Ин дафъа сари мизи бузург Амрико, Русия ва Чин (ба ҷои Бритониё) хоҳанд нишаст.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Дар дунё чӣ иттифоқҳое дар ҳоли вуқӯъ аст?
Як тавзеҳ кӯчаку кӯтоҳ.
Каме ба ақиб бармегардам.
- Хурӯҷи Амрико аз ҷуғрофияе ба номи Афғонистон, оғози поёни назарияи неолиберализм ва модели демократияи либералӣ буд. Неолиберализм низоми иқтисодӣ ва сиёсии бар пояи сармояи молии глобалӣ буд, ки пас аз суқути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ густариш ёфт.
Оғоз қудратгирии сармояи молии глобалӣ ба даҳаи 1930 бармегардад, ки пас аз пирӯзии Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз тариқи эҷоди низоми мудирияти пулии Бретон Вудз тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико густариши бе пешина ёфт. Авҷи ин систем дар даврони Роналд Рейган буд, ки ба рейганоми ё иқтисоди Рейган машҳур шуд ва то пирӯзии Доналд Трамп дар бори нахуст ҷавлон намуд.
- Доналд Трамп арчанд ба мисли Илон Маск ва дигарон аз ҳавзаи сармояи олигархӣ меоянд, вале нишон додааст, ки ҳимоятгари сармояи санъатӣ аст; Ӯ пас аз як давраи раёсати ҷумҳурӣ, дар натиҷаи интиқоми сармояи молии глобалӣ аз интихоби бори дувум канор гузошта шуд.
- Дигар намояндаҳои сармояи санъатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ иборат аз Чин, Ҳиндустон, Русия, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ ва кишварҳои БРИКС мебошанд, ки бештар алоқаманди рушди иқтисодии мустақилашон дар ҳамкорӣ бо қудратҳои иқтисодӣ ҳастанд.
- Акнун сармояи молии глобалӣ бо марказияти “Лондон сити” ва дар табонӣ бо давлати Бритониё ва муттаҳидони ҷаҳонии он мекӯшанд ба тадовуми сайтараашон бо абзорҳои мухталифи сиёсӣ, истихборотӣ, фарҳангӣ ва ҳатто динӣ идома диҳанд.
Ҷаҳон шоҳиди таҳаввули бузург ҳам дар ҳавзаи геополитика, ҳам геоиқтисод аст!
Ҷанги Украина, оғози рақобати хашин миёни ду гурӯҳи сармояи глобалӣ мебошад, ки ба ҳавзаи Ховари Миёна кашида шуд ва дар оянда ба сӯи минтақаи Қафқоз, Ҷануби Осиё ва Осиёи Миёна низ идома хоҳад ёфт.
Он чиро мо дуруст пас аз 80 сол шоҳид хоҳем буд, иборат аз тавофуқи эълонношудаи ҷаҳонӣ ба поёни назму нақшаи сиёсӣ аст, ки бар асоси конфронси Ялта дар феврали 1945 шакл гирифта буд.
Он замон Франклин Рузвелт, раисҷумҳури Амрико ба Иосиф Столин эътимоди бештар нисбат ба Уинстон Черчил дошт ва дар як тавофуқи нонавишта кӯшиданд нақшаи ҷаҳонро бар пояи таъйини марзҳои Аврупо ва оғози поёни императории Бритониё тарсим кунанд. Имрӯз низ мо шоҳиди баргашт ба вазъияти он замон ҳастем, аммо акнун миёни Доналд Трамп, Си Ҷин Пин ва Владимир Путин.
“Инқилоби муҳофизакорона”-и Трамп баргашт ба даҳаи 1940 ва 1950 аст, ки Амрико ба иттикои худаш абарқудрати бузург шуд ва кӯшид ҷуғрофияҳои кишварҳо ба монанди шибҳи ҷазираи Куриё, баъд шибҳи қораи Ҳинд ва ё Ветнамро тағйир диҳад.
Имрӯз Доналд Трамп мехоҳад бо тарҳи назарияи илҳоқи Канада ба ҳайси аёлати 51-и Амрико ва ё лағви тавофуқи Ҷими Картер дар бораи канали Панама ва ё хариди ҷазираи Гринланд ва ҳатто Исландия, нақшаи ҷаҳониро тағйир диҳад. Ин корро Владимир Путин аз соли 2008 оғоз намуда, ки дар ҷанги Украина идомаи онро мебинем.
Туркия ва Бритониё дар Сурия ба иқдоми мушобеҳ даст заданд, вале Туркия кишваре нест, ки тавоноии зиёд барои ҳифзи сайтарааш барои дарозмуддат дошта бошад. Арчанд Тайиб Эрудғон аз як сӯ ба баргашт ба геополитикаи даврони Усмонӣ меандешад, вале аз сӯи дигар геополитикаи кишварҳои туркзабонро низ зери назар дорад. Аммо Туркия бо иқтисоди варшикаста ва чанддастагии қавмӣ ва аз ҷумла осебпазирии қавмӣ наметавонад ба ҳадафе, ки барояш ба кӯмаки Бритониё ва сармояи глобалӣ гузоштааст, даст ёбад.
Бозиеро, ки Туркия оғоз намудааст, ба монанди Покистон, баргашти хашин бар алайҳи худаш хоҳад дошт, ки дар чанд соли оянда метавонад тамомияти сарзаминии онро таҳдид кунад. Пирӯзии козиби Туркия дар Сурия, зилзилаеро дар минтақа эҷод хоҳад намуд, ки боиси тағйир дар нақшаи сиёсии манотиқи густурда, аз ҷумла Туркия хоҳад шуд.
Хезобаҳои ин таҳаввул метавонад ба сӯи ҷуғрофияе ба номи Афғонистон низ сарозер шавад. Арчанд эҳтимоли эҷоди давлати бузурги афғонҳо ба дур аз имкон нест, аммо Эрон ба ҳимояти ду муттаҳиди он, яъне Чину Русия маҷбур хоҳад шуд, то ба ивази бозии ғалат ва дар майдони ғалат яъне дар ҳавзаи арабӣ ба сӯи худаш баргардад ва ба ҳайси як садди бузург алайҳи туркҳо, афғонҳо ва арабҳо барои нигаҳбонӣ аз ҳавзаи тамаддуниаш баргардад. Муштаракоти зиёд миёни ду қудрати бузурги ҷаҳонӣ Чину Русия бо Эрон вуҷуд дорад, ки аз решаи таърихӣ сероб мешавад.
Ҷаҳон дар ҳоли таҳаввул аст ва арзишҳои либералӣ пас аз ним сада дар ҳоли поён мебошад.