Хабари рӯз

Толибон ба таври куллӣ ҳеҷ гуна муттаҳиде барои Федератсияи Русия нестанд.

Нависанда: Андрей Серенко,

Манбаъ: канали телеграми "Андрей Серенко"

Муваффақияти ҷадиди дипломатияи Амрико дар масир Афғонистон. Ва як шикаст ҷадид барои дипломатия Русия.

Том Вест, намояндаи вежаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон дар Туркия бо раҳбарон мухолифини муттаҳидаи Афғонистон - аъзои "Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон" дидор кард. То кунун иттилооти мувассақе аз натиҷаҳои ин дидорҳо дар даст нест, аммо воқеияти ин тамосҳои аланӣ худ як ҳангома аст.

Албатта, амрикоиҳо қаблан бо кӯҳнасарбозони сиёсати Афғонистон дар табъид иртибот доштаанд. Аммо ин ҷаласот махфёна ва ғайрирасмӣ буд. Акнун гуфтугӯҳои Том Вест паём аз оғози бозии ҷадиди Амрико дар Афғонистон медиҳад.

Бадеҳист, ки ин як бозии дудастии тамомайёр ва тақрибан инҳисорӣ хоҳад буд - бо ҳукумати Толибон ва мухолифони муттаҳиди зиддитолибон, ки тавассути Шӯрои олии муқовимат намояндагӣ мешавад. Бинобарин, амрикоиҳо як бори дигар ибтикори амалро дар "Бозии бузург" - и Афғонистон тазмин карданд, ва дигарон (аз ҷумла Русия ва Чин)-ро водор сохтанд, ки аз дасисаҳои Вашингтон пайравӣ кунанд. Ва ин дасисаҳои начандон номуваффақ.

Иёлоти Муттаҳида шурӯъ ба эҷоди тавозуни ҷадиде аз неруҳои сиёсӣ дар раванди сиёсии Афғонистон кардааст ва тамосҳои авлавиятдорро бо тамоми ширкаткунандагон аслӣ ба худ бастааст. Нақши идеалии як "даллоли бовиҷдон" дар бозии Афғонистон дубора тавассути Вашингтон раҳгирӣ мешавад.

Русия ва Чин акнун бояд ба проекти ҷадиди Амрико дар Афғонистон посух диҳанд. Яъне расидан ба Вашингтон ва ҳар касе мехоҳад расонад, ҳамон тур, ки медонед, ҳамеша дер мекунад.

Такя задани нисбатан кӯтаҳбинона ва ғайрибадили Маскав ба ҳамкорӣ бо хунтаи Толибон комилан қобили пешбинӣ буд. Алорағми ҳама инъитофпазириҳои оқои Кобулов ва гурӯҳ дипломатии балеташ, муваффақ нашуданд Толибонро дасти кам ба муттаҳидони нисбатан қобили эътимоди Кремл табдил кунанд. Илова бар ин, Толибон ба таври куллӣ ҳеҷ гуна муттаҳиде барои Федератсияи Русия нестанд.

Дар замони ин Несселроде* аз майдони Смоленская фурсатҳои нодири ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ҷиддии мухолифони зиддитолиб аз даст рафт ва ҳамон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони Аҳмади Масъуд (гӯё "ин як падидаи маҷозӣ аст"), дипломатияи сайёри Шокир Коргар ва Ҳаниф Атмар, зарфияти акнун сафири собиқи Афғонистон дар Маскав Сайид Тайиб Ҷавод ва ғайра нодида гирифта шуд.

Дар натиҷа, имрӯз Русия ҳеҷ созукори ҷиддӣ ва умедворкунандае барои проекти муваффақи худ дар Афғонистон надорад. Ғайримумкин аст, ки Ҳомид Карзайе, ки дар Кобул дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва ба дунболи Ашраф Ғанӣ аз даҳон уфтодааст, ба унвони захираи Кремл дар назар гирифта шавад? Бале, ӯ дӯст ва шарики тиҷории бузурги Замир Кобулов аст, аммо ин ҷост, ки фазилатҳои воқеии тарафдори Русия будани ӯ ба поён мерасад. Дар ҳар сурат, такя задани вазорати хориҷаи Русия ба Карзай ба ҳамон андоза як кори номуваффақ аст, ки такя задан ба Толибон номуваффақ буд.

Баракс, Вашингтон тақрибан тамоми абзорҳои сиёсии умдаро барои бозёбии ҷойгоҳ худ ба унвони оператор ё гардонандаи аслии бозии афғони ба даст овардааст. Машрӯъият бахшидан ба Шӯрои олии муқовимат (аз тариқи мулоқот бо раҳбарони он бо Вест дар Туркия) фавран хатароти сиёсии ин гурӯҳи мухолифон (, ки иттифоқан шомили Аҳмад Масъуд низ ҳаст, ки дар дидор бо намояндаи вежаи Амрико набуд)-ро афзоиш медиҳад. Толибон бидуни шак хафа хоҳанд шуд, зеро паёми ошкоре мабнӣ бар поёни "моҳи асал" – и онҳо дар Кобул ба онҳо ирсол шудааст. Ва акнун раҳбарони Толибон ҳатто бештар ба думболи ҷалби лутфи Вашингтон хоҳанд буд, ки "муллоҳои хашмгин"-ро барои як муомилаи ҷадид омода мекунад - албатта ба нафъ мардум Афғонистон ва то ҳудуде Иёлоти Муттаҳида.

...Ва дипломатҳои русӣ метавонанд марҳалаи ҷадиди бозии бузург дар Афғонистонро ба унвони тамошогар тамошо кунанд. Зеро нақшҳои аслии ин “намоиш”-ро бозигарони муассиртаре байни ҳам ҷудо карданд.

*Граф Карл Василевич Несселроде ё Карл Роберт фон Несселроде-Эресховен як арбоби олмониасли давлатии Русия ва нахуствазири моқабли охири императории Русия буд. Ӯ беш аз ҳар каси дигаре дар таърихи Русия ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба унвони вазири умури хориҷа (21 августи 1816 - 15 апрели 1856) хидмат кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!