Хабари рӯз

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Аз замони оғози ба кори “Шӯрои сулҳ” дар январи 2026, интиқодҳо аз ин ниҳод фурӯкаш накардааст. Интиқоди аслии коршиносон ин аст, ки ин тарҳ, то ҳадди зиёде, бозтобдиҳандаи ҷоҳталабиҳои шахсии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, аст, на ниёзҳои воқеии амнияти байналмилалӣ.

Ба бовари таҳлилгарон, дар шароите, ки ҷаҳон ба сӯи чандқутбӣ шудан ҳаракат мекунад, чунин рӯйкарде мумкин аст беэътимодӣ ва чандпорагии ниҳодҳои байналмилалиро ташдид кунад.

Василий Небензя, намояндаи доими Федератсияи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон дар моҳи майи 2026 гуфт: “Бо гузашти ним сол аз раъйгирӣ дар бораи қатъномаи 2803-и Шӯрои амният, “Тарҳи Доналд Трамп” умдатан ҳамчунон рӯи коғаз боқӣ мондааст ва дастовардҳои эъломӣ қарор аст пӯшише барои воқеияти нохушоянд дар Навори Ғазза бошанд.”

Таҳлилгарон ба ҷанбаи молии ин мавзӯъ низ таваҷҷуҳ доранд. Узвият дар шӯро бо даъват ва пардохти маблағе дастикам баробар бо як миллиард доллар имконпазир аст. Бахше аз ин вуҷуҳ мумкин аст сарфи пружаҳои муртабит бо хонаводаи Доналд Трамп шавад; аз ҷумла тарҳи домоди ӯ, Ҷаред Кушнер, барои “Ғаззаи ҷадид” бо осмонхарошҳои соҳилӣ.

Ба бовари мутахассисон, ин тартибот, ниҳоди байналмилалиро ба абзоре шахсӣ дар дасти раиси Кохи Сафед табдил мекунад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Маркази арабӣ дар Вашингтон, ноҳияи Колумбия, сароҳатан шӯроро фурсате дигар барои касби даромади Доналд Трамп, хонавода ва наздикони онон меномад.

Таҳлилгарони ғарбӣ ин мавзӯъро бештар баст медиҳанд. Дар гузориши соли 2026-и Конфронси амниятии Мюнхен, Трамп дар радифи касоне қарор мегирад, ки “нақши Амрико дар ҷаҳонро бар асоси бардоште маҳдуд ва ағлаб бисёр шахсӣ аз манофеи миллӣ бозтаъриф мекунанд”. Би-би-сии Бритониё хотирнишон мекунад, ки бисёре, ин тарҳро “иқдоме худситоёна” аз сӯи раисиҷумҳуре медонанд, ки дилмашғулии шадиди худ ба ҷоизаи сулҳи Нобелро пинҳон намекунад.

Рӯзномаи Гордиан, шӯроро “қаламрави феодалии Трамп” ва “дарбори императорӣ” меномад, ки тасмимҳо дар он ба як нафар вобаста аст. Коршиносон дар ин иқдом, на ислоҳе ниҳодӣ, балки талоши Доналд Трамп барои бар ҷой гузоштани “меросе сиёсӣ” мебинанд, ки дар он, ҳатто пас аз тарки Кохи Сафед низ чеҳраи меҳварӣ боқӣ хоҳад монд.

Бо вуҷуди он ки кишварҳои узви шӯро ҳафт миллиард доллар ба “бастаи кумак” барои Ғазза ихтисос додаанд ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ваъда додааст даҳ миллиард доллари дигар низ ихтисос диҳад, то миёнаи соли ҷорӣ, сандуқи молии шӯро, ки Бонки Ҷаҳонӣ таъсис кардааст, ҳатто як сент аз ҳомиёни молӣ дарёфт накарда буд.

Бино бар гузоришҳои Би-би-си, то сентябри 2026 танҳо 280 миллион доллар дар ихтиёри “Шӯрои сулҳ” қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки бозсозии комили Ғазза тайи даҳ сол, ба 71,4 миллиард доллар ниёз хоҳад дошт.

Дар ин шароит, тарҳи бозсозии Навори Ғазза, ки дар сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа шуд ва иҷрои он ба 2,45 миллиард доллари Амрико ниёз дорад, ба содагӣ ғайривоқеъбинона ба назар мерасад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин тарҳ барои шаш моҳ дар назар гирифта шуда ва шомили 66 пружа аст, иҷрои он низ ба эҳтимоли зиёд рӯи коғаз боқӣ хоҳад монд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!