Хабари рӯз

Баҳс рӯи ҳукумати федералӣ гуноҳ нест

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Ҳама медонем, ки низоми толибӣ авҷи нафратангези як низоми мутамаркиз аст. Ҳеҷ гоҳе ба андозаи имрӯз ниёз ба гуфтугӯ дар бораи низоми мутамаркиз ва ғайрмутамаркиз надоштаем. Ҳоло замони он аст, то барои таъйин ва интихоби навъи низоми ҳукуматӣ, бидуни табъиз ва ташаддуд, ба як гуфтумони миллӣ рӯй биоварем.

Ба бовари ман, ҳеҷ гуфтумонеро набояд табу пиндошт ва қадаған кард. Набояд бемуҳобо муҳри куфр ба пешонии касоне зад, ки тарафдори як низом ғайримутамаркиз ё федералӣ барои Афғонистон ҳастанд.

- То замоне, ки мо таърихи пур аз ранҷу иштибоҳи худро, ки дар сояи низомҳои мутлақи алъон мутамаркиз рақам хӯрдааст, беғаразона нақд нанамоем;

- То замоника аз бартари ҷӯӣҳо ва тамомият хоҳиҳои мазҳабӣ ва қавми даст нкшием;

- ва то он гоҳе, ки дар бораи авомили аслии сиёҳрӯзиҳои мо бо ҳамдигар гуфтугӯ нанамоем, дарду азоби мо ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Танҳо дар партави як гуфтумони миллист, ки метавонем авомили аслии ақибмонӣ ва низоъҳои чандқарнаро ва фоидаҳои як низоми ғайримутамаркизро шиносоӣ намоем. Набояд мардумро бо зӯр ва таҳдид аз ин ҳақ маҳрум кард то дар бораи далоил ва авомили аслии беиттифоқиҳо ва ҷангҳои чандинсола наандешанд ва дар бораи илали аслии ақибмониҳои шармовари фарҳангӣ ва иқтисодӣ, ба баҳс ва гуфтугӯ напардозанд.

Низоми ғайримутамаркиз ҳаргиз ба маънои таҷзияи як кишвар набуда ва нест. Ин умқи нодонӣ ва ноогоҳӣ аз бартариҳои сохторҳои сиёсии гунагун ва сартамбагии маҳз аст, ки гуфтугӯ дар бораи низоми ғайримутамаркиз ё федералиро, табу ва таҷзияталабӣ фикр намоем.

Дар ҷаҳони мо кишварҳои хеле бузург ва қудратманде чун Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ҷумҳурии Федератифи Русия, ҷумҳурии федерали Олмон, Амороти муттаҳиди арабӣ, ҷумҳурии исломии Покистон ва даҳҳо кишвари дигаре ҳастанд, ки низоми ғайримутамаркиз ё федералӣ доранд. Ин кишварҳо то ҳанӯз ҳеҷ кадом таҷзияпазир набудаанд.

Фишурда ин ки: агар мо гуфтумони миллӣ надошта ва паиҳам ба пешонии ҳамдигар муҳри куфр бикӯбем, боз ҳам ба дардҳои ҳалокатбори хеш идома дода ва бо дастони худ, худамонро азобкуш менамоем.

Ва агар мо гуфтумони миллӣ надошта бошем, толибони тундрави тамаркузгаро, ба дастури бегонагон, Афғонистонро ба сӯи тазъифи бештар ва ҳатто ба сӯи таҷзия савқ хоҳанд дод.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!