Хабари рӯз

Ҷомеаи форсзабони Афғонистон аз чӣ дардҳое ранҷ мебарад?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Ин навиштор нақде ахлоқӣ ва даруннигар аз фарҳанги сиёсии ҷомеаи порсигӯ аст. Тамаркузи он на бар таксири мафҳумии султа ва на бар сардаргум кардани мухотаб бо анвоъи он, балки бар таҳлили як созукори воҳид ва марказист: бардагии дарунӣ ба масобаи вогузории довталабонаи хирад ва доварии ҷамъӣ. Ишора ба султаи афғонӣ дар матн аз он рӯ сурат гирифтааст, ки ин султа тавонистааст дақиқан бар ҳамин холигии дарунӣ савор шавад ва аз он баҳрабардорӣ кунад, на ба унвони як мафҳуми мустақил ва ҷудо.

Ҳадафи ман аз ин нақд, сарзаниши ҷомеа ё нафйи ранҷҳои таърихии он нест, балки нишон додани ин ҳақиқат аст, ки ҷомеаи порсигӯ, бо вуҷуди зарфиятҳои фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии густарда, ҳанӯз ба таври комил аз мантиқи пайравӣ аз фарҳанги пирӣ, раҳбарпарастӣ ва фармондеҳмеҳварӣ убур накардааст.

Ин ҷустор талошест барои бозгардондани пурсиш, хирад ва масъулияти ахлоқӣ ба ҷойгоҳи ҷамъии он; ҷое ки сиёсат на сарнавишти маҳтум, балки кунише огоҳона ва қобили доварӣ бошад.

***

Таҷрибаи даҳсолаҳои ахир нишон медиҳад, ки масъалаи бунёдии ҷомеаи порсигӯ, пеш аз он ки сиёсӣ ё амниятӣ бошад, фарҳангӣ ва ахлоқист. Он чӣ ин ҷомеаро дар баробари афғонизм ва ашколи гуногуни султаи он осебпазир кардааст, на камбуди огоҳӣ ва на фуқдони таҷрибаи таърихӣ, балки нотавонӣ дар хуруҷ аз мантиқи “пирӣ ва муршидӣ” дар даруни муносиботи дарунбоҳамситонии худист; мантиқе, ки дар он хиради ҷамъӣ ҳамвора ба нафъи як шахс, як фармондеҳ ё як чеҳраи муқтадир канор гузошта шудааст.

Манзур аз хирадварзӣ дар ин ҷо, донистани сирф ё омӯзиши расмӣ нест, балки ҳамон чизест, ки Кант онро “ҷуръати бакоргирии фаҳми хеш бидуни ҳидояти дигарӣ” номид. Ин ҷуръат дар фарҳанги сиёсии порсигӯён, бавижа дар миёни тоҷикҳо, ба таври музмин саркӯб шудааст. Ҷомеа одат кардааст, ки ба ҷои андешидан, пайравӣ кунад; ба ҷойи пурсиш, имон биёварад ва ба ҷойи меъёрҳо, ба чеҳраҳо такя бизанад.

Дар ин чаҳорчӯб дар се даҳаи ахир замоне, ки бахши бузурге аз нухбагони порсиён ё ба муҳоҷират рафтанд ё даргузаштанд, фармондеҳони ҷиҳодӣ на танҳо бозигарони низомӣ шуданд, балки пирони сиёсӣ ва раҳбарони бидуни муноқиша низ гардиданд.

Онон, ки машрӯъияташонро дар зӯри туфанг медиданд, на танҳо аз ҷомеаи худӣ итоат хостанд, балки онро ба таслим барои манофеи шахсии худ водоштанд. Ҳар фармондеҳ дар як маҳал қудрати бидуни чунучаро, фароқонунӣ ва ҳатто фарурфӣ шуд. Робитае, ки миёни ҷомеа ва ин чеҳраҳо шакл гирифт, робитаи шаҳрвандӣ ва намояндагӣ набуд, балки робитаи ҳокиму барда буд. Дар чунин робитае, пурсиш нишонаи бевафоӣ талаққӣ мешуд ва нақд муодили хиёнат буд. Намунаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷавонони пурсишгар ба ашколи мухталиф аз ҷамъ ба берун партоб шудаанд. Чунин буд, ки хиради ҷамъӣ дар ҳолати таълиқ қарор гирифт ва то имрӯз идома дорад.

Бардагии дарунӣ аз ҳамин ҷо оғоз мешавад; на аз зӯр ва на аз саркӯби мустақим, балки аз вогузории довталабонаи доварӣ ба фарди зӯрманд. Ҷомеае, ки сарнавишти худро ба “пири сиёсӣ” месупорад, пешопеш аз ҳаққи андешидан канора мегирад ва онро хатарнок, бефоида ва дар мавориде беадабона мепиндорад.

Фармондеҳони ҷиҳодӣ, бавижа дар даврони ҷумҳурият, маҳсули хиради таърихии ҷомеа набуданд. Онон на аз дили гуфтугӯи ақлонӣ баромаданд ва на ҳомили тарҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё ахлоқӣ барои оянда будаанд. Қудрати онҳо натиҷаи ҷанг, мудохилаи хориҷӣ ва муомилаҳои геополитикӣ будааст.

Ҷомеа, ба ҷойи нақди ин қудратҳои нохоста, онҳоро тақдис кард. Силоҳ, сарват ва нуфузи сиёсии онҳо, ки натиҷаи ҳимояти хориҷиҳо буд, ба иштибоҳ ҳамчун нишонаи шоистагии ахлоқӣ таъбир шуд ва фармондеҳон ба унвони раҳбарон ва наҷотдиҳандагон пазируфта шуданд; дар ҳоле, ки ин фармондеҳон ҳеҷ гоҳ аз доштани “қалби равшанибахши Данко” бархӯрдор набуданд.*

Дар фарҳанги “пирӣ ва муршидӣ”, пир масъул ва посухгӯ нест; ӯ сужаи “имон” аст. Ҳамин мантиқ боис шуд, ки чеҳраҳои анахроник ва оммафиреби раҳбарнамо борҳо бо ҳокимони мусаллати афғон муомила кунанд, шикаст бихӯранд ё ҳатто ҷомеаи худро қурбонии созишҳои шахсӣ созанд, бидуни он ки “машрӯъияташон” ба таври ҷиддӣ зери суол биравад. Агар муваффақ шуданд ё шикаст хӯрданд, ҷомеа онро тавҷеҳ кард; хиёнатро тавзеҳ дод ва сукутро навъе “воқеъбинӣ” таъбир намуд. Инҳо ҳамон созукорҳоянд, ки ман онро “бардагии дарунӣ” меномам.

Дар ин ҷо бардагӣ фақат итоат нест, балки дар асл таълиқи пурсиш аст. Афроди ҷомеаи порсиён намепурсанд, ки чаро ин фармондеҳ ё ин қудратманд? Бо чӣ салоҳияте? Ва бар асоси кадом меъёри ахлоқӣ бояд раҳбари мо бошад?

Пардохтан ба ин гуна пурсишҳо муддатҳост, ки ба далели травмаи султаи афғонӣ аз як сӯ ва гирифторӣ дар муносиботи пириву муршидӣ аз сӯи дигар, таътил шудааст. Мурид ҳаққи пурсиш аз пирро надорад ва онро хатои бузург мепиндорад. Ин вазъият ба фарсудагии амиқи ахлоқӣ анҷомидааст; ҳолате, ки метавон онро “беҳудагии дарунӣ” номид: ҷое ки ҷомеа, пеш аз шикасти берунӣ, аз корбурди пурсиш ва доварӣ даст мекашад ва ба буҳрони дарунӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Солҳост, ки афғонизм аз ин вазъият ба дилхоҳи худ баҳра мебарад ва ҳокимони афғон бо савор шудан бар он, султаи худро тасбит мекунанд. Қудрати порсиён замоне муяссар мешавад, ки ҷомеаҳои онҳо пурсишгар бошанд; дар ғайри он, масири ҳазфро мепаймоянд. Ба гунаи намуна, аксарияти порсиён аз ин гурӯҳҳое, ки худро “раҳбарон” меноманд, намепурсанд, чаро мо “афғон” бошем; дар ҳоле ки мо қавм, забон ва ҳувияти худро дорем, ки аз фарҳанги порсӣ баромадааст. Ин пурсиш ба далелҳои гуногун матраҳ намешавад.

Ин чеҳраҳо барои бақои хеш, мардумро ба итоати бардагӣ вомедоранд; дар асл, онҳо ҳамкорони султаи афғонӣ ҳастанд ва бардагии даруниро барои тадовуми бардагии берунӣ, яъне султаи афғонӣ, фароҳам меоваранд.

Аксарияти онҳое, ки дар бист соли ахир ба гунаи нохонда мумассили намояндагии козиби порсиён шуданд, вале ба афғонизм ва афғоният бовар дошта ва дар баробари он тамкин намудаанд, дарвоқеъ заминасозони бардагии дарунии ҷомеаи хеш будаанд.

Мо бо дарки ин падидаи манфии ахлоқӣ ва равонӣ, назарияи “ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсигӯён”-ро на ҳамчун як шиори сиёсӣ, балки ба масобаи як барномаи сомонманди фикрӣ ва фалсафӣ барои гусаст аз фарҳанги пирӣ матраҳ кардаем. Мо бовар дорем, ки ин ҳақ замоне маънодор мешавад, ҳар гоҳ ҷомеа аз мантиқи муридӣ убур кунад ва хирадро ба марҷаи доварии хеш бозгардонад.

Ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсигӯён, яъне поён додан ба сиёсати наҷотбахши фардмеҳвар ва оғози сиёсати барномамеҳвар ва масъулиятмеҳвари ақлонист.

То замоне ки порсиён ба дунболи “пирони сиёсӣ” бидаванд ва фармондеҳонро раҳбар бипиндоранд, ҳар назарияе — ҳатто ба номи ҳаққи таъйини сарнавишт — наметавонад ҷилави бозтавлиди ҳамон чархаи бардагии даруниро бигирад.

Бардагӣ мумкин аст либос иваз кунад, аммо мантиқи он яке аст ва он иборат аст аз вогузории ақли ҷамъӣ ба фарди ноогоҳ ва судҷӯ ва хомӯш кардани пурсишҳо!

Раҳоӣ, пеш аз он ки сиёсӣ бошад, рӯйдоде ахлоқӣ, ақлонӣ, худполудӣ ва ҳатто пӯст андохтан аст — ба илҳом аз Симин Беҳбаҳонӣ; лаҳзае, ки ҷомеа ҷуръат кунад бидуни “пир” биандешад, бидуни фармондеҳ тасмим бигирад ва худ масъулият бипазирад. Аз ҳамин лаҳза аст, ки огоҳӣ аз “ҳаққи таъйини сарнавишт” оғоз мешавад ва метавонад аз як назария, ба як имкони воқеӣ барои раҳоӣ табдил шавад.

Ба ҷои пайнавишт: Достони “Данко”

*Данко шахсияти рамзин дар достоне ба ҳамин ном аз Максим Горкий, нависандаи рус, аст. Дар достон, Данко раҳбарии қавми саргардон ва ноумедеро бар уҳда мегирад, ки дар торикии ҷангал роҳи худро гум кардаанд. Ӯ барои наҷоти мардум синаи худро мешикофад, қалбашро берун меоварад ва онро чун машъале фурӯзон боло мебарад, то роҳро барои дигарон равшан кунад. Қавм ба дунболи нури қалби Данко аз ҷангал убур мекунад ва наҷот меёбад, аммо худи Данко аз фарти фидокорӣ ҷон медиҳад ва пас аз раҳоии ҷамъ, қалбаш зери пои ҳамон мардумоне, ки наҷот ёфтаанд, лаҳ мешавад.

Дар суннати тафсирӣ “қалби равшанибахши Данко” рамзи раҳбарии ахлоқӣ, огоҳибахш ва фидокорона аст; раҳбарие, ки на бар зӯр, на бар имони кӯр, балки бар масъулият, огоҳӣ ва азхудгузаштӣ устувор аст. Ишора ба Данко дар ин матн, барои тамйиз гузоштан миёни раҳбарии ахлоқии огоҳкунанда ва султаи шахсии қудратмеҳвар ба кор рафтааст; тамйизе, ки дар таҷрибаи муосири ҷомеаи порсигӯ, аксаран нодида гирифта шудааст.


Дин

Тероризм

02-фев-2026 By admin

Кӣ моҳиҳои Баҳри…

Владимир Зеленский назми муҳити зистиро нобуд мекунад.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!