Сарнавишти ҷанги Русияву Украинаро алигархияи Русия ҳал мекунад, на “Вагнер” ва Рамазон Қодиров
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Замир Кобулов ба Кобул сафар кард ва бо мулло Амирхон Муттақӣ, яке аз чеҳраҳои заиф ва бетаъсир, вале наздик ба Русияи Толибон мулоқот кард.
Қарор буд сафари вай дар моҳи декабри соли пеш сурат гирад, аммо ба далоили номаълум ба ақиб афтод.
Чанд рӯз пеш аз сафари Замир Кобулов, Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Русия, Толибонро гурӯҳи террористии сохташуда тавассути Амрико номид.
Баракс Замир Кобулов дар Кобул эълон кард, ки Русия намехоҳад Толибон мунзавӣ шаванд ва дар тозатарин изҳорот, нерӯҳои мухолифи Толибонро ба гунаи талвеҳӣ вобастаҳои Амрико қаламдод карда ва изҳор дошт: “Амрикоиҳо мехоҳанд бо мухолифони Толибон робита барқарор кунанд”.
Пештар гуфта буд: “Русия ҳозир аст то Толибонро дар сохти проекти ТАПИ кӯмак намояд”. Пас аз тавзеҳи рӯйдодҳо ба ин баҳс дар охир бармегардам.
Як нуктаро бояд возеҳ сохт ва он ин, ки як горди қадимӣ аз коршиносони русии гӯё огоҳ дар масоили Афғонистон вуҷуд дорад, ки фаҳми онҳо аз китобҳои даврони Шӯравӣ фаротар намеравад.
Аз сӯи дигар, сафорати Русия дар солҳои ахир бештарин робитаҳояшро бо афроде дар Афғонистон таъмин карда буд, ки аз миёни паштунтборони бозмонда аз даврони ҳузури Шӯравӣ будаанд. Толибон низ бахши ҳамон проект мебошад. Равобити Замир Кобулов бо Толибон ба даврони гаравгонгирии пилотҳои Русия дар Кандаҳор бармегардад, ки то ҳоло идома дорад.
Сафари охири Кобулов ба Кобул ва изҳороти ахираш дар бораи Толибон на танҳо дар ҷиҳати мухолиф ва мутазоди дидгоҳҳои Патрушев аст, балки ҳамчунон нишонае аз чанддастагӣ дар даруни сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Русия мебошад, ки ман борҳо ба ин масъала ишора кардаам.
Патрушев аз ҷиноҳи сахтгирҳое дар давлати Русия намояндагӣ мекунад, ки қудрати онҳо дар ин авохир рӯ ба афзоиш буда ва табйини онро дар атрофи ду чеҳра, яке Евгений Пригожин, раиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” ва дигар Рамазон Қодиров метавон дид. Албатта, номҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо барои мухотибонам номаънусанд. Он ду, ҳамчунон ҳомии генерал Сергей Суровикин, фармондеҳи пешини амалиёти вежаи Русия дар Украина буданд, ки ба умеди натсионалистҳо мубаддал шудааст.
Кохи Кремл барои пешгирӣ аз густариши маҳбубияти беш аз ҳадди Суровикин тасмим гирифт то тавассути фармони вазири дифоъ, ӯро ба таърихи 11 январ ба василаи Валерий Герасимов таъвиз кунад. Он иқдом даме ба нерӯҳои ғарбгаро дамонд, тими неолиберали Путин нафаси роҳат кашид ва вазорати хориҷаи Русия, ки бештар аз ғарбгароҳо ташкил шудааст, тағйири сиёсати низомии Кремлро мавқеъи муносиб барои иқдомот тазъйинии оянда дониста ва дар як иқдоми оҷил, дар рӯзи баъд, яъне ба таърихи 12 январ Замир Кобуловро ба назди Толибон фиристод.
Кобулов бо символи амрикоии “шалвори ҷинз” бо мулло Муттақӣ мулоқот намуд.
Чаро Кобулов ба Кобул сафар кард ва чӣ паёмро аз Кобул ба атрофиёни Путин мухобира намуд?
Воқеият ин аст, ки аз оғози ҷанги Русия бо Украина, ҳудуди 8 алигархи бахши энержӣ ба гунаи мармуз даргузаштанд, арчанд то ҳанӯз мавозеъи онҳо дар даруни Кремл хеле қавӣ аст, зеро бо васфи ҷанг, гази Русия аз муддатҳои зиёд аз тариқи Украина ба Аврупои Ғарбӣ интиқол мекард ва лӯлаи нафти он то акнун баста нашуда ва Русия ба Украина пули транзит мепардозад.
Бахши бузурги тиҷорати маводи нафтӣ ва энержии Украина ба гунаи махфӣ дар дасти алигархҳои рус будааст. Дар ақибнишинии қувваҳои Русия аз атрофи Киев ва Чернигов мултимиллиардери рус Роман Абрамович нақши мустақим дошт. Алигархҳои атрофи Кремл то муддатҳои зиёд омили боздорандаи амалиёти низомӣ алайҳи системи энержии Украина будаанд.
Тақаррурии Суровикин ба ҳадафи он сурат гирифта буд то вайро як бор масраф намоянд ва масъулияти ақибнишинӣ аз Херсонро ба дӯши вай бияндозанд. Аммо генерал тавонист дар муддати кӯтоҳ муодилаи ҷангро тағйир дода, нахуст субот дар ҷабҳаҳо эҷод кунад ва бо ҳамла ба зерсохторҳои Украина ба манофеъи сармоядорони рус дар атрофи Путин низ зарба занад.
Аз иқдоми генерал Суровикин натсионалистҳои Русия ҳимояти қавӣ намуданд. Ҳаракати натсионолистҳо бояд мутаваққиф мешуд. Ва чунон ҳам шуд.
Дар рӯзе, ки қувваҳои “Вагнер” шаҳраки муҳимми Саледарро тасхир намуд ва муваффақиятро ба номи худ сабт кард, Путин ба суръат фармондеҳи ҷангро тағйир дод ва Валерий Герасимов, генерали вафодор ба хешро дубора дар раъси қувваҳо баргардонд.
Фазои мағшуш ба вуҷуд омад. Дар соатҳои аввали пирӯзии “Вагнер”, ҳам Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ва ҳам Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифоъ кӯшиданд он хабарро таъйид накунанд, зеро онҳо мунтазири тағйир дар сиёсати кадрӣ буданд.
Ногуфта набояд гузошт, ки тағйир дар раҳбарии ҷанг, баракси мубаллиғони наздик ба кохи Кремл мабнӣ бар амалиёти файсалакун, паёми равшани мусолиҳаҷӯёна ба Амрико ва Ғарб дошт.
Ғарб низ шурӯъ ба фиристодани сигнал ба Русия намуд.
Вилям Бернар, раиси СиАйЭй (CIA), сафари пинҳоне ба Киев намуд ва дар баргашт эълон кард, ки: “Мавқеъе хоҳад расид, ки кӯмак ба Украина душвор шавад”.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба Путин сигналҳо мефиристад, ки хеле муддати зиёд шуда бо вай сӯҳбат накардааст ва дар охирин изҳороташ гуфт: “Русия як кишвари бузург аст ва набояд аз масоили амниятии Аврупо канор гузошта шавад”.
Ва дар тозатарин хабар, нахуствазири Олмон Олаф Шолтс фиристодани тонкҳои “Леопард”-и сохти Олмон ба Украинаро машрут ба фиристодани танкҳои “Абраҳам”-и сохти Амрико сохт. Ва Амрико аз фиристодани тонкҳояш туфра рафт.
Инҳо нишонаҳое аст аз оғози ҳаракат ба сӯи инҷимоди ҷанг дар Украина.
Агар риторика ё таблиғоти расонаии ду сӯро канор бигузорем, данда гузоштани Кремл дар миёни чархи пирӯзӣ нишонае аз тағйири сиёсати он аст.
Маълум нест чархи ҷанги то пирӯзиро, ки ба ҳаракат омадааст ва ҳамакнун нерӯҳои “Вагнер” ва Рамазон Қодиров бар шиддати амалиётҳояшон афзудаанд, мешавад мутаваққиф сохт? Вокуниши бозмондагони қурбонӣ ва низ аскарҳое, ки ба хона баргарданд, чӣ хоҳад буд? Ҳанӯз равшан нест!
Бо ташдиди ҷангҳое тавассути аҷирони ҷангӣ, тасодуфӣ нест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкати хусусии “Вагнер”-ро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам сохт. Иқдоми Амрико бо иқдоми Кремл робитаи мустақим дорад!
Ҳоло баргардем ба он чӣ дар оғоз ишора намудам. Тағйири сиёсати кадрии низомии Кремл бори дигар алигархияи энержии мутамоил ба Ғарбро ба ҳаракат даровард ва ҳамон туре, ки ишора шуд дар нахустин иқдом Замир Кобуловро ба Кобул фиристоданд то дар бораи он пружаи мунҷамиди газӣ сӯҳбат намояд, ки солҳо пеш, яъне дар даврони Толибон 1.0 бо ҳимояти мустақими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз гардид ва то охири ҷумҳурият бидуни пешрафт идома дошт.
Эълони омодагии Русия барои иштирок дар сохтусози проекти ТАПИ ба маънои эҷоди як проекти муштараки иқтисодӣ бо Амрико дар минтақа аст, зеро Чин ҳавзаи шимоли Амударёро тасоҳуб намуд ва аз Украина то ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мекӯшад Русия ва Амрикоро ба сатҳҳои мухталиф ба чолиш бикашад. Алигархҳои Русия барои поёни ҷанг лаҳзашуморӣ мекунанд то “баргашт”-и ғарбиҳо ба Русияро ҷашн бигиранд. Лозим аст ишора шавад, ки вазорати хориҷаи Русия бештар дар хатти манофеъи алигархияи русӣ амал мекунад то манофеъи мардуми Русия, чун доктринаи сиёсати хориҷии Русия равшан нест. Аз сӯи дигар, дар вазорати хориҷаи Русия рӯҳияи зиддичинӣ хеле баланд аст, зеро аксарияти дипломатҳои 30 соли ахири Русияи пасошӯравӣ ба гунаи мустақим ғарбгаро будаанд. Ба ҳамин хотир вазорати хориҷаи Русия ҳеҷ гуна барномаи мушаххаси ҳамкорӣ бо Чин то ҳол надоштааст. Дар ин маврид даҳҳо далел аст, ки аз ин баҳс ҷудост.
Кӯтоҳ ин, ки:
Акнун “Газпром” дамро ғанимат шумурд ва хост бо фиристодани боаҷалаи Замир Кобулов ба Кобул аз як дастоварде ба Путин навид диҳад.
Аммо он чиро, ки Кобулов дар мавриди тамоси амрикоиён бо мухолифини Толибон унвон кард, ин мавзӯъ чизи пинҳон набуд ва ба қавли худи русҳо, “кашфи дучарха” нест.
Антони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико, чанде пеш ба вазоҳат эълон намуд, ки аз Афғонистон берун шуданд то осебпазирии хешро коҳиш бахшида ва мутаваҷҷеҳи Украина шаванд.
Ман мутаминам Кобулов ин мавзӯъро хеле хуб медонад, ки амрикоиҳо дар сиёсатҳои хориҷиашон ҳеҷ гоҳ дар як кишвар болои як нерӯ сармоягузорӣ намекунанд. Сиёсати хориҷии Амрико таврест, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон на танҳо бо нерӯҳои ҳоким, балки бо мухолифон, ҷомеаи маданӣ ва соири ақшори иҷтимоӣ робита барқарор мекунанд, он чиро, ки вазорати хориҷа ёд надорад ва пайваста мавриди интиқоди коршиносони хориҷ аз систем қарор мегирад.
Чунин ба назар мерасад, ки навъе парогандагӣ ва рақобатҳо дар пушти дарҳои бастаи маркази қудрати сиёсии Русия дар ҷараён аст ва дур аз имкон нест, ки қурбониҳои зиёде бигирад.