Хабари рӯз

Чӣ тасвире аз вазъияти бозӣ дар майдони Афғонистон дорем?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, таҳлилгар

Баргардон: Фирдавси Низом

Пайгирии ҳаводиси ҳафтаҳои ахир моро ба ин натиҷа мерасонид, ки чизеҳое дар зери пӯсти ҳаводис дар ҷараён аст, ки наметавонад бар вазъиятии Афғонистон бетаъсир бошад. Ин ҳаводисро агар монанди муҳра канори ҳам бигузорем, тасалсули мантиқӣ пайдо мекунанд. Ба гунае, ки ҳар кадом бо дигаре (яке қабл ва яке баъд) иртиботи органикӣ доранд. Хусусияти як таҳлили хуб ин аст, ки шумо ҳаводиси қаблӣ ва баъдиро бо ёфтани сарнах ва риштаҳои иртиботӣ бо ҳам пайванд бизанед ва вазъияти мавҷудро дар рӯшноии он таҳлил ва ҳаллоҷӣ кунед. Агар тавонистед, чунин кореро бикунед, ба яқин, ки тавонистаед мақрунтарин таҳлил ва арзёбиро нисбат ба вазъият анҷом диҳед.

Ҳаводиси Афғонистон пешинаи таърихӣ доранд. Аз замони “Бозии Бузург”, ҷанги сард, марҳалаи пасо ҷанги сард ва таҳаввулоти соли 2021, ҳама бо ҳам дар як нуқта муттаҳид мешаванд. Ин нуқта дарвоқеъ руҳи аслӣ ва моҳияти куллии як мавзеъро равшан месозад ва як саволро дар ҷанби он, матраҳ мекунад, ки решаи аслии буҳрон дар Афғонистон чӣ аст ва чаро ин кишвар ҳамвора меҳвари бозиҳои калони қудратҳои бузург ва минтақаӣ интихоб мешавад? Посухеро, ки то акнун ёфтаанд, ин аст, ки мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон, пайванди ин ҷуғрофиё бо геополотикаи энержӣ, ҳамсоягӣ бо қудратҳои рақиби Ғарб, таркиби номутаҷониси қавмӣ, фуқдони дониши сиёсӣ ва суннатӣ будани ин ҷомеа, онро ба майдони хуби рақобат миёни қудратҳои бузург ва минтақаӣ мубаддал сохтааст. Мо дар ҳар таҳлил бояд ин мавзӯъро мадди назар дошта бошем.

Ҷуғрофиёи мо манбаи аслии буҳрон аст, вале чун мо қодир ба истифода аз абзор ва манобеи ин ҷуғрофиё ва пайванди он бо сиёсат набудаем ва натавонистаем аз тариқи донишу шинохт, касб, баҳрабардорӣ ва ҳифзи манобеи ҷуғрофиёи қудрат, дар муносиботи фаромиллӣ, миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аз он баҳрабардории муносиб кунем ва як таомули мусбатро дар ҷиҳати дастёбӣ ба як таомул ва ҳамкории муассир ба он даст ёбем, бинобар ин ноком ҳастем. Ба ҳамин лиҳоз, шикасту рехтҳои фаровонеро дар масири таърих таҷриба кардаем. Ҳаводиси ахир ва суқути якборагии Афғонистон ба домани терроризми байналмилалӣ, нишонае аз ин заъфҳо аст.

Дар ҳоли ҳозир, ки Толибон ва террористони ҳомиашон бар Афғонистон ҳоким шудаанд, чӣ тарҳҳое дар ҷараён аст? Плони ба қудрат расонидани терроризми толибонӣ, эҷоди иғтишош ва барҳам задани назми амнияти минтақаӣ барномаи аслӣ аст. Толибон барномаҳои фаротар аз ҷуғрофиёи Афғонистонро татбиқ мекунанд. Фаъол шудани дубораи Амрико дар майдони Афғонистон нишон медиҳад, ки Толибон натавонистаанд ба танҳоӣ ин проектро пеш бубаранд ва Амрико ба ночор дубора вориди майдон шудааст.

Ин иддао мубтанӣ бар сари ҳаводисест, ки дар чандин ҳафтаи ахир иттифоқ афтодаанд. Масалан, омодасозии сафорати Амрико ва анҷоми марҳалаҳои поккории он тавассути муассисаи Оғохон, нишон медиҳад, ки Амрико ба воситаи пӯшиши дипломатӣ мехоҳад амалан дубора ҳидояти ҷараёнҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистонро дошта бошад. Ба ҳамин манзур барои иҷроӣ шудани ин тарҳ, афроди амрикоӣ зери номи муассисаи USAID дубора дар Кобул ҳузур ёфтаанд, то ин ҷараёнро дуруст мудирият кунанд.

Амрико ба василаи ин тарҳ афродеро зери пӯшиши кормандони USAID вориди майдон сохтааст. Инҳо дар асл кормандони истихборотӣ ҳастанд, ки талош доранд, вазъияти муташанниҷи Кобулро мудирият кунанд, то ҳама чиз мутобиқи майл ва барнома, пеш биравад. Толибон теша ба решаи худ заданд ва дар як фармон духтарон ва занонро аз ҳаққи кор ва таҳсил мамнуъ карданд. Ин кор бо вокунишҳои густурдаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда ва ба думболи он, мавзеъгирии тунди кордори сафорати Амрико ва муовини намояндагии UNAMA дар Кобул вазъиятро бештар ҳассос сохт. Ҳамзамон бо он, таҳаррукоти сиёсӣ низ ба воситаи муҳраҳои ботаҷрибаи Амрико барои баргузории  як конфронс, ҳамонанди конфронси Бонн, зери унвони конфронси “Бонни дуввум”  ҷараён дорад, ки қарор аст барои сарпӯш гузоштан ба ифтизоҳи феълӣ, нусхае пешниҳод кунад.

Кишварҳои минтақа, бахусус, Чин ва Русия дар баробари ҳаводис Афғонистон, бахусус, пас аз ҳамалот бар сафоратхонаҳо ва атбоашон  ҳассос шудаанд. Мавзеъгирии Лавров, ки гуфтааст, Вашингтон акнун ба таври ҷиддӣ даргири мавзӯъи бозгардондани ҳузури низомии худ дар Афғонистон аст, яке аз мисдоқҳои ин муддаост. Чиноиҳо ҳам вокуниш нишон доданд ва аз ҳузури худ дар Кобул кам карданд. Ба назар мерасад, ки ду қудрати бузурги минтақа, дар баробари кунишҳои Амрико дар Афғонистон, вокуниш нишон медиҳанд.

Ин кор ҳамзамон аст бо эҷоди дарз ва ихтилофот миёни Толибон, ки ҳар лаҳза мумкин аст, оташеро барафрӯзад. Толибон ба шиддат даступоча шуда ва шаҳрҳои бузургро бо эъзоми неруҳои худ, ба сангарҳои низомӣ ва ҷангӣ мубаддал сохтаанд. Муттасил ба он, гаштугузори тайёраҳои бесарнишини амрикоӣ дар фазои Кобул, Қандаҳор ва соири устонҳои Афғонистон, вазъиятро ғайриодӣ нишон медиҳад. Амрикоиҳо дубора дар майдони Афғонистон фаъолона ҳузур пайдо мекунанд ва ин масъала кишварҳои перомуни Афғонистонро нигарон сохтааст.

Кишварҳои минтақа ба шумули Чин, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинд ва Эрон бо иттиҳози мавзеи муштарак талош доранд, то як вокуниши ҳамоҳанг дар қиболи вазъияти Афғонистон дошта бошанд. Ба ҳамин малҳуз ҷараёнҳои тозае дар майдони Афғонистон фаъол мешаванд, то арсаро бар Толибон ва ҳомиёнашон танг кунанд. Ин вокуниш дар асл, як иқдоми дерҳангом аст, ки минтақаро аз хатари рӯзафзуни терроризм ва иҷроӣ шудани барномаҳои хатарнок дар минтақа ҳушдор додааст.

Ба ҳамин тартиб, фаъол шудани бозигарони дохилӣ, дар ҳавзаҳое фаротар аз Шимол, Ғарб ва Шарқ низ нишон медиҳад, ки Толибон дар як муҳосираи стратегӣ бояд қарор гиранд. Муҳосирае, ки бояд ба василаи неруҳои ниёбатӣ ва гурӯҳҳои зидди Толибон анҷом шавад. Ба ҳамин хотир буд, ки Исмоилхон, дар ҳавзаи Ғарб ҳавзаи муқовиматро асос ниҳода ва сукутро шикастааст. Ин аввалин иқдом аз ҷониби Эрон аст, ки дар ройзании наздик бо Русия ва Чин анҷом шудааст. Ҳавзаҳои муқовимат дар ҳавзаҳои Андаробҳо ва Панҷшер, Бадахшон, Тахор ва Кописо таҳарруки дигаре аз ҷониби муттафиқин аст, ки нишон дода мешавад. Дар ҳавзаҳои Қандаҳор Ҷабҳаи Озодагон низ фаъолияти чашмгире бар зидди Толибон доштааст.

Дар як таҳлили фароафғонистонӣ аз вазъияти мавҷуд мо бозигарони қудратмандеро меёбем, ки ҳамзамон бо ин таҳаввулот барномарезӣ мекунанд ва мутобиқ ба пешрафти вазъият вокуниши стратегӣ нишон медиҳанд. Ин бозигарон дар гурӯҳи муттафиқин ва муттаҳидин дар ҷуғрофиёи Афғонистон тақсим мешаванд ва унсури мутаммамаи он низ гоҳ-гоҳе ҷузъи ин раванд  ҳастанд. Гурӯҳи муттафиқин шомили Чин, Русия, Ҳинд, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Гурӯҳи муттаҳидин шомили Покистон, Амрико, Англис ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар як кашмакаши думболадор бо Чину Русия қарор доранд.

Аносири мутаммима шомили Арабистон, Туркия, Қатар ва гоҳе Индонезия ҳастанд, ки дар як мавқеъ шомили бозӣ мешаванд. Бозӣ барои Арабистон, Қатар ва Туркия айни хосияти бозӣ бо корти ДОИШ-ро дар ҷуғрофиёи Афғонистон хоҳад дошт. Бо ин васф, то замоне, ки Покистон битавонад ба нақши мухаррибаш дар Афғонистон, идома диҳад, ниёзе ба дахолат додани ин кишварҳо дар ин бозӣ нахоҳад буд.

Бо ин ҳол, вазъият дар ҷабҳаи муттафиқин дар ҳоли дигаргунӣ аст. Чин ҳанӯз ҳам ба ҳамкории Толибон дар амри мубориза бо ҷангҷӯёни уйғур ва саркӯби онҳо умедвор аст. Амре, ки чиноиҳоро то акнун дар чандин навбат ғофилгир кардааст. Аммо қарори маълум, чиноиҳо аз вазъияти мавҷуд маъюс шудаанд ва талош доранд бо муттаҳидини дохилии ҷадидтаре дохили таомул шаванд. Русҳо ба суръат дар ҳоли тағйири мавқифи худ дар қиболи Толибон ҳастанд. Дар ин тағйири мавқиф, Тоҷикистон нақши муассире бозӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо талошҳои мудовим тавониста, ки назари Владимир Путинро дар хусуси вазъияти Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, тағйир диҳад. Эрон низ аз вазъияти мавҷуд розӣ нест ва гоҳ-гоҳе бо вокунишҳои мутаноқиз ва мутазод, зоҳиран дар ҳоли тағйири тараф аз Толибон ба неруҳои мухолифи он аст. Ҳинд то акнун дар қиболи Афғонистони пасоамрикоӣ ва ҳузури Толибон дар он, мавқифи собит дошта ва кадом вокуниши хосе нишон надодааст.

Ин вазъ басуръат дар ҳоли тағйир хӯрдан аст. Ҳоло бо ҳамалоти пайиҳам болои манофеи кишварҳои Русия ва Чин, Ҳинд низ нигарони вазъияти мавҷуд дар Афғонистон аст. Аз сӯйи дигар, ҳамкории наздики Толибон бо толибони покистонӣ, махсусан Лашкари Тайиба, Лашкари Ҷангавӣ, ки аз ифротитарин гурӯҳҳои зидди Ҳинданд ва Ҳинд ба хубӣ огоҳ аст, ки дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон барои он гурӯҳҳо пойгоҳҳои муносибе дар назар гирифта шудааст, биноан, Ҳинд ба ночор тағйири мавқиф медиҳад ва бо соири аъзои Шанхай дар як масири ҳамоҳанг ва дар як ҳамкории наздик дар баробари мавҷи терроризми минтақаӣ, ки Толибон вазифаи бистарсозӣ ва ҳимояти луҷистикии онро бар ӯҳда доранд ва Покистон мустақим нақше дар он бозӣ мекунад, қарор гирад.

Аз сӯйи дигар, Амрико, Англис, Иттиҳоди Аврупо, Покистон, Туркия ва Иморот бо Арабистони Саудӣ, як барномаро пеш мебаранд. Таҷҳиз ва тамвили терроризме, ки қарор аст кулли минтақаро фаро гирад. Толибон барои ин кор муносибтарин гузина ва басарфатарин нерӯ хоҳад буд. Бар иловаи он, неруҳои дастнохӯрдаи террористии хориҷӣ, ки шомили бисту як гурӯҳ мешаванд, барои аҳдофи роҳбурдитаре омода мешаванд. Аз сӯйе ҳам, фаъол шудани бозичаи ДОИШ, ки муташаккил аз афроди Толибон, гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар таҳти мудирияти Толибон аст, метавонад қазияи Афғонистонро хеле ҷиддӣ бисозад. ДОИШ дар канори неруҳои дохилии шомили бозӣ дар Афғонистон, як бозичаи ба шиддат дар ҳоли қудратёбӣ аст. Неруи омода, омӯзишдида, бо таҷрибаи ҷангӣ ва иҷрои амалиётҳои террористӣ, як неруи ба шиддат идеологӣ ва тундрави мазҳабӣ, ки ҳатто ҳокимияти Толибонро ба чолиш мекашад. Сарбозгирӣ барои ин гурӯҳ хелеҳо содда ва аз миёни афроди Толибон хоҳад буд.

Ило омода шудани ДОИШ барои тасарруфи ҷуғрофиёи бештар Шабака Ҳаққонӣ дар як ҳамкории наздик бо ISI тарҳи пуштибонии онро барои дохил шудан дар бозӣ, дар нақши ҳимояткунанда ва роҳнамоии амалиётҳои террористӣ хоҳад дошт. Ин кор бо идомаи ихтилофоти миёни аъзои Толибон, монанди Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи қандаҳориҳо ба раҳбарии Мулло Яъқубу Мулло Бародар ва гурӯҳи Ҳайбатуллоҳ, дар се зилъ ва дар се масир ҳаракат хоҳад кард. Ҳар се зилъи Толибон, бо се кишвари минтақа ва ҷаҳонӣ дар иртиботи наздиканд ва аҳдофи аз қабл тарҳшударо иҷроӣ месозанд. Шабакаи Ҳаққонӣ тарҳи Англис, Покистон ва андаке Арабистонро иҷро мекунад.

Гурӯҳи қандаҳориҳо бо иштироки назар дар тарҳҳои Амрико талош мекунанд гурӯҳи Мулло Ҳайбатуллоҳ ва Шабакаи Ҳаққониро ба ҳошия биронанд. Ин гурӯҳ тарҳҳои мӯътадилро бо амрикоиҳо иҷроӣ месозанд. Гурӯҳи Ҳайбатуллоҳ, ки мустақим сукони қудратро дар даст дорад, зилъи аслии қудрат дар ҳокимияти Толибон аст. Агарчи Мулло Ҳайбутуллоҳ то ҳанӯз як шахсияти ҳуқуқӣ аст ва сурати ҳақиқии он маълум нест, вале рӯйиҳамрафта, як рукни аслии қудрат дар режими Толибон ҳисоб мешавад. Ин зилъ бо ҳамагӣ месозад ва бо ҳеҷ кас нест, ҷуз гардонандагони аслии он. Бо таваҷҷуҳ ба вазъиятии мавҷуд ва қувватгирии ДОИШ дар зилъи чаҳорум метавонад занги хатаре барои ояндаи Афғонистон ва минтақа бошад.

Таҳлили бароварди қудрати ДОИШ дар Афғонистон: ДОИШ то ҳол минҳайси як неруи маснуӣ ва хаёлӣ тақрибан бо як сурати ихтирои лафзӣ матраҳ шудааст. Қаблан ҳам тазаккур ёфт, ки ДОИШ баромада аз даруни Толибон ва ба аҳдофи роҳбурдитаре тарроҳӣ шудааст. Аммо қудрати амалии он ҳар рӯз ба сурати қобили таваҷҷуҳе баланд меравад. Ҳамалоти мутааддид болои сафоратхонаҳо ва муассисисоти хориҷӣ дар Афғонистон, қудрати сарбозгирӣ аз хориҷёни умдатан аҳли Осиёи Марказӣ, ӯйғурҳои Чин нишон медиҳад, ки дар баробари толиб неруи хориҷӣ бо қуввати бештар зуҳур мекунад. Албатта, қарори иттилооти мавҷуд, ҳастаҳои раҳбарии онро барои мароҳили аввалия, Шабакаи Ҳаққонӣ бар ӯҳда хоҳад дошт. Макони қобили ҳадафи ДОИШ дар Афғонистон манотиқи шимол аст, ки камокон қудрати сарбозгирӣ дорад. Бештарин афроди Толибон, ки ба ДОИШ пайвастаанд, ӯзбекҳо ва тоҷикон ҳастанд. Ба ҳамин хотир, афроде аз гурӯҳҳои исломии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, уйғурҳои Чин ва ҳам аз ҳавзаи ҷануби Осиё, Бангладеш, Ҳинд ва Покистон ҳастанд.

ДОИШ бо мадди назардошти вазъияти мавҷуд, қадаме бардошта ва оҳиста-оҳиста ба як қудрат дар баробари Толибон мубаддал мешавад. Ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир, дар ҳоли созмондиҳии ташкилот, сохторҳо ва шабакаҳое аст, ки битавонад дар миёнамуддат ба як чолиши роҳбурдӣ дар баробари Толибон мубаддал шавад. Чаро? Чун Толибон бо сохтор ноҳамгун аз лиҳози фикрӣ ва якдаст буда, дар таҳти контрол будани ин гурӯҳ аз тарафи Покистон ва билохира муҳимтар аз ҳама, идеологияи мунҳасир ба ҷуғрофиёи Афғонистон, наметавонад аҳдофи фаротар аз ҷуғрофиёи Афғонистонро пиёда кунад. Биноан, ҳамзамон бо таҳаррукоти дигар, ДОИШ дар ҳоли тақвият шудан аст ва тавоноии баланди амалиётӣ пайдо мекунад. ДОИШ аз лиҳози сохтор, имконоти пулӣ, раҳбарӣ ва созмондеҳӣ беҳтар аз Толибон амал мекунад. Ин гурӯҳ қудрати тахриби бештарро дорад ва дар қолаби ҳастаҳои кӯчак, метавонад моҳияти роҳбурдӣ ва амалиётии бештар дошта бошад.

 

Натиҷагирӣ

Сенарияи аввал: Амрико бо ҳузури худ мехоҳад ҳидояти ин барномаро мустақим дошта бошад. Ба ҳамин хотир, сенариясозиҳое барои ҳузури худ дар табонӣ бо як гурӯҳи хоси Толибон дорад. Ин тарҳ бо пиёда шудан дар майдони Афғонистон ба сурати истихборотӣ имконпазир хоҳад буд. Гурӯҳи қандаҳориҳо дар як иртиботи наздик бо Амрико, талош доранд соири гурӯҳҳои Толибон, монанди Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Ҳайбатуллоҳро ба чолиш бикашад. Ин тарҳ то ҳудуде иҷроӣ шуда, ба зудӣ натоиҷи он мушаххас хоҳад шуд. Ин тарҳ ба сурати як кудатои Дурронӣ дар гурӯҳи Толибон таҳти номи ҳукумати ҳамашумул ва ба ҳошия рондани соири гурӯҳҳои иншиобии тундрав таҳти контроли Покистон ва арабҳо, иҷроӣ хоҳад шуд.

Сенарияи дувум: ДОИШ ба як қудрат мубаддал мешавад ва гурӯҳи Толибонро бо тасхири ҷуғрофиёи бештар ба чолиш мекашонад. Дар ин марҳала кишварҳое перомуни Афғонистон ҳамгом бо Амрико  бештар фаъол мешаванд ва неруҳои ниёбатӣ бештар вориди бозӣ шуда ва дар майдони амал ҳузур меёбанд. Мумкин ҳузури ДОИШ дар Шимоли Афғонистон бештар бошад ва Толибонро аз ҷониби Шимол бо маддиназардошти сатҳи баланди норизоятӣ, бо чолишҳои бештари амниятӣ ва сиёсӣ мувоҷеҳ созад. Ҳамзамон бо он, имкони пайвастани соири гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, ки қаблан ҳампаймони Толибон буданд, бо ДОИШ вуҷуд дорад ва ин масъала боиси доғ шудани бештари майдонҳои ҷанг хоҳад шуд.

Сенарияи севум: Ҷабҳоти муқовимати зидди Толибон бо кӯмаки кишварҳо, ба истиснои Покистон, вориди майдон шуда ва фурсати бештаре барои муқобила бо Толибон меёбанд. Тасхири ҷуғрофиёи Шимол аз тарафи ҷабаҳоти муқовимат, ҳамзамон аст бо қувватгирии ДОИШ дар ин манотиқ. Эрон, Русия ва Чин ва то ҳудуде Ҳинд, барои ҳифзи манофеи амниятиашон маҷбуранд аз муқовимат бар зидди Толибон ҳимоятҳои молӣ ва луҷистикӣ кунанд. Ҷуғрофиёи Шимол ба майдони оташи бозӣ миёни Толибон, ДОИШ ва ҷабаҳоти муқовимат мубаддал шавад. Ҳар се зилъ фурсатҳо ва чолишҳое дар майдон доранд, аммо фурсатҳои ҷабаҳоти муқовимат ба маротиб бештар аз соирин аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!