Чӣ касе сари фармони "мошин кушторӣ"-е ба номи Толибон хоҳад нишаст?
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар
Баргардон: Фирдавси Низом
Ахиран Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон аз баргузории нишастҳои минтақаӣ дар бораи Афғонистон дар семоҳаи аввали сол 2023 сухан гуфтааст. Ӯ гуфта, ки ин нишастҳо, дар чорчӯби “формати Маскав” баргузор хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунон аз талошҳои Чин дар ин замина сухан гуфта ва афзуда, ки дӯстони чинии мо низ дар назар доранд, ки нишастҳоеро дар мавриди ҳалли мушкилоти Афғонистон баргузор кунанд.
Ҳоло савол ин аст, ки ин нишастҳо бо барномаҳо ва натоиҷи аз қабл таъйиншуда тавассути Маскав ва Пекин баргузор хоҳад шуд ё ин ки нишастҳое аст барои матраҳ шудани баҳсу гуфтумони созанда ва воқеӣ миёни ҷараёнҳои сиёсӣ-низомии дохили Афғонистон? Дар ҳолати аввалӣ, ҳусули натиҷа баид аст ва агар натиҷае ҳам дошта бошад, пойдор нахоҳад буд. Дар ҳолати дувумӣ, мумкин нишастҳо ба зудӣ натиҷа надиҳад, аммо метавонад масири равшане барои оянда мушаххас кунад.
Саволи дувумӣ ин аст, ки кишварҳои минтақа, ба вежа Русия ва Чин чӣ дидгоҳе дар бораи Афғонистон доранд? Ин саволро метавон ба шакли дигаре низ матраҳ кард. Русия ва Чин чӣ авомилеро дар ҷангу бесуботӣ дар Афғонистон ташхис додаанд? Ё ба баёни дигар, оё Русия ва Чин ташхисашон аз ҷангу буҳрон дар Афғонистон дуруст ва дақиқ аст ё хайр? Дар ҳамин ҳол, ин пурсиш ҳам матраҳ аст, ки роҳи ҳалли пешниҳоди ин ду кишвари қудратманди минтақа барои ҳалли буҳрони Афғонистон чист? Оё роҳи ҳалли пешниҳодии онон бархоста аз дарки воқеиятҳои айнии Афғонистон ва ташхиси дурусту дақиқи авомили ҷанг аст ё ин ки як нусхаи худсохта бар асоси манофеъи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати худашон аст?
Cаволи дигар ин аст, ки нишастҳои мавриди назари Кобулов бо чӣ ангезае баргузор хоҳад шуд? Оё ин нишастҳо вокунише ба талошҳое аст, ки ахиран Амрикову Инглис барои баррасии чигунагии ҳузури муҷаддад дар Афғонистон (илзоман ҳузури низомӣ манзур назар нест) оғоз кардаанд? Ё ин аст, ки Чину Русия воқеан ба унвони ду кишвари қудратманд ва масъули минтақа мехоҳанд мушкилоти минтақаашон ҳал шавад ва як диди васеъ барои сулҳу субот дар Афғонистон доранд?
Аммо роҳи ҳалли аслии буҳрони Афғонистон чист? Ба ин пурсиш бидуни пардохтан ба авомил ва далоили решаӣ ва дохилии ҷангу мунозиа, наметавон посух дод. Бетардид, ки дар натиҷаи панҷоҳ сол ҷангу мудохилаи хориҷӣ, омили хориҷӣ низ ба унвони як омили муҳиму таъйинкунанда дар ҳаллу фасли ҷанги Афғонистон тарфеъи ҷойгоҳ ёфтааст.
Аммо асли мушкил дар дохил аст. Асли мушкил ва иллатҳои ҷангҳо дар Афғонистон қавмӣ аст. Асли мушкил тамомиятхоҳии паштунистҳо аст, ки мехоҳанд бар асоси як тарҳи зеҳнӣ як кишвари касирулақвому касирулфарҳангро дар чорчӯби забону фарҳанги қабилаӣ ва бадавии қабоили паштун ба иҷбор ҷо бидиҳанд ва таърихсозии мазъуми худро ҷомаи амал бипӯшонанд. Ин асоси мушкил аст. Ҳар роҳҳалле, ки ин иллатро нодида бигирад, як роҳи ҳалли воқеӣ, содиқона ва пойдор нахоҳад буд.
Яке аз далоили шикасти ғарбиҳо дар Афғонистон низ ҳамин воқеият буд. Бар хилофи иддао ва тасаввури бисёриҳо, ки мегӯянд, иштибоҳи амрикоиҳо дар бист соли ахир нодида гирифтани Толибон буд, воқеият ин аст, ки иштибоҳи амрикоиҳо нодида гирифтани хостҳо ва матолиботу ҳуқуқи асосии ақвоми ғайрипаштун ва майдон додан ба амалӣ шудани тарҳҳои паштунистии фашистҳое, мисли Карзай ва Ғанӣ буд.
Амрикоиҳо бо исқоти режими апартеиди Толибон дар соли 2001 сурати масъаларо пок карданд, аммо ба решаи мушкил таваҷҷуҳ накарданд. Онон дубора зимоми умурро ба паштунистҳои фашист супурданд, то ба зӯру доллари Амрико, ақвоми ғайрипаштунро ба ҳошия бурда ва дубора як сохтори такқавмӣ, ки решаи аслии буҳрон ва мунозиа астро, бино ниҳанд. Дар ҳамин росто, онон (Карзай ва Ғанӣ) монеъи саркӯб ва нобудии Толибон шуда ва дар ниҳоят қудратро ба ин гурӯҳи террористӣ супурданд.
Ҳоло бисёре аз кишварҳои минтақа ба хато тасаввур мекунанд, ки бо дубора ба қудрат расидани Толибон, мушкилоти асосии Афғонистон, ки гӯё ношӣ аз нодида гирифта шудани паштунҳо буд, ҳал шуда ва метавон бо чанд нишасти дипломатӣ, ки як кишвари қудратманд дар садри маҷлис бинишинад ва насиҳатҳои падарона ба тарафайн дошта бошад, мушкил ҳал мешавад.
То ҷое, ки ба Русия бар мегардад, гуфта мешавад, ки дар давлати Русия дастикам ду дидгоҳи мутафовит дар робита ба Афғонистон вуҷуд дорад. Намояндаи шинохташудаи як дидгоҳ ҳамин шахси Кобулов аст, ки бештар як чеҳраи мутамоил ба Толибон аст. Соҳибони ин дидгоҳ дар Русия дар садади сафедсозии корномаи сиёҳи Толибон ҳастанд ва ҳамвора талош кардаанд, ки ин гурӯҳи террористӣ ва сиёҳкорро як ҷунбиши озодибахши зидди ишғол муаррифӣ кунанд ва бар маҳофили тасмимгирӣ дар Маскав фишор биоваранд, ки рӯи барасмиятшиносии Толибон тамаркуз кунанд. Инҳо ё шинохте аз воқеиятҳои айнии Афғонистон надоранд ё огоҳона ва амдан ба хотири пешбурди аҳдофи ҳизбӣ ва созмонии худ дар даруни калонсохтори давлати Русия чашми худро бар рӯи воқеиятҳои Афғонистон мепӯшонанд.
Аммо дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки гурӯҳи дигаре аз арокини баландпояи давлати Русия (бештарин низомиён ва истихборотиҳо) дидгоҳи мутафовите доранд. Инҳо ба Толибон эътимод надоранд ва ин гурӯҳро дастсупурдаи Амрико ва Англис медонанд, ки ҷиҳати иғфоли руқабои Амрико ва Англис дар минтақа, ваҷҳи озодибахш ва мардумӣ барояшон дуруст шудааст. Инҳо бештар ба муқовимат эҳсоси наздикӣ мекунанд ва аз доияи муқовимат дар дифоъ аз арзишҳои асосии Афғонистон, ки таҷвизкунандаи як сохтори мушорикатии воқеии мардумӣ ва ё тақсими қудрат дар як сохтори мутафовит аст, ҳимоят мекунанд.
Бо ин ҳол чунон ба назар мерасад, ки Русияву Чин дар ростои як эътилофи ҷадиде, ки дар ҳоли шаклгирӣ дар минтақа аст ва бештар дар таззод бо эътилофи ғарбӣ дар меҳвари ҳимоят аз Украина аст, иқдомотеро барои он чи муқобила бо нуфузи Амрико хонда мешавад, рӯйи даст гирифтаанд ва нишастҳои мавриди назари Кобулов дар оянда дар ҳамин росто сурат хоҳад гирифт. Барои ин асос мумкин тарҳи гурӯҳи Кобулов ин бошад, ки дар изои “шакл додани иҷмои минтақаӣ барои барасмиятшиносии Толибон”, Толибон равобити худро бо Амрико қатъ намуда, ба истилоҳ, як садди дифоӣ дар баробари нуфузи Ғарб дар Афғонистон эҷод намоянд. Ҳамчунин мумкин аз Толибон бихоҳанд, ки бо ДОИШ ва бақия гурӯҳҳои террористӣ мубориза кунад.
Имтиёзи дигаре, ки шояди гурӯҳи Кобулов барои Толибон дар назар гирифта бошад, ба ин қарор аст, ки аз як тараф Русия аз Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят накунад ва дар айни ҳол як миқдор пулу маводи мавриди ниёзи Толибонро фароҳам кунад, ки ба василаи он ҳукумати ин гурӯҳ давом пайдо кунад. Ин тарҳ дарвоқеъ, бисёр шабеҳи тарҳи сулҳи Халилзод аст, ки мунҷар ба имзои тавофуқномаи Доҳа шуд. Дарвоқеъ, Русия аз Толибон мехоҳад, ки тавофуқномаи Доҳаро ботил ва тавофуқномае бо Маскавро имзо кунад. Ин ки чӣ қадар ин тарҳ мантиқӣ аст, саволе аст, ки зиёд посухи печида надорад. Ин ҳамон тарҳе аст, ки воқеиятҳои Афғонистонро нодида мегирад. Модоме, ки ин воқеиятҳо аз сӯйи кишварҳои минтақа нодида гирифта шавад, ҳеҷ роҳкоре роҳгушо нахоҳад буд.
Чин бештар нигоҳи иқтисодӣ ба Афғонистон дорад. Ин кишвар чашм ба маодини дастнахӯрдаи Афғонистон дӯхта, бесаброна мунтазир аст, ки як суботи амниятӣ ба вуҷуд ояд, то мотори чинии истихроҷи маодини Афғонистон ба ҳаракат ояд. Ҳатто агар ҳаракати ин мотор ба ин маъно бошад, ки шамшери Толибон дусара сари одам бибурад!
Воқеият ин аст, ки ҳеҷ тарҳе барои Афғонистон созгор нахоҳад буд, модоме, ки Толибонро минҳайси як гурӯҳи сиёсии мӯътабар барои ояндаи низомдорӣ дар Афғонистон дар назар бигирад. Ягона роҳи ҳал, канор задани Толибон аз қудрату эҷоди як сохтори мардумӣ ва мушорикатӣ аст. Чун Толибон то замоне дар қудрат бошанд, тан ба чунин сохторе нахоҳанд дод. Далели ин амр ин аст, ки мотори аслии ҳаракате бо номи Толибон, аз дидгоҳи фашистӣ-паштунистӣ сахтгирӣ мекунад. Ин дидгоҳ чунон омехта бо ҷунун аст, ки ҳатто Ашраф Ғании маҷнуни қудратро водошт, то бо он ангезаи қудратталабӣ ва ҷоҳталабии шахсии худро маҳор карда ва қудратро дудаста таслими мошини кушторие бо номи Толибон бидиҳад.
Дуруст аст, ки Ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон акнун дар мавқеияти заифе қарор дорад, аммо ангезаҳо ва авомили ҷанг бо як низоми таҳмилӣ ва ҷобиронаи қавмӣ дар Афғонистон бисёр қавӣ аст ва бо гузашти замон қавитар мешавад. Он гоҳ ҳар тарҳи таҳмилии берунӣ маҳкум ба шикаст ва нокомӣ аст ва чархаи ҷангу буҳрони Афғонистон ва минтақа ҳамчунон хоҳад чархид.