Хабари рӯз

Кишварҳои дастхуши буҳрон на барои озодӣ, балки барои таъмини манофеъи қудратҳои бузург қурбонӣ медиҳанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Таҳаввули сиёсӣ дар Амрико баъд аз интихоби Трамп, инкишоф дар вазъияти Ховари Миёна ва Украина, ҳеҷ чизе бидуни бистари қаблӣ буда наметавонад. Ҳамон тавре ки суқути ба зоҳир ғайримунтазираи Афғонистон ба домани терроризми толибонӣ, як бистари қаблӣ дошт.

Шароит тавре пеш меравад, ки таъсири як бозӣ дар як майдон, ба гунаи шигифтангезе бар вазъият дар майдони дигар, бедиранг ҳис мешавад. Ҳадди ақал баҳси "тақсими ҳавзаҳои манофеъ миёни қудратҳои бузург", нишон медиҳад, ки конунҳои мунозиъа на барои бурду бохт, бал барои имтиёзгирӣ миёни онҳо ҳифз мешаванд. Дар ҳақиқат, асли қоидаи бозӣ миёни ин қудратҳо, бурд-бурд аст. Тафоҳум миёни Чину Русия дар наҳваи тасмимгирии Амрико дар идомаи бозӣ наметавонад як кори маъмул ва ғайри қобили пешбинӣ бошад.

Пас ба таври возеҳ гуфта метавонем, ки печидагии вазъият дар конунҳои мунозиъаи ношӣ аз халқи буҳрон ва мудирияти он аз тарафи қудратҳои бузург аст. Истифода аз абзори тундравӣ дар бозӣ ва эҷоди фазои машкуку ғуборолуд барои имтиёзгирӣ, ҳифзи ин неруҳоро зарурӣ месозад. Масалан, дар баҳси Афғонистон, мондан ё рафтани Толибон ба наҳваи тафоҳум миёни қудратҳо вобастагӣ дорад, зеро бозӣ бо корти Толибон барои ҳамаи ҷавониб феълан як барномаи сиёсӣ ва амниятии муфид аст. Ҳамчунон абзори тундравӣ дар қоидаи бозӣ миёни қудратҳо наметавонад ҷуз талоше дар ҷиҳати муҳандисии геополитикии пур аз мафод барои қудратҳои зинафъ бошад.

Шакке нест, ки ҳаммонанди Ҷавлонӣ дар Сурияи баъд аз Асад, нусхаи Толибон барои муҳандисии ҷадиди геополитикии минтақа дар қудрат ҳифз гардад. Ховари Миёна ва ҷуғрофияи Афғонистон, ду далели умда барои тадовуми ин рақобатҳо ба иллати аҳамияташон ҳисоб мешаванд. Дарвоқеъ, ин бозӣ миёни қудратҳо аст, ки чеҳраҳо шӯҳра ва ё маҳви зеҳниятҳо мегарданд. Ҳатто бо масхи чеҳраҳои қаблӣ симои модерн аз як ифротӣ бидуни бозгашт ба гузашта тарсим мешавад.

Ба назарам, дигар мавзӯъи қабила ва истиқрори гегемонияи он матраҳи баҳс нест. Дар сояи як доктринаи бузурги бесуботсозӣ ва ғорати сарватҳои миллии кишварҳои дастхуши буҳрон аст, ки инқилобҳои сохтагӣ бо моҳияти ба зоҳир мардумӣ танзим мегарданд.

 Он чи ки дар Афғонистони пасоамрико рух дод ва бо таҳаввули муҳандисишудаи Сурияи баъд аз Асад натиҷаи муомилоти пинҳон миёни Русия, Чин, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аст, ки аҳдофи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар пай дорад. Ҳеҷ гуна таҳаввуле дар ин ҷиҳат, бидуни тафоҳуми қаблӣ сурат гирифта наметавонад.

Ақибнишинии Амрико аз мавзӯи Афғонистон, бунбасти ҳоким дар Украина, ақибнишинии Русия ва Эрон дар Сурия, дарвоқеъ, идома ҳамон бозӣ дар меҳвари "тақсими ҳавзаҳои манофеъ миёни қудратҳои бузург" аст, ки ба он рангу бӯи як таҳаввули худкори сиёсӣ медиҳанд. Пас метавон гуфт, ки нусхаҳои бузурге мумкин дар ҳоли татбиқ шудан бошад, ки иллате ҷуз тафоҳум миёни қудратҳо наметавонад дошта бошад.

Дар асри ҳозир, ки нофармонии маданӣ ва сиёсӣ дигар моҳияти сахтафзорӣ дорад, инқилоби иттилоотӣ масири ҳидояти миллатҳоро дигаргун карда ва ба шиддат онро гумроҳ сохтааст. Моддигароӣ ва бехудии отифӣ, ду омили муҳим дар ҷиҳати худсарии миллатҳо ва мардумони он ҳисоб мешаванд. Инқилоб ва вокуниши ҷамъӣ, аслан нақше дар ин таҳаввулот надоранд.

Мардумони ҷаҳон, бахусус кишварҳои дастхуши буҳрон, бо худкомагӣ, бозиҳои хунин, фақр ва вобастагии фикриву моддӣ ба ҷаҳони сармоядорӣ хӯ гирифтаанд. Умеде барои раҳоии халқҳои ранҷдида вуҷуд надорад. Сурия, Афғонистон, Украина, Ховари Миёна ва ... ҳама ва ҳама натиҷаи як бардошти сатҳӣ аз вокуниши мардумӣ дар баробари зиёдаталабиҳои қудратҳои истеъморгар аст, ки моҳияти аслии он ҳифзи манофеъи ин қудратҳо дар ҳавли бозиҳои хунбор, таҳлил мешавад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!