Хабари рӯз

Минтақае ба номи “АфПок” – Афғонистону Покистонро як ояндае интизор аст, ки назире дар гузашта надорад

Нависанда: Охундзода Ориф Ҳасанхон, таҳлилгари умури сиёсӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Афғонистон акнун таҳти султаи як ҳукумати қабоилии ваҳшӣ ва бадавӣ қарор дорад. Ва фаъолияти системи давлатӣ ва зерсохтҳои Покистон дар ҳоли аз байн рафтан аст. Ҳар дуи онҳо давраҳои тӯлонимуддат султаҳои нухбагароёнаи ғалати таҳти ҳимояти Амрикоро аз сар гузаронданд, ки пас аз пирӯзии он абарқудрати ягона дар “ҷанги сард” ва шурӯъи ғавғо карданҳояш дар саросари ҷаҳон дар як сафар барои қудрати бидуни собиқа эҷод шуда буд.

Сохторҳои минтақае ба номи иштибоҳии "АфПок", ки таҳти нуфузи Биритониё ниҳоӣ шудааст, акнун тағйир хоҳад кард - ба гунае, ки дар 200 соли гузашта, аз он замон, ки сикхҳо аз ворисони дуронии дар ҳоли заволи Нодиршоҳ Афшор дар қисматҳои поёнии Хуросон қудратро ба даст гирифтанд, дида нашудааст.

Покистон як маҳсули геополитикаи Бритониё буд. Замоне, ки аз "раҷ"-ҳо ҷудо шуд, моҳияти он дар соли 1947 тағйир кард ва баъдан дар соли 1950 ба амрикоиҳо мунтақил шуд. Покистон пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ва бо шурӯъи “ҷанги сард”, ба унвони девори дифоъии манофеъи ҷаҳонии Инглису Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ва Ҷануби Осиё ба вуҷуд оварда шуд. Баъдҳо пас аз ин ки Амрико аз “ҷанги сард” алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1992 пирӯз берун омад, Покистон ҳамчунон ба унвони шарики кор дар шарорати хатти лӯлаи нафти Амрико дар Авруосиё амал мекард. Дар айни ҳол, Амрико ба таҳтиҳимоятҳои покистонии худ иҷоза дода буд то империализми ҷиҳодии ниёбатии худро дар ҳамсоягии худ тавсиа диҳанд, то замоне, ки ба ҳадаф куллии ҳар ду хидмат кунад. Ин ба зудӣ ба ошуфтагӣ овард, ки 11 сентябр замони авҷаш буд. Бо ин ҳол, масоил ба суръат ҳал нашуд ва бунбаст дар ин вазъияти нобасомон то моҳи августи соли гузашта идома дошт, замоне, ки Амрико ба ваҳшат афтод ва ногаҳон дар нимаи шаб аз Кобул фирор кард. Ҳамон замон алоқаи тӯлонии Инглису Амрико ба ин минтақаи замоне меҳварии стратегӣ амалан поён ёфт: Русия бо Ғарб акнун мустақиман дар саҳнаи Аврупо муқобил истодааст, на дар ин ҷо.

Покистон бо коҳиши қудрати Инглису Амрико дар сартосари ҷаҳон аҳамияти аввалияи худро аз даст додааст. Коҳиши қудрати Инглису Амрико ҳам аз соли 2013 шуруъ шуд, ки Русия ва Чин алайҳи бартарии онҳо чолишҳои пешравандае эҷод карданд. Ҳоло Покистон барои арбобони собиқ худ низ як бори зиёдатии оганда ба фасод шудааст.

Афғонистон дандаи примитиви мошини сиёсии Дурронист, ки бар сари Хуросон аз сӯи қабилаи Абдолии афғонҳо пас аз дур андохта шудани арбобашон императори эронӣ Нодиршоҳ Афшор дар соли 1747 эҷод шуда буд. Бритониёиҳо суди онро ба унвони як минтақаи "ҳоил"-и берунӣ дар дифоъ аз манофеъи минтақаии худ дар Ҳинд дар баробари "хирс"-и русӣ медиданд ва хусусияти ронтйе (кироядиҳанда) - и вобастаи худро бар ин асос шакл доданд. Ин ниёз пас аз инқилоби болшевикӣ дар Русия ва таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бештар шуд. Дар соли 1978 рӯҳи ислоҳоти коммунистӣ ба ҷомеаи қабоилии фақир ва ақибмондаи Афғонистон расид ва ҷарақаи ҷанги густурда, шадид ва нангинро зад, ки ҳанӯз идома дорад... Дар он бозигарони аслии рақиб дар саҳнаи ҷаҳонӣ даргир буданд. Манофеъи Инглису Амрико нуфузи Шӯравиро бо аз байн бурдани талошҳои ислоҳот дар Афғонистон хунсо ва бо кӯмак Покистон нобуд кард. Акнун ба назар мерасад, ки он фасл низ соли гузашта пас аз тарк ва фирори амрикоиҳо аз Кобул, ба як бунбасти номутмаъин ва фарсуда ворид шудааст...

Ин ки дар ҳоли ҳозир чӣ чизе дар пеш аст ва чӣ касе аз миёни “бозигарон” – и таъсиргузор қасд дорад дар мавриди ин минтақа ва масоили он чӣ коре анҷом диҳад, мавзӯъи фаврӣ ва ҷолиб аст. Мутмаинан ҳар чӣ мешавад, як чизе нахоҳад буд, ки намунае дар гузашта дошта бошад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!