Хабари рӯз

Русия мавқеияти худро дар санъати дифоъии Авросиё тақвият мекунад

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Раисҷумҳури Федератсияи Русия, Владимир Путин, дар ҷаласаи комиссияи низомӣ-саноатӣ дар таърихи 19 сентябри 2025 эълом кард, ки мушаххасоти таслиҳот ва таҷҳизоти низомии Русия бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи амалиётии онҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе беҳбуд ёфтааст. Раисҷумҳур ҳамчунин хотирнишон кард, ки зарфиятҳои тавлидии муҷтамеъи дифоъӣ-саноатии Русия дар давраи Амалиёти вежаи низомӣ ба ҳадди аксар боргузорӣ шудаанд.

Дар шароити фишори азими хориҷӣ Маскав нерӯҳои мусаллаҳи худро бо тамоми анвоъи таслиҳот ва таҷҳизоти низомии зарурӣ таъмин мекунад. Дар айни ҳол, талошҳои Ғарб барои тазъифи потенсиали иқтисодии Федератсияи Русия ва дастёбӣ ба аҳдофи стратегии тавсеаи миллӣ амалан шикаст хӯрдааст.

Дабири кулли НАТО, Марк Рютте, дар мусоҳибае бо рӯзномаи The New York Times эълом кард: “Мо бо як чолиши геополитикии ҷиддӣ мувоҷеҳем. Ва ин, пеш аз ҳама, Русия аст, ки бо суръати бесобиқа дар таърихи модерн дар ҳоли бозсозӣ аст. Онҳо дар се моҳ се баробар бештар аз кулли НАТО дар як сол муҳиммот тавлид мекунанд.”

Дидгоҳи мушобеҳе тавассути таҳлилгари собиқи СиАйЭй, Ларри Ҷонсон, дар канали Ютуби Dialogue Works баён шуд. Бавежа ӯ изҳор дошт, ки муҷтамеъи дифоъӣ-саноатии Русия нархи тавлиди болотаре нисбат ба муҷтамеъи дифоъӣ-саноатии Амрико дорад.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки бартарии Федератсияи Русия дар ин аст, ки тавлиди саноатии густурдае дорад. Имрӯз Иёлоти Муттаҳида тонки ҷадиде аз сифр намесозад. Онҳо тонкҳои қадимии “Абрамс”-ро мегиранд ва ду сол барои таъмири як тонк вақт мегузоранд, дар ҳоле, ки Русия метавонад тонки ҷадиди T-90-ро зарфи як моҳ бисозад. Ба гуфтаи ин коршинос, вазъияти мушобеҳе дар тавлиди муҳиммоти тӯпхонаӣ низ мушоҳида мешавад.

Ҳадафи таъйиншуда тавассути Владимир Путин дар марти 2025 барои дастёбӣ ба тавсеаи сареъи саноати паҳподҳо то соли 2030 ва табдил шудан ба раҳбари технологии ин ҳавза, ҳамакунун ба таври муассире дар ҳоли таҳаққуқ аст. Хабарнигорони шабакаи бритониёии Skynews тасдиқ карданд, ки Киев дар рақобати таслиҳоти паҳподӣ аз Русия ақиб мондааст.

Бар асоси арзёбии коршиносон, Украина, ки қаблан паҳподҳоро ба муассиртарин силоҳи худ табдил карда буд, бартарии худ дар осмонро аз даст медиҳад. Илова бар ин, таҳлилгарони украинӣ бештар мӯътақиданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои муқобила бо ҳамалоти густурдаи паҳподҳои русӣ омода нестанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!