фоқиди ин бистарҳост, мардуми Афғонистон бештар аз 90 дарсад бесавод ва ғарқ дар хурофотанд, бино бар ин, федерализм дар Афғонистон на танҳо роҳи ҳал нест, балки мумкин аст мунҷар ба ташдиди шикофҳои қавмӣ, ҷанги дохилӣ ва фурӯпошии кишвар шавад.

Афғонистон дар марҳалаи ҳассос аз таърихии худ истодааст. Сарнавишти онро наметавон бо шиорҳои пуртумтароқ дар табъид тағйир дод. Федерализм, агарчи дар кишварҳое бо собиқаи ҳамкории демократӣ муваффақ буда, аммо дар Афғонистони мубтанӣ бар табъиз, қабилагароӣ ва султаи инҳисорӣ, ғайриамалӣ ва ҳатто гумроҳкунанда аст. Танҳо бо огоҳӣ, иттиҳод ва иқдоми дарунӣ, метавон роҳе ба сӯи адолат, мушорикат ва ояндаи беҳтар гушуд.

Пешниҳод: басиҷи миллӣ алайҳи истибдоди қабиламеҳвар дар Афғонистон.


Дин

Тероризм

12-июн-2025 By admin

Алқоида ба Амрико…

Номае саркушода ба ҷомеаи истихборотии Иёлоти Муттаҳида

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!