Туркия таҳти унвони хайрхоҳӣ ба турктаборони Афғонистон ба онон зарар расондааст
Нависанда: нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, махсус барои “Сангар”
Метавон гуфт, ки мудохилоти сареҳу мустақими Туркия дар Афғонистон ба андозаи мудохилоти Покистон дар Афғонистон қадомати таърихӣ дорад.
Албатта, дар ин мабҳас маҷоли он нест, ки ба баррасии нақши Туркия дар таҳаввулоти сиёсии Афғонистон дар як садаи ахир пардохта шавад, аммо ба унвони як даромади кӯтоҳи таърихӣ метавон ишора кард, ки он чӣ имрӯза дар Афғонистон фашизм/паштунизм хонда мешавад ва аз авомили умдаи решаии ҷангу бесуботӣ ба шумор меравад, ба сад соли пеш ирҷоъ дода мешавад. Замоне ки Маҳмуд Тарзӣ ва ҳамфикрони ӯ андешаҳои натсионалистӣ/қавмиро аз Туркия рӯбардорӣ карда ва дар садади он шуданд, ки дар Афғонистон низ бунёди тафаккури натсионалистӣ-паштуниро бигузоранд! Ин тафаккур дар Афғонистон зербинои фикри сиёсии паштунҳоро шакл медиҳад ва мӯҷиби бурузи дардисарҳои бешуморе дар ин кишвар шуда ва ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, татбиқи иҷбории он ба василаи давлат қурбонии фаровон мегирад ва чӯби сӯхти фикрии ҷанг ба шумор меравад.
Дар ин матлаб, тамаркузи мо ба мудохилоти Туркия дар ним садаи ахир хоҳад буд. Дар ин муддат, нақши Туркия дар муодилоти сиёсиву низомии Афғонистон камтар аз нақши Покистон набудааст. Ин кишвар ҳарчанд талош мекунад, ки мудохилоти худро пинҳон ва дар лифофаи дӯстиву иттиҳоди стратегӣ бипечонад, аммо ин пинҳонкорӣ зиёд муассир набудааст ва ба мурурӣ замон ғаразҳову аҳдофи пинҳони Туркия дар Афғонистон ошкор шуда ва барои аҳли сиёсату фикр дар ин кишвар пӯшида намондааст.
Дар замони пирӯзии ҳукумати муҷоҳидин (1991 – 1994), ки раёсати онро Бурҳонуддин Раббонии тоҷиктабор ба ӯҳда гирифт, Туркия ба эътилофсозӣ алайҳи давлати ӯ рӯй овард. Эҷоди Шӯрои ҳамоҳангӣ миёни ҳизби Ҷунбиши миллӣ ба раҳбарии маршал Дӯстум, Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр ва Ҳизби ваҳдати исломӣ ба раҳбарии Абдулалии Мазорӣ кори сиёсии Туркия буд алайҳи як ҳукумати тоҷикӣ. Эҷоди Шӯрои ҳамоҳангӣ миёни аҳзоби ёдшуда алайҳи ҳукумати Устод Раббонӣ, мӯҷиби шӯълавартар шудани бештари ҷангҳои дохилӣ гардид. Ҷангҳое, ки умдатан омили берунии он Покистон дониста мешавад. Албатта, Покистон низ нақши асосӣ дошт, аммо нақши Туркия дар он ҳамвора мавриди ғафлат қарор гирифтааст.
Аҳзоби сегонаи фавқ дар ҳоле алайҳи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ муттаҳид шуданд, ки ҳеҷ ваҷҳи муштараке бо ҳам надоштанд. Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр аз мухолифони сарсахти Ҳизби Ҷунбиш ба шумор мерафт ва ҳатто оқои Гулбиддин Ҳикматёр яке аз далоили адами ҳамкории худ бо ҳукумати Бурҳонуддин Раббониро ҳузури Ҳизби Ҷунбиш дар канори ҳукумат унвон мекард. Иттиҳоди се ҳизби ёдшуда, боис шуд, ки ҷабаҳоти мутааддиде дар гӯшаҳои мухталифи кишвар алайҳи ҳукумат боз шавад ва ба таъбири дигар, ҳукумат дар муҳосира қарор гирад. Ин ҷангҳо мӯҷиби тазъифи ҳукумат гардид. Тазъифи ҳукумати марказӣ ва ташдиди ҷанг дар манотиқи мухталифи кишвар, заминасози зуҳури гурӯҳе ба номи Толибон бо ҳимояти Покистон ва кишварҳои ғарбии муттаҳиди Покистон гардид.
Дар бист соли ахир, Туркия ҳамроҳ бо паймони НАТО ба Афғонистон омад ва аз ҳузураш дар Афғонистон ҳам ба унвони як имтиёзи бузург дар даруни паймони НАТО баҳраи фаровон бурд ва ҳам роҳбурдҳои таборгароёнааш дар Афғонистонро думбол кард.
Ба таъбири дигар, Туркия шояд ягона кишваре аст, ки дар бист соли ахир дар Афғонистон аз ҳузури низомиаш суди фаровон бурд, аммо зиёнҳоеро, ки бақия аъзои НАТО аз назари талафоти ҷонӣ дар Афғонистон доштанд, мутаҳаммил нашуд. Дар тамоми ду даҳаи ҳузури низомии Туркия дар Афғонистон ҳеҷ нерӯи амниятии ин кишвар кушта нашуд.
Гуфта мешавад, ки байни Туркия ва Толибон, бо подармиёнии Покистон, тавофуқоте вуҷуд дошт, ки нерӯҳои низомии ин кишвар аз ҳамалоти Толибон дар амон бошанд. Ба баёни дигар, Туркия тавонист ба хубӣ ҳам нақши “ишғолгарӣ”-ро бозӣ кунад ва ҳам нақши дӯсту ҳампаймони гурӯҳеро, ки муддаии мубориза бар зидди ишғол буд.
Дар айни ҳол, Туркия тавонист ҳам бо нерӯҳои сиёсии паштун, ки гароишҳои шадиди фашистӣ-шовинистӣ доштанд, равобити ҳасана барқарор кунад ва ҳам тавонист бо нерӯҳои сиёси-низомии ғайрпаштун, ки аз урдугоҳи адолатхоҳӣ ва зиддият бо фашизм/паштунизм буданд, равобити давомдор ва ҳасана дошта бошад.
Ин ки ин ҳама муваффақият чӣ гуна насиби Туркия шуд, саволест, ки посухи тӯлонӣ дорад ва дар ин маҷол фурсати пардохтан ба он нест. Қадри мусаллам ин ки дар ин замина ду дидгоҳ вуҷуд дорад:
Бархеҳо ба ин боваранд, ки муваффақиятҳои Туркия маълули зарфияту дирояти давлати Туркия дар пешбурди бозии чандгона аст. Бархеҳо аммо мӯътақиданд, ки заъфу надонамкории аҳзобу ҷараёнҳои сиёсии ғайрпаштун, бахусус муттаҳиди аслии Туркия - Ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстум - ва аҳзобу ҷараёнҳои ҳамкору муттаҳиди Ҳизби Ҷунбиш боис шуд, ки Туркия битавонад бозии дилхоҳи худро пеш бибарад ва дар ин бозӣ бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ нашавад. Ба иборати дигар, товони бозиҳои чандгонаи Туркияро ӯзбекҳо, ки Ҳизби Ҷунбиши миллӣ даъвои раҳбарии сиёсии ононро дорад, пардохтанд.
Бо рӯи кор омадани дубораи Толибон, Туркия мисли бисёре аз кишварҳои дигари минтақа (ба истиснои Тоҷикистон) бозии дугонаи худро идома дод. Ин кишвар талош кард, ки аз тариқи гуфтугӯ бо Толибон ба тавофуқоте бо ин гурӯҳ даст ёбад, ки ҳам зомини манофеъи Туркия аз варои равобити ҳасана бо Толибон бошад ва ҳам битавонад нерӯҳои сиёсӣ-низомии муттаҳиди худро дар шимол розӣ нигаҳ дошта ва саҳме барои онон дар як сохтори Толибонӣ дар назар гирифта шавад. Ин сиёсат 9 моҳ замон гирифт.
Ҳамзамон бо пешбурди музокироти сиёсӣ бо Толибон, Туркия ҳамчунон бисёре аз нерӯҳои сиёсӣ-низомии шимол, ки собиқаи тӯлонии ҷангу мухосимат бо Толибонро дар корнома доранд, мизбонӣ кард. Дар ин муддат Туркия аз як тараф ба Толибон итминон медод, ки ба нерӯҳои мухолифи умдаи ин гурӯҳ дар шимол иҷоза вуруд ба майдони ҷанг бо шумо дода нахоҳад шуд ва аз тарафи дигар ба ин нерӯҳо мегуфт, ки худро ҷамъу ҷӯр дошта бошед то дар “мавъиди муқаррар” нақши таърихии худро дар ҷанг бо Толибон ифо намоед. Ин сиёсати Туркия то кунун бештар ба нафъи Толибон тамом шудааст. Раҳбарони сиёсӣ-низомии шимол ба вежа оқоён Маршал Дӯстум, Устод Муҳаққиқ, Устод Ато, Салоҳуддин Раббонӣ ва... бо сукуташон дар баробари таҷовузу тааррузи Толибон бар сарзаминҳои шимол, ки хостгоҳи мардумии ашхоси ёдшуда ба шумор меравад, бахши зиёде аз маҳбубияту ҷойгоҳи мардумии худро аз даст дода ва ба унвони раҳбарони фирорӣ ва тарсу шӯҳрат пайдо карданд. Дар муқобили Толибон тавонист, ки мавқеияти мутазалзили худро истеҳком бахшад ва мавонеъи бештаре фаророҳи вуруди ашхоси ёдшуда ба ҷанг эҷод кунад.
Бахше аз музокироти байни Туркия ва Толибон бар сари контроли чанд фурудгоҳи муҳими байналмилалии Афғонистон буд, ки Туркия ба ҳар ҳол алоқаманд буд ононро дар контроли худ дошта бошад. Контроли фурудгоҳҳо, илова бар мазойиди иқтисодӣ ва геостратегӣ, дарвоқеъ нақши таъйинкунанда ва муассири Туркия дар таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии ояндаи Афғонистонро тазмин мекард. Аммо музокироти Туркия бо Толибон ба натиҷаи дилхоҳ барои Туркия наанҷомид. Иллати ин амр то кунун зиёд равшан нест.
Толибон контроли се фурудгоҳи муҳиммро ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дод. Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз муттаҳидини собиқадори Толибон аст. Ин кишвар ҳамчунон мизбони Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон аст, ки ҳоло гуфта мешавад бо тамоми тавон барои Толибон лобигарӣ мекунад. Эҳтимолан ин амр дар супурдани контроли фурудгоҳҳо ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ нақш дошта бошад. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки Эрону Русия ва бархе аз кишварҳои дигар низ мухолифи супурдани контроли фурудгоҳҳо ба Туркия буданд, ки ин амр низ метавонад нақши худро дошта бошад.
Бо ин ҳол, саволи асосӣ ин аст, ки Туркия дар Афғонистон ба думболи чист? То ҳудуди зиёде метавон гуфт, ки Туркия меҳвартарин ҳадафу хостаи худро ҳимоят аз ақвоми турктабори Афғонистон (ӯзбекҳо ва туркманҳо) қарор додааст. Дарвоқеъ Туркия ҳамвора хоста нишон диҳад, ки ҳимоят аз ақвоми турктабори Афғонистон дар авлавияти барномаҳояш қарор дорад. Аммо ин гуфта ба ин маъно нест, ки сиёсатҳои Туркия дар қиболи Афғонистон ба нафъи ақвоми турктабор тамом шуда ва тамом хоҳад шуд. Чунон ки хоҳем гуфт, дар бисёре маворид, сиёсатҳои Туркия ба зиёни ақвоми турктабор тамом шудааст. Ба иборати дигар, мо дар ин ҷо бо як навъ таноқуз мувоҷиҳ ҳастем. Ба ин маъно, ки Туркия таҳти унвони хайрхоҳӣ ба турктаборони Афғонистон ба онон шарр расонидааст. Аз батни ин таноқуз чанд пурсиши дигар сар берун мекунад:
Оё ба ростӣ барои Туркия манофеъи турктаборони Афғонистон муҳим аст? Оё Туркия дар садади истифодаи абзорӣ барои манофеъи миллии худаш аз турктаборони Афғонистон аст? Оё Туркия дар ташхиси манофеъи турктаборони Афғонистон дучори хатову иштибоҳи муҳосиботӣ шудааст? Ташхиси Туркия аз манофеъи турктаборони Афғонистон чист? Сиёсати Туркия дар ҳимоят аз турктаборони Афғонистон бар чӣ мабное устувор аст? Ояндаи сиёсии турктаборони Афғонистон, бо супурдани салоҳияти тасмимгирӣ барои сарнавишти ояндаашон дасти Туркия, чӣ гуна хоҳад буд?
Ҳар як аз пурсишҳои фавқуззикр, эҷоби пардохти тафсили ҷудогонаро менамояд, ки дар навиштаҳои баъдӣ рӯи ҳар як аз пурсишҳо тамаркузи вежа хоҳад шуд.