Чаро инкори ҳувияти табории тоҷикон як иддаои ғайриилмӣ аст?
Нависанда: Сурайё Баҳо, нависанда, масмус барои “Сангар”
Тоҷикон дар Афғонистон на “сирфан як ҳувияти фарҳангӣ”, балки як табори таърихӣ, иҷтимоӣ бо забон, хотираи ҷамъӣ, ҷуғрофиё ва пайвастагии тамаддунии мушаххасанд.
Дар Афғонистон, ҷомеае чандқавмӣ бо пешинае куҳан вуҷуд дорад; чор қавми бузург ва ақвоми мутааддиди дигар, ки ҳар як забон, хотираи таърихӣ ва сохтори иҷтимоии худро доранд. Дар ин миён, гоҳ иддаои ғайриилмӣ ва мағризона матраҳ мешавад мабнӣ бар ин ки “тоҷикон қавм ё табор нестанд, балки сирфан як ҳувияти фарҳангӣ-тамаддунианд” ва забони форсӣ танҳо омили пайванди онон аст. Ин иддао, аз манзари илмӣ, таърихӣ ва инсоншинохтӣ, нодуруст ва тақлилгароёна аст.
Нахуст бояд равшан сохт, ки дар улуми иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ, “қавм” ё “табор” илзоман ба маънои қабиламеҳварӣ, кӯчнишинӣ ё сохтори ашираӣ нест. Бисёре аз ақвоми шинохташудаи ҷаҳон, аз ҷумла олмониҳо, фаронсавиҳо, эрониён ва мисриён, сохтори қабилаии фаъол надоранд, аммо бешубҳа табор, қавм ва ҳувияти таърихӣ маҳсуб мешаванд. Бино бар ин, шаҳрнишинӣ ё надоштани сохтори қабилаӣ, на танҳо нафйкунандаи табор нест, балки дар бисёр маворид нишонаи таҳаввули таърихӣ ва тамаддунии як қавм аст.
Тоҷикон дар Афғонистон дорои унсурҳои бунёдии як табори мушаххасанд:
- Забони муштарак (форсии дарӣ), ки на сирфан абзори иртибот, балки ҳомили хотираи таърихӣ, асотир, адабиёт ва низоми мафҳумии онон аст;
- Пайвастагии таърихӣ дар ҷуғрофиёи муайян, аз Балх ва Бадахшон то Ҳирот, Кобул, Панҷшер ва Тахор;
- Хотираи ҷамъии муштарак, шомили ривоятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ;
- Нақши мустаҳкам дар тавлиди тамаддун, давлатсозӣ, дониш, адабиёт ва фарҳанги минтақа.
Иддаои ин ки тоҷикон “фақат” як ҳувияти фарҳангианд, дарвоқеъ талоше барои тиҳӣ кардани як гурӯҳи таърихӣ аз ҳаққи табор, таърих ва намояндагии сиёсӣ аст. Ин навъ ривоятҳо ағлаб дар бистари рақобатҳои қудрат шакл мегиранд ва ҳадафи онҳо на равшансозии илмӣ, балки бозтаърифи силсиламаротиби ақвом ба суди як ривояти мусаллат аст. Дар ҳоле ки забони форсӣ, ҳарчанд забони миёнқавмӣ ва тамаддунӣ дар Афғонистон буда ва ҳаст, аммо ин вижагӣ, ҳувияти қавмии тоҷиконро нафй намекунад; ҳамон гуна ки забони арабии миёнқавмӣ ҳувияти қавмии арабҳоро аз миён набурдааст.
Афзун бар ин, агар тоҷикон сирфан “ҳувияти фарҳангӣ” талаққӣ шаванд, он гоҳ бояд пурсид: кадом қавм дар Афғонистон фоқиди буъди фарҳангӣ ва тамаддунӣ аст? Фарҳанг ва тамаддун, нафйкунандаи табор нестанд, балки натиҷаи пӯёии таърихии онанд. Тақлили тоҷикон ба як “барчаспи фарҳангӣ”, дарвоқеъ инкори як табори таърихӣ аст, ки қарнҳо дар шаклгирии забон, давлат, шаҳр, илм ва ҳунари ин сарзамин нақши меҳварӣ доштааст.
Дар натиҷа, аз манзари илмӣ ва мантиқӣ, тоҷикон як табори таърихӣ-иҷтимоианд, ки ба далели шаҳрнишинӣ, нақши тамаддунӣ ва забони фарогирашон, аз сохтори қабилаӣ фосила гирифтаанд; на ин ки аслан фоқиди табор бошанд. Инкори ин воқеият, на таҳлили илмӣ, балки ривояти идеологӣ ва сиёсӣ аз ҳувият аст, ки бо додаҳои таърихӣ, забоншинохтӣ ва инсоншинохтӣ созгор нест.






