Хабари рӯз

Дар қиёс бо Эрону Ҷабҳаи муқовимат, Толибон аз ин тавозун бурд кардаанд.

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар (Афғонистон), махсус барои “Сангар”

Ҳузури Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар маросими видоъ бо пайкари раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар расонаҳои Эрон ва Афғонистон бозтоби густардае доштааст.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври маҳдуд аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят мекард, аммо ин ҳимоят ҳамеша бо талош барои пинҳон нигоҳ доштан ва дар ҳошия нигоҳ доштани ин равобит ва пуштибонӣ ҳамроҳ буд. Ба назар мерасад, ки истиқболи расмӣ аз раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар маросими видоъ бо пайкари раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ метавонад ба маънои гардиши ошкортаре дар сиёсати Эрон нисбат ба Афғонистон ва Толибон арзёбӣ шавад. Гӯё Ҷумҳурии Исломӣ дар марҳилаи пас аз ҷанг бо Амрико, дар сиёсати худ нисбат ба Афғонистон тағйироте ба вуҷуд овардааст.

Аз сӯи дигар, ҳузури Муҳаммад Муҳаққиқ дар маросими видоъ бо пайкари раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар канори Аҳмад Масъуд метавонад паёми ҷудогонаи дигареро низ дар бар дошта бошад.

Оқои Муҳаққиқ дар рӯзҳои ахир нисбат ба Толибон бо лаҳни оштиҷӯёнатар сухан гуфтааст. Ӯ дар чанд соли охир беш аз дигар раҳбарони Иттиҳоди Шимол аз Аҳмад Масъуд ҳамроҳӣ ва пуштибонӣ кардааст. Аммо нармишҳои ахири ӯ дар баробари Толибон чунин гумонро ба вуҷуд овард, ки Эрон мехоҳад Муҳаққиқро ба Толибон наздик созад.

Ин фарзияҳо ҳамнишинии Аҳмад Масъуд ва Муҳаққиқро дар Теҳрон дар маърази тафсирҳои гуногун қарор медиҳад. То кунун аз Аҳмад Масъуд ҳеҷ нишонае аз нармиш дар баробари Толибон дида нашудааст. Бо вуҷуди ин, ин суол матраҳ мешавад, ки оё Аҳмад Масъуд дар талоши наздик сохтани мавқеъҳои худ бо Муҳаққиқ аст ё баръакс? Ё ин ки ҳузури ҳамзамон ва ҳамнишинии ин ду танҳо ба хотири ширкат дар маросим будааст ва беш аз он қобили тафсир нест?

Ба ҳар ҳол, ҳарчанд Эрон дар сиёсати худ нисбат ба Афғонистон ҳанӯз аз панҷ соли пеш сиёсати эҷоди таомул миёни Толибон ва мухолифони онҳоро пайгирӣ мекард, аммо ин сиёсат ба далели набудани тавозун барои мухолифони Толибон натиҷаи хубе надошт. Дар ин сиёсат аз миёни се тарафи дахил, бештар аз ҳама Толибон суд бурданд ва камтарин баҳра насиби Ҷабҳаи муқовимат шуд, дар ҳоле ки худи Эрон низ манфиати чандоне ба даст наовард.

Набудани тавозун низ аз ду ҷиҳат буд. Аввал ин ки миёни Толибон ва мухолифони онҳо тавозуни қудрат вуҷуд надошт. Дувум ин ки худи Эрон низ дар муносибат ба Толибон ва мухолифони онҳо нигоҳи мутавозин надошт. Албатта, Эрон барои барқарор намудани тавозуни қудрат миёни Толибон ва мухолифони онҳо низ талоши ҷиддие анҷом надод.

Аммо дар муқоиса бо Толибон, Ҷабҳаи муқовимат дар ҳифзи муносибатҳои худ бо Эрон устувории бештар нишон додааст. Раҳбарияти Ҷабҳаи муқовимат ба чандин даъвати Амрико барои сафар ба Вашингтон посухи рад додааст, то мабодо боиси ранҷиши Эрон гардад. Дар муқобил, Толибон борҳо бо амрикоиҳо музокира карда ва ошкоро изҳор доштаанд, ки дар пайи барқарор кардани дӯстӣ бо Амрико ҳастанд.

Аз сӯи дигар, Толибон бо Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Ҳинд муносибатҳои гарму густарда барқарор кардаанд; кишварҳое, ки аксари онҳоро Эрон душмани худ медонад.

Ба ибораи дигар, Толибон ҳеҷ гоҳ омода нашудаанд, ки тибқи интизори Эрон, Русия ва Чин муносибатҳои фароминтақавии худро маҳдуд созанд ва ба ин кишварҳо итминон диҳанд, ки аз чанголи нуфузи истихборотии кишварҳои ғарбӣ берун шудаанд. Ин набуди итминон кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эронро, ба он водоштааст, ки сиёсати бозии дугонаи худро дар Афғонистон тақвият бахшанд. Бояд гуфт, ки тақвияти чунин сиёсат ягона роҳи оқилона мебошад.

Афғонистонро танҳо тавассути барқарор намудани таодул (на таомули иҷборӣ ва якҷониба) ва тавозун миёни ҷиноҳҳои қавмӣ ва сиёсии қудрат метавон ба субот ва мувозинат расонд. Ин масъала пеш аз ҳама барои кишварҳои минтақа аҳаммияти бештар дорад.

Дар Афғонистон як низоми такқавмӣ ва яксоҳа наметавонад сулҳ ва суботро таъмин кунад. Мо ба як низоми мушорикатӣ-демократӣ ниёз дорем ва ин ниёз танҳо ниёзи мухолифони Толибон нест, балки ниёзи тамоми кишвар аст. Ҳар қадар кишварҳои минтақа ин ниёзро беҳтар дарк кунанд ва барои бароварда сохтани он талош намоянд, ҳамон андоза ба нафъи худи онҳо хоҳад буд.


Дин

Тероризм

03-июл-2026 By admin

“Қудрати нарм”-и Ғарб…

Исломи радикал дар миёни мақомҳои баландпояи давлатӣ ва ниҳодҳои қудра

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!